Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба гузаронидани эмиссияи саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Сангтӯда-1" ва оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шартҳои ширкати ҳиссавии Федератсияи Россия дар сохтмони НБО Сангтӯда-1 аз 16 октябри соли 2004
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, минбаъд Тарафҳо,
бо дарназардошти манфиатдорӣ дар баанҷомрасонии сохтмон ва истифодабарии муштараки минбаъдаи НБО Сангтуда-1,
мувофиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шартҳои ширкати ҳиссавии Федератсияи Россия дар сохтмони НБО Сангтуда-1 аз 16 октябри соли 2004 (минбаъд - Созишнома);
бинобар афзудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Санпуда-1" (минбаъд - Ҷамъият) ва ҷиҳати вусъат додани Протоколҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба гузаронидани эмиссияи саҳмияҳои Ҷамъият аз 6 декабри соли 2005 (бо иловаҳо аз 14 марти соли 2006) ва аз 31 июли соли 2006 (бо тағйирот аз 26 феврали соли 2007);
бо мақсади таҳкимбахшии минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни ду давлат,
оид ба масъалаҳои зерин ба мувофиқа омаданд:
Моддаи 1
Бо мақсади ташаккули сармояи оинномавии Ҷамъият Тарафҳо эмиссияи саҳмияҳои Ҷамъиятро мегузаронанд.
Саҳмияҳои Ҷамъият байни саҳмдорон мутаносибан ба андозаи маблағҳое, ки ҳар як саҳмдор барои зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият равона менамояд, тақсим карда мешаванд.
Моддаи 2
Тарафҳо қарор қабул менамоянд, ки барориши навбатии саҳмияҳои Ҷамъият аз ҳисоби:
1) воситаҳои пулӣ ба маблағи умумии 6574309 доллари ИМА интиқолдодашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 ба манфиати Ҷамъият дар асоси Нақшаи пардохтҳо оид ба қарзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсия Россия, дар қисми пардохт намудани 50 млн. доллари ИМА аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳиссаи иштироки тарафи Россия дар лоиҳаи ба анҷом расонидани сохтмони НБО Сангтуда-1 (минбаъд - Нақшаи пардохтҳо) ва саҳмияҳои баровардашудаи Ҷамъият дар солҳои 2006-2007 истифода бурда нашудаанд;
2) воситаҳои пулӣ ба маблағи 15 млн. доллари ИМА, ки бояд аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Нақшаи пардохтҳо ба ҳисоби Ҷамъият гузаронида шаванд;
3) аз буҷети федералӣ ба маблағи умумии 5 000 млн. рубл, ки бояд аз ҷониби Федератсияи Россия дар шахси Вазорати саноат ва энергетикаи Федератсияи Россия барои зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият тибқи қонунгузории буҷетии Федератсияи Россия ба Ҷамъият интиқол дода шаванд;
4) воситаҳои пулие, ки имконият медиҳанд дар муддати 4 сол саҳмияҳои ҷамъиятро харидорӣ намуда дар сармояи оиномавии Ҷамъият ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 25 фоиз ҷамъи як саҳмия таъмин гардад.
Тарафҳо ба ҳуқуқи саҳмдорон ба саҳмияҳои дар доираи эмиссияи мазкур ҷойгиршаванда, аз вақти пардохти маблағҳои пулӣ ба Ҷамъият тибқи нишондодҳои дарҷгардидаи моддаи мазкур соҳиб мегарданд.
Моддаи 3
Бо мақсади таъмини гузариши саҳмияҳои Ҷамъият ба моликияти Федератсияи Россия аз ҳисоби пардохти қисми қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағҳои пулии мувофиқи бандҳои 1 ва 2 Моддаи 2 Протоколи мазкур саҳмияҳои баровардашудаи Ҷамъиятро харидорӣ намуда, онҳоро ба моликияти Федератсияи Россия дар шахси Агентии федералии идораи амволи федералӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Бо мақсади таъмини гузариши саҳмияҳои Ҷамъият ба моликияти Федератсияи Россия ба маблағҳои пулии буҷети федералии дар банди 3 Моддаи 2 Протоколи мазкур дарҷгардида, Вазорати саноат ва энергетикаи Федератсияи Россия пардохти арзиши саҳмияҳои мазкурро амалӣ меанамояд, Ҷамъият дар ҳолати пардохти маблағҳои буҷети федералӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои заруриро дар бораи бақайдгирии тағйиротҳои дахлдор ба саҳмиядори ҶамъиятФедератсияи Россия дар шахси Агентии федералии идораи амволи федералӣ тааллуқдошта, амалӣ мегардонад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарини имконпазир ба Ҷамъият барои бақайдгирии тағйиротҳои дахлдор ба саҳмдори Ҷамъият - Федератсияи Россия дар шахси Агентии федералии идораи амволи федералӣ мусоидат менамояд.
Моддаи 4
Тарафҳо аҳд карданд, ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сармояи оиномавии Ҷамъият 25 фоиз ҷамъи як саҳмияро ташкил медиҳад. Пардохти маблағи саҳмияҳо барои ба 25 фоиз ҷамъи як саҳмияи лозима расонидан, аз тарафи Тоҷикистон ба Ҷамъият дар шакли маблағҳои пулӣ мутобиқи банди 4 Моддаи 2 Протоколи мазкур гузаронида мешавад.
Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки то давраи аз тарафи Тоҷикистон дар муддати чор сол харидорӣ гардидани 25 фоиз ҷамъи як саҳмия, ба оинномаи Ҷамъият тағйирот дар бораи он ки қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорони Ҷамъият бо қабули аксарияти овозҳо аз навад фоизи саҳмдорон (дар Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият иштирокдошта) оид ба масъалаҳои зерин, ворид карда мешаванд:
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи Ҷамъият ё тасдиқ намудани оинномаи Ҷамъият дар таҳрири нав;
- азнавташилкунии ихтиёрии Ҷамъият;
- барҳамдиҳии Ҷамъият, таъин намудани Комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқ намудани балансҳои фосилавӣ ва барҳамдиҳии куллӣ.
- зиёд намудани сармояи оиномавии Ҷамъият бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи ҷойгиркунии саҳмияҳои иловагӣ;
- кам намудани сармояи оиномавии Ҷамъият бо роҳи кам намудани арзиши номиналии саҳмияҳо, бо роҳи ба даст овардани қисми саҳмияҳо аз тарафи Ҷамъият, бо мақсади кам намудани ҳаҷми умумии онҳо, инчунин бо роҳи пардохти саҳмияҳои аз тарафи Ҷамъият ба даст овардашуда ё харидоригардида;
- ҷойгир намудани саҳмияҳои оддӣ ё қоғазҳои қиматноки ба саҳмияҳои оддӣ табдилдодашаванда, ки зиёда аз 25 фоизи саҳмияҳои оддии қаблан тақсимкардашударо ташкил медиҳад;
- қабули қарорҳо дар бораи маъқул донистани муомилоти калоне, ки ашёи он амвол буда, арзиши он зиёда аз 50 фоизи арзиши балансии дороиҳои Ҷамъиятро ташкил медиҳад.
Тагиротхои муайяншудаи оинномаи Чамъият дар мухлати чор сол аз лахзаи имзои Протоколи мазкур амали мегарданд.
Моддаи 5
Тарафҳо аҳд намуданд, ки тарафи Тоҷикистон хариди кувваи баркро бо тарифе таъмин менамояд, ки он бароварди сармоягузориро дар муддати даҳ сол аз лаҳзаи ба истифода додани чор агрегати НБО Сангтуда-1 анҷом дода шударо, ки барои сохтмони неругох чудо шудааст, имконпазир гардонад.
Тарафҳо муассисаҳои ваколатдори тарафҳоро вазифадор менамоянд, ки то ба кор даровардани чор агрегати нерӯгоҳ экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмонро ба итмом расонанд.
Аз рӯи натиҷаи экспертиза Тарафҳо арзиши сохтмони НБО Сангтуда-1-ро мувофиқа ва тасдиқ менамоянд.
Моддаи 6
Дар моддаи 6 Созишнома сархати 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Тарафи Тоҷикистон ширкати худро дар Лоиҳа бо роҳи зерин таъмин менамояд:
- ба Сармояи оинномавии Ҷамъият гузаронидани иншоотхои сохтмони нотамоми НБО Сангтуда-1;
- ворид намудани маблағҳо ба сармояи оинномавии Чамъият."
Моддаи 7
Ин Протокол аз рӯзи гирифтани охирин огоҳиномаи хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, этибор пайдо мекунад.
Дар шаҳри Москва "29" апрели соли 2008 дар ду нусха ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, ки ҳарду матн эътибори якхела доранд, ба имзо расонида шуд.
Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз номи Ҳукумати Федератсияи Россия |