Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 феврали соли 2009 № 73
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ДАРОЗМУДДАТИ БУНЁДИ СИЛСИЛАИ НЕРӯГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚӢ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 2009-2020
Руйхати ихтисорот
ШСХК Ширкати саҳомии холдингии кушода
НБО Нерӯгоҳи барқи обӣ
МБГ Маркази барқу гармидиҳӣ
ВМБК Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
БИР Бонки Исломии рушд
БОР Бонки Осиёии рушд
БРСММ Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид
ИМА Иёлоти Муттаҳидаи Америка
ИИ Иттиҳодияи истеҳсолӣ
КД Корхонаи давлатӣ
ҲҶТ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КВД Корхонаи воҳиди давлатӣ
ФЯСК Фонди Японии паст кардани сатҳи камбизоатӣ
ҶММ Ҷамъияти дорои маҳсулияташ маҳдуд
н. Ноҳия
ш. Шаҳр
Муқаддима
Бо дарназардошти иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи соҳаи энергетикаи кишвар ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушди он дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи энергетикаи кишвар аз 17 июни соли 2008 бармеояд, аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи такмилдодашудаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 (минбаъд - Барнома) таҳия гардидааст.
Дар Паёми Сарвари давлат пешбинӣ гардидааст, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти пурраи энергетикӣ ғайриимкон аст. Бо дарназардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуботи соҳаи энергетика ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Таваҷҷӯҳ ба энергетикаи хурд дар Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ дорад. Нахустин Нерӯгоҳи барқи обии (минбаъд-НБО) хурд, НБО-и Варзоб-1 тавоноияш 7,15 МВт соли 1936 сохта шуда то имрӯз бомуваффақият кор карда истодааст. Солҳои 1949-1950 дар ҷумҳурӣ "Нақшаи баҳрабардории захираҳои обии энергетикии рӯдҳои хурд барои электрофикатсияи (барқикунонии) хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон" таҳия гардида буд, ки мақсади он электрофикатсияи пурраи кишвар буд.
Энергияи бодӣ аз манбаъҳои ғайрианъанавии маъруф буда, истифодаи босамари дастгоҳи он бо суръати муайяни бод 5 м/сония, ки дар ҷадвали 2 нишон дода шудааст, вобаста аст.
Имрӯз истифодаи энергияи офтоб низ ҳамчун сарчашмаи боэътимоди энергетикии саноатӣ дар Тоҷикистон ғайривоқеист, ҳарчанд истифодаи он барои тавлиди энергияи гармии иқтидораш паст дар рӯзгор ба мақсад мувофиқ аст ва имкон дорад. Давомнокии солонаи дурахши офтоб дар ҷумҳурӣ аз 2000 то 3000 соат, аз ҷумла дар минтақаҳои бештар бо аҳолӣ азхудшуда - водиҳои Ҳисору Вахш ва вилояти Суғд - 2700 соатро ташкил медиҳад.
Истифодаи энергияи офтоб барои эҳтиёҷоти маишӣ имконпазир аст, ки ниёзи аҳолӣ бо энергияи гармӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ба андозаи 60 ғ 80 фоизи лозима дар 10 моҳи сол таъмин карда шавад.
I. Таҳлили воқеии вазъи энергетикаи хурд
Бинобар тамоилгирӣ ба энергетикаи бузург барномаи сохтмони НБО-и хурд дар ҷумҳурӣ барҳам хӯрд ва дар натиҷа, то аввали солҳои 90 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби умумии онҳо танҳо панҷ нерӯгоҳи барқии хурд дар истифода боқӣ монд.
Барои рушди энергетикаи обии хурд дар ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо, ки ба рушди бомуваффақияти онҳо мусоидат намоянд, мавҷуданд. Махсусан муҳим аст, ки рӯдҳои хурд дар бисёр минтақаҳои кишвар, ки захираҳои онҳо хеле бузурганд, баробар тақсим шудаанд (нигаред ба ҷадвали 1).
Вазъи мазкур имконият медиҳад, ки сохтмони оммавии НБО-ҳои хурд ба таври саноатӣ, ки ниҳоят арзон мебошад, сурат гирад.
Ҳаҷми имконпазири истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар ҳолати ба пуррагӣ истифода намудани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд 184,5 млрд.кВт.соатро ташкил медиҳад (нигаред ба ҷадвали 1).
Айни замон 150 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.
II. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
Бо энергияи барқ таъмин намудани як қатор маҳалҳои аҳолинишини калону хурди ноҳияҳои дурдаст, инчунин тавлиди энергияи барқ дар НБО-ҳои хурд бе таъсири манфӣ ба муҳити зист яке аз муҳимтарин равандҳои сиёсати энергетикӣ мебошад. Тавлиди энергияи барқ аз ҳисоби иқтидори обии обравҳои сунъӣ, инчунин энергияи боду офтоб барои зарурияти хоҷагии қишлоқ ва рӯзгори аҳолӣ низ хеле муҳим аст.
Бо мақсади таъмини боэътимоди минтақаҳои дурдасти аҳолинишини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, вазифаҳои аввалиндараҷаи амалӣ намудани Барнома инҳоянд:
- аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд ва таъсиси инфраструктураи дахлдор;
- таҳияи ҳуҷҷатҳои асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ;
- ҷалб намудани маблағгузориҳои ватанию хориҷӣ барои сохтмон ва таҷдидии нерӯгоҳҳои хурди барқӣ;
- муайян намудани тавозуни талабот ва истеҳсоли нерӯи барқ дар минтақаҳои дурдасти аҳолинишини ҷумҳурӣ.
III. Омилҳои мусоидаткунандаи рушди энергетикаи хурд дар Тоҷикистон
Дар ҷумҳурӣ асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрии техникӣ, саноатӣ ва молиявӣ баҳри татбиқи бомуваффақияти Барномаи рушди энергетикаи обии хурд фароҳам гардида, маҷмӯи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, ки танзимкунанда, ҳавасмандкунанда ва ташаккулдиҳандаи реҷаи имтиёзнок дар соҳаи сохтмон ва истифодабарии НБО-ҳои хурд мебошад, қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Аз 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" мавриди амал қарор дода шудааст.
Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 1993 №139 "Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии тараққиёти энергетикаи хурд ва истихроҷи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амал мекунад, ки мутобиқи он:
- сохтмони НБО-ҳои хурд дар тамоми иншооти гидротехникии амалкунанда ва обанборҳои ғайриэнергетикӣ новобаста аз тобеъияти идоравиашон иҷозат дода мешавад;
- корҳои ҳамоҳангсозии сохтмони НБО-ҳои хурд ва манбаъҳои ғайрианъанавии энергетикӣ ба зиммаи ШСХК "Барқи Тоҷик" вогузор гардидааст.
Моҳи сентябри соли 1993 аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон "Низомнома оид ба тартиби сохтмон ва ба кор даровардани дастгоҳҳои хурди нерӯдиҳандаи берун аз сарчашмаҳои анъанавӣ (НБО-ҳо, МБГ-ҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шуда буд, ки он маҷмӯи пурраи истифодаи сарчашмаҳои аз нав барқароршавандаи энергияро ба танзим медарорад: офтобӣ, бодӣ, биологӣ, гидравликӣ ва ғайра бо шарти маҳдуд намудани воҳидҳои иқтидории онҳо то бузургиҳои:
- дастгоҳҳои офтобие, ки аз 1Гкал/соат камтар гармӣ медиҳанд;
- дастгоҳҳои бодӣ - то 250 кВт;
- дастгоҳҳои гидравликӣ - то 30 МВт;
- дастгоҳҳое, ки мустақиман гармии офтобро бевосита ба нерӯи барқӣ табдил медиҳанд - то 5 кВт;
- дигар намудҳо - то 10 кВт муайян карда шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли 1997 № 267 "Дар бораи инкишофи энергетикаи хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор қабул намуд, ки мутобиқи он:
- Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми таҳияи буҷети ҷумҳурӣ аз соли 1998 сар карда, мебоист барои ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи барномаи инкишофи энергетикаи хурди ҷумҳурӣ ҷудо кардани маблағи на камтар аз 500 ҳазор доллари ШМА (аз рӯи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллӣ дар лаҳзаи ҷудокунӣ) маблағгузории асосиро пешбинӣ менамуданд;
- ШСХК "Барқи Тоҷик" мебоист хариди изофаи энергияи электрикии НБО-ҳои хурди ғайридавлатиро бо пардохти баробар ба тарифи миёнаи ҷумҳурӣ анҷом медод;
- ШСХК "Барқи Тоҷик" вазифадор гардида буд, ки бояд ҳамасола барои рушди энергетикаи хурд маблағҳои муайяни хусусиро ҷудо намояд;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои саҳомии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шуда буд, ки барои амалӣ гардонидани Барномаи рушди энергетикаи хурд бо роҳи ҷалб намудани сармояҳо, ҷойгир кардани маблағҳои хусусӣ ва додани қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок саҳмгузор бошанд.
Дар солҳои охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 № 33 "Дар бораи энергетится" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майӣ соли 2002 №29 "Дар бораи сарфаҷӯии энергия" қабул шудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002 №318 "Консепсияи рушди соҳаҳои маҷмӯи гармию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015" тасдиқ гардидааст.
Дар асоси муқаррароти боби 49 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андозбандӣ (тибқи номгӯи андозҳое, ки дар моддаи 343 Кодекси мазкур оварда шудаанд) пешбинӣ шудаанд, ки яке аз омилҳои асосии ба рушди энергетикаи хурд мусоидаткунанда мебошанд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барномаи рушди васеи гидроэнергетикаи хурди бо сохтмони НБО-ҳои хурд алоқамандбуда, алалхусус баҳрабардории минбаъда аз онҳо, танҳо дар сурати мавҷуд будани базаи хусусии истеҳсоли таҷҳизоти технологӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок аст.
Истеҳсоли хусусии таҷҳизот барои НБО-ҳои хурд дар Тоҷикистон дар аввали солҳои 90 дар заводи мошинсозии шаҳри Чкалов, Корхонан давлатии "Востокредмет" дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуда буд (нигаред ба ҷадвали 3).
Айни замон истеҳсоли хусусии таҷҳизот барои НБО-ҳои хурд дар КВД Иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктекстилмаш"-и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст (нигаред ба ҷадвали 4 ва 4а).
IV. Самтҳои асосӣ, механизми иҷро ва марҳилаҳои татбиқи Барнома
Дар соли 2002 лоиҳаи "Асосноккунии техникӣ - иқтисодии сохтмони НБО-ҳо дар деҳоти Тоҷикистон" таҳия шуд, ки тавассути гранти Бонки Исломии Рушд (БИР) маблағгузорӣ гардида, онро мебоист гурӯҳи мутахасиссони маҳаллӣ ва мушовирони байналмилалӣ татбиқ менамуданд. Мақсади лоиҳа анҷом додани тадқиқот оид ба сохтмони НБО-ҳои хурди муҳим ва фоидаовар дар ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Барномаи мазкур дар асоси лоиҳаҳои иҷрошуда таҳия гардида, дар асоси "Нақшаи рушди энергетикаи хурд дар ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳна, Ғарм ва Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон" (соли 1991 "Тоҷикгидропроект") ва "Истифодаи захираҳои хурду миёнаи гидроэнергетикии обравҳои ВМБК ба воситаи гидроэнергетикаи хурд" (соли 1995), ки сохтмони НБО-ҳои хурдро дар навбати аввал дар ноҳияҳои кӯҳсор ва дурдасти аз таъмини барқ маҳрумбуда, пешбинӣ намудааст, омода гардидааст.
Барномаи дарозмуддати сохтмони НБО-ҳои хурд аз се марҳилаи рушд иборат аст (ҷадвали 5):
1. Кӯтоҳмуддат:
- давомнокии марҳилаи якуми сохтмони НБО-ҳои хурд - 3 сол;
- мӯҳлати татбиқшавӣ аз соли 2009 то соли 2011;
- ҳамагӣ - 66 нерӯгоҳ;
- иқтидори умумии муқарраршуда - 43530 кВт.
2. Миёнамуддат:
- давомнокии марҳилаи дуюми сохтмони НБО-ҳои хурд - 4 сол;
- мӯҳлати татбиқшавӣ аз соли 2012 то соли 2015;
- ҳамагӣ - 70 нерӯгоҳ;
- иқтидори умумии муқарраршуда - 32850 кВт.
3. Дарозмуддат:
- давомнокии марҳилаи сеюми сохтмони НБО-ҳои хурд - 5 сол;
- мӯҳлати татбиқшавӣ аз соли 2016 то соли 2020;
- ҳамагӣ - 53 нерӯгоҳ;
- иқтидори умумии муқарраршуда - 26801 кВт.
V. Маблағгузорӣ ва самаранокии Барнома
Маблағгузории Барнома аз ҳисоби ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.
Давраи ба мақсад мувофиқи ворид намудани НБО-ҳои ҳаҷман хурд ба комплекси сӯзишворию энергетикии Тоҷикистон, объектҳои мушаххаси сохтмон дар натиҷаи таҳлили иқтисодӣ, ҳисоби самаранокии иқтисодии ин сохтмонҳо муайян карда шудааст.
Сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии хусусӣ ба манфиати корхонаҳои саноатӣ мебошад, зеро энергияи барқи истеҳсолшаванда нисбат ба энергияи барқи аз системаи барқӣ харидоришаванда арзонтар аст. Агар НБО-и хурд моликияти хусусии корхонаи саноатӣ бошад, арзиши қувваи барқи истифоданамудаи он ба арзиши аслии истеҳсоли барқ баробар мегардад, ки ин комилан ба манфиати корхона мебошад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки арзиши қиёсии сохтмони НБО-и хурд дар Тоҷикистон аз 1100 то 2000 долл/кВт-ро ташкил дода, имконияти ба даст овардани самаранокии мутлақи иқтисодиро низ дорад.
Лоиҳаҳои оғозгардидаи сохтмони НБО-и хурд дар сурати ду сол будани мӯҳлати сохтмони онҳо ба ин шартҳо ҷавобгӯй буда, истифодаи маблағҳои кредитӣ барои сохтмони НБО-ҳо нисбат ба истифодабарии маблағҳои хусусӣ афзалияти бештар доранд.
Омилҳои асосии самаранокии ин НБО-ҳо мӯҳлати сохтмон ва шумораи соатҳои истифодабарии иқтидори муқарраршудаи онҳо мебошанд. Мутаносиб кардани ин нишондиҳандаҳо аз ҳисоби истифодаи дастовардҳои пешқадами илмию техникӣ ва ташкилӣ имконият медиҳад, ки нисбат ба натиҷаҳои имрӯза панҷ баробар фоидаи бештар ба даст оварда шавад.
VI. Натиҷаҳои ниҳоии татбиқи Барнома
Дар шароити кунунии ҷумҳурӣ рушди муносибатҳои бозаргонӣ, беҳтар шудани сатҳи бо кор таъмин намудани аҳолӣ, тараққиёти мунтазами иқтисодии ҳамаи минтақаҳо, аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон самтҳои афзалиятнок буда, махсусан аз ҳисоби сохтмони НБО-ҳои хурд ба осонӣ ба даст оварда мешавад. Зеро НБО-ҳои хурд маблағгузории калонро талаб намекунанд ва дар як мавсим сохта шуда, аз ҷиҳати баҳрабардорӣ метавонанд дар муддати кӯтоҳ маблағҳои масрафкардашударо бозпас гардонанд.
Энергетикаи хурд метавонад барои ҳарчи бештар баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ, таъмини эътимодноки барқ, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоӣ, кору зиндагии одамон ва умуман дар пешрафти иқтисодии ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Вазифаҳои мазкур дар заминаи рушди энергетикаи хурд ҳалли худро пайдо менамоянд.
Амалӣ гаштани Барнома яке аз омилҳои асосии иҷрошавии "Барномаи давлатии паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ" ва "Барномаи рушди соҳаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015" мегардад.
Натиҷаи ниҳоии татбиқшавии Барнома дар миқёси минтақаҳои ҷумҳурӣ дар се давраи рушд дар ҷадвали 6 оварда шудааст.
Иқтидори умумии муқарраршуда - N = 103 181 кВт
Истеҳсоли умумии солонаи энергияи барқ - Э = 641,646 млн.кВт.соат.
Ниг. ба Замимаҳои 1-6