Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" феврали соли 2008 № 663
тасдиқ шудааст
Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015
Пешгуфтор
Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пуст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (минбаъд - Банома тибқи Консепсияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии, Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003, № 523), Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 (қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, № 422) ва ҷиҳати иҷрои банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 79 таҳия шудааст.
Рушди соҳаи коркарди ашёи чорво (пӯст ва пашм) бо назардошти истифода аз манбаи мавҷудаи ашёи маҳаллӣ, ҷиҳати пайдо намудани арзиши иловашудаи маҳсулоти истеҳсолӣ, аз ин ҳисоб ғанӣ гардонидани буҷети давлат, таъмини бозори дохилӣ ва баланд бардоштани истеҳсоли содиротии ҷумҳурӣ, ташкили ҷойҳон нави корӣ, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, аҳамияти иқтисодии муҳим дорад.
Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси омӯзиш ва таҳлили маълумотҳои оморӣ якҷоя бо вазоратҳои рущди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, молия, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили фаъолияти истеҳсоливу молиявии соҳаҳои коркарди пашм ва пӯст, дурнамои ҷамъоварӣ ва содироту воридоти онро ба инобат гирифта, дар асоси таҳлилҳо Барномаи мазкурро таҳия намудааст.
Дар Барнома натиҷаҳои рушди истеҳсоли ашёи хоми чорво ва коркарди саноатии минбаъдаи он дар корхонаҳои соҳа, камбудӣ ва норасоиҳо дар фаъолияти истеҳсоливу молиявии онҳо, инчунин сабабҳои сол то сол паст рафтави истеҳсол ва коркарди ин намуди ашёи хом ба инобат гирифта шудааст.
1. Арзёбии манбаьҳо ва захнран ашён чорво (пӯст ва пашм)
Чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва дорои аҳамияти стратегии комплекси агросаноатӣ ба ҳисоб рафта, саноати сабук ва хӯроквории кишварро бо ашёи хом таъмин менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар давраи шӯравӣ банақшагирии давлатии иқтисодиёт, ҷамъоварии ашёи чорво пурра мутамарказонида шуда, аз тарафи Иттифоқи "Точикматлубот" дар нуқтаҳои қабули ашё ба роҳ монда шуда буд. Қисме аз ин ашё, аз ҷумла пӯст дар собиқ "Иттиҳодияи истеҳсолии пӯсту пойафзоли шаҳр"-и Душанбе коркард гардида, барои таъминоти корхонаҳои пойафзоли ҷумҳурӣ истифода бурда мешуд. Қисми боқимондаи ашё ба ҷумҳуриҳои дигар содирот мегардид.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола ҷумҳурӣ 350- 450 ҳаз. дона ё ин ки ба ҳисоби миёна 60-75 млн. дм2 ашёи пӯст содирот гардида, ҳамагӣ 5-6 ҳаз. дона ва ё 0,85 -1 млн. дм2 дар корхонаҳои дохилӣ коркард карда мешавад. Мувофиқи ҳисоботҳои таҳлилӣ таи солёои 2005-2007 тақрибан 29ОО хаз. дона ва ё зиёда аз 450 млн. дм2 пӯсти чорвои калону хурд талаф ёфтааст ё бо роҳи қочоқ аз марзи кишвар бароварда шудааст.
Истифодаи пашми истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ низ дар ҳолати ташвишовар қарор дорад. Дар ин соҳа талафот 80-85 фоизи пашми истеҳсолшударо дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.
+--------------------+------------------+--------+---------+---------ҷ
| Нишондиҳандаҳо | Воҳиди ченак | 2005 | 2006 | 2007 |
+--------------------+------------------+--------+---------+---------+
| Пӯст |
| |

| Истеҳсол | ҳаз. дона |1564,6 | 1603,8 | 1688,0 |
| +------------------+--------+---------+---------+
| | млн. дм2 |107,2 | 123,3 | 124,3 |

| Коркард | ҳаз. дона | 8,3 | 4,3 | 6,0 |

| | млн. дм2 | 1,4 | 0,7 | 1,03 |

| Содирот | ҳаз. дона |770.0 | 411,0 | 385,1 |

| | млн. дм2 |80,8 | 43,2 | 40,4 |

| Талафот | ҳаз. дона | 1046 | 898,5 | 928,3 |

| | млн. дм2 | 24,9 | 179,4 | 182,8 |

| Пашм |

| Истеҳсол, ҳамагӣ | тн. | 4353 | 4731 | 5056 |
| | | | | |

| Коркард | тн. | 321,6 | 415,9 | 209,5 |

| Содирот | тн. | 383,8 | 478 | 568 |

| Талафот | тн. |3647,6 | 3738,1 | 4278,5 |

Мавриди тазаккур аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 870 тонна пашми маҳин истеҳсол карда шуда, боқимондаро пашми дағал ташквл мекунад. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҷумхурӣ 45 ҳазор сар гӯсфанди зоти маҳинпашм мавҷуд аст, ки онҳоро барои истеҳсоли пашми аъолсифат истифода бурдан мумкин аст.
Содироти ашёи чорво аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғанӣ гардондонидани буҷети давлатӣ манфиати назаррасе намеорад. Аз ин лиҳоз, мақсад аз таҳия ва қабули Барномаи мазкур, асосан муҳайё сохтани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷалб намудани маблағгузориҳои рушди соҳа, муайян намудани имтиёзҳои андозӣ, ки имконият медиҳад сармояҳои дохилӣ ва хориҷиро ба рушди иқтидорҳои истеҳсолии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ равона созанд, қабул намудани санадҳои меёрии ҳуқуқие, ки метавонанд коркарди ашёи хомро аз содироти он дар ин соҳа афзалтар созанд, иборат мебошад.
Иҷрои Барнома дар дохили ҷумҳурӣ бунёди базаи мустаҳками ашёи хомро талаб менамояд. Аз ин ҷиҳат муайян карда шудааст, ки истеҳсоли пӯст то соли 2015 ба 1989,4 ҳазор дона ва пашм ба 6,5 ҳаз. тонна расонида мешавад (ҷадвали 2-3).
Дурномаи истеҳсоли пӯст то соли 2015
+-------------------+------+------+------+------+------+------+------ҷ
|Нишондиҳанда |с.2009|с.2010|с.2011|с.2012|с.2013|с.2014|с.2015|
+-------------------+------+------+------+------+------+------+------+
|Пӯсти чорвои калони| | | | | | | |
|шохдор ҳаз. дона |434,1 |438,4 |442,7 |447,0 |451,5 |456,0 |460,5 |
|млн.дм3 |73,8 |74,5 |75,3 |76,0 |76,8 |77,5 |78,3 |

|Пӯсти чорвои майда | | | | | | | |
| ҳаз. дона |1271,0|1283,8|1296,6|1309,6|1322,6|1335,9|1349 |
| млн. дм2 |50,8 |51,4 |51,9 |52,4 |52,9 |53,4 |54,0 |
+-------------------+------+------+------+------+------+------+------|
|Пӯсти чорвои | | | | | | | |
|мӯинадор |29 |46 | 64 | 82 | 100 | 150 | 180 |
|млн. дм2 |0,029 |0,046 | 0,064| 0,082| 0,1 | 0,15 | 0,18 |

|Ҷамъ ҳаз. дона |1734,1|1768,2|18033 |1838,6|1874,1|1941,9|1989,4|
|млн. дм2 |124,7 |125,9 |127,2 |128,5 |129,8 |131,1 |132,4 |

Дурнамои нстеҳсоли пашм то соли 2015

|Нишондиҳанда | 2009 | 2010 | 2011 | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 |

| Зоти тоҷикии пашми| | | | | | | |
| нимдағал, тн | 532,5| 574,1| 584,3| 604,8| 625,6| 646,8| 666,0|
| | | | | | | | |

| Зоти қарокӯлӣ, тн |2118,7|2284,6|2325,2|2406,6|2489,4|2573,6|2650,1|

| Зоти маҳинпашм, тн|902,5 |973,2 |990,4 |1025,1|1060,4|1096,3|1128,8|

| Зоти маҳалии пашми| | | | | | | |
| дагал, тн |577,2 |622,4 |633,4 |655,6 |678,2 |701,1 |721,9 |

| Зоти ҳисории пашми| | | | | | | |
| дагал, тн | 480,7| 518,3| 527,5| 546,0| 564,8| 583,9| 601,2|
| | | | | | | | |
|Зоти бузи Ангорӣ,тн| 581,7| 627,3| 638,4| 660.8| 683,5| 706,6| 727,6|

| ҷамъ |5193,3|5599,9|5699,3|5898,9|6101,8|6308,2|6495,6|

2.Арзёбии ҳолати саноати коркарди пӯст ва пашм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ ҷиҳати коркарди пӯст иттиҳодияҳои пойафзолдӯзӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бо иқтидори истеҳсолии коркарди 150 млн дм2 чарм дар як сол фаъолият менамуданд. Барои пурра истифода намудани ин иқтидорҳо аз хориҷи кишвар, аз давлатҳои бародарии шӯравӣ пӯст ворид карда мешуд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ дар ҷумҳурӣ ҶСШК "Кӯҳандиз", ҶСШК "Интерфёр", ҶСШК "Пойафзолдӯзи Хуҷанд", ҶС "Чарми Данғара", бо иқтидори истеҳсолии умумии коркарди 1197,0 ҳазор дона пӯсти шартӣ дар як сол боқӣ мондаанд.
Дар соҳаи коркарди аввалияи пашм корхонаҳои ҶСК "Қолинҳои Қайроққум", ҶСШК "Шариф", ҶСШК "Кӯҳандиз" ва ҶСШК "Нуртекс" мавҷуданд, ки дорои иқтидорҳои умумии истеҳсолии коркарди аввалияи 7600 тонна пашм дар як соланд. Мавриди тазаккур аст, ки зиёда аз 3000 тонна пашм аз сабаби набудани эҳтиёҷот бо ҳамин намуди ашё дар дохили ҷумҳурӣ ва мутобиқ набудани он барои коркарди минбаъда ба фабрикаи Полотари шаҳри Марии Туркменистон ва шаҳрҳои Уляновск, Оренбурги Россия интиқол дода мешуд.
Таҳлили фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои амалкунандаи соҳа нишон медиҳад, ки дар ин давра истифодаи иқтидорҳои лоиҳавии фабрикаҳои коркарди пӯст ва пашм бо сабаби аз ҷиҳати моддиву маънавӣ фарсуда гашгани таҷҳизот ва дастгоҳҳои технологӣ, мутобиқ набудани онҳо ба ашёи дар ҷумхурӣ истеҳсолшуда, дар соҳаи коркарди пӯст 0,001- 0,004 фоиз ва дар соҳаи коркарди аввалияи пашм 4,8-5,3 фоиз истифода бурда мешаванд.
Таҳлили истифодаи яқтидорҳои истеҳсолии коркарди ашён хоми чорво (пӯст ва пашм) дар корхонаҳон саноатии Ҷумхурии Тоҷикистон
+------------------+-------------------------+-----------------------ҷ
| Корхонаҳо | Истифодаи иқтидорхои |Истифодаи иқтидорҳои |
| | истеҳсолии коркарди пӯст|истеҳсолии пойафзолдӯзӣ|
| | ҳаз. дона | ҳаз. ҷуфт |
| +------+------------+-----+------+----------+-----+
| | Иқт. | коркард |Исти-|Иқт. | коркард |Исти-|
| | Истеҳ+----+-------+фода,|Истеҳ +----+-----+фода,|
| | |2007|06.2008|фоиз | |2007|06.08|фоиз |
+------------------+------+----+-------+-----+------+----+-----+-----+
| ҶСШК | | | | | | | | |
| "Куҳандиз" |950 |4,1 | 3,1 |0,004|3156,2|23,7|13,2 |0,008|

| "Интерфёр" |90 |1.7 | 0,3 |0,02 | 30 |1,3 | 1,1 |0,04 |

| Заводи | | | | | | | | |
| "Чарми Данғара" |27 | 0 | | 0 | - | - | - | - |

| "Пойафзолдӯзи | | | | | | | | |
| Хуҷанд" | 3,0 | 0 | 0.4 | 0 | 1992 | 3 | 1 |0,002|

| "Пойафзоли Кӯлоб"| - | - | | - | 600 |2,6 | 1,2 |0,004|

| ҶММ "Кавш" | | | | | 20 |0,4 | 0 | |

| ҶСШК "Мӯина" | - | - | | - | | | | |

| Ҷамъ |1070 |5.8 | 3.8 |0.005|5798,2|31,0|16,5 |0,005|

+-----------------------ҷ
|Истифодаи иқтидорҳои |
|истеҳсолии коркарди |
|мӯина ҳаз. дона |
+------+----------+-----+
|Иқт. | коркард |Исти-|
|Истеҳ +----+-----+фода,|
| |2007|06.08|фоиз |
+------+----+-----+-----+
| | | | |
| | | | |
+------+----+-----+-----+
| | | | |
| 130 | 0 | 0 | 0 |
+------+----+-----+-----+
| | | | |
| | | | |
+------+----+-----+-----+
| | | | |
| | | | |
| | | | |
+------+----+-----+-----+
| | | | |
| | | | |
+------+----+-----+-----+
| | | | |
+------+----+-----+-----+
| 3 | 0 | 0 | 0 |
+------+----+-----+-----+
| 133 | 0 | 0 | 0 |
+------+----+-----+-----+
Дар замони шӯравӣ дар корхонаҳои пойафзолбарории ҷумҳурӣ зиёда аз 8,0 млн. ҷуфт пойафзол дар як сол истеҳсол карда мешуд. Пас аз хусусигардонӣ ва аз байн рафтани баъзе аз корхонаҳо, аз ҷумла фабрикаи пойафзоли шаҳри Душанбе, фабрикаҳои дӯхти инфиродӣ ва таъмири пойафзоли шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, ҷамъиятҳои саҳомии "Базеб"-и шаҳри Хуҷанд, "Меҳнат"-и шаҳри Қӯрғонтеппа истеҳсоли пойафзол то 35-40 ҳаз. ҷуфт дар як сол кам гардидааст. Пойафзоли истеҳсолгардида асосан пойафзоли ҳарбӣ буда барои таъмин намудани Артиши миллӣ истеҳсол карда шудааст. Мувофиқи таҳлилҳо дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои истеҳсолӣ барои 5,8 млн ҷуфт пойафзол мавҷуд мебошад. Аз сабаби паст будани сифати маҳсулоти истехсолшаванда, ҳимояи нагардидани истеҳсолкунандаи дохилӣ, баланд будани нархи аслии маҳсулот, паст будани сатҳи харидории истеъмолкунанда ин иқтидорҳо ҳамагӣ дар соли 2007- 0,007 фоиз истифода бурда шудаанд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар ба ҳисоби миёна 55 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармӣ ба маблағи 76,2 ҳазор доллари америкоӣ ворид карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин сол (2007с.) дар ҷумҳурӣ 35,0 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шудааст дар сурате, ки талабот ба пойафзол дар ин сол ба 21 млн. ҷуфт баробар буд. Аз ин бармеояд, ки аҳолии ҷумҳурӣ имконияти маҳдуди харидорӣ намудани пойафзоли чарминро дорад ва пойафзоли воридшаванда асосан чармӣ набуда сифати паст дорад.
Барои ба даст овардани комёбиҳои назаррас дар рушди соҳаи коркарди пӯсту пашм ва истеҳсоли пойафзол як қатор чорабиниҳои муҳимро бояд дар амал татбиқ намуд:
- аз нав таҷҳизонидани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷудбудаи корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ;
- сохта ба истифода додани фабрикаҳои нави коркарди ашёи хоми чорво дар минтақаҳои чорвопарвари ҷумҳурӣ;
- таъмин намудани корхонаҳои ватанӣ бо ашёи хом, дар навбати аввал:
- зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти аз чарм истеҳсолшаванда, барои истеҳсоли пойафзол, чарчинворӣ, мебел ва либос;
- ҳифз намудани истеҳсолкунандагони дохилӣ аз инҳисори молҳои хориҷӣ;
- зиёд намудани истеҳсоли пойафзол барои кӯдакон, ҷавонон ва табақаҳои эҳтиёҷманди иҷтимоии аҳолӣ;
- баланд бардоштани самаранокии усулҳои тоза кардани обҳои партови истеҳсоли чарм ва коркарди дуюмбораи ашёи боқимондаи истеҳсолӣ;
- додани имтиёзҳо барои воридоти ашёи хоме, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда намешаванд (химикатҳо, фурнитура ва ғ.);
- додани имтиёзҳо барои сохтмони корхонаҳои навтаъсиси соҳа;
- ба тартиб даровардани сиёсати содиротӣ ва ворвдотии ҷумҳурӣ.
3. Мақсад ва роҳҳои асосии татбиқи Барнома
Мақсади асосии Барномаи мазкур аз фароҳам овардани шароити мусоид барои дар дохили кишвар дар давраи то соли 2015 таъмин намудани коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм)-и дар ҷумхурӣ истеҳсолшаванда, баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли саноатӣ иборат мебошад.
Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо дар Барнома ба ҳалли масъалаи дар ҳамаи корхонаҳои соҳа ҷорӣ намудани технологияи пешқадами истеҳсолӣ, муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои амалкунандаи саноати коркарди ашё ва дар ин асос зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва маҳсулоти истеҳсолшаванда, баланд бардоштани сифат ва рақобатнокии онҳо дар созорҳои дохили ва хориҷи кишвар, ки ба афзоиши самаронокии истеҳсолот мусоидат менамояд, диққати махсус дода мешавад.
Дар шароити кунунӣ бо назардошти он ки талаботи бозори истеъмолӣ ба маҳсулоти корхонаҳои саноати сабук тез-тез иваз мегардад ва ин тақозои онро менамояд, ки корхона дар муддати кӯтоҳ истеҳсоли номгӯи маҳсулоти навро дар истеҳсолот ҷорӣ намуда, эҳтиёҷоти бозорро бо мол таъмин намояд. Дар Барнома дар марказҳои нисбатан калони аҳолинишини шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳои ноҳияҳои чорводор сохта ба истифода додани корхонаҳои коркарди ашёи хоми чорво бо иқтидорҳои зарурӣ пешбинӣ карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки:
- корхонаҳои коркарди пӯсту пашм бо сарфи нисбатан ками хароҷоти вобаста ба боркашонӣ маҳсулоти тайёри худро ба бозорҳои фурӯш интиқол диҳанд;
- аз ҳисоби аҳолии қобили меҳнати марказҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо бо қувваи коргарӣ таъмин карда шававд ва раванди касбомӯзии кадрҳои коргарӣ ва роҳбарикунандаи сатҳи миёнаро ташкил намоянд;
- ба эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ бештар мароқ зоҳир намуда, вобаста ба талаботи он истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти рақобатпазири ба талаботи бозор ҷавобгӯйро дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд;
- дар ҳалли масъалаҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои аҳолинишин саҳмгузорӣ намоянд;
- азнавсозии техникии истеҳсолот ва дар баробари ин ворид ва ҷорӣ намудани технологияи муосир ва намудҳои наву рақобатпазири маҳсулотро бо харҷи кам амалӣ намоянд.
Вазифаи асосии Барнома аз вусъатбахшӣ ба корҳои дар дохили кишвар пурра коркард намудани пӯсту пашм ва аз он истеҳсол намудани номгӯи васеи молҳои ниёзи мардум, ки ба талаботи бозорҳои дохилӣ ва бурунмарзии кишвар ҷавобгӯанд, иборат мебошанд.
Таъминоти эҳтиёҷоти бозори дохилӣ бо пойафзол ва маҳсулоти чармӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар солҳон 2007-2015
+----------+------+---------+------------+---------+-------+---------ҷ
|Номгӯи |Воҳиди|Истеҳсоли|Шумораи |Меъёри |Талабот|Таъминоти|
|маҳсулот |ченак |маҳсулот |аҳолӣ |истеъмолӣ| |аҳолӣ бо |
| | | |(ҳаз. нафар)|ба ҳар | |фоиз |
| | | | |сар аҳолӣ| | |
+----------+------+---------+------------+---------+-------+---------+
|Пойафзол. |Млн. | | | | | |
| |ҷуфт. | | | | | |

| 2007 | | 0,35 | 7062,0 | З ҷуфт | 21,0 | 1,6 |

| 2008 | | 0,5 | 7206,6 | -II- | 21,6 | 2,3 |

| 2009 | | 1,8 | 7354,1 | -II- | 22,1 | 8,1 |

| 2010 | | 2,0 | 7504,7 | -II- | 22,5 | 88 |

| 2011 | | 3,45 | 7658,4 | -II- | 22,97 | 15,0 |

| 2012 | | 5,85 | 7813,4 | -II- | 23,4 | 25,0 |

| 2014 | | 8,58 | 8132,9 | -II- | 24,4 | 35,2 |

|Маҳсулоти | | | | | | |
|дӯзандагии|млн. | | | | | |
|чармӣ |дона | | | | | |

| 2007 | | | 7062,0 |О,2 дона | 1,41 | |

| 2008 | | | 7206,6 | -II- | 1,44 | |

| 2009 | | | 7354,1 | -II- | 1,47 | |

| 2010 | | | 7504,7 | -II- | 1,5 | |

| 2011 | | | 7658,4 | -II- | 1,53 | |

| 2012 | | | 7813,4 | -II- | 1,56 | |

| 2013 | | | 7971,6 | -II- | 1,59 | |

| 2014 | | | 8132,9 | -II- | 1,63 | |

| 2015 | | | 8297,5 | -II- | 1,67 | |

Татбиқи Барномаи мазкур ба баланд гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ ва паст намудани шиддати камбизоатии он мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки дар кишвар то соли 2015 зиёда аз 120 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад ва аҳолии қобили меҳнат, хусусан ҷавонон, занону духтарони маҳаллӣ дар шаҳр ва деҳаҳои ноҳияҳои чорводор бо кори доимии хуби сердаромад таъмин гарданд.
4. Маблаггузории Барнома
Дар назар дошта шудааст, ки маблаггузории Барнома асосан аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва сармояи хориҷию ватанӣ, инчунин маблагҳои худи корхонаҳо, ки дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии самаранок ба даст меоранд, анҷом дода мешавад. Ҳаҷми қарзҳои бонкӣ ва сармояҳо дар асоси лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар онҳо арзши азнавсозӣ, тармим ва таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи соҳа, инчунин сохта ба истифода додани корхонаҳои нави коркарди пӯст ва пашм, ки истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ва технологияи муосир пешбинӣ карда шудаанд, муайян карда мешаванд.
Яке аз шартҳои асосии дар амал татбиқ намудани Барнома ин ба корхонаҳои амалкунандаи соҳа барои азнавсозӣ, тармим ва тачдид, инчунин ба соҳибкорон барои сохта ва ба истифода додани корхонаҳои нави коркарди пӯст ва пашм аз ҷониби бонкҳои тиҷоратии хизматрасон бо фоизи ба тарафҳо судманд пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддати бонкӣ, муайян карда шудааст.
Ин имкон медиҳад, ки чорабиниҳои пешбинишуда бо харҷи кам амалӣ карда шаванд ва дар корхонаҳо истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, инчунин маҳсулоти таъиноти истеҳсоливу техникии аз ҷиҳати сифат ва арзиш ба талаботи бозори истеъмолӣ ҷавобгӯ ба роҳ монда шавад, зиёдшавии бақияи молҳои бозорногузарро дар анбори корхонаҳо боздошта, самаранокии фаъолияти истеҳсоливу молиявии онҳо таъмин гардад.
Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва бо онҳо пурра таъмин намудани талаботи бозори истеъмолӣ, бонкҳои тиҷоратии хизматрасони ҷумҳуриро лозим меояд, ки сиёсати пуливу қарздиҳиро ба корхонаҳои амалкунандаи соҳа ва соҳибкорон барои азнавсозӣ, тармиму таҷдид, инчунин сохта ва ба истифода додани корхонаҳои нави коркарди ашёи чорво ба куллӣ дигар намоянд. Барои амалӣ намудани чорабиниҳои дар Барнома пешбинишуда зарур аст, ки ба корхонаҳо ва соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок бо фоизи қарзие, ки онро Бонки милли Тоҷикистон бо назардошти сатҳи қурби пули миллӣ ҳисоб менамояд, пешниҳод намоянд.
Ин имкон медиҳад, ки аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ лоиҳаҳои инвеститсионии ҷолиб, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз технологияи муосир пешбинӣ карда шудааст ва ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазир мусоидат менамояд, маблағгузорӣ ва амалӣ карда шаванд.
Барои амалӣ намудани ин тадбирҳо ба вазоратхои адлия, молия, рушди иқгисод ва савдо лозим аст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои соҳавӣ механизми ба корхонаҳои саноатӣ пешниҳод намудани қарзҳои бонкиро омӯхта, доир ба такмили он, баланд бардоштани масъулият ва ҷавобгарии кадрҳои роҳбарикунандаи бонкҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои соҳаҳои саноатӣ ҷиҳати мақсаднок истифодабарӣ ва саривақт бозгардонидани онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқгисодӣ судмандро пешниҳод намоянд.
5.Тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани тахассуси онҳо
Сол то сол қариб дар як сатҳ бе афзоиш боқӣ мондани нишондиҳандаҳои истеҳсоливу молиявӣ ва дар баъзе ҳолатҳо дар корхонаҳои амалкунандаи соҳа паст рафтани онҳо, саривақт напардохтани музди меҳнати коргарон ва кормавдони муҳандисиву техникӣ сабаб шуд, ки аксари коргарони баландихтисос ва мутахассисони болаёқат барои дарёфти воситаи рӯзгузаронӣ ба дигар ҷумҳуриҳо муҳоҷират намоянд.
Ҳайати ҳозираи кадрии корхонаҳо, ки ба истеҳсоли маҳсулот ва идоракунии онҳо машгул мебошанд, барои ба анҷом расондани мақсад ва вазифаҳое, ки дар Барнома пешбинӣ шудаанд, қодир нестанд. Бо назардошти ин дар Барнома пешбинӣ карда мешавад, ки 10 фоизи фоидаи то андозбандии корхонаҳо дар ихтиёри онҳо монда шуда, барои тарбия ва бозомӯзии кадрҳо истифода бурда шавад. Барои назорати истифодаи мақсадноки ин маблагҳо, корхонахо ҳисоботи махсус ба идораи андози нохия пешниҳод менамоянд.
Ғайр аз ин дар Барнома пешбинӣ карда мешавад, ки оид ба ҳавасмандкунии кадрҳо дар истеҳсолот чорабиниҳо андешида шавад ва иҷрои бечунучарои онҳо таъмин гардад. Бо ин мақсад дар назар дошта шудааст, ки аз хазинаи рушди иҷтимоии корхонаҳо аз соли 2009 сар карда маблағҳои зарурӣ харҷ карда шаванд. Асосан ин маблагҳо барои пардохти стипендия ва кӯмакпулиҳои хонандагони омӯзишгоҳҳои касбию техникй, коллеҷҳо, донишҷӯёни факултаи технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимй, Донишгоҳи технологӣ ва факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз тарафи корхонаҳои соҳа барои таҳсил фиристода шудаанд, равона карда мешаванд.
Дар асоси шартнома бо Пажуҳишгоҳи саноати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаи технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимй, Донишгоҳи технологӣ ва факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил намудани курсҳои доимамалкунандаи такмили ихтисоси кадрҳои зинаи миёна ва роҳбарикунандаи корхонаҳои коркарди пӯст ва пашм дар назар дошта шудааст.
6. Муқаррароти хотимавӣ
Барнома дорои хусусияти консептуалӣ буда, нишондодҳои он дар асоси ҳисобҳои калонкардашуда (укрупненых расчетов) муайян карда шудаанд. Барои татбиқ намудани Барнома (барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, сохтмони корхонаҳои нав, тарбияи кадрҳои тахассусӣ ва ғайраҳо) зиёда аз 9503,6 ҳазор доллари ШМА ё 32,8 млн. сомонӣ зарур мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ дар сурати ба таври мусбӣ ҳал гардидани мушкилоти сармоягузории тармим ва таҷдид, ворид намудани таҷҳизоти муосир, ки истеҳсол ва ба бозор баровардани маҳсулоти хушсифату арзонро таъмин менамояд, то соли 2015 пурра аз худ карда мешаванд.
Нишондиҳандаҳои асосии тадбиқи Барнома то охири соли 2015
+----------------------------+-----------+-------------+-------------ҷ
| Нишондиҳанда |ченак | Соли 2007 | Соли2015 |
+----------------------------+-----------+-------------+-------------+
|Ҷамъоварии пӯст дар ҷумҳурӣ,|ҳаз. дона | 1687,9 | 1989,4 |
Жҳамагӣ |млн. дм2 | 124,3 | 132,4 |

|Коркарди дохилӣ |ҳаз. дона | 6,0 | 1989,4 |
| |млн. дм2 | 1,0 | 132,4 |

|Содироти ашёихом |ҳаз.дона | 411,0 | - |
| |млн. дм2 | 43,2 | - |

|Содироти чарми тайёр |ҳаз.дона | - | 500,0 |
| |млн. дм2 | - | 33,3 |

|Истеҳсоли пойафзол, хамагӣ |ҳаз. ҷуфт | 38,0 | 5800,0 |
|Аз ҷумла пойафзоли чармй |ҳаз. ҷуфт | 34,0 | 1550,0 |

|Истеҳсоли маҳсулоти | | | |
|дӯзандагии чармӣ |ҳаз. дона | - | 600,0 |

|Ҷамъоварии пашм, хамагӣ |тонна | 5056,0 | 6495,6 |

|Коркарди пашми аввалия |тонна | 340,0 | 6495,6 |

|Истеҳсоли риштаи пашмин |тонна | 271,4 | 400,0 |

|Истеҳсоли иатои пашмин |ҳаз. м2 | - | 1000,0 |

|Содироти пашм |тонна | 568,0 | 2000,0 |

|Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот |млн. сомонӣ| 13,0 | 195,7 |

Дар Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 дар назар дошта шудааст, ки коркарди пӯст ба 1989,4 ҳазор дона ва коркарди пашм ба 6,5 ҳаз. тонна дар як сол расонида мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои аҳолинишини вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври илова сохта ва ба истифода додани иқтадорҳои нави истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли молӣ дар корхонаҳои соҳа дар соли 2015 нисбат ба соли 2007 (13,0 млн. сомонӣ) 15 маротиба афзоиш ёфта, ба 195,7 млн. сомонӣ расонида мешавад.
Дар рафти татбиқи Барнома ба нишондиҳандаҳо тағйироту иловаҳое, ки дар асоси ҳисобҳои аниқи иқтисодӣ пайдо гардида, самту мақсадҳои гузошташудаи онро тағйир намедиҳанд ва бо имконияти молиявии корхонаҳо, рақобати бозор ва дигар омилҳои иқтисодӣ алоқаманд мебошанд, ворид намудан қобили қабул аст.