Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ"
Мутобиқи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи Нақшаи миллии иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Муассисаи давлатии "Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ" дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2.Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамоҳангсози миллии Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки дар мӯҳлати як моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатиро таъмин намоянд.
3.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи мазкурро аз ҳисоби даромадҳои худии Кумита, маблағҳои лоиҳаҳои грантӣ ва инвеститсионӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ равона мешаванд, амалӣ намояд.
4. Ба номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008 № 189 тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2009 № 132
ш. Душанбе