×

Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз 27 феврали соли 2009 № 122

Санаи амалкуни: 03.12.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 31 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2009  № 122

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2009  № 122

тасдиқ шудааст

Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 710)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 710)

1.Муқаррароти умумӣ

1.1. Қоидаҳои мазкур навъ, намуд, каратнокӣ, тамдид, барқарор ва бекор намудан, тағйир додан, тартиби соддаи додани раводид, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид ва тасдиқи даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (минбаъд - шаҳрвандони хориҷӣ), инчунин ваколати шахсони мансабдори мақомоти ваколатдорро муқаррар менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 710).

1.2. Раводид иҷозатномаест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи убури сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми мӯҳлати дар раводид нишондодашуда, тибқи тартиби дар Қоидаҳои мазкур муқарраргардида медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба шаҳрванди хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад ё нисбати шаҳрванди хориҷӣ қарор дар бораи номатлуб будани будубоши (зисти) ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

1.3. Раводид дар варақаи муқарраргардида, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ВКХ ҶТ) тасдиқ мешавад, ба расмият дароварда. мешавад.

1.4. Варақаҳои раводид ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ буда, дорои ҳимояи чандинкарата аз сохтакорӣ мебошанд. Тартиби ҳисоб ва нигоҳдории онҳо аз ҷониби ВКХ ҶТ муайян карда мешавад.

1.5. Раводиде, ки бо вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба расмият дароварда шудааст, беэътибор ҳисобида

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2009

№ 122 тасдиқ шудааст

Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ

1.Муқаррароти умумӣ

1.1. Қоидаҳои мазкур навъ, намуд, каратнокӣ, тамдид, барқарор ва бекор намудан, тартиби соддаи додани раводид, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид ва тасдиқи даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (минбаъд - шаҳрвандони хориҷӣ), инчунин ваколати шахсони мансабдори мақомоти ваколатдорро муқаррар менамоянд.

1.2. Раводид иҷозатномаест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи убури сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми мӯҳлати дар раводид нишондодашуда, тибқи тартиби дар Қоидаҳои мазкур муқарраргардида медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба шаҳрванди хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад ё нисбати шаҳрванди хориҷӣ қарор дар бораи номатлуб будани будубоши (зисти) ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

1.3. Раводид дар варақаи муқарраргардида, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ВКХ ҶТ) тасдиқ мешавад, ба расмият дароварда. мешавад.

1.4. Варақаҳои раводид ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ буда, дорои ҳимояи чандинкарата аз сохтакорӣ мебошанд. Тартиби ҳисоб ва нигоҳдории онҳо аз ҷониби ВКХ ҶТ муайян карда мешавад.

1.5. Раводиде, ки бо вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба расмият дароварда шудааст, беэътибор ҳисобида

Раводидҳои беэътибор ба раводидҳои вайроншуда баробар карда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешаванд ва дар ин хусус санад бо ишораи рақами стикери раводид ва санаи нобуд кардани он тартиб дода мешавад.

Тартиби нобуд кардани стикерҳои раводид аз ҷониби ВКХ ҶТ муқаррар карда мешавад.

1.6. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додан, тамдиди мӯҳлат, барқарор ва бекор кардани раводид инҳо мебошанд:

а) намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа (минбаъд муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа) раводидҳои вурудӣ/хуруҷӣ ва транзитии тамоми навъҳоро медиҳанд, инчунин раводидҳои шаҳрвандони хориҷиро, ба ғайр аз истисноҳое, ки бо Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, бекор ва барқарор менамоянд;

б) раёсати консулии ВКХ ҶТ тамоми намуд ва навъҳои раводидро медиҳад, тамдид, раводиди шаҳрвандони хориҷиро барқарор ва бекор мекунад;

в) намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (бюрои консулӣ дар фурӯдгоҳҳо, намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ) додани раводидро бо тартибе, ки дар Низомнома дар бораи намояндагии ВКХ ҶТ ва Қоидаҳои мазкур муқаррар гардидаанд, ба амал мебароранд. Низомнома дар бораи намояндагии ВКХ ҶТ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

1.7.Агар шартномаи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, қоидаҳои дигарро нисбат ба Қоидаҳои мазкур пешбинӣ намояд, меъёрҳои шартномаи байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.

1.8. Иҷозатномаи вуруд ба минтақаи сарҳадӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Тартиби баррасӣ ва додани иҷозатнома ба минтақаи сарҳадӣ аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа аз ҷониби ВКХ ҶТ муқаррар ва тасдиқ карда мешавад.

2. Навъҳои раводид

2.1. Раводидҳо ба навъҳои зерин тақсим шуда, вобаста ба мақсади вуруд ва будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияҳои зерини шаҳрвандони хориҷӣ дода мешаванд:

а) дипломатӣ (Д) - ба сарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, аъзои ҳайати расмии хориҷӣ, агентҳои дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва шахсони мансабдори консулии муассисаҳои консулӣ, кормандони мақомоти сиёсати хориҷӣ, курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ, кормандони намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ки статуси дипломатии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нозироне, ки тибқи шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ба амал мебароранд ва аъзои оилаҳои шахсони номбурда, ки дорои шиносномаи дипломатӣ мебошанд.

Дар ҳолате ки мақоми дипломатии шаҳрванди хориҷии шиносномаи дипломатӣ надошта аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад, ба ӯ раводиди дипломатӣ дода шуданаш мумкин аст.

Дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ шиносномаи дипломатӣ дошта бошаду мақоми дипломатии ӯ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф нашуда бошад (дар ҳолати сафари хусусӣ ва ғайраҳо) ба ӯ мумкин аст раводиди навъи дигар вобаста ба мақсади сафараш дода шавад.

б) хизматӣ (X) - ба аъзои ҳайати расмии хориҷӣ, кормандони техникӣ-маъмурӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ, хизматчиёни консулӣ ва кормандони соҳаи хизматрасонии муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки бо худ почтаи дипломатӣ доранду шиносномаи дипломатӣ надоранд, консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хизматӣ бо супориши вазорату идорахои давлати хориҷӣ, новобаста аз навъи шиносномаҳояшон ва инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

в) сармоягузорӣ (С) - ба роҳбарони ширкату корхонаҳои шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, ки бо мақсади корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд ва онҳое, ки ба таври вокеӣ дар сармоягузории иқтисодиёти Тоҷикистон иштирок менамоянд, намояндагони зинаи роҳбарикунандаи ширкату корхонаҳои бузург, ки дар бозори Тоҷикистон кор мекунанд ё нақшаи реалии рушди лоиҳаҳои сармоягузориро доранд, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

г) корӣ (К) - ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои корӣ (иштирок дар гуфтушунидҳои корӣ, маҷлисҳо, симпозиумҳо, форумҳо, конференсияҳо, тендерҳо, бастани қарордодҳо, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯзиши бозори тоҷик, иштирок дар музоядаҳо, намоишгоҳу ярмаркаҳо, хизматрасонии машваратӣ ва аудитӣ ва ғ.) ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд:

д) меҳнатӣ (М) - ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнат, аз он ҷумла дар асоси шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ташриф оварданианд ва аъзои оилаҳои шахсони номбурда;

е) туристӣ - (Т), аз ҷумла гурӯҳӣ - ба шаҳрванди хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист ташриф меорад ё ба гурӯҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади туристӣ бо ташкили гурӯҳ (на камтар аз 5 нафар ва на зиёда аз 50 нафар) ташриф меоранд.

Шартҳои ҳатмии раводиди гурӯҳии туристӣ чунин мебошанд: дар як вакт расида омадани тамоми аъзои гурӯҳ ба нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ ҳангоми вуруд/хуруҷ ба (аз) Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар ягон бунгоҳ ва ҳаракат намудан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳайати гурӯҳ;

ж) таҳсилии академӣ (О-1) - ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, аспирантҳо, докторантҳо ва аъзои оилаи шахсони номбурда;

з) таҳсилӣ (О-2) - ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои таҳсил, таҷрибаомӯзии таҳсилӣ, коромӯзӣ, бо мақсади дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ, курсҳои мувакқатӣ оид ба омӯзиши забон ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

и) хусусӣ (ХС) - ба шаҳрвандони хоричие, ки ба меҳмонии хешовандону шиносон, истироҳат, муолиҷа ва дигар мақсадҳои характери шахсӣ дошта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданианд;

к) минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) - ба шаҳрвандони хориҷӣ -сармоягузорҳо, ки дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкориро ба амал мебароранд;

л) нақлиётӣ (Н) - ба шаҳрвандони хориҷӣ - ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боркашонии байналмилалии бору мусофиронро ба амал мебароранд;

м) барои истиқомати доимӣ (ИД) - ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд, то гирифтани иҷозати иқомати доимӣ;

н) экипажи киштии ҳавоӣ (Л) - ба шаҳрвандони хориҷӣҳавонавардон, штурманҳо, пешхизматони киштии ҳавоӣ, муҳандисҳо ва дигар аъзои экипажи киштии ҳавоӣ;

о) воситаҳои ахбори омма (Ж) - ба шаҳрвандони хориҷӣ -мухбирон, наворбардорон, рӯзноманигорон ва дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

п) ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ХШ) - ба шаҳрванди хориҷӣ, ки ҳамсари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инчунин ба фарзандони онҳо аз никоҳи якҷоя ва пештара, писархонд/духтархондшудагони шахсони номбурда;

р) варзишгарон ва гурӯҳҳои ҳунари (ВХ) - ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, машқҳои амалӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва тайёрӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданианд ва ё шудаанд;

с) табширӣ (ТД) - ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҳисоби кормандони ташкилотҳои динӣ, ки фаъолияти хешро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда истодаанд ё карданианд;

т) башардӯстона (Б) - ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади овардан ё ҳамроҳӣ намудани борҳои кӯмаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданианд;

у) тиҷоратӣ (ТИ) - ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ машғуланд.

2.2. Таҳти маҳфуми аъзои оила тибқи Қоидаҳои мазкур фаҳмида мешаванд: ҳамсар, фарзандон, писархондшудагон/духтархондшудагони шаҳрванди хориҷӣ.

Раводиди навъи муносиб ба аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ бо шарти будубоши якҷоя бе ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ дода мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳангоми ба фаъолияти меҳнатӣ ё дигар намуди фаъолият машғул шудани аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ, раводиди ӯ бояд тибқи намуди фаъолияташ бо риояи банди 5 Қоидаҳои мазкур иваз карда шавад.

Тартиби барасмиятдарории раводид барои аъзои оилаи шаҳрвандони хориҷӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди 10.1. Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.

3. Намудҳои раводид

Аз рӯи намуд, раводидҳо тақсим мешаванд ба:

а) хуруҷӣ/вурудӣ, вурудӣ/хуруҷӣ - аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;

б) вурудӣ/хуруҷӣ - аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода мешавад;

в) хуруҷӣ - аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ ҳангоми дар мӯҳлати муайянгардида баромада нарафтани шаҳрванди хориҷӣ, бо қарори мақомоти дахлдор дар бораи номатлуб будани будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, дода мешавад. Раводиди хуруҷӣ ба мӯҳлати на зиёда аз 14 рӯз дода мешавад. Дар ҳолати дар мӯҳлати муқарраргардида, бе сабабҳои узрнок баромада нарафтани шаҳрванди хориҷӣ, ба ӯ раводиди дигари хуруҷӣ ба мӯҳлати то 3 рӯз дода мешавад.

Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, раводиди хуруҷӣ дар асоси иҷозати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;

г) транзитӣ - ба шаҳрванди хориҷӣ, ки бо мақсади транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати таъинӣ ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ сафар дорад, ба мӯҳлати то 72 соат дода мешавад.

Ба шаҳрванди хориҷӣ, ки парвози бетаваққуфро ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ аз фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, раводид талаб карда намешавад.

Ба шаҳрванди хориҷӣ, ки тавассути фурӯдгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои сеюм транзит дорад, раводид талаб карда намешавад, ба шарте, ки ӯ сарҳади давлатиро тавассути нуқтаи гузаргоҳи сарҳади давлатӣ убур нанамояд.

Дар ҳолатҳои форс-мажор (заминларза, лоиқафароӣ, обхезӣ ва дигар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи он парвози нақлиёти ҳавоӣ бештар аз 24 соат номумкин мегардад), шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба давлатҳои сеюм транзит доранд, метавонанд бе раводид то осуда шудани вазъият ба меҳмонхонаҳо эвакуатсия карда шаванд.

Ба шаҳрванди хориҷӣ, ки тавассути нақлиёти сабукрави заминӣ ба давлати таъинӣ транзит дорад, раводиди транзитӣ ба мӯҳлате, ки барои транзит бо хатсайри кӯтоҳтарин дода мешавад. Мӯҳлати мазкур аз гашти шабонарӯзии воситаи нақлиёт баробар ба 400 км. ҳисоб карда мешавад.

Раводиди транзитӣ ба шарте дода мешавад, ки агар аризадиҳанда раводиди давлатеро, ки ба он тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дорад, дошта бошад ё ин ки раводид барои сафар ба давлати сеюм зарур набошад.

Раводиди транзитӣ ба шаҳрванди хориҷии давлати сеюм ба шарте дода мешавад, ки агар шаҳрванди хориҷӣ барои будубош дар давлати иқомати муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси қонунӣ дошта бошад.

Раводиди транзитии бисёркарата дар ҳолате дода мешавад, ки аризадиҳанда раводиди мутобиқан бисёркаратаи давлатеро, ки ба он сафар дорад, дошта бошад, ё ин ки барои сафар ба давлати сеюм раводид талаб карда нашавад.

4. Каратнокии раводид

4.1 Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки дар банди 1.6. Қоидаҳои мазкур омадаанд, раводиди яккарата, дукарата ва бисёркарата медиҳанд.

4.2. Раводиди яккарата ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи як маротиба вуруд ва хуруҷ/хуруҷ ва вуруд шуданро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи мӯҳлати дар раводид нишондодашуда медиҳад.

Раводиди дукарата ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи ду маротиба вуруд ва хуруҷ/хуруҷ ва вуруд шуданро ба Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи мӯҳлати дар раводид нишондодашуда медиҳад.

Раводиди бисёркарата - ҳуқуқи якчанд маротиба (зиёда аз 2 маротиба) вуруд ва хуруҷ/хуруҷ ва вуруд шуданро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи мӯҳлати дар раводид нишондодашуда медиҳад.

5. Ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани раводид пешниҳод менамоянд ва ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мӯҳлати додани раводид

5.1. Барои гирифтани раводид ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин дар асл ва як нусха пешниҳод карда мешаванд:

- шиносномаи ҳақиқии хориҷӣ (дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандӣ, шиносномаи Созмони Милали Муттаҳид, шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандӣ) ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро муайян мекунад ва ҷои махсус барои часпонидани стикерҳои раводид дошта бошад;

Шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод карда мешавад, набояд ҳақиқӣ буданаш ва мансубият ба соҳибаш шубҳанок бошад, қайд, навиштаҷот, огоҳӣ, тозакунӣ ва ислоҳкуниҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлати хориҷӣ тасдиқнашуда бошад, набояд варақҳои кандашуда ва чокшуда дошта бошад, бояд на камтар аз 2 варақи тозаро, ки барои раводид пешбинӣ шудааст, доро бошад, мӯҳлати эътибори он, чун қоида набояд пештар аз 6 моҳ аз охири мӯҳлати амали раводид ба итмом расида бошад;

- анкетаи раводидии пуркардашуда дар шакли муқарраршудаи Замимаи 2 ба қарори мазкур бо сурати часпонидашуда, ки ба талаботи Замимаи 3 ба қарори мазкур мувофиқ бошад (ба истиснои сарони давлатҳои хориҷӣ ва роҳбари ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ).

Анкетаи раводид хоно аз даст бо ҳуруфоти чопӣ, ё ин ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ ба таври компютерӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ё забони давлати иқомати муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонапурӣ карда шуда, аз ҷониби аризадиҳанда шахсан ба имзо расонида мешавад.

Дар ҳолати хонапурӣ кардани анкета аз ҷониби шахси дигар, дар анкетаи раводид бо имзои шахси анкетаро хонапурикарда ва муносибати ӯ ба аризадиҳанда қайд карда мешавад.

Анкетаи кӯдакони ноболиғ аз чониби намояндагони қонунии онҳо, ки ҳамроҳ сафар доранд, хонапурӣ шуда, ба имзо расонида мешавад.

Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ ё ғайриҳукуматӣ, ки статуси дипломатӣ надорад, хонапурӣ шудани анкетаи раводид, дар хоначаи "сана ва имзо" (саволи 31) анкетаи раводид мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилоти дархосткунанда монда мешавад;

- квитансия дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ (дар холати супоридани ҳуҷҷатҳо - барои баррасӣ ва баъди қабули қарори дахлдор дар бораи додани раводид - барои барасмиятдарорӣ);

- нусхаи раводиди аввалаи (қаблии) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раводиди қаблӣ асос барои додани раводиди нав мешавад. Дар ҳолати вуҷуд доштани раводиди қаблӣ, шаҳрванди хориҷӣ бо Руйхати шаҳрвандони хориҷии вурудашон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда (минбаъд "Рӯйхат...") санҷида мешавад. Дар ҳолати набудани ӯ дар "Рӯйхат...", раводиди навъи муносиб ба мӯҳлати арзшуда, мутобиқи Қоидаҳои мазкур дода мешавад;

- дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани раводид ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ, ба ғайр аз навъҳое, ки дар зербандҳои "а,б,в,т" банди 2.1. ишора шудаанд, маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба вируси масъунияти бадани одам (ВИЧ\СПИД) аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомати шаҳрванди хориҷӣ.

Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, вобаста ба навъи раводид аризадиҳанда бояд чунин ҳуҷҷатҳои иловагиро пешниҳод намояд:

а) барои гирифтани раводиди дипломатӣ - ёддошти мақомоти сиёсати хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ё намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ дар бораи додани раводиди дахлдор ба шаҳрванди хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд ва мӯҳлати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводидҳои дипломатиро ба мӯҳлати арзшуда, вале на зиёда аз ду сол медиҳанд;

б) барои гирифтани раводиди хизматӣ - ёддошти мақомоти сиёсати хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, мактубҳои дархостии мақомоти давлатии кишвари иқомати муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мактубҳои дархостии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд ва мӯҳлати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ раводиди хизматиро ба мӯҳлати арзшуда, вале на зиёда аз ду сол дода метавонад. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди хизматиро ба мӯҳлати арзшуда, вале на зиёда аз як сол медиҳанд;

в) барои гирифтани раводиди сармоягузорӣ зарур аст, ки ҳаҷми сармоя на камтар аз 500 000 доллари ШМА бошад, муроҷиатномаи ширкатҳои бузурги хориҷӣ ё Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тафтиши пешакӣ аз "Рӯйхат...".

Раёсати консулии ВКХ ҶТ раводиди сармоягузориро ба мӯҳлати то 3 сол медиҳад. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди сармоягузориро ба мӯҳлати то ду сол, бо огоҳикунонии ВКХ ҶТ дар мӯҳлати 24 соат оид ба додани ин навъи раводид, медиҳанд.

Ҷавобгарии додани раводиди сармоягузорӣ ба сарони намояндагиҳои дипломатӣ, консулҳои генералӣ ва консулҳо, ки қарори охирин оид ба барасмиятдарорӣ ва додани раводидро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамоянд, вогузор карда мешавад;

г) барои гирифтани раводиди корӣ - дархости шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, инчунин намояндагиҳои ташкилотҳои тиҷоратии хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд ва мӯҳлати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон. Навъи раводиди мазкур тағйир дода намешавад ва бояд қатъиян бо мақсади вуруди шаҳрванди хориҷӣ мутобиқ бошад. Дар ҳолати мувофиқ набудани мақсади вуруд ба навъи раводиди мазкур, будубоши минбаъдаи шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номатлуб мебошад.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди кориро ба мӯҳлати арзшуда, вале на зиёда аз як сол бо инобати тамдиди минбаъдаи он медиҳанд;

д) барои гирифтани раводиди меҳнатӣ - дархости ташкилоти даъваткунанда ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид, бо нишон додани мақсади вуруд ва мӯҳлати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқии ба иҷро расонидани корҳо (хизматрасонӣ).

Дар ҳолати дархости шахси воқеӣ оид ба додани раводиди меҳнатӣ ба шаҳрванди хориҷӣ иловатан огоҳиномаи мақомоти корҳои дохилии маҳали ба иҷро расонидани корҳо (хизматрасонӣ) талаб карда мешавад.

Шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқии ба иҷро расонидани корҳо (хизматрасонӣ), ки бар хилофи талаботҳои қонунгузории гражданӣ ба расмият дароварда шудааст, ҷиҳати баррасӣ қабул карда намешавад.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводидҳои меҳнатиро ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ медиҳанд. Тамдиди раводиди меҳнатӣ аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва дар асоси иҷозатнома барои фаъолияти меҳнатӣ, ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад ва ба мӯҳлати амали иҷозатнома ба амал бароварда мешавад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

е) барои гирифтани раводиди туристӣ - дархости ташкилотҳои туристӣ дар бораи додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд, хатсайри ҳаракат ва мӯҳлати иқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои амалӣ намудани фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) доранд.

Дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони давлатҳое, ки дар Замимаи 1 Қоидаҳои мазкур омадаанд, дархости ширкати хориҷии туристӣ, ки дар давлати иқомати муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштааст ё ширкати туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд, хатсайри ҳаракат ва мӯҳлати иқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад.

Дар ҳолати сафари фардии шаҳрванди хориҷии давлате, ки дар Замимаи 1 қарори мазкур омадаанд, дархости ширкати туристӣ талаб карда намешавад. Дар ин ҳолат, шахси мансабдори консулӣ бояд оид ба мақсади туристии шаҳрванди хориҷӣ боварӣ ҳосил намояд. Ба сифати ҳуҷҷатҳое, ки мақсади туристии шаҳрванди хориҷиро тасдиқ менамоянд, роҳнамои туристӣ, хатсайри ҳаракат (нусхаи чиптаи ҳавопаймо ба ду тараф ва ғайраҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳо аз рӯи салоҳдиди Консул эътироф мешаванд.

Шаҳрванди хориҷӣ, ки раводиди туристӣ дорад, бояд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати дар раводид муайянгардида хуруҷ шавад. Раводиди туристӣ ба иваз намудан ба навъи дигари раводид воҷиб нест.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки дар банди 1.6. Қоидаҳои мазкур омадаанд, раводиди яккаратаи туристиро ба мӯҳлати на зиёда аз 45 рӯз медиҳанд. Дар ҳолати асоснокии дархост (пешниҳод кардани хатсайри ҳаракат), раводиди дукарата дода мешавад.

Раводиди туристӣ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории турист, офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайраҳо) аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани раводид тамдид карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо раводиди туристӣ вуруд шудаанд, агар мӯҳлати будубоши онҳо зиёда аз 30 рӯз набошад, аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ, озод мебошанд;

ж) барои гирифтани раводиди таҳсилии академӣ - мактуб-дархости муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қайди давлатӣ доранд бо маълумот дар бораи донишҷӯ ва курси таҳсили ӯ, нусха аз фармони муассисаи таълимӣ ё илмӣ дар бораи қабул шудани шаҳрванди хориҷӣ барои таҳсил дар таълимгоҳ, аспирантура, докторантура, нусхаи билети донишҷӯ ва китобчаи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимоти олӣ ва қарордод дар бораи таҳсилот, инчунин дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсилкунандагони хориҷӣ, ки бо роҳи созишномаҳои байналмилалӣ вуруд мешаванд.

Дорандаи раводиди таҳсилии академӣ ҳуқуқи машғул шудан ба дигар фаъолият, ба ҷузъ фаъолияти таҳсилӣ ва илмӣ надорад.

Муассисаи таълимие, ки шаҳрванди хориҷиро бо мақсади таҳсил даъват намудааст, дар муддати 3 рӯзи корӣ аз рӯзи муайян намудани худсарона тарк намудани муассисаи таълимотии мазкур аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ва ё бе сабабҳои узрнок ба муддати 3 рӯзи дарсӣ (ки ба 18 соати дарсӣ баробар аст) иштирок накардан дар дарсҳо ба ВКХ ҶТ ва мақомоти амнияти давлатии маҳали қайди муассисаи таълимотӣ хабар медиҳад. Дар ин ҳолат раводиди шаҳрванди хориҷӣ бекор карда шуда, худи ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ аз ҳудуди давлат берун карда мешавад.

Ғайр аз ин, муассисаи таълимие, ки шаҳрванди хориҷиро бо мақсади таҳсил даъват намудааст, бо мақсади ҳисоботи оморӣ ӯҳдадор аст, ки маълумотро дар бораи донишчӯёни хориҷӣ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКХ ҶТ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ пас аз ба анҷом расидани соли хониш равон намояд.

Раводиди таҳсилии академӣ аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ба мӯҳлати амали шартномаи таҳсилотӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, вале на зиёда аз 1 сол барои ҳар як раводиди оянда дода мешавад;

з) барои гирифтани раводиди таҳсилӣ - дархости муассисаҳои таълимотӣ ва илмӣ дар бораи додани раводид бо ишора намудани мақсади вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аризаи довталаб дар бораи нияти дохил шудан ба муассисаи таълимотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дархости ташкилоти равонкунандаи донишҷӯи хориҷӣ ба коромӯзӣ, ба барномаҳои ивазкунӣ, таҷрибаомӯзии таҳсилӣ ва омӯзиши забон.

Раводиди таҳсилӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мӯҳлати на зиёда аз 9 моҳ дода мешавад. Раводиди таҳсилӣ воҷиб ба тамдид ва дигаргунсозӣ ба навъи дигари раводид нест. Дар ҳолати дохил шудани шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсили академӣ, "раводиди таҳсилӣ" бо тартиби мондани мӯҳри сирешимии "қатъ карда шудааст" бекор карда шуда, тибқи талаботи банди 5 Қоидаҳои мазкур "раводиди таҳсили академӣ" дода мешавад.

Дар ҳолати ба фаъолияти дигар, ба ҷузъ таҳсилот машғул шудани шаҳрванди хориҷӣ, мӯҳлати будубоши шаҳрванди хориҷӣ бо раводиди таҳсилӣ метавонад аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ бо дархости мақомоти амнияти давлатӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад. Дар ин ҳолат, раводиди шаҳрванди хориҷӣ бо тартиби мондани мӯҳри сирешимии "бекор карда шудааст" бекор карда шуда, ӯ бошад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ аз ҳудуди давлат берун карда мешавад.

и) барои гирифтани раводиди хусусӣ - огоҳиномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳолати барои муолиҷа вуруд шудани шаҳрванди хориҷӣ, дархости муассисаи табобатӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, зарур мебошад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ (муроҷиати шаҳрванди хориҷӣ, ки дар хориҷи кишвар истиқомати доимӣ дораду дар никоҳи бақайдгирифташуда бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ғ.) раводиди хусусӣ метавонад дар асоси аризаи шаҳрванд, бе талаби огоҳиномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати дафни (бемории вазнини) хешовандон ва шиносон бо қарори роҳбари намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дар асоси барқияҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби духтур тасдиқ гардидааст, дода шавад.

Раводиди хусусӣ аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ дода мешавад.

Раводиди хусусӣ метавонад танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории шаҳрванди хориҷӣ, ҳодисаҳои нохуши табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ғ) аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ба мӯҳлате, ки барои хуруҷ шудан аз давлат зарур аст, инчунин дар ҳолати хуруҷ шуда натавонистани шаҳрванди хориҷие, ки бо мақсади муолиҷа ворид шудааст, ба мӯҳлате, ки барои муолиҷаи шаҳрванди хориҷӣ зарур аст, тамдид карда шавад.

к) раводид барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ - аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асоси мактуб-дархости маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва иҷозат барои фаъолияти меҳнатӣ, ба мӯҳлати амали иҷозати фаъолияти меҳнатӣ, мутобиқан бо тамдиди минбаъда дода мешавад. Раводиди нахустини навъи мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии номбурда ба мӯҳлати то 3 моҳ бе дархости иҷозати фаъолияти меҳнатӣ дода мешавад.

Аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, бюрои консулӣ дар фурӯдгоҳҳо ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуб - дархости шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, ки нияти ба амал баровардани фаъолияти хешро дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ доранд, ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ бо тамдиди минбаъда дар Раёсати консулии ВКХ ҶТ ё нуқтаи консулӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ дода мешавад.

Навъи мазкури раводид танҳо дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, амал менамояд ва бо тартиби содда дода мешавад.

Минтақаҳои истиқомати шаҳрвандони хориҷие ки ин навъи раводидро доранд, бо фармони муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Ҳангоми додани навъи мазкури раводид, аз ҷониби корманди масъули консулӣ мӯҳри иловагӣ, бо ишораи ном ва қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ гузошта мешавад. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин навъи раводид тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуруд шудаанд, барои расидан ба қаламрави минтақаи озоди иктисодӣ 48 соат мӯҳлат дода мешавад. Ҳангоми аз давлат хориҷ шудани шаҳрванди хориҷӣ тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон ҳамин гуна мӯҳлат дода мешавад. Мӯҳлати ҷудошуда аз рӯи мӯҳри санавӣ, ки аз ҷониби хадамоти сарҳадӣ дар саҳифаи махсуси шиноснома дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳади давлатӣ гузошта мешавад, муайян карда мешавад. Ҳангоми хуруҷи шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷониби Маъмурияти минтақаи озоди иктисодӣ замимаи махсус бо ишораи сана ва вақти хуруҷи шаҳрванди хориҷӣ дода мешавад, ки бояд ҳамеша дар дохили шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, дар давоми вақте, ки ӯ берун аз қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ қарор дорад, ҳамчун далели вақти тарк намудани минтақа, бошад.

Ҳангоми хуруҷи шаҳрванди хориҷӣ аз каламрави минтақаи озоди иқтисодӣ бо мақсади хизматӣ (барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳои давлатӣ) аз ҷониби маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба мӯҳлати на зиёда аз як ҳафта шаҳодатномаи сафари корӣ дода мешавад.

Шакли шаҳодатномаи сафари корӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.

Ҳангоми бе сабабҳои узрнок (ҳамчун сабаби узрнок ҳолатҳои форсмажор - бемории ногаҳонии шаҳрванди хориҷӣ, фалокатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ғ. эътироф карда мешаванд) вайрон намудани реҷаи мӯҳлатӣ, шаҳрванди хориҷӣ тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

л) барои гирифтани раводид ба ронандагони воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ - мактуб - дархости шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият оид ба додани раводид бо зикри мақсад ва мӯҳлате, ки барои амалӣ намудани ҳамлу нақл зарур аст, иҷозатнома (литсензия) барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ, иҷозатномаи махсус барои борҳое, ки ҳаҷмашон аз андозаи муқарраргардида зиёд (дар ҳолати ҳамлу нақли чунин бор) ва нусхаи полиси суғуртавии воситаи нақлиёт барои ҳолатҳои ба вуҷуд омадани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегардад, талаб карда мешавад.

Навъи мазкури раводид танҳо дар хатсайри муайян, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ муқаррар гардидааст ва то нуқтаи ниҳоӣ (терминал) амал менамояд ва бо тартиби содда дода мешавад.

Баромад аз хати муайян танҳо дар ҳолатҳои форс - мажор иҷозат дода мешавад (бемории ногаҳонии шаҳрванди хориҷӣ - ронанда, фалокатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда, нуқсонҳои ҷиддии воситаи нақлиёт). Будубоши шаҳрванди хориҷӣ - ронанда берун аз хати муайян, ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Ҳангоми маротибаи аввал бе сабабҳои узрнок вайрон намудани реҷаи хати муайян, аз шаҳрванди хориҷӣ тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Ҳангоми такроран вайрон намудани реҷаи хати муайян, раводиди шаҳрванди хориҷӣ бо роҳи гузоштани мӯҳри сирешимии "бекор карда шудааст" бекор карда шуда, ӯ бошад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ аз ҳудуди давлат берун карда мешавад.

Навъи мазкури раводид аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз мӯҳлати амали иҷозатномаи (литсензия) аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар нақлиёт додашуда, вале на зиёда аз 1 сол дода мешавад.

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар нақлиёт дар ҳолати боздошт ва бекор кардани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ӯҳдадор аст дар муддати 3 рӯзи корӣ дар ин бора ба ВКХ ҶТ хабар диҳад.

м) раводид барои истиқомати доимӣ - аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси мактуб - дархости мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали истиқомати ояндаи шаҳрванди хориҷӣ, ки қаблан бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ба мӯҳлати на зиёда аз шаш моҳ дода мешавад.

Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди навъи мазкурро дар асоси ариза дар бораи додани раводид бо зикри маълумоти муфассал дар бораи шуғли минбаъда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, будани шароит барои пардохти сафар ва будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то дарёфти кори муносиб, имконияти интиқоли нафақа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар аризадиҳанда онро гирад ва огоҳиномаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст, ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ бо тамдиди минбаъда дар раёсати консулии ВКХ ҶТ медиҳанд;

н) барои гирифтани раводид ба аъзои экипажи киштии ҳавоӣ -нусхаи шаҳодатномаи парвозии аъзои экипажи киштии ҳавоӣ, инчунин дархости хаттии ширкати ҳавопаймоӣ ё намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 1 сол бо тамдиди минбаъда дода мешавад. Аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба мӯҳлати то 3 моҳ бо тамдиди минбаъда дода мешавад.

о) раводид барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ -аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси нусхаи картаи аккредитатсионӣ, ки аз ҷониби раёсати иттилооти ВКХ ҶТ дода шудааст, ба мӯҳлати аккредитатсияи мухбири хориҷӣ.

Аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси ёддошти мақомоти сиёсати хориҷии давлати иқомати корманди воситаи ахбори омма ё мактуб - дархости намояндагии воситаи ахбори омма дар бораи додани раводид бо зикри мӯҳлат ва мақсади будубош, ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ бо инобати тамдиди минбаъда дар раёсати консулии ВКХ ҶТ дода мешавад.

п) раводид барои ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси мактуб - дархости мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали истиқомати ояндаи шаҳрванди хориҷӣ, ки бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ба мӯҳлати то 1 сол бо инобати тамдиди минбаъда дода мешавад.

Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди навъи мазкурро дар асоси аризаи ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид бо нишон додани маълумоти муфассал дар бораи шуғли минбаъдаи ҳамсар - шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шаҳодатномаи никоҳ, ки бо тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегардад, то дарёфти кори муносиб маблағ доштан барои пардохти сафар ва будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ бо тамдиди минбаъда дар мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.

р) барои гирифтани раводиди варзишгарон ва ҳунармандон -ёддошти мақомоти сиёсати хориҷии давлати иқомати варзишгарон ва ҳунармандони хориҷӣ ё мактуб - дархости мақомоти давлатии кишвари будубоши варзишгар ва ё ҳунарманди хориҷӣ дар бораи додани раводид ва ё мактуб-дархости мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои варзиш ва фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, бо нишон додани мақсад ва мӯҳлати будубош ва намуди чорабинии фарҳангӣ ё варзишӣ.

Аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба мӯҳлати на зиёда аз мӯҳлати гузаронидани чорабинӣ бо инобати мӯҳлати муайян барои вуруд/хуруҷ аз (ба) Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

с) раводиди табширӣ - аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси мактуб-дархости ташкилоти динӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, маълумотнома дар бораи бақайдгирӣ ва фаъолият аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 1 сол бо инобати тамдид ба ҳамин мӯҳлат.

Аз ҷониби муассисҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси ёддошти мақомоти сиёсати хориҷии давлате, ки ташкилоти динӣ дар он ба қайд гирифта шудааст, ҳамроҳ бо мактуб - дархости ташкилотҳои динӣ, ки нияти дар Тоҷикистон фаъолият намуданро доранд, ба мӯҳлати на зиёда аз 4 моҳ бо инобати тамдиди минбаъда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода мешавад.

т) раводиди гуманитарӣ (башардӯстона) - дар асоси ёддошти мақомоти сиёсати хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои интиқолдиҳандаи бори башардустона, новобаста аз шакли моликият, ё мактуб - дархости мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои марбут ба расонидани ёрии башардӯстона вобастабуда, ба мӯҳлати зарурии расонидани ёрии башардӯстона дода мешавад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ (тақсим намудани ёрии башардӯстона байни аҳолӣ, ташкилот, муассиса, назорат аз рӯи иҷроиши тақсимот ва ғайраҳо) раводид метавонад ба мӯҳлати зарурии иҷрои ин иқдом, вале на зиёда аз 6 моҳ дода шавад.

Раводиди гуманитарӣ метавонад ройгон бошад. Қарор дар бораи озод намудани шаҳрванди хориҷӣ аз пардохти хироҷи консулӣ аз ҷониби роҳбари муассисаи консулӣ қабул карда мешавад;

у) раводиди тиҷоратӣ - аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси мактуб - дархости ташкилоти тиҷоратӣ, ки дар он шаҳрванди хориҷӣ фаъолияти тиҷоратӣ дорад, нусхаи маълумотнома аз мақомоти андоз аз маҳали фаъолияти тиҷоратӣ дар бораи набудани қарзи пардохти андоз дар давраи машғул шудан ба фаъолияти тиҷоратӣ ва нусхаи патент, агар соҳибкори инфиродӣ бошад, дода мешавад.

Ба маротибаи аввал навъи мазкури раводид аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ, бо инобати тамдиди минбаъда дар раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси нусхаи иҷозат барои фаъолияти меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боло нишондодашуда), ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, мутобиқан ба мӯҳлати амали иҷозат барои фаъолияти меҳнатӣ дода мешавад.

6. Тартиб ва мӯҳлати баррасии дархостҳо, пардохти хироҷи консулӣ барои додани раводид ва асос барои рад кардани раводид

6.1. Шахси мансабдори консулӣ шахсияти дархосткунанда ва ё ваколати намояндаи дархосткунандаро муайян мекунад, ҳуҷҷатҳои тибқи талаботи банди 5 Қоидаҳои мазкур пешниҳодшударо ҷиҳати дурустии ба расмият даровардан, пурра ва боэътимод будан, дурустии навъи раводиди дархостшуда ба мақсади сафарро тафтиш менамояд.

Дар ҳолати ба талаботи банди 5 Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ набудани дархости пешниҳодшуда ва дуруст набудани навъи раводиди дархостшуда ба мақсади сафар, ҳуҷҷатҳо ба шахси дархосткунанда ё ташкилоти дархосткунанда ба таври расмӣ барои мутобиқгардонӣ дар муддати ду рӯзи корӣ баргардонида мешаванд.

Агар шаҳрванди хориҷӣ барои ҷавоби дархосташ дар муддати 30 рӯзи корӣ муроҷиат нанамояд, ҳуҷҷатҳои ӯ ба бойгонӣ супорида мешаванд. Дар ҳолати баъди 30 рӯзи корӣ аз рӯзи барои баррасӣ супоридани ҳуҷҷатҳо муроҷиат намудани шаҳрванди хориҷӣ, дархост барои додани раводид дубора талаб карда мешавад.

Ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо, дар нусхаи дархост мӯҳр бо ишораи санаи қабули ҳуҷҷатҳо ва рақами бақайдгирии ҳуҷҷатгузории воридшаванда гузошта мешавад, ки бо онҳо минбаъд ҳуҷҷат дарёфт карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки барои додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд, баъди муайян намудани мутобиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ба банди 5 Қоидаҳои мазкур бо "Рӯйхат..." тафтиш карда мешаванд.

6.2. Мӯҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи муроҷиати шаҳрванди хориҷӣ, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар банди 8 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ гардидаанд, инчунин агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, муқаррар карда мешавад. Санаи муроҷиат барои додани раводид аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳо, ки тибқи Қоидаҳои мазкур пешбинӣ гардида, ба таври дахлдор ба расмият дароварда шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, мӯҳлати баррасии дархост барои додани раводид, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, метавонад ба мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.

Дар ҳолати муқаррар намудани мӯҳлати зиёдтари баррасии қарори додани раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, ВКХ ҶТ дар асоси принсипи байналмилалии баробарӣ метавонад мӯҳлати баррасии дархостҳои раводиди шаҳрвандони он давлати хориҷиро дигаргун намояд.

6.3. Барои баррасии дархост ва додани раводид аз шаҳрванди хориҷӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонида мешавад.

Хироҷи консулӣ барои баррасии дархост мавриди супоридани ҳуҷҷатҳо гирифта шуда, ҳангоми рад намудани додани раводид ё нодуруст пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо баргардонида намешавад. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ хироҷи консулӣ барои баррасии дархост ба таври пурра, агар тартиби дигар бо шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, пешбинӣ нашуда бошад, ситонида мешавад.

Боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ барои додани раводид баъди қабули қарор дар бораи додани он, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

Барои баррасии таъҷилии дархости шаҳрванди хориҷӣ барои додани раводид, ҳаҷми пардохти консулӣ ба маротиб меафзояд. Ҳаҷми хироҷи консулӣ ва таъҷил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

6.4. Барои додани раводид, бекор ва ё ихтисори мӯҳлати амали он бо сабабҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" метавонад рад карда шавад, ё агар шаҳрванди хориҷӣ:

- ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои додани раводид маълумоти бардурӯғ дар бораи худ пешниҳод намудааст, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардааст ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, сохтакардашуда, беэътибор донисташударо пешниҳод намудааст;

- ба рӯйхати шахсоне дохил карда шудааст, ки вуруди онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст;

- шахс барои будубош (истиқомат) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номатлуб эълон карда шудааст;

- ба фаъолияти террористӣ ё дигар намуди фаъолияти экстримистӣ, хариду фурӯши одамон, яроқ, аслиҳа ва маводҳои тарканда, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки ба мудофианокӣ, амнияти давлат ё тартиботи ҷамъиятӣ зарар меоварад, муносибат дошта бошад;

- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин эътирофшуда маҳкум шуда бошад ва доғи судиаш бардошта нашуда бошад;

- дорои бемориест, ки ба рӯйхати бемориҳои барои аҳолӣ хатарнок дохил карда шудааст;

- (на барои нашр).

6.5. Ба шаҳрванди хориҷӣ барои хуруҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ё додани раводид барои хуруҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шавад ва ё бо сабабҳое, ки агар ӯ:

- дар парвандаи ҷиноятӣ гумонбар ё айбдоршаванда бошад - то ба итмом расидани истеҳсолот оид ба парванда ё қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд оид ба ин парванда;

- ӯҳдадориҳои молу мулкӣ, андозӣ ё дигар ӯҳдадориҳоро дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки тибқи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муқаррар карда шудааст, иҷро накардааст - то иҷрои он ӯҳдадориҳо.

6.6. Рад кардани додани раводид асоснок карда намешавад.

7. Тамдиди мӯҳлати раводид, бекор кардан ва барқарор кардани раводид

7.1. Мӯҳлати амали раводид метавонад аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси раводиди қаблӣ ва дар ҳолати будани дархости асоснок ва ҳуҷҷатҳое, ки тибқи банди 5 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ гардида, зарурати ин гуна тамдидро тасдиқ менамоянд, ба мӯҳлати муайяншуда бо салоҳдиди шахси масъули консулӣ, ки ба тамдиди раводид ваколатдор шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки тибқи Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудааст, тамдид карда шавад.

Шаҳрванди хориҷӣ ӯҳдадор аст, ки барои тамдиди раводид 20 рӯзи корӣ қабл аз ба итмом расидани мӯҳлати амали раводиди амалкунанда муроҷиат намояд.

Дар сурати гузаштани мӯҳлати амали раводид бо гуноҳи дархосткунанда, ӯ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқукии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Қарор дар бораи тамдиди раводид ва каратнокии он аз ҷониби шахси масъул, ки барои додани раводид ваколатдор шудааст, баъди санҷиш бо "Рӯихат..." қабул карда мешавад. Дар ҳолати тамдид намудани раводид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии иловагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда намешавад.

Аз тамдиди раводиди шаҳрвандони хориҷӣ ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ, дар мӯҳлати 10 рӯзи корӣ аз рӯзи тамдиди раводид, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳонида мешавад.

Тамдиди мӯҳлати амали раводид ба шарти нигоҳ доштани навъи қаблии раводиди шаҳрванди хориҷӣ, агар тибқи Қоидаҳои мазкур тартиби дигар оид ба навъҳои алоҳидаи раводид муқаррар нашуда бошад, ба амал бароварда мешавад.

Тамдиди мӯҳлати амали раводид ба таври ба шиноснома часпонидани бланкаи нави мошинахони раводид, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи банди 10.4. Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолате ки дар шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ аллакай раводид, ки мӯҳлати амалаш нагузашта ва ё истифода бурда нашуда бошад, раводиди нав бо шарти бекор кардани раводиди қаблӣ бо тартиби мондани мӯҳри сирешимии "қать карда щудааст" ба амал бароварда мешавад.

Мӯҳлати қабули қарор дар бораи тамдиди раводид ба андозаи 10 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ муқаррар карда мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

7.2. Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ қабул намудани қарор дар бораи ихтисор кардани мӯхлати будубоши мувакқатии шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раводиди ӯ бо тартиби мондани мӯҳри сирешимии "бекор карда шудааст" бекор карда шуда, баъдан раводиди хуруҷӣ ба мӯҳлати амали на зиёда аз 7 шабонарӯз дода мешавад.

Дар ҳолати қабули қарор дар бораи ба тариқи маъмурӣ аз ҳудуди давлат берун кардан ва ё депортатсияи шаҳрванди хориҷӣ, раводиди ӯ аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ бо тартиби мондани мӯҳри сирешимии "бекор карда шудааст" бекор карда шуда, маълумоти биометрии ӯ ба "Рӯйхат..." ворид карда мешавад.

7.3. Дар ҳолати нӯқсони механикӣ гирифтани раводиди шаҳрванди хориҷӣ, ки ба корношоямии минбаъдаи он оварда расонидааст ё дар ҳолати гум шудани он, раводид бояд баъди санҷиши асос ва тасдиқи далели додани он барқарор карда шавад.

Барқарор намудани раводид аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси аризаи хаттии шаҳрванди хориҷӣ, ё бо дархости хатии ташкилот, ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дораду бо даъвати ӯ шаҳрванди хориҷӣ вуруд шудааст ва нияти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вуруд шуданро дорад, ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолати гирифтани шиносномаи нави миллӣ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ, ки соҳиби раводиди амалкунанда буда, шиносномаи пештараи он бекор (хомӯш) карда шуда бошад, раводид метавонад дар шиносномаи нав дар асоси аризаи хаттии ин шаҳрванди хориҷӣ барқарор карда шавад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати 2, 3 банди мазкур, хироҷи консулӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

8. Тартиби соддаи ба расмият даровардан ва додани раводид

Тартиби соддаи додани раводид дар ихтисор намудани мӯҳлати баррасии дархости раводидӣ ифода мегардад.

Шаҳрвандони давлатҳое, ки дар замимаи 1 қарори мазкур омадаанд, ҳуқуқи гирифтани тамоми навъҳои раводидро дар мӯҳлати 3 рӯзи корӣ, бо инобати баррасӣ ва додани он, доранд.

Санаи муроҷиат барои додани раводид аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳо, ки тибқи Қоидаҳои мазкур пешбинӣ гардида, ба таври дахлдор ба расмият дароварда шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, мӯҳлати баррасии дархост барои додани раводид, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, метавонад ба мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.

Тартиби соддаи додани раводид метавонад аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ба мӯҳлати на зиёда аз 15 шабонарӯз мувақатан манъ карда шавад.

9. Тартиби барасмиятдарорӣ ва додани тасдиқи даъват

9.1. Тасдиқи даъват ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи гирифтани раводиди навъи муносибро дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, бюрои консулӣ дар фурӯдгоҳҳо ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

9.2. Тасдиқи даъват аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ бо асосҳое, ки дар боби 5 Қоидаҳои мазкур ишора шудаанд ва вобаста ба мақсади сафари шаҳрванди хориҷӣ ба расмият дароварда мешавад.

9.3. Тасдиқи даъват дар бланкаи муқарраршуда, ки аз ҷониби ВКХ ҶТ тасдиқ карда мешавад, ба расмият дароварда мешавад. Тартиб ва мӯҳлати баррасии дархостҳо дар бораи барасмиятдарорӣ ва додани тасдиқи даъват дар асоси бандҳои 6.1. ва 6.2. Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад. Рад кардани додани тасдиқи даъват тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.

9.4. Тасдиқи даъват дар нусхаи асл ба расмият дароварда шуда, ба шахси дархосткунанда ё ташкилоти дархосткунанда супорида мешаванд.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ нусхаи электронии тасдиқи даъватро тавассути почтаи электронӣ ё тариқи алоқаи факсӣ дар рӯзи ба расмият даровардани тасдиқи даъват ба муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, бюрои консулӣ дар фурӯдгоҳҳо ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад.

Дар ҳолати набудани имконияти техникӣ (нуқсонҳои воситаҳои техникӣ), аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ тасдиқи додани тасдиқи даъват ирсол карда мешавад, ки дар он маълумот дар бораи рақами содиротии тасдиқи даъват, санаи ба расмият даровардани он, мӯҳлати иҷозати додани раводид, насаб, ном, номи падар, инчунин санаи таваллуди шаҳрвандони хориҷие, ки дар он омадаанд, фиристода мешавад.

10. Тартиби барасмиятдарории раводид

10.1. Раводиди тамоми навъҳо дар қоғази махсус, ки дорои хусусиятҳои ҳифзшаванда аз сохтакорӣ ба иҷро расонида шуда, дар шакли ширешқоғаз ба варақаи махсуси барои раводид ҷудокардашудаи шиноснома ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда часпонида мешавад.

Раводиди барасмиятдаровардашуда бо мӯҳри муассиса ва имзои шахси мансабдори раводид дода тасдиқ карда мешавад.

Хонапурӣ кардани бланкаи раводид бо тариқи компютерӣ ба амал бароварда мешаванд.

Санаи додан ва мӯҳлати амали раводид рақамгузорӣ карда мешавад. (мисол: 01.01.2009, аз рӯи принсипи рӯз, моҳ ва сол).

Дар хоначаи "Ном ва насаб/Given name" ном ва насаби шаҳрванди хориҷӣ бо ҳуруфоти лотинӣ, чӣ тавре ки дар шиноснома омадааст, навишта мешавад. Дигар хоначаҳои бланкаи раводид бо забони давлатӣ пур карда мешаванд.

Дар ҳолати додани раводид аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қисмати "Хуруҷ/exit-Вуруд/Entry" хат зада мешавад. Дар ҳолати додани раводид аз ҷониби мақомоти давлатии салоҳиятдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати "Вуруд/Entry-Хуруҷ/exit" хат зада мешавад.

Дар ҳолати барасмиятдарории раводид ба шаҳрванди хориҷии ноболиғ дар қисмати "Ҳамроҳ/Accompanied by" ному насаби намояндагони қонунии шахси ноболиғ, ки ӯро ҳамроҳӣ мекунанд, навишта мешаванд. Инчунин, дар ҳамон қисмати раводиди шахсони ҳамроҳикунанда, шаҳрванди хориҷии ноболиғ, ки бо онҳо сафар мекунад, бо ишораи соли таваллуди кӯдак номнавис карда мешавад.

Дар қисмати "Шиноснома №/Passport №" силсила ва рақами шиноснома ё дигар ҳуҷҷати шаҳрванди хориҷӣ, ки ба сифати он эътироф шудааст, навишта мешавад.

Дар қисмати "Навъ/Type" рамзи навъи раводид навишта мешавад. Мисол: "Д" дар ҳолати додани раводиди "дипломатӣ".

Дар ҳолати барасмиятдарории раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ -аъзои оилаи категорияи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар зербандҳои "а,б,в,д,ж,з,о,р" банди 2.1. Қоидаҳои мазкур ишора шудаанд, дар қисмати "Навъ/Type " рамзи навъи раводиди аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва абревиатураи "АО" навишта мешавад. Мисол: дар ҳолати додани раводид ба аъзои оилаи дипломати хориҷӣ "Д АО".

Дар қисмати "Карат/Entries" миқдори вуруд\хуруҷи иҷозатдодашуда ба шаҳрванди хориҷӣ навишта мешавад.

Дар қисмати "Оғози мӯҳлат/Valid from" саршавии амали раводиди шаҳрванди хориҷӣ навишта мешавад. Дар қисмати "Анҷоми мӯҳлат/Valid untill" санаи ба итмом расидани мӯҳлати амали раводиди шаҳрванди хориҷӣ навишта мешавад. Саршавӣ ва ба итмом расидани раводид аз соати 24:00 муқаррар карда мешавад. Мисол: агар раводид аз 01.01.2009 то

01.02.2009 дода шуда бошад, он аз 00:01 дақиқа 01.01.2009 то 23.59 дақиқаи 01.02.2009 амал мекунад.

Дар қисмати "Таърихи судур/Date of issue" санаи додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ навишта мешавад.

10.2. Дар ҳолати барасмиятдарории раводиди "хуруҷӣ", калимаи "хуруҷӣ" дар қисмати "Карат/Entries" навишта мешавад. Қисматҳои "Хуруҷ/exit-Вуруд/Entry" ва "Вуруд/ Entry-Хуруҷ/exit" хат зада мешаванд.

10.3. Ба раводиде, ки ба як шахс ба расмият дароварда шудааст, дар қисмати "Ҳамроҳ/Accompanied by" хат гузошта мешавад.

10.4. Тағйиротҳо дар матни раводид (тағйири матн, рақам, каратнокӣ) бояд дар варақи алоҳидаи шиноснома ё ҳуҷҷате, ки онро иваз менамояд, ишора шуда, бо мӯҳри муассиса ва имзои шахси мансабдори тағйиротро вориднамуда тасдиқ карда шавад.

10.5. Раводидҳои гурӯҳӣ (танҳо раводиди навъи "туристӣ") дар бланкаи расмии ташкилотҳои дархосткунанда бо тартиби ташкил намудани руйхатҳои номӣ бо роҳи алфавитӣ дар шакли зерин ба расмият дароварда мешаванд:

+-----+--------------+----------Т-+--Т-----+-----------+---Т-------ҷ
|  №  | Ному насаб   |  Сана, моҳ |  Ҷинс  |  Рақами   | Шаҳрвандӣ |
|     |(чӣ тавре, ки |  ва соли   |        | шиноснома |           |
|     | дар шинос-   |  таваллуд  |        |           |           |
|     | нома аст)    |            |        |           |           |
+-----+--------------+------------+--------+-----------+-----------+
|  1  |     2        |     3      |    4   |     5     |     6     |
+-----+--------------+------------+--------+-----------+-----------+

Руйхат бояд аз ҷониби роҳбари ташкилоти дархосткунанда ба имзо расида, бо мӯҳри ин ташкилот тасдиқ шуда бошад.

Як дона раводид ба қисми ақиби рӯйхат (саҳифаи қоғаз) часпонида шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди 10.1. Қоидаҳои мазкур ба яке аз шахсоне, ки дар ҳайати гурӯҳ сафар дорад, хонапурӣ карда мешавад. Дар қисмати "Ҳамроҳ/Accompanied by" миқдори одамоне, ки дар ҳайати гурӯҳ сафар доранд, навишта мешавад, мисол: "+ 25 нафар тибқи рӯйхат". Раводид бо мӯҳри муассиса ва имзои шахси мансабдори судурнамудаи раводид тасдиқ карда мешавад.

Агар рӯйхати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳайати гурӯҳ сафар менамоянд, дар як саҳифа ҷойгир нашавад, раводид дар саҳифаи алоҳида ба расмият дароварда шуда, тариқи исканҷаи кунҷи чапи саҳифа ба рӯйхати асосӣ дӯхта мешавад, ки бо мӯҳри муассиса ва имзои шахси мансабдори судурнамудаи раводид тасдиқ карда мешавад. Раводид низ бояд бо мӯҳри муассиса ва имзои шахси мансабдори судурнамудаи раводид тасдиқ карда шавад.

Тағйироту иловаҳо дар рӯйхат иҷозат дода намешаванд.

10.6. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ӯҳдадоранд, ки ҳар 6 моҳ ба ВКХ ҶТ нақши мӯҳр ва намунаи имзои шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи имзо намудан дар стикерҳои раводидро доранд, барои интиқоли минбаъда ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ирсол намоянд.

11. Баҳисобгирии раводидҳои додашуда

Маълумот дар бораи раводидҳои додашуда ба китобҳои махсуси бақайдгирии раводид дар шакли электронӣ ба компютер ворид карда мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ, китобҳои мазкур аз чоп бароварда шуда, дӯхта мешаванд ва бо мӯҳри муассиса ва имзои шахси мансабдор, ки ба додани раводид ваколатдор шудааст, тасдиқ карда мешаванд.

Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин бюрои консулӣ дар фурудгоҳҳо ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки то санаи 5 ҳар моҳ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ҳисоботи омории намунаи муқарраршуда дар бораи додани раводид, маблағи воридшуда аз ҳисоби хироҷи консулӣ барои раводид, инчунин сарфаи стикерҳои раводидро пешниҳод намоянд.

12. Ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвати шаҳрвандони хориҷӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандони хориҷиро даъват намудаанд, барои будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар буда, барои хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолати танқисии молиявии шаҳрванди хориҷӣ ё дар ҳолати ба тариқи маъмурӣ аз ҳудуди давлат берун кардан ё депортатсияи шаҳрванди хориҷӣ ӯҳдадории молиявӣ доранд.

Замимаи 1

Ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" феврали соли 2009 № 122

Номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд

1. Австралия

2. Ҷумҳурии Австрия

3. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир

4. Ҷумҳурии Мисри Араб

5. Ҷумҳурии Аргентина

6. Ҷумҳурии Булғория

7. Гертсогии Бузурги Люксембург

8. Ҷумҳурии Маҷористон

9. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

10. Бруней-Доруссалом

11. Давлати Исроил

12. Ҷумҳурии Юнон

13.Ҷумҳурии Халқии Хитой

14.Ҷумҳурии Ирландия

15.Ҷумҳурии Исломии Эрон

16.Ҷумҳурии Исландия

17.Ҷумҳурии Италия

18.Канада

19.Давлати Қатар

20.Ҷумҳурии Кипр

21.Ҷумҳурии Эстония

22.Япония

23.Шоҳигарии Баҳрайн

24.Шоҳигарии Белгия

25.Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

26.Шоҳигарии Дания

27.Шоҳигарии Испания

28.Шоҳигарии Марокаш

29.Шоҳигарии Нидерландия

30.Шоҳигарии Норвегия

31.Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

32.Шоҳигарии Шветсия

33.Давляти Кувайт

34.Ҷумҳурии Латвия

35.Ҷамоҳирияи Халқии Сотсиалистии Либияи Араб

36.Ҷумҳурии Литва

37.Ҷумҳурии Лубнон

38.Малайзия

39.Ҷумҳурии Малта

40.Штатҳои Муттаҳидаи Мексика

41.3еландияи Нав

42.Аморатҳои Муттаҳидаи Араб

43.Султонати Уммон

44.Ҷумҳурии Лаҳистон

45.Ҷумҳурии Португалия

46.Ҷумҳурии Корея

47.Ҷумҳурии Индонезия

48.Ҷумҳурии Хорватия

49.Руминия

50.Ҷумҳурии Сингапур

51.Ҷумҳурии Сурияи Араб

52.Ҷумҳурии Словакия

53.Ҷумҳурии Словения

54.Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

55.Штатҳои Муттаҳидаи Америка

56.Шоҳигарии Таиланд

57.Ҷумҳурии Туркия

58.Ҷумҳурии Тунис

59.Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

60.Ҷумҳурии Федеративии Германия

61.Ҷумҳурии Филиппин

62.Ҷумҳурии Финляндия

63.Ҷумҳурии Франсия

64.Ҷумҳурии Чехия

65.Конфедератсияи Швейтсария

66.Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ

67.Ҷумҳурии Исломии Покистон (нисбати раводидҳои "дипломатӣ" ва "хизматӣ")

68.Ҷумҳурии Ҳиндустон (нисбати раводидҳои "дипломатӣ" ва "хизматӣ")

69.Ҷумҳурии Яман

70.Туркманистон

71. Ҷумҳурии Боливиарии Венесуэла

72.Ҷумҳурии ӯзбекистон (нисбати раводидҳои "дипломатӣ", "хизматӣ", "сармоягузорӣ", "минтақаҳои озоди иқтисодӣ", "нақлиётӣ" ва "варзишгарон ва ҳунармандон")

73.Князгарии Андорра

74.Вотикон

75.Князгарии Лихтенштейн

76. Князгарии Монако

77.Ҷумҳурии Куба

78. Ҷумҳурии Чили

79.Муғулистон

80.Ҷумҳурии Сенегал

81.Шахсони бешаҳрвандӣ, собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатҳое, ки ба Номгӯи зикргардида дохил нашуданд, метавонанд ба воситаи шартномаҳои дуҷониба тартиби соддаи гирифтани раводид ё дар асоси мутақобила рафтуомади бераводиди шаҳрвандони ду кишварро ба роҳ монанд.

Замимаи 2

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" феврали соли 2009 № 122

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВАРАҚАИ РАВОДИД

+--------------------------------------------------------------------ҷ
|       хохишмандем сутунхои варакаро ба таври чопи пур кунед        |
+-----------------+----------------+---------+-----------+-----------+
|1. № ва силсилаи |2. макони судур:|   шахр  |  нохия    |           |
|   шиноснома     |   кишвар       |         |           |           |
+----------------++----------------++--------+-----------+    Чой    |
|3.Шахрванди     |4. Таърихи судур  | 5. Нихояти эътибор |   барои   |
|                |                  |                    |   сурати  |
+----------------+------------------+--------------------+   хачмаш  |
|6. Насаб                                                |    3х4    |
+--------------------------------------------------------+-----------+
|7. Ном                                                              |
+--------------------------------------------------------------------+
|8. Номи падар ва дигар номхо                                        |
+----------------+------------------+------------+-------------------+
|9. Санаи        |10.Махалли тавал- |  шахр      |    мамлакат       |
|   таваллуд     |   луд: нохия     |            |                   |
+----------------+------------------+------------+----------+--------+
|11.Миллат       |12.Чинс           |13. Холати оилави      |        |
|                |         |        |                       |        |
+----------------+---------+--------+-----------------------+--------+
|14. Сурогаи чои истикомати доими (раками хона, хавли, нохия, шахр,  |
|    вилоят, мамлакат ва индекси почта):                             |
|                                                                    |
|                                                                    |
+---------------------+-----------+--------------+-------------------+
|15. Раками телефон:  |Факс:      |Мобили:       |Почтаи электрони:  |
|    Кори             |           |              |                   |
|                     |           |              |                   |
+---------------------+-----------+--------------+-------------------+
|16. Номи ва сурогаи чои кор, тахсилот ва ё шугл | Сурога            |
|    (ба таври пурра): Ном                       |                   |
|                                                |                   |
|                                                |                   |
|                                                |                   |
+------------------------------------------------+-------------------+
|17. Вазифа дар чои кор (агар донишчу бошед "донишчу" нависед, агар  |
|    нафакахур бошед "нафакахур" нависед). Шуглатонро тафсир дихед.  |
|                                                                    |
|                                                                    |
+----------------------+----------------------+----------------------+
|18. Санаи ба          |19.Санаи аз Точикистон| 20.Микдори омаду рафт|
|    Точикистон омадан |рафтан. Агар барои    | (1-2 карата, бисёрка-|
|                      |тамдиди раводид бошад,| рата, хуручи)        |
|                      |то кай,               |                      |
+----------------------+----------------------+----------------------+
|21. МАКСАДИ САФАР (категорияи раводид аз руи максади сафар муайян   |
|    карда  мешавад, бинобар ин максади сафаратонро ба пурраги       |
|    дарч намоед)                                                    |
|                                                                    |
|                                                                    |
+--------------------------------------------------------------------+
|22. Сурогаи истикомат дар Точикистон (ном ва сурогаи пурраи мех-    |
|    монхона. Агар намояндагии дипломати, хонаи шахси, идораи дав-   |
|    лати ва ё дигар макон бошад, номгуи муассиса, раками хона,      |
|    хавли, нохия, шахр, вилояти чойгиршавии онро хамрох бо индекси  |
|    почта ишора намоед):                                            |
|                                                                    |
|                                                                    |
|                                                                    |
+------------------------+---------+------------+--------------------+
|23. Ракамхои телефони   |Факс:    |Мобили:     |Почтаи электрони:   |
|    махалли истикомат:  |         |            |                    |
|    Кори:               |         |            |                    |
|                        |         |            |                    |
+------------------------+--------++------------+--------------------+
|24. Маблаги сафари Шуморо ки пар-|25. Оё Шумо пеш дар Точикистон    |
|    дохт мекунад (дар холати за- |будед, Кай ва ба кадом мухлат.    |
|    рури, корманди консули мета- |Сафархои каблиро ишора намоед.    |
|    вонад хуччатхои тасдиккунан- |                                  |
|    даи доштани маблагро барои   |                                  |
|    буду бош дар Чумхурии Точи-  |                                  |
|    кистон талаб менамояд)       |                                  |
|                                 |                                  |
+---------------------------------+----------------------------------+
|26. Оё ба Шумо пештар раводиди Чумхурии Точикистон судур шуда буд,  |
|    Агар "ха" бошад:                                                |
|              |           |                         |               |
| кай:         | дар кучо: |кадом намуд (категория): |ба кадом мухлат|
|              |           |                         |               |
|              |           |                         |               |
+--------------+-----------+-------------------------+---------------+
|27. Оё ба Шумо пештар барои додани раводид рад шуда буд,            |
|    Агар "ха" бошад:                                                |
|         |        |                                                 |
|кай:     |дар кучо|бо чи максад сафар доштед:  |ба кадом мухлат     |
|         |        |                            |раводид пурсида     |
|         |        |                            |будед:              |
+---------+--------+--------------------+-------+--------------------+
|28. Шумо дар Точикистон ба фаъолияти   |29.Шумо дар Точикистон нияти|
|    мехнати машгул мешавед, Агар "ха"  |тахсил намудан доред, Агар  |
|    бошад, ном ва сурогаи корфарморо   |"ха" бошад, ном ва сурогаи  |
|    аурра нависед                      |омузишгохро пурра нависед   |
|                                       |                            |
|                                       |                            |
|                                       |                            |
|                                       |                            |
+---------------------------------------+----------------------------+
|30. Дар бораи хешу табори наздики дар Точикистон будаатон маълумот  |
|    дихед (падар, модар, хохар, бародар, фарзандон, фарзандхоншуда- |
|    гон, арус, хамсар ва гайрахо)                                   |
|                                                                    |
|                                                                    |
|                                                                    |
+--------------------------------------------------------------------+
|31. МУХИМ: САВОЛХОИ ДАР ПОЁН ОМАДАРО БО ДИККАТ ХОНДА, БА ОНХО ДАР   |
|    ХОНАЧАХОИ "ХА" Ё "НЕ" ИШОРА ГУЗОРЕД:                            |
|                                                                    |
|-  оё Шумо ягон маротиба дар каламрави Чумхурии Точи-   ХА      НЕ  |
|   кистон ба чавобгарии чинояти, граждани ва ё маъмури              |
|   кашида шудаед, Агар чавоб "ХА" бошад, дар вараки                 |
|   алохида  маълумот дихед                                          |
|-  оё Шумо ягон вакт аъзои гуруххои террористи ва ё     ХА      НЕ  |
|   намуди дигари фаъолияти экстремисти, хариду фуруши               |
|   одамон, силох ва лавозимот, гардиши гайриконунии                 |
|   маводи мухаддира ва прекурсорхои он, ташкили мухо-               |
|   чирати гайриконуни машгул будед,                                 |
|-  оё Шумо барои содир намудани чиноятхои вазнин ва     ХА      НЕ  |
|   махсусан вазнин дар каламрави Чумхурии Точикистон                |
|   ва ё дигар давлати хоричи доги суди доред,                       |
|-  оё нисбати Шумо ягон маротиба авф ва ё бахшиши       ХА      НЕ  |
|   чазо татбик шудааст,                                             |
|-  оё Шумо баъди гирифтани раводид дар Чумхурии То-     ХА      НЕ  |
|   чикистон ба фаъолияти мехнати ё сохибкори машгул                 |
|   мешавед,                                                         |
|-  оё Шумо ягон вакт ба беморихои сирояткунандаи        ХА      НЕ  |
|   вазнин, ки ба саломатии чамъият хатарнок аст,                    |
|   дучор шуда будед ё хастед,                                       |
|                                                                    |
+-----------------------------------------------------+--------+-----+
|32. Варакаи раводиди мазкур аз чониби каси (ё ташки- |  ХА    | НЕ  |
|    лоти) дигар пур карда шудааст,                   |        |     |
|                                                                    |
|Тарафи даъваткунанда огох аст, ки мутобики конунгузории Чумхурии То-|
|чикистон барои хакики будани маълумоти дар варакаи раводиди нишон   |
|дода шуда, инчунин барои саривакт тахия намудани хуччатхои шахрван- |
|дони хоричии даъватшаванда барои икомат ва интикол дар Чумхурии То- |
|чикистон, инчунин берун шудани онхо аз каламрави он, чавобгар мебо- |
|шад.                                                                |
|                                                                    |
+------------------+---------------+----------------+----------------+
|аз чониби:        |  муносибат бо | Сурогаи пурра  |сана ва имзо    |
|                  |  аризадиханда | ва раками      |(ташкилотхо     |
|                  |               | телефон:       |мухр м\д)       |
|                  |               |                |                |
|                  |               |                |                |
|                  |               |                |                |
+------------------+---------------+----------------+----------------+
|33. Ман тасдик менамоям, ки саволхои дар варакаи раводидии мазкур   |
|омадаро пурра хонда, онхоро дарк намудам ва барои дуруст будани маъ-|
|лумоти навиштаам чавобгар мебошам. Ман огохам, ки додани маълумоти  |
|бардуруг ё нодуруст сабаби муваккатии рад шудани дархости раводидии |
|ман шуда метавонад. Инчунин огохам, ки доштани раводиди Чумхурии    |
|Точикистон маънои вуруд ба Чумхурии Точикистонро, то гузаштан аз    |
|хати Сархади давлати, надорад.                                      |
+--------------------------------------+-----------------------------+
|                                      |                             |
|Имзои дархосткунанда _______________  | Санаи имзо намудани         |
|                                      | дархост_________________    |
+--------------------------------------+-----------------------------+

                                   Барои истифодаи хизматӣ

                                   Аз ҷониби корманди консулӣ пур карда мешавад

Раводиди таҳти рақами                     ______________________________

Категорияи (ба таври пурра)               ______________________________

Ба мӯҳлати (аз кай то кай)                ______________________________

Аз ҷониби (ному насаб, имзо

ва мӯҳри Консул)                          ______________________________

Санаи судури раводид                      ______________________________

Замимаи 3

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" феврали соли 2009 № 122

ТАЛАБОТ НИСБАТИ СУРАТИ ШАХСӢ

Сурати шахсӣ, ки барои шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ пешниҳод мешавад, бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад.

1. Сурати шахсӣ бояд дар иҷрои ранга тайёр карда шавад.

2. Аломатҳои асосии сурати шахсӣ:

- андозаи сурати пешниҳодшаванда бояд 30x40 мм бошад.

- сурат рӯйи соҳиби қонунии варақаи шиносномаро дар ҳолати рӯбарӯ бо ҳарду чашмони кушода, яъне бо чашмони тариқи амудӣ ба сатҳи тасаввуршаванда гирифташуда, ки ба сатҳи рӯбарӯи рӯй баробар мебошад, нишон медиҳад.

- ҳолати рӯбарӯи рӯйи пурра бояд дар равшанӣ аз фарқи сар то манаҳ ва аз бинӣ то гӯшҳо намоён бошад.

- барои баланд бардоштани тафсили инъикоси ҳолати рӯбарӯи рӯйи пурра, равшании лозима ва баробар истифода бурда мешавад.

- дарозии сар бояд аз 28 то 32 мм бошад.

- масофа аз кунҷи поёнии сурат то хати тасаввуршавандаи уфуқӣ, ки аз маркази чашмҳо мегузарад, бояд аз 21 то 19 мм бошад.

- васеъгии сар бояд аз 16 то 23 мм бошад.

* Намуна оварда намешавад

А - бари сурат;

В - баландии сурат;

АА - хати тасаввуршавандаи марказии амудӣ маркази уфуқии сурат буда, аз нуқтаи мобайни даҳон ва ҳиссаи болоии бинӣ мегузарад.

ВВ - масофа аз кунҷи сурат то хати тасаввуршавандаи уфуқӣ, ки аз маркази чашмон мегузарад;

СС - васеъгии сар ҳамчун масофаи уфуқӣ байни миёнҷои ду хатҳои тасаввуршавандаи амудӣ, ки тавассути кунҷҳои холии болоӣ ва поёнии ҳар як гӯш мегузаранд ва дар ҷои пайвасти қисми берунии гӯш ба сар ҷойгиранд, муайян карда мешавад.

ББ - дарозии сар ҳамчун масофаи амудии байни сари манаҳ ва фарқи сар муайян карда мешавад.

3. Талабот ба ҳолати шахс:

- гардиши сар аз ҳолати амудӣ дар ҳар кадом самт роҳ дода намешавад.

- қиёфа бетараф буда, абрӯвон бояд ҳолати мӯътадил дошта (чун дар ҳолати тааҷҷуб бардошташуда набошанд, ба ҳиссаи болои бинӣ чин нашудаанд), чашмон "мӯътадил" кушода, ба камера нигоҳ мекунанд, даҳон пӯшида аст.

- теъдоди шахс дар сурат - на зиёда аз 1 нафар.

- китфҳо бояд ба ҷониби камера "гардонда" шуда бошанд.

- манзари сурат бояд якранга буда, бе ягон таркиб бошад. Манзари то 10% хокистарӣ ё осмонранги кушод тавсия мешавад.

- рӯй бояд баробар равшанӣ дода шавад.

- атрофи рӯй аз фарқи сар то сари манаҳ ва аз гӯш то гӯш бояд равшан намоён ва соя надошта бошад.

- ҳеҷ ягон сояҳои сиёҳ дар косахонаи сар зери абрӯвон бояд набошад, инабия ва гавҳараки чашмон бояд равшан намоён бошанд.

- ба шаҳрвандоне, ки эътиқоди динии онҳо дар назди шахсони бегона бе кулоҳи сарпӯш гаштанро иҷозат намедиҳад, пешниҳод намудани сурат бо кулоҳҳои сарпӯш, ки тарҳи рӯйро намепӯшад, роҳ дода мешавад.

- барои шаҳрвандоне, ки доимо айнак мекунанд, суратгирӣ бо айнакҳои бе шишаҳои сиёҳ ҳатмӣ аст. Айнак бояд бо шишаҳои тоза ва шаффоф бошад, то ки гавҳараки чашмон ва инабия дақиқ дида шаванд. Чанбараки айнак набояд чашмонро пӯшад. Айнак набояд манбаи дурахши нур бошад.

- доғҳои равшан бояд набошанд. Ин нишонаҳо одатан ҳамон вақт пайдо мешаванд, ки барои равшанидиҳӣ як манбаи равонашудаи баландравшанидиҳанда истифода бурда мешавад. Истифода бурдани равшанидиҳии паст, якчанд манбаҳои баробаршуда ё дигар усулҳои равшанидиҳӣ зарур аст.

- бастани чашмон танҳо бо сабабҳои тиббӣ роҳ дода мешавад.

- дараҷаи танвир (экспозитсия) бояд фарқияти байни тадриҷи таркибӣ дар ҳар ҷои пӯсти рӯйро таъмин намояд.

- ранги инъикоси сабтшудаи рӯй бояд аз бинӣ ба гӯшҳо ва аз манаҳ ба фарқи сар баланд бошад. Амиқ будани баландии ранг ва нуқтаи ҷойгирии объектив бояд намоиши тарҳи руйи объектро на кам аз ду миллиметр таъмин намояд.

- истифодаи равшанидиҳӣ бо ранги зард, сурх ва ғайра иҷозат дода намешавад. Равшанидиҳӣ набояд ранги табиии пӯстро вайрон намояд. Таъсири "чашмони сурх" роҳ дода намешавад.

- таҳрири инъикоси ранга бо мақсади беҳтар намудани намуди зоҳирӣ роҳ дода намешавад. Дар акс бояд тамоми тобишҳое, ки ба воқеият мутобиқанд, пешниҳод карда шаванд.

- дисторсияи объектив роҳ дода намешавад.