ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд
Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиботи ҷамъиятӣ ва мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ, хизматӣ ва дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои асосии муайянкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва дорои маълумоти электронианд, ҷорӣ карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар мӯҳлати се моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намояд;
- то 1 майи соли 2009 талаботҳоро нисбат ба шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ҷиҳати гузаронидани тендер омода намояд;
- оид ба тайёр намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, чораҳо андешад;
- оид ба маблағгузории тайёр кардани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, чораҷӯӣ намояд;
- бо тартиби муқарраргардида ва тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои хориҷиро дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, хабардор намояд;
- аз 1 январи соли 2010 додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, таъмин намояд.
3. Муқаррар карда шавад, ки шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ, хизматӣ ва дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998 № 69 "Дар бораи ҷорӣ кардани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудаанд, то иваз намудани онҳо ба шиносномаҳои нави хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 феврали соли 2009 № 624