Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 658

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2008 № 658

тасдиқ шудааст

Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати аграрӣ - ин аз фаъолияти давлат иборат мебошад, ки ба фароҳам овардани шароитҳои хоҷагию молиявӣ ва сиёсӣ дар бахши аграрӣ нигаронида шуда, бо роҳи таъсиррасонӣ ба равандҳои иқтисодии дар он ҷойдошта, тавассути шакл ва усулҳои нисбатан муосир дар соҳаи иқтисодиёти аграрӣ татбиқ мегардад.

Сиёсати аграрӣ баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо озуқа ва бо ашёи хом таъмин намудани саноатӣ коркарди маҳсулоти соҳа, мӯътадил гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимоя намудани молистеҳсолкунандагони комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳотро дар назар дорад.

Дар доираи сиёсати аграрӣ қонунгузории аграрӣ ва сохтори аграрӣ ташаккул меёбад. Таҳти мафҳуми қонунгузории аграрӣ меъёрҳои ҳуқуқие фаҳмида мешаванд, ки ҳамзамон бо расму анъанаҳои ҳукмрон равандҳои дар соҳаи кишоварзӣ ва зиндагии аҳли деҳот рухдодаро муайян месозад. Сохтори аграрӣ - таносуби унсурҳои иқгисодӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ дар соҳаи аграрӣ мебошад, ки бо қонунгузории аграрӣ, зудамалии омилҳои истеҳсолӣ, мушаххасоти истеҳсолоти кишоварзӣ, шароити меҳнат ва зисту зиндагии аҳолӣ муайян шудааст.

Объекти сиёсати аграрӣ равандҳои ҷорӣ дар иқтисодиёти аграрӣ ба ҳисоб меравад.

Мақсади сиёсати аграрӣ аз таъмин намудани инкишофи тамоми соҳаҳои Комплекси агросаноатӣ (КАС), баланд бардоштани самаранокӣ, қобилияти рақобатпазирӣ ва дар ин асос таъмин намудани амнияти озуқавории системаи бехатарии миллии ҷумҳурӣ иборат мебошад.

Вазифаҳои асосии сиёсати аграрӣ - на танҳо инъикоси раванд ва зуҳурот дар соҳаи аграрӣ, инчунин ошкор намудани худи системаи зуҳурот, равандҳо ва қонунҳо дар ин соҳаи фаъолияти шаҳрвандон мебошад. Вазифаи муҳими дигари сиёсати аграрӣ аз таъсир ба қонунгузории аграрӣ иборат мебошад.

1. Зарурияти қабули Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Мақсадҳои стратегӣ, афзалиятҳо ва самтҳои ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ инъикос ёфта, аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар татбиқ мегарданд ва мақсади ниҳоии онҳо аз таъмини сатҳи зиндагии қобили таҳаммул ва сазовор барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ иборат аст, тақозо менамояд, ки оид ба ҳар як соҳаи хоҷагии халқ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Вобаста ба ин, зарурат ба миён омадааст, ки Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Консепсия)-и санҷидашуда, воқеан иҷрошаванда таҳия гардад, ки дар он усул ва роҳҳои иҷрои муқаррароти барномаҳои асосии давлатӣ - Стратегияи миллии рушд (СМР) ва Стратегияи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПКСК) инъикос ёбад. Ҳангоми таҳияи Консепсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ" аз 30 июни соли 2006 таҳти рақами 1775 ва дигар қарорҳои дар солҳои охир қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба бахши аграрӣ ҳамчун асос қабул карда шуд.

Ҳангоми таҳияи Консепсия ба инобат гирифта шуд, ки:

- соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими истеҳсолоти моддист. Дар он зиёда аз 550 ҳазор қувваи қобили меҳнат банд буда, қариб 20 фоизи маҳсулоти умумии дохилии кишвар истеҳсол мегардад;

- хусусияти асосии давраи ҷорӣ аз он иборат аст, ки ислоҳоти аграрӣ дар Тоҷикистон дар қисми тақсими заминҳои таъиноти кишоварзӣ тақрибан ба охир мерасад. Дар натиҷа, замин молики худро пайдо намуда, муносибатҳои бозаргонӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷорӣ карда шуд. Аммо барои рушди минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ роҳу усулҳои тоза тақозо мегардад ва аз ин рӯ бояд сиёсати нави аграрӣ таҳия ва татбиқ гардад, ки мантиқан идомаи ғояҳои асосии давраи якуми ислоҳоти аграрӣ мебошад ва бояд афзалият ва самтҳои рушди КАС-ро дар кишвар, сохтор, сиёсати молиявию кредитӣ ва меъёрию ҳуқуқии таъмини ислоҳотро барои солҳои минбаъда муайян намояд;

- айни замон давлат пурра сиёсати банақшагирии муттамарказ ва тақсимоти захираҳои моддию техникӣ ва маҳсулоти истеҳсолиро озод намуд. Ҳамзамон давлат бояд дар самти кӯмак ба субъектҳои хоҷагидор дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, фароҳам овардани шароитҳои имтиёзнок оид ба масъалаҳои андозбандӣ, молиякунонӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ ва дигар хизматрасониҳои ёрирасон воситаҳои таъсири танзимотӣ дошта бошад;

- дар раванди гузаронидани ислоҳоти аграрӣ бар ивази собиқ хоҷагиҳои коллективӣ беш аз 29 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳо ва иттиҳодияҳо таъсис ёфт. Ба онҳо барои истифодаи якумрӣ беш аз 80 фоизи ҳамаи заминҳо дода шуд. Бо вуҷуди ин аксари мутлақи хоҷагиҳои таъсисёфта вобаста ба масоҳати (ҳаҷми) худ маҳдуд буда, ҳамчун сохтори хоҷагидор камтар самарабахш мебошанд;

- иқтисодиёти кишвар дар маҷмӯъ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ дар давраи ниҳоят мушкили гузариш қарор дорад ва айни замон давлат имконоти кофӣ надорад, то ки соҳаи кишоварзиро ба таври дахлдор бо субсидия таъмин намояд. Аз сабаби маҳдудияти молиявӣ ва захираҳои моддӣ дар як вақт инкишоф додани ҳамаи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ имконнопазир буда, бо дарназардошти барномаҳои мавҷуда ва нақшавии давлатӣ ва стратегияи кӯмаки созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон (донорӣ) муносибати интихобӣ ва лоиҳавӣ зарур мебошад.

2. Мақсадҳои асосии таҳияи Консепсия иборат аст аз:

- таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ;

- мушаххасгардонии нақши давлат дар пешбурди ислоҳоти аграрӣ дар шароити дигаргуниҳои бозаргонии иқтисодиёт ва демократизатсияи идоракунӣ;

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди комплекси агросаноатии кишвар;

- муайян намудани робитаҳои мутақобилаи мақомоти давлатӣ дар таъмини маблағгузории устувори соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии об ва саноати коркард, минбаъд идома додани ислоҳот;

- муайян намудани механизми фаъолияти мутақобилаи давлат бо дигар субъектҳои иштирокчии рушди комплекси агросаноатӣ дар пешбурди сиёсати аграрӣ- бо бахши хусусӣ, инвесторҳои байналмилалӣ ва ватанӣ, донорҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ (СҒҲ) ва ғайра;

Конеепсияи мазкур ноил шудан ба мақсадҳои зикргардидаро вазифаи худ шуморида, қабл аз ҳама ба танзими бозор дар комплекси агросаноатӣ такя мекунад, ки дар он заҳматкашони деҳот молистеҳсолкунандаи озод буда, давлат бошад барои онҳо шароитҳои дахлдор фароҳам меорад ва кафолат медиҳад. Истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣ деҳқон ё иттиҳодияҳое мебошад, ки бо иштироки ихтиёрии он таъсис ёфтааст ва давлат ҳамчун кафил дар таъмини озодии деҳқон барои татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ баромад мекунад. Айни замон давлат наметавонад танҳо тадбирҳои маъмурии дастгирии истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзиро истифода намояд, балки аз тадбирҳои муайяни таъсир ба бозори фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо истифода мебарад.

Консепсия ба сифати зайл хизмат мекунад:

- воситаи сиёсат барои қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ;

- иттилоот барои ташкилотҳои донорӣ ва инвесторҳо ҷиҳати аз ҷониби онҳо дастгирӣ намудани афзалиятҳо дар бахши аграрии иқтисодиёт;

- самт барои бахши хусусӣ ҷиҳати ояндабинии муҳити фаъолият, дар интихоби фаъолияти истеҳсолӣ;

- иттилоот барои аҳолӣ ва аҳли ҷомеа оид ба нақши давлат дар пешбурди сиёсати аграрӣ.

2. Вазъи ҷорӣ дар бахши аграрии озуқаворӣ

3.Сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими иқтисоди аграрӣ. Дар муносибат ба масъалаҳои танзими давлатии бахши аграрӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақавӣ тағйироти назаррас ба мушоҳида мерасад. Мақомоти давлатӣ аз дахолати мустақим ба равандҳои истеҳсолӣ ва идоракунии фаъолияти хоҷагии молистеҳсолкунандагон ба усулҳои иқтисодии танзим рӯ оварданд. Заминаи чунин тадбирҳои сиёсати аграрӣ беш аз беш такмил ёфта, ҳамзамон бо рушди муносибатҳои бозаргонӣ ғанӣ мегардад.

Дар мақомоти кишоварзии ҷумҳурӣ ва дар худи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти сохторӣ сурат гирифта, сохтори ташкилии идоракунӣ ва ӯҳдадориҳои функсионалии департаменту идораҳо таҳти таҷдиди назар қарор гирифт.

Молистеҳсолкунандагони деҳот ҳамчунин ғайримустақим, бо роҳи озод намудан аз пардохти чандин андоз, ба истиснои андози ягонаи замин, дастгирӣ карда мешаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва дигар созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба бахши иқтисодиёти аграрӣ кӯмаки молиявию кредитии дахлдор мерасонанд.

Вобаста ба имконият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳқононро (фермеронро) тавассути ҷудо намудани тухмӣ, захираҳои моддию техникӣ, кредитҳои молӣ ва грантҳо дастгирӣ менамояд. Дар буҷети ҷумҳурӣ барои тармим ва барқарорсозии объектҳои хоҷагии об, ҳифз ва карантини растаниҳо, беҳбуди вазъи эпизоотологӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ пешбинӣ мегардад.

Вазифаи асосии давлат аз гузаронидани назорат ва экспертизаи молҳои таҳти карантини аз хориҷ воридшаванда, инчунин иҷрои қоидаҳои байналмилалии карантин ҳангоми баровардани мол аз ҷумҳурӣ иборат мебошад. Дар ин самт ҷиҳати барқарорсозии робитаҳои байналмилалӣ Созишнома "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо" бо ҷумҳуриҳои Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ӯзбекистон баста шуд.

Сарфи назар аз нокифоягии маблағгузории чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ мутахассисони соҳаи байтории ҷумҳурӣ ҳаҷми зарурии тадбирҳои профилактикиро ба сомон расониданд, ки солҳои охир имкон дод ба миён омадан ва паҳн шудани аксари бемориҳои шадиди сироятии ниҳоят хатарноки ҳайвонот пешгирӣ карда шавад.

Аз ҷониби давлат, ҳамчунин тадбирҳое, ки барои барқарор намудани объектҳои хоҷагии об ва тараққӣ додани хадамоти ёрирасон барои хоҷагии кишоварзӣ бо роҳи ҷудо намудани воситаҳо аз роҳи лоиҳаҳое ба мисли Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд ва ғайра равона гардидаанд, дастгирӣ карда мешавад.

4. Ислоҳоти муносибатҳои вобаста ба замин ва комплекси хоҷагии об

Дар солҳои охир дар ҷумҳурӣ вобаста ба гузаронидани ислоҳоти замин пешравии назаррас ба даст омада, афзоиши ҳамасолаи маҷмӯи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 5-7 фоиз таъмин гардид. Дар соли 2007 зиёда аз 86 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ дар бахши хусусӣ истеҳсол шуда, ҳамзамон ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) беш аз 27 фоизро ташкил дод. Дар ин давра зиёда аз 26,5 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), қариб 2600 иттиҳодия ва ассотсиатсияҳои мухталиф таъсис ёфтанд. Дар натиҷа, вобаста ба навъҳои алоҳидаи маҳсулоти озуқаворӣ худтаъминкунӣ ба даст омад, ки имкон дод баъзе масъалаҳои амнияти озуқавории кишвар дар сатҳи меъёри ҳадди ақали истеъмол ҳал гардад.

Истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва бахши хусусӣ мебошанд. Хусусияти идоракунии агробизнес такмил ёфта, масъулияти молиявӣ барои натиҷаҳои он баланд гардид.

Механизмҳои бозаргонии истифодаи замин инкишоф ёфта, тибқи тартиби конститутсионӣ ҳуқуқи бемӯҳлат, мӯҳлатноки ва истифодаи якумраи меросии қитъаи замин муқарар карда шуд.

Кодекси нави замин ба ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои замин тибқи тартиби судӣ мусоидат намуда, таъсиси механизми ҳакамиро ҳамчун усули алтернативӣ бо мақсади ҳалли муноқишаҳои вобаста ба замин таъмин менамояд.

Бо вуҷуди ин, дар солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати дарёфти шаклу усули нави хоҷагидорӣ ва соҳибии моликият раванди мураккабӣ давраи гузаришро паси сар намуд. Ислоҳот дар шароити мавҷуд набудани таҷриба, заминаи қонунгузорӣ ва маводи меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳаҷми пурра, махсусан дар давраи ибтидои татбиқи он гузаронида шуд. Аз ин рӯ, ҳангоми ислоҳоти собиқ колхозу совхозҳо батаъхиргузории беасоси мӯҳлати гузаронидани он сурат гирифт, ки он боиси норозигии сокинони деҳот ҳангоми гирифтани ҳиссаи замин ва саҳмияи амволӣ гардид.

Ҳангоми гузаронидани ислоҳоти замин ба ислоҳоти комплекси хоҷагии об камтар таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Дар минтақаҳои заминҳои обёришаванда, ки дар он беш аз 90 фоизи маҷмӯи маҳсулоти соҳа истеҳсол мегардид, ба соҳибони нав танҳо замин ҷудо карда шуда, тамоми комплекси хоҷагии об, системаҳои ирригатсионӣ ва ғайра бесоҳиб монд. Тақрибан 40 фоизи заминҳои обёришаванда дар минтақаҳои обёрии мошинӣ қарор дошта, хизматрасонии мунтазамро тақозо менамояд. Истифодаи пулакии об ба тасҳеҳи моҳиятан муҳим эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, давлат Консепсияи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, инчунин қарор дар бораи беҳбуди ҳолати мелиоративии заминро барои солҳои 2005-2009 қабул намуд, вале онҳо ба ҳалли бунёдии проблемаҳои ҳолати системаи обёрӣ дар маҷмӯъ нигаронида нашудаанд.

5. Амнияти озуқаворӣ

Тоҷикистон ба минтақаи таъминоти хавфноки бо маҳсулоти озуқавории истеҳсоли худӣ марбут аст (камтар аз 2000 ккал/ шабонарӯз барои як нафар). Дар соли 2007 каллориянокии ҳисоби миёнаи шабонарӯзии вояи ғизо барои як нафар 2057 ккал дар як шабонарӯзро ташкил дод, ҳоло он ки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ меъёри 2100 ккал/ як шабонарӯзро муайян намудааст.

Истеҳсоли нокифояи маҳсулоти озуқа дар ҷумҳурӣ ба сатҳи истеъмоли навъҳои алоҳидаи маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷонибӣ аҳолӣ моҳиятан таъсир мерасонад.

Дар соли 2007 гӯшт ва маҳсулоти он барои як нафар нисбат ба сатҳи тавсияшавандаи истеъмоли чунин маҳсулот барои як нафар 7,7 маротиба (8,2 кг ҳангоми меъёри истеъмоли 60 кг), шир ва маҳсулоти шир мутаносибан 3,1 маротиба (80,9 кг ҳангоми меъёри истеъмоли 250 кг), тухм мутаносибан 11 маротиба (15,4 дона ҳангоми меъёри 165 дона тухм) камтар истеҳсол карда шуд.

Истеъмоли навъҳои асосии озуқаворӣ аз ҷониби аҳолӣ асосан аз ҳисоби воридот қонеъ гардонида мешавад, ки рӯ ба афзоиш овардааст. Дар соли 2007 воридоти маҳсулоти озуқаворӣ 195,3 млн. доллари ИМА -ро ташкил дод, ҳол он ки содироти маҳсулоти озуқаворӣ ба 37,2 млн доллари ИМА баробар буд. Вазни қиёсии воридоти озуқа дар маҷмӯъ аз вазни қиёсии содирот дар ҳаҷми умумии содирот қариб 6 маротиба баландтар аст. Воридоти озуқаворӣ дар соли 2007 дар муқоиса бо соли 2006 - 58,8 фоиз, аз ҷумла воридоти маҳсулоти тайёри озуқа 40,9 фоиз, равғанҳои набототию ҳайвонот 49,2 фоиз афзуд.

Дастрасии иқтисодии аҳолӣ ба озуқаворӣ, ки бо сатҳи дахлдори даромад таъмин нагардидааст, вобаста ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва минтақаҳо нобаробар ба мушоҳида мерасад. Мутобиқи тадқиқҳо сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон камбизоатӣ 53 фоизро ташкил медиҳад.

Либерализатсияи (озодкунии) тиҷорати ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ дар шароити ғайрисамарабахши механизмҳои бозаргонӣ боиси афзоиши изофапулиҳои тиҷоратӣ гардид, ки дар натиҷа нархи ниҳоии маҳсулоти озуқаворӣ нисбат ба даромади истеъмолкунандагон ба таври назаррас боло рафт. Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ дар соли 2007 ниҳоят афзуда, дар муқоиса бо 12,5 фоиз дар соли 2006 ба 14 фоиз расид. Дар ҷараёни соли 2007 афзоиши нархи маҳсулоти озуқаворӣ нисбат ба тағйирот ба молҳои ғайриистеъмолӣ баландтар буд.

Арзиши маҷмӯи маҳсулоти озуқаворӣ, ки сабади истеъмолиро ташкил медиҳад, вобаста ба истеъмоли воқеӣ, тибқи нархҳо дар оғози соли 2007 барои як нафар аъзои оила ба 63,55 сомонӣ баробар буд, ки дар асл меъёри судманди истеъмоли ғизо ба 132,72 сомонӣ рост меояд.

Дар Тоҷикистон мутобиқи маълумоти мақомоти омори давлатӣ дар чор соли охир дар муқоиса ба сатҳҳои тавсияшавандаи истеъмол сатҳи пасти истеъмоли навъҳои алоҳидаи маҳсулоти озуқаворӣ ба қайд гирифта шуд.

Ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ наметавонад худро бо маводи ғизоии зарурӣ таъмин намояд. Худи истеҳсоли гандум низ рақобатпазир намебошад, зеро сифати он ба стандартҳо мувофиқ набуда, боиси воридоти орд ё навъҳои сахти гандум аз Қазоқистон мегардад.

Амнияти озуқаворӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои асосии давлат метавонад танҳо бо роҳи истеҳсоли кифояи он таъмин карда шавад. Айни замон, агар сатҳи камбизоатӣ пас нагардад ва қобилияти харидории аксари аҳолии кишвар баланд бардошта нашавад, ҳатто таъминоти кифоя бо озуқаворӣ наметавонад масъалаи нимгушнагии қисми аҳолиро ҳал намояд.

6. Проблемаҳои асосии вазъи имрӯзаи сиёсати аграрӣ

а) Ҳолати сатҳи зиндагии аҳолӣ. Далелҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки аз соли 1999 ин ҷониб сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 53 фоиз паст гардид. То дараҷае паст шудани сатҳи камбизоатӣ ба рушди иқтисодиёт алоқаманд аст, ки натиҷаи дастовардҳои истиқрори макроиқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвар мебошад. Вале, сарфи назар аз ин дастовардҳо, Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як нафар ҳанӯз яке аз ҷумҳуриҳои камбизоати минтақа боқӣ мемонад. Бо вуҷуди афзоиши назарраси суръати паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот нисбат ба шаҳрҳо, он ҳанӯз ҳам бештар ба деҳот хос мебошад. Проблемаҳои зиёде мавҷуданд, ки боиси камбизоатӣ дар деҳот мегарданд.

Проблемаи ниҳоят мубрам аз вазъи душвори маблағгузории молистеҳсолкунандагони деҳот иборат аст, ки чунин тавсиф мегардад:

- воридоти начандон назарраси пулӣ аз фурӯши маҳсулот бо сабаби паст будани нарх ва маҳдуд будани фурӯши он;

- нокифоягии воситаҳои гардони худӣ барои маблағгузории мавсимии истеҳсолот ва нокифоягии кредитҳои бонкӣ;

- қарзи зиёди кредиторӣ, асосан вобаста ба кредитҳои имтиёзноки давлатӣ, пардохтҳо ба буҷетҳои сатҳҳои мухталиф.

Проблемаҳои рушди деҳот на танҳо ҷанбаи иқтисодӣ доранд, балки онҳо ба рушди иҷтимоии деҳот низ таъсири манфӣ мерасонанд. Мураккабии проблемаҳо инчунин аз он иборат мебошад, ки дар деҳот, ба истиснои фаъолияти кишоварзӣ, амалан манбаи дигари даромад вуҷуд надорад. Ин ба субъектҳои хоҷагидорӣ имкон намедиҳад, ки ба таври мақсаднок инфраструктураи деҳотро дастгирӣ намуда, дар ҳалли проблемаҳои ободонии он кӯмак расонад.

Қисми асосии аҳолӣ, махсусан аҳолии деҳот, айни замон амалан даромаде надоранд, ки барои таъмини эҳтиёҷоти зарурии худ маҳсулоти озуқавории дахлдорро харидорӣ ва истеъмол намоянд.

Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба натиҷаҳои истиқрори макроиқтисодӣ ва сиёсӣ, маблағгузарониҳои моҳиятан муҳими пулии муҳоҷирон, ислоҳоти ибтидоӣ ва азму талош оид ба либерализатсияи иқтисодиёт вобаста мебошад. Барои таъмини рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёт ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ зарур аст, ки ислоҳоти мақсадноки сохторӣ ва соҳавӣ гузаронида шавад.

б) Захираҳои табиӣ ва истифодаи самарабахши онҳо. Захираҳои биоиқлимӣ ва обӣ. Дар ҷумҳурӣ чор намуди манзари морфологӣ ё минтақаҳои амудӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳар як минтақа дорои маҷмӯи шароитҳои ба худ хос буда (хок, иқлим ва ғайра), ҳангоми интихоби дурусти навъҳои муайяни зироат ва ҳайвоноти ба шароити минтақа бештар мусоид истеҳсолоти самарабахшро таъмин менамояд.

Минтақаҳои наздикӯҳӣ ва даштҳо дар баландии 1200 м аз сатҳи баҳр қарор дошта, тақрибан 9 фоизи тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ва қисми асосии замини обёришаванда - тақрибан 90 фоизро ташкил медиҳанд. Дар ин минтақаҳо аҳолӣ нисбатан зич буда, майдонҳо асосан барои пахтакорӣ истифода мешаванд. Аммо шароитҳои маҳал инчунин барои боғчакорӣ, аз ҷумла барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ва картошка мусоид мебошанд. Ҳамчунин истеҳсоли хӯрокаи чорво ва чорводорӣ, аз ҷумла комплексҳои саноатӣ инкишоф ёфтаанд.

Минтақаҳои пасткӯҳ (дар баландиҳои 1200 м-1800 м) тақрибан 10 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Ин минтақаҳо ба таври морфологӣ аз талу теппаи доманаҳои наздикӯҳӣ (адирҳо) иборат буда, асосан ҳамчун чарогоҳ ё заминҳои кишти лалмӣ истифода бурда мешаванд. Дар соҳаи чорводорӣ асосан говдорӣ ва гӯсфандпарварӣ инкишоф ёфтааст.

Дар дурнамо чунин заминҳо қисман обёрӣ шуда, минбаъд барои зироатҳои киштшаванда, инчунин рушди боғу ангурпарварӣ истифода мегарданд.

Минтақаҳои миёнакӯҳ дар баландиҳои аз 1500 то 3000 м қарор гирифта, тақрибан 21 фоизи ҳудудро ташкил медиҳанд. Ба таркиби онҳо ҳавзаҳои ҷараёни болоӣ ва миёнаи дарёи Вахш, Кофарниҳон, Яхсӯ, Қизилсӯ, Зарафшон, нишебии шимоли қаторкӯҳи Туркистон ва доманакӯҳҳои он, инчунин қаторкӯҳи Қурама дохил мешаванд. Заминҳои обёришавандаи ин минтақаҳо бештар барои зироатҳои шудгорӣ истифода гардида, боғ ва ангурпарварӣ низ инкишоф ёфтааст. Қисми зиёди ҳудуд аз чарогоҳ иборат аст. Шароитҳои табиию иқлимӣ барои инкишофи картошкапарварӣ ва навъҳои алоҳидаи сабзавот (сабзӣ, карам ва ғайра) мусоид буда, чорвои калон ва хурд парвариш карда мешавад.

Минтақаҳои баландкӯҳ 60 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро ташкил дода, дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд. Ба он тамоми қисмати Помир, қаторкӯҳҳои Дарвоз, Академияи илмҳо, Пётри бузург, Заалай, Қаротегин, Ҳисор, Зарафшон, Қурама дохил мегардад. Минтақаҳои баландкӯҳ ба таври афзалиятнок чарогоҳ ҳисобида мебошанд. Ба ғайр аз ин, минтақаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо ба кишти зироатҳои лалмӣ ва боғдорӣ машғуланд.

Аз ин минтақа ҳосили баланди сабзавот ва картошка ба даст меояд. Дар соҳаи чорводорӣ парвариши чорво барои гӯшт, гӯсфанд ва қутос самарабахш мебошад.

Мушаххасоти умумии иқлими ҷумҳурӣ аз ҳарорати баланди фасли тобистон ва иқлими хушк иборат мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи хунуктарин дар шимоли ҷумҳурӣ манфӣ буда, дар водиҳо - 4 -2.5ш С ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар доираи - 5-9ш С аст. Дар ҷануб асосан мусбӣ аст, дараҷаи он тақрибан ба 3.5ш С мерасад. Зимистон чун қоида вегетатсионӣ мебошад. Хусусияти хоси давраи сардӣ аз тағйирёбии шабонарӯзии ҳарорат иборат мебошад:

Рӯзона имконпазир аст, ки ҳарорат то 20-25ш С гарм шавад, вале дар давраҳои алоҳида, ҳангоми вазиши ҳавои сард ҳарорат метавонад то -24-30ш С паст шавад. Сатҳи ҳарорати мавсими тобистон ниҳоят баланд аст; ҳарорати миёнаи моҳи гармтарин дар водиҳои минтақаҳои кишоварзӣ тақрибан 25-32ш С, дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 18-20ш С ва дар баландии то 4000 метр аз сатҳи баҳр -3-4ш С мебошад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ тобистон нисбатан сард ва кӯтоҳ аст. Моҳҳои тобистон бо бориши кам фарқ мекунанд, ки вобаста ба ҳарорати баланд боиси дар моҳҳои аввали тобистон хушк шудани замин мегардад.

Миқдори солонаи бориш дар минтақаҳои заминҳои обёришаванда аз 120 мм. дар шимол то 600 мм. дар водии Ҳисор фарқ мекунад.

Захираҳои оби Тоҷикистон аз ҷараёни рӯизаминии дарёҳо, оби кӯлҳо, обанборҳо, обҳои зеризаминӣ, инчунин оби пиряхҳо иборат аст.

Захираҳои маҷмӯии об дар Тоҷикистон 603.9 км мукааб арзёбӣ гардидааст, ки баъд аз Федератсияи Россия ҷойи дуюмро ишғол мекунад ва фарқ дар он аст, ки ҷараёни рӯизаминии шабакаҳои дарёӣ ба мисли дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба уқёнуси ҷаҳонӣ ва системаи трансконтененталии обӣ роҳи баромад надорад.

Бо ҳаҷми умумии захираҳои обӣ минтақаҳои Қӯрғонтеппа ва Суғд бартарӣ доранд. Сипас минтақаҳои Кӯлоб, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҳисор ва Ғарм мавқеъ гирифтанд. Аммо аз нигоҳи муттамарказии захираҳои обӣ вазъ тағйир меёбад. Агар аз рӯи ин меъёр минтақаи Қӯргонтеппа мавқеи аввалро ишғол намояд, пас вилояти Суғд дар мавқеи сеюм қарор гирифта, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи охиринро ишғол менамояд.

Ҳаҷми захираҳои оби ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти хоҷагии халқро ҳам дар сатҳи имрӯза ва ҳам барои дурнамо қонеъ мегардонад. Аммо аз сабаби тақсимоти нобаробари он ҳам дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ҳам вобаста ба мавсим дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ норасоии об ба мушоҳида мерасад. Дар фасли тобистон, ки эҳтиёҷ ба об бештар аст, ҳангоми 90 фоиз таъмин будани ҷараёни об дар ҳавзаи Амударё норасоии об 465,5 млн. метри мукааб дар ҳавзаи Сирдарё - 94 млн, метри мукаабро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, норасоии об дар ҷумҳурӣ 560 млн. метри мукааб мебошад. Ҳангоми чунин ҳолат захираҳои об бесамар истифода бурда мешавад.

Аз ин рӯ, проблемаи истифодаи оқилонаю судманди захираҳои об ниҳоят мубрам ба ҳисоб меравад.

Ҳаҷми зиёди истифодаи об ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, ки 93,1 фоизро ташкил медиҳад, онро дар саноат 2,7 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 2,4 фоиз истифода бурда, қисми боқимонда 1,8 фоиз барои эҳтиёҷи маҳалҳои аҳолинишини деҳот, обёрии чарогоҳ ва дигар мақсадҳо сарф карда мешавад.

Захираҳои замин ва истифодаи онҳо. Майдони умумии заминҳои дар корхонаҳои кишоварзӣ истифодашаванда дар аввали соли 2008 7174794 гектарро ташкил медиад, аз ҷумла 1180406 гектари он дар ҳистифодабарии дарозмуҳлат қарор дорад, ки аз он 95869 гектар берун аз марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз майдони умумии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҳои таъиноти кишоварзӣ 49,7 фоизро ташкил дода, заминҳои обёришаванда 742051 гектар мебошад.

Раванди истифодаи захираҳои замин дар ҷумҳурӣ тағйир ёфтааст, ки дар натиҷаи он аз як тараф азхудкунии заминҳои нави обёришаванда аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ва кам кардани заминҳои камҳосил (чарогоҳ, киштзори лалмӣ, заминҳои бекорхобида) сурат гирифта, аз ҷониби дигар, як қисми замин барои тавсеаи шаҳрҳо, деҳот, сохтмони иншооти саноатӣ, барои эҳтиёҷи дохилихоҷагии корхонаҳои кишоварзӣ, инчунин дигар мақсадҳо гирифта мешавад. Дар натиҷа, тағйирёбии сохтори заминҳои кишоварзӣ сурат мегирад.

Дар таркиби фонди мелиоративии ҷумҳурӣ ҳиссаи заминҳои обёришаванда то ҳолати 01.01.08 с. 45,2 фоиз мебошад. Он аз 29,7 фоиз дар минтақаи Кӯлоб то 76,8 фоиз дар ВМКБ фарқ мекунад.

Муттамарказии бештари он дар митақаи вилояти Суғд (262,1 ҳазор га) ва Қӯргонтеппа (241,4 ҳазор га) ба мушоҳида мерасад, ки дар таркиби онҳо мутаносибан 17,7 фоиз ва 3,3 фоиз дарахтони бисёрсола мавҷуданд.

Ҳиссаи заминҳои муттасил истифодашаванда дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 14,1 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба сатҳи Осиёи Марказӣ 2 маротиба камтар аст. Ҳиссаи онҳо дар минтақаҳои Суғд (21 фоиз) ва Қӯрғонтеппа (9,0 фоиз) нисбатан бештар аст.

Дар ҳамаи заминҳои таркиби заминҳои кишоварзӣ майдони зиёдро чарогоҳҳои табиӣ ишғол намуда (78 фоиз), киштзор 19 фоиз ва дарахтони бисёрсола танҳо 2,2 фоизро ташкил медиҳанд.

Заминҳои обёришаванда асосан барои кишти муттасил (киштзор ва дарахтони бисёрсола) истифода бурда мешаванд. Вазни қиёсии заминҳои таҳти хӯрока қарор гирифта дар заминҳои обёришаванда танҳо 0,8 фоизро ташкил медиҳад.

Аммо суръати азхудкунии заминҳои нав дар ҷумҳурӣ дар солҳои охир дар муқоиса бо соли 1991 чандин маротиба- аз 12 то 0,9 ҳазор га дар як сол камтар гардид, ҳол он ки теъдоди аҳолӣ афзоиш меёбад. Дар натиҷа, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан маҳсулоти чорво бадтар гардид. Барои он, ки қисми ҳадди ақали меъёри зарурии гӯшт, шир, тухм барои як нафар истеҳсол карда шавад, бояд ба ҳар як нафар аҳолӣ 0,22 га заминҳои обёришаванда, яъне 2,5 маротиба бештар аз мавҷудияти воқеии он ҷудо карда шавад. Аз ин рӯ, суръати азхудкунии заминҳои нав бояд барқарор гардида, ҳамасола ба истифода додани на камтар аз 10-12 ҳазор га майдонҳои заминҳои обёришаванда бояд нигоҳ дошта шаванд.

Бо вуҷуди ин, дар ҷумҳурӣ бо сабабҳои гуногун дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҳар сол аз 4 то 8 ҳазор га заминҳои обёришаванда истифода бурда намешаванд.

Майдонҳои зиёди заминҳои обёришавандаи истифоданашаванда дар минтақаҳои Қӯрғонтеппа ва Суғд ба мушоҳида мерасанд, ки дар онҳо ҳамасола 4-6 ҳазор гектар ва бештар аз он заминҳои обёришаванда, инчунин то 3,4 ҳазор га майдонҳои заминҳои кишоварзӣ барои истеҳсоли маҳсулот истифода намегарданд.

Дар маҷмӯъ, дар соли 2007 аз 718,9 ҳазор га заминҳои кишоварзии обёришаванда 7,2 ҳазор га истифода бурда нашудааст.

Проблемаи таназзули замин махсусан мубрам мебошад. Айни замон қариб 80 ҳазор га замин аз муомилоти кишоварзӣ бароварда шудааст. Аз замин ба даст овардани маводи ғизоӣ дар муқоиса бо гирифтани он тавассути нуриҳои маъданӣ 5 маротиба бартарӣ дорад. Системаҳои мелиоративӣ корношоям гардида, майдони шӯрзамин меафзояд. Инчунин яке аз омилҳои асосии таназзули заминҳои кишт аз олуда гардидани замин бо тухми алафҳои бегона ва барангезандагони касалии растаниҳо мебошад.

Аз нигоҳи иқтисодӣ барқарорсозии чунин заминҳо нисбат ба азхудкунии заминҳои нав муфидтар аст. Мисол, мутобиқи меъёрҳои калонкардашуда (бо нархҳои муқоисашавандаи соли 1983) сармоягузории қиёсӣ барои азхуд намудани заминҳои нав барои як га ба 25,8 сомонӣ баробар аст, ҳол он, ки барои беҳбуди ҳолати мелиоративӣ ҳамагӣ 8,2 ҳазор сомонӣ/га, бозсозӣ ва таҷдиди шабакаи обёрӣ - 9,2 ҳазор сомонӣ/га, обшӯии хок - 1,1 ҳазор сомонӣ/га ва барои баланд бардоштан сатҳи таъминот бо об - 2,1 ҳазор сомонӣ/га тақозо мегардад. Агар ба инобат гирифта шавад, ки дар солҳои аввал ҳосилнокии заминҳои нав чун қоида камтар аст, пас дар шароити камзаминӣ аз нигоҳи иқтисодӣ мувофиқи мақсад будани барқарорсозӣ ва ба муомилот баргардонидани заминҳои кишти бекорхобида баръало аён мегардад.

Захираҳои меҳнатӣ ва истифодаи онҳо. То ҳолати 1 январи соли 2007 теъдоди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7181 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз он 26,5 фоиз дар шаҳрҳо ва 73,5 фоиз дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Суръати афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳама баландтар мебошад. Дар ҷумҳурӣ аз соли 1991 ин ҷониб суръати афзоиши аҳолии деҳот бештар ба назар мерасад. Агар дар даҳ соли охир афзоиши миёнаи солонаи аҳолии деҳот 2,8 фоизро ташкил дода бошад, пас аҳолии шаҳрҳо дар ин давра 1,7 фоиз кам гардид.

Ҳаҷми умумии афзоиши теъдоди аҳолии ҷумҳурӣ ба таври табиӣ сурат гирифта, ба таваллуди зиёд алоқаманд аст.

Дар корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ айни замон аз се як ҳиссаи захираҳои меҳнатии деҳот машғуланд.

Истифодабарандагони асосии захираҳои меҳнатӣ корхонаҳои кишоварзии дорои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ мебошанд.

Ба дигар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ дар деҳот беш аз 10 фоизи аҳолии қобили меҳнат, аз ҷумла дар саноат - 1,8 фоиз, нақлиёт ва алоқа - 3,2 фоиз ва сохтмон - 5,2 фоиз рост меояд.

Динамикаи теъдоди миёнаи солонаи кормандони соҳаи кишоварзӣ раванди рушди он, аз ҷумла афзоиши нақши бахши хусусиро инъикос менамояд, ки ҷамъ омадани захираҳои меҳнатӣ дар онҳо аз 3,2 фоиз дар соли 1991 то 43,6 фоиз дар соли 2006 афзоиш ёфтааст.

в) Истеҳсолот ва маркетинги маҳсулот

Бо сабабҳои паст будани даромаднокии истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ кам гардидани нерӯи истеҳсолию техникӣ ба мушоҳида мерасад. Мавҷуд набудани воридоти маблағҳои зарурӣ боиси чандин маротиба камтар харидорӣ гардидани техникаю таҷҳизоти нав ва амортизатсияи физикии аксари воситаҳои асосии корхонаҳои кишоварзӣ гардид. Аз ин рӯ, ҳатто ҳангоми васеъ гардидани талабот ба маҳсулоти озуқавории ватанӣ афзоиши он бо маҳдудиятҳои захиравӣ боздошта мешавад.

Мавҷудияти ҳиссаи зиёди хоҷагиҳои хурд, паст гардидани сатҳи тахассусии идоракунӣ дар деҳот, бартарии усул ва методи оддии пешбурди хоҷагидорӣ аз бисёр ҷиҳат боиси паст гардидани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ гардид.

Проблемаҳои диспаритетии (номутобиқатии) нархҳои байнисоҳавӣ ва даромадҳо ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Дар шароити либерализатсияи иқтисодиёт соҳаи кишоварзӣ махсусан дар назди боррасонҳои монополизатсияшуда бепаноҳ аст. Фишор ба нарх аз ҷониби гурӯҳи зиёди миёнаравон ва ҷаллобон боиси чанд баробар паст шудани ҳиссаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба нархи чаканаи маҳсулоти ниҳоӣ гардид.

Проблемаи содирот барои молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо ғасби (экспансияи) тиҷорати хориҷии озуқаворӣ боз ҳам мушкилтар гардид. Инчунин рақобатпазир набудани маҳсулот вобаста ба сифати паст, мавҷуд набудани афзалиятҳои муқоисашавандаи маҳсулоти истеҳсолгардида ва маҳсули коркарди он ҳалли проблемаҳои фурӯш ва содиротро мушкил мегардонад. Ба рушди бозори озуқа монеаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ (махсусан бо кишварҳои ҳамсоя) таъсири манфӣ расонида, ба молистеҳсолкунандагон дастрас будани онро душвор мегардонад ва содироти маҳсулоти кишоварзиро маҳдуд месозад.

Ҳалли проблемаи фурӯш ва содирот инчунин вобаста ба арзиши баланди ҳамлу нақли байналмилалии дохилӣ ва боҷҳои роҳ, тамаъҷӯӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он ба таъхир гузошта шудааст.

Мақомоти кӯҳнаи маъмурию тақсимотӣ аз байн бурда шуда, механизмҳои нави ҷавобгӯи шароитҳои муосири фаъолияти иқтисодӣ ҳанӯз таъсис дода нашудаанд. Ин ташаккули фазои ягонаи бозаргонии кишварро мушкил гардонида, боиси талафоти моҳиятан назарраси соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ мегардад.

Проблемахои таъминоти молиявии соҳаи кишоварзӣ, сатҳи пасти дастрасии аҳолии деҳот ба кредит, ҳамаи ин проблемаҳо рушди истеҳсолоти кишоварзиро бозмедоранд.

3. Самтҳои асосии ноил гардидан ба мақсадҳои Консепсия

а) Рушди ислоҳоти замин. Сарфи назар аз ҳалли масъалаи асосии ислоҳот - додани замин барои истифодаи якумра, ислоҳоти замин барои дурнамои наздик низ ҳанӯз вазифаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Бояд корҳо оид ба ташаккули бозори сертификати замин ва фаъолияти самарабахши он давом дода шавад, ки метавонад ба таъмиқи минбаъдаи ислоҳоти замин ва ислоҳоти аграрӣ вобаста ба ҷорӣ намудан ва рушди муносибатҳои хусусии бозаргонӣ ва иҷоравӣ, қарздиҳии ипотекӣ мусоидат намояд ва дар он амволи асосии гарав бояд замин бошад.

Ба ғайр аз ин, бояд ҷиҳати муайян намудани сиёсати минбаъда нисбат ба дорандагони ҳиссаҳои замин, мутаносибгардонии андозаи он ва баланд бардоштани самарабахшии хоҷагидории онҳо корҳо анҷом дода шаванд. Бо мақсади гирифтани иттилооти боэътимод дар дурнамо бояд пешбурди баҳисобгирии ибтидоӣ ва таҳлили ислоҳоти замин ва ислоҳоти аграрӣ дар сатҳи субъектҳои хоҷагидор ба танзим дароварда шавад.

Бояд дастрасии озоди фермерҳо ва деҳқонон ба гирифтани иттилооти зарурӣ аз ҳисоби таъсиси хадамоти машваратию иттилоотӣ ва созмон додани марказҳои рушди соҳаи кишоварзӣ таъмин карда шавад.

Барои иҷрои вазифаҳои зикргардида дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд Маркази ҷумҳуриявии ислоҳоти аграрӣ, инчунин воҳидҳои минтақавии он таъсис дода шавад. Вазифаи асосии ин марказ аз гузаронидани мониторинги ислоҳоти аграрӣ, хусусигардонии корхонаҳои кишоварзӣ, андешидани тадбирҳо оид ба ҳалли ҳолатҳои муноқишавӣ вобаста ба активҳои амволӣ иборат хоҳад буд.

Бо дарназардошти он, ки тақрибан 80 фоизи ҳолати муноқишавӣ бо сабабҳои паст будани донишҳои ҳуқуқии деҳқонон ба миён меояд, муҳим аст, ки дастрасии онҳо ба кӯмаки ҳуқуқӣ кафолат дода шавад. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои деҳқонон корҳо оид ба созмон додани машваратҳои объективӣ ва мустақил доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини истифодаи одилона ва дақиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории кишоварзӣ идома хоҳанд ёфт.

Ҳуқуқҳои кафолатдодашуда дақиқ тасвият ёфта, таъмиқи ислоҳоти замин, фавран пешниҳодшавии истифодаи инфиродӣ ва супурдани заминро пешбинӣ менамояд. Барои ҳамин зарур аст инҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд:

- ҳуқуқҳои дақиқи заминистифодабарӣ;

- шартҳои мушаххаси гирифтани ҳуқуқи истифодаи замин аз ҷониби мақомоти маъмурӣ ва судӣ

- номумкин будани маъмурият ҳангоми ҷойгиронӣ ва парвариш дар майдонҳои зироатҳои кишоварзӣ;

- расмиёти дастрас ва оддии додани замин ва бақайдгирии давлатӣ.

Механизмҳои татбиқи ин тадбирҳо чунинанд:

- ворид намудани тағйирот ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ворид намудани тағйирот ба Қонун "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)";

- ворид намудани тағйирот ба Қонун "Дар бораи баҳодиҳии замин";

- ворид намудани тағйирот ба Кодекси замин.

Дар маҷмӯъ, такмили ислоҳоти замин имкон медиҳад дастрасии фермерҳо ба замин бештар гардида, омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол тақвият ёбад ва ҳангоми гирифтани даромади дахлдор аз ҷониби фермерҳо воридшавии инвеститсияҳо зиёд шавад.

б) Такмили шакли хоҷагидорӣ. Дар давраи дуюми ислоҳоти замин ва аграрӣ қабл аз ҳама дигаргунсозии сохтори хоҷагиҳо хотима меёбад.

Аксари хоҷагиҳои хурди навтаъсиси деҳқонӣ (фермерӣ) дар алоҳидагӣ дар пешбурди агробизнес мушкилоти зиёдро эҳсос менамоянд. Барои ҳалли проблемаи мазкур бояд ба таъсиси шаклҳои мухталифи кооперативҳо ва дигар иттиҳодияҳо нақши муҳим дода шавад.

Амалия нишон дод, ки хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ (фермерӣ) наметавонанд аз технологияи баланди истеҳсолот истифода баранд, зеро ба ин ҳаҷми хоҷагиҳо, даромади ба даст оварда ва мавҷуд набудани техникаи аълои кишоварзӣ имкон намедиҳад. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани шаклҳои кооперативии хоҷагидорӣ - тақозои замон аст. Ҳамзамон муттаҳидшавӣ дар кооперативҳо бояд танҳо дар асоси ихтиёрӣ сурат гирифта, деҳқон ҳамчун узви кооператив бояд соҳиби замини худ ва дигар воситаҳои истеҳсолот боқӣ монад. Асосан иттиҳодия бояд ҳамаи соҳаҳои хизматрасониҳои ёрирасон, коркард ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшударо дар бар гирад. Чунин кори муштарак метавонад вобаста ба масьалаҳои истеҳсоли тухмӣ, маводи зотӣ, намудҳои алоҳидаи зироатҳои сердаромади кишоварзӣ ва чорводорӣ анҷом дода шавад. Муттаҳидшавӣ ба кооперативҳо пеш аз ҳама бояд бо дарназардошти принсипи ягонагии манфиатҳо сурат гирад.

Дар самти мазкур нақши давлат аз таъмини заминаи қонунгузорӣ, рушди системаи иттилоотию тавзеҳотӣ, кафолати риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии деҳқонон иборат мебошад. Ҳамзамон мавҷудияти шаклҳои дигари хоҷагидорӣ метавонад вуҷуд дошта, аз ҷониби давлат ва инвесторҳо дастгирӣ гардад.

Дигаргуниҳои сохторӣ инчунин бояд дар соҳаи коркард, бо роҳи азнавтаҷҳизонии корхонаҳо, таъсиси сохторҳои амудӣ ҳамгироишуда, бо муттаҳид намудани манфиатҳои мутақобилаи истеҳсолкунандагони ашёи хоми кишоварзӣ ва коркардкунандагони он анҷом дода шавад. Ҳамзамон давлат бояд дар таъмини татбиқи сиёсати иқтисодӣ, таҳияи заминаи қонунгузорӣ, ҷалби инвеститсияҳои мустақими хориҷӣ ва ватанӣ, хизматрасониҳои машваратию иттилоотӣ миёнарав бошад.

в) Рушди соҳаҳо

Растанипарварӣ. Парвариши намудҳои мухталифи зироатҳои кишоварзӣ, бо дарназардошти даромаднокӣ аз ҷониби молистеҳсолкунандагон, аз интихоби афзалиятноки бахши хусусӣ иборат мебошад. Ҳамзамон дар бахши мазкур давлат пешбурди стратегияи худро бо дарназардошти барномаҳои амнияти озуқаворӣ, шароити табиию иқлимии кишвар ва афзалиятҳои муқоисашавандаи кишти ин ё он зироат намояндагӣ мекунад.

Бо дарназардошти аз ҳад зиёд будани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсия дода мешавад, ки дар дурнамои наздик ба таври назаррас майдонҳои кишти зироатро кам карда, технологияи баланди истеҳсоли ғалларо истифода баранд, ки ин имкон медиҳад тадриҷан ҳосилнокии он дар ибтидо то 30 сентнер ва дар дурнамо то 40 сентнер аз ҳар гектар зиёд карда шавад. Чунин сиёсат бояд боиси он гардад, ки то соли 2015 майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ на бештар аз 300,0 ҳазор гектарро ишғол намуда, истеҳсоли маҷмӯии ғалла афзоиш ёбад ва ба 1.2 миллион тонна расад.

Ин дурнамо инчунин ҳангоми ҳалли маҷмӯи тадбирҳо оид ба серҳосил кардани истеҳсоли ғалла, махсусан вобаста ба масъалаҳои рушди тухмипарварӣ ва таъминот бо маводи хушсифати кишт, нумӯяҳои (стимуляторҳои) органикию химиявии инкишофи зироатҳои кишоварзӣ ва ғайра иҷрошаванда мебошад.

Бо афзоиши саршумори чорво эҳтиёҷ ба истеҳсоли ҷуворимакка, ки зироати пурарзиши озуқаворию хӯрока мебошад ва барои саноати коркард ашёи зарурӣ ба ҳисоб меравад, зиёд хоҳад шуд. Дар дурнамо давлат ҳама гуна ташаббусро оид ба афзоиши кишти он ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дастгирӣ хоҳад кард. Инчунин истеҳсоли тухмии ҷуворимаккаи сермаҳсули дурага, ки дорои имконияти баланд мебошад, аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад.

Пахта маҳсулоти асосии содиротӣ буда, баланд бардоштани самарабахшии пахтакорӣ ба вазъи иқтисодии на танҳо соҳа, балки ба вазъи кишвар дар маҷмӯъ алоқаманд аст. Проблемаҳои мавҷудаи соҳаи пахтакорӣ рушди бахшро бозмедорад ва аз ин рӯ ислоҳотро тақозо менамояд. Ислоҳоти бахши пахтакорӣ бояд ба ҳалли масъалаҳои бӯҳрони қарзӣ, таъмини дастрасӣ ба захираҳои кредитӣ, дигар захираҳои молиявӣ ва истеҳсолоти рақобатпазир нигаронида шавад. Такмили парвариши агротехникии пахта, технологаяҳои муосир, истифодаи беҳтарин навъҳои тухмӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, механизатсияи корҳои саҳроӣ, эътимоднокии кори системаи ирригатсионию мелиоративӣ имкон медиҳад, ки то соли 2015 ҳосилнокии пахта то 30 сентнер/ га баланд бардошта шуда, бидуни зиёд намудани майдони кишт то 500 ҳазор тонна пахта ба даст ояд.

Бо мақсади таъмини аҳолии пойтахт, шаҳрҳои саноатӣ ва ноҳияҳо бо маводи озуқа ва дар навбати аввал бо маҳсулоти чорводорӣ (шир, гӯшт, тухм) қисми зиёди хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои наздишаҳрӣ бояд ба комплексҳои сабзавоткорию шир, иттиҳодияҳои байнихоҷагӣ оид ба парвариши ҳайвони калони шохдор ва ғайра табдил дода шаванд. Вобаста ба ин майдонҳои кишти пахта ва истеҳсоли ашёи хоми пахта дар ин минтақаҳо дар дурнамои наздик хеле кам карда мешавад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 баён гардидаанд ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба худтаъминкунӣ бо озуқаворӣ як қисми хоҷагиҳои пахтакории пештараи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва минтақаи Қӯрғонтеппа низ бояд ба истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шаванд.

Пешравӣ дар сохтори соҳавии соҳаи кишоварзӣ ба хусусияти рушди пахтакорӣ тасҳеҳоти зарурӣ ворид хоҳад кард, ки он айни замон соҳаи асосии махсусгардонидашудаи кишоварзии ҷумҳурӣ мебошад ва вобаста ба андешаҳои зайл тадриҷан бояд ба истеҳсоли навъҳои пахтаи маҳиннах гузарад:

1. Зарурати азнавтақсимкунии захираҳои замин, ки ҳангоми он соҳаҳои комплекси озуқаворӣ қисман ҳоло дар заминҳои нисбатан бади кишти пахтаи миёнанах ҷойгир шудаанд, ногузир соҳаи пахтакориро ба парвариши навъҳои маҳиннах самт мебахшад. Табиист, ки нигаҳ доштани сатҳи бадастомадаи истеҳсоли пахта ва рушди минбаъдаи соҳа ба тавсеаи фонди обёришавандаи заминҳои ин минтақа алоқаманд аст.

2. Тақвияти самтбахшии тағйироти эҳтимолӣ на ба андозаҳои миқдорӣ, балки ба андозаҳои сифатии рушди пахтакорӣ ҷавобгӯи манфиатҳои хоҷагии халқ мебошад, ки ба вазни қиёсии нокифояи навъҳои пахтаи маҳиннах дар сохтори минтақавии имрӯзаи истеҳсоли он ва эҳтиёҷи афзояндаи саноати нассоҷӣ вобаста аст. Ин зарурати афзоиши кишти пахтаи дорои навъҳои нахи якум ва дуюмро тақозо менамояд, ки истеҳсолкунандагони матоъро бо хусусиятҳои баланди истеъмолии худ қонеъ гардонанд.

3. Сарфи назар аз он, ки ҳангоми иваз намудани парвариши пахтаи миёнанах ба пахтаи маҳиннах то андозае кам гардидани ҳосилнокӣ, яъне маҷмӯи ҷамъоварии пахта ба мушоҳида мерасад, хоҷагаи халқ аз чунин табдил бурд хоҳад кард, зеро на танҳо сифати он(1) баландтар аст, инчунин миқдори матои истеҳсолшаванда низ афзоиш хоҳад ёфт. Мисол, мутобиқи меъёрҳои техникӣ аз 1 кг нахи пахтаи навъи 1 ва 11 метавонад 15,6 метр батист ва 16,3 метр маркизет (матои нозук) истеҳсол гардад, ҳол он ки аз чунин миқдори нахи навъи V ҳамагӣ тақрибан 9 метр миткал истеҳсол карда мешавад, ки 1,7-1,8 маротиба камтар аст. Ҳатто агар ҳосилнокии ками биологии пахтаи маҳиннахро ба инобат гирем (тақрибан 20 фоиз камтар аз пахтаи миёнанах), пас аз рӯи ҳисоби воҳиди майдони кишти пахта аз нахи нисбатан баландсифат дар муқоиса бо навъи нахи V метавонад 40 фоиз бештар матоъ истеҳсол карда шавад.

4. Гузаронидани ҳамаи соҳаи пахтакорӣ ба истеҳсоли пахтаи маҳиннах имкон медиҳад, ки ҳангоми истеҳсоли ҳамон ҳаҷм истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти соҳа тақрибан 1,5 маротиба афзоиш ёбад ва ин бегуфтугӯ, боиси афзоиши даромади дахлдори миллӣ мегардад, ки дар соҳаи кишоварзӣ ба даст омадааст.

5. Эҳтимоли паст гардидани ҳосилнокӣ ҳангоми иваз намудани пахтаи миёнанах ва маҳиннах дар ҳамаи майдонҳои парвариши он тавассути афзоиши даромаднокии ҳар як гектар замини пахта пӯшонида шуда, иқтисодиёти хоҷагиро ба таври назаррас таҳким мебахшад.

Аз нигоҳи хоҷагии халқ мутобиқи мақсад будани тағйироти эҳтимолии сохторӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ вобаста ба дарки минтақавии таъмини суръати баланди афзоиши даромаднокии ҳар гектар нисбат ба афзоиши аҳолӣ ба миён омадааст. Ҳатто агар далели воқеиро ба инобат нагарем, ки рушди иқтисодии ҳар як минтақаи алоҳида худ аз худ ба ҳамаи нишондиҳандаҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ мерасонад, азнавтақсимкунии хароҷоти асосӣ ба манфиати рушди парвариши пахтаи маҳиннах барои суръатбахшии афзоиши захираҳои дохилисоҳавӣ шароити беҳтарро фароҳам меорад ва имкон медиҳад барои инкишофи комплекси озуқаворӣ, инчунин афзоиши парвариши пахтаи махиннах қадами устувор гузошта шавад. Ҳамзамон ҳаҷми умумии аллакай бадастомадаи истеҳсоли пахта кам нагардида, баръакс, афзоиш хоҳад ёфт.

Чуноне ки амалияи бисёрсола ва имконияти бозори фурӯш нишон медиҳад, кишти пахта бояд дар сатҳи имрӯза қарор дошта, афзоиши истеҳсоли маҷмӯӣ танҳо аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешқадами кишт, самарабахш ба роҳ мондани кори тухмипарварӣ, махсусан тухмипарварии ибтидоӣ, беҳбуди корҳои селексионӣ бо навъҳои навъи пахтаи ватанӣ анҷом дода шавад. Аз сабаби нокифоягии миқдори зарурии поруи минералӣ, пеститсидҳо ва арзиши баланди онҳо ба фермерҳо зарур аст, ки ба парвариши пахтаи органикӣ машғул шаванд ва ин ба онҳо имкон медиҳад ба бозори барояшон нав ворид гардида, даромаднокиро афзун намоянд.

Проблемаҳои қарзи хоҷагиҳои пахтакор бояд бетаъхир ҳал карда шавад, зеро он ба рушди хоҷагиҳои хусусии деҳқонӣ монеа буда, амалан соҳаро фалаҷ кардааст. Дар ҷумҳурӣ Стратегияи ҳалли қарзи хоҷагиҳои пахтакор таҳия шудааст.

Барои давраи миёнамӯҳлат бояд корҳои зайл сурат гирад:

- аз байн бурдани ҳокимияти маҳаллии монополии инвесторони пахта;

- ҷорӣ намудани равандҳои ҳакамӣ (арбитражӣ) оид ба ҳалли қарзҳо дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва ҳангоми зарурат - муфлисшавии ҳоҷагиҳои "бефоида";

- татбиқи тадбирҳо то пурра пӯшонидани ҳамаи қарзҳои бахши пахтакорӣ;

- такмили заминаи маъмурию ҳуқуқӣ барои ҷуброни қарзҳои пардохтнашуда;

- таълими ҳуқуқии фермерҳо вобаста ба масъалаҳои пӯшондани қарзҳои пахтакорон;

- таъмини кредитдиҳӣ ба хоҷагиҳои пахтакор аз манбаъҳои мавҷуда ва алтернативӣ.

Барои гарифтани даромади нисбатан бештар аз истеҳсоли барги тамоку мақомоти соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати ҷалби инвеститсияҳо барои сохтмони фабрикаҳои сигаретбарорӣ тадбирҳо меандешанд, то ки на ашёи хоми тамоку, балки маҳсулоти тайёри он содир карда шавад. Аз ҷониби дигар, оид ба таъсиси консорсиумҳои истеҳсолӣ бо иштироки фабрикаҳои сигаретбарории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва истеҳсолкунандагони ашёи тамокуи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ташкилӣ андешида хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, масъалаҳои истеҳсол ва коркарди тамоку бояд самти фаъолияти афзалиятноки худи деҳқонон буда, иштироки давлат дар ин ҷода аз фароҳам овардани хизматрасониҳои машваратӣ ва расонидани кӯмак дар таҳияи бизнес-нақшаҳо, фурӯши маҳсулоти истеҳсолӣ, таъминот бо технологияҳои нави истеҳсолӣ ва тухмӣ иборат хоҳад буд. Барои ҳадди имкон қонеъгардонии талаботи аҳолӣ бо қанд ва паст кардани вобастагӣ ба воридот дар оянда васеъ намудани майдонҳои кишти лаблабуи қанд лозим аст. Вазифа аз он иборат аст, ки дар дурнамо истеҳсоли қанд ба роҳ монда шавад. Ба давлат зарур аст, ки аз ҳисоби ҷалби инвеститсияҳо сохтмони заводҳои қандро дар минтақаҳои парвариши лаблабуи қанд пешбинӣ намояд.

Бо дарназардошти талабот зарурати эҳёи парвариши тухмии лаблабуи қанд ба миён меояд, ки татбиқи тиҷоратии он дар кишварҳои хориҷаи наздик имкон медиҳад ба ҷумҳурӣ ҳар сол асъори зиёд ворид гардида, субъектҳои хоҷагидорӣ фоидаи назаррас ба даст оранд.

Афзоиши суръатноки истеҳсоли картошкаю сабзавот ва проблемаҳои вобаста ба фурӯш ва коркарди маҳсулоти истеҳсолгардида минбаъд зиёд кардани майдони кишти онҳоро дар назар надорад. Бештар ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, парвариши навъҳои барвақтии картошка ва сабзавот, васеъ намудани навъҳои онҳо аз ҳисоби ба ҷумҳурӣ ворид намудани тухмиҳои серҳосил аз дигар кишварҳо афзалият дода мешавад. Давлат бояд барои дар ҷумҳурӣ таъсис додани ассотсиатсияҳои картошкапарварон ва обчакорон мусоидат намояд, ки дар асоси хусусӣ корҳоро оид ба ташкили хоҷагиҳои нави тухмипарварӣ ва таҳкими хоҷагиҳои мавҷуда, афзоиши коркарди ашё ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр, ба роҳ мондани маркетинг оид ба содироти он мустақилона анҷом медиҳанд.

Боғдорӣ ва ангурпарварӣ бояд дар соҳаи растанипарварӣ бо дарназардошти афзалияти муқоисашаванда ва самти содиротӣ доштани он мавқеи сазоворро ишғол намояд. Дар таркиби комплекси дарназардошташудаи меваю ангурпарварӣ боғдорӣ фаъолияти нисбатан мушкилтар аст ва дар ҷумҳурӣ дорои се самти асосӣ мебошад: субтропикӣ, донакдор ва тухмидор.

Инкишофи минбаъдаи онҳо гузариши пурраи соҳаро ба технологияи саноатӣ дар шароити аз худ намудани заминҳои нишебу ёла дар назар дорад, ки он тасмимҳои мураккаби ташкилию техникӣ ва пеш аз ҳама ҷорӣ намудани усулҳои нави обёриро (синхронию импулсӣ, қатравӣ, зерихокӣ ва ғайраро) дар бар гирифта, нисбат ба омодасозии кадрҳои аз нигоҳи техникӣ омода талаботи махсус мегузорад. Ҳамзамон проблемаҳои сиёсати техникӣ ба интихоби самтҳои нисбатан самарабахши рушди иқтисодии соҳа зич алоқаманд аст, ки омили муайянкунандаи он аз ҷойгиронии зерсоҳаҳо мутобиқи талаботе мебошад, ки вобаста ба шароитҳои табиию иқтисодии фаъолияти истеҳсолии онҳо пешниҳод шудааст. Бо дарназардошти талаботи зикргардида арзёбии захираҳои замин ва шароити ҳар як зерсоҳаи боғдорӣ аҳамияти муҳим пайдо мекунад.

1. Боғпарварии субтропикӣ айни замон танҳо дар давраи ибтидоии рушди худ қарор дорад. Он аз чанд сад гектар ниҳолҳои майдаконтурӣ иборат мебошад, ки ҳосилнокиашон ниҳоят паст аст. Аввалин хоҷагиҳои махсусгардонидашуда дар ин самт танҳо соли 1984 таъсис ёфтанд. Бо вуҷуди ин, боғдории субтропикӣ дар ҷумҳурӣ дорои захираҳои бойи замин буда, имкон медиҳад дар ин ҷо яке аз базаҳои нисбатан пуриқтидори истеҳсоли анор, хурмо, анҷир, челон, бодом, пекана ва дигар чормағзиҳо, инчунин ситрусӣ, асосан лиму ташкил карда шавад. Захираҳои умумии чунин замин беш аз 100 ҳазор га.буда, як қисми он метавонад барои парвариши растанӣ мутобиқи технологияи пӯшониданашаванда истифода гардад. Аз ҷониби селексионерҳои ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани шаклҳои ба сардӣ устувори хурмо ва анор имкон медиҳад майдони парвариши беболопӯши онҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои индустриалӣ дар боғпарварии пӯшидашаванда моҳиятан васеъ карда шавад. Пешбурди барномаи миқёсан васеи рушди боғдории субтропикӣ бо дарназардошти минбаъд аз худ кардани нисфи захираҳои замини соҳа имконияти гарифтани на камтар аз 450-500 ҳазор тонна меваи субтропикиро барои содирот кафолат медиҳад. Дар ҷануби Тоҷикистон дар миёнакӯҳҳои минтақаи субтропикӣ мавҷуд будани даҳҳо ҳазор гектар ҷангалзори писта гузариш ба парвариши онро бо ҷорӣ намудани шаклҳои серҳосили писта мутобиқи мақсад мегардонад.

2. Боғдории донадор дар шимоли Тоҷикистон ҳанӯз дар давраи тоинқилоб ташаккул ёфта, ҳамчун минтақаи аз нигоҳи шароити табиию иқлимӣ калонтарину нодири парвариши навъҳои беҳтарини меваҳои серқанд барои истеҳсоли меваи хушки сифатан баланд - ғӯлинг, қайса ва баргак ба ҳисоб меравад, ки на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон эътироф шудааст. Вале ҳанӯз дар солҳои пеш аз ҷанг раванди аз байн бурдани ин маҳсулоти маъмулӣ оғоз гардида, бидуни мулоҳизакорӣ дар ин минтақа саноати коркарди меваю консерва ҷойгир карда шуд, ки дорои заминаи ашёи худӣ намебошад ва дидаю дониста омилҳои ҳавасмандгардонии иқтисодиро барои ба таври оммавӣ харида гирифтани меваҷоти тару тоза барои истеҳсоли шарбати мева, мураббо ва фишурдаи онҳо ба роҳ монда шуд. Аз байн бурдани манфиатнокӣ барои таҳияи меваҷоти хушк ҷиҳати ноил шудан ба "ҳаҷми умумӣ" боиси аз даст додани беҳтарин навъҳои зардолуи селексияи халқӣ дар боғҳои ҷамъиятӣ гардид ва барои истеҳсоли онҳо дар бахши инфиродӣ аз ҳисоби баланд гардидани нархи бозор ба ғӯлинг, қайса ва баргак талаботи мусоид фароҳам овард. Чунин муносибат омили боздорандаи васеъ намудани ниҳолшинониҳои нав гардид, ки дар натиҷа майдонҳои асосии боғҳои дарахтони донакдор дар минтақаҳои асосии ҷойгиршавии онҳо (ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара) бо ҳамон дарахтони кӯҳнаи каммаҳсул ва бе система шинондашуда фаро гирифта шудаанд ва таҷдиди бунёдиро тақозо менамоянд. Доир намудани чунин тадбирҳо ба имконияти назарраси тавсеаи парвариши дарахтони донакдор аз ҳисоби заминҳои барои пахтакорӣ каммаҳсул ва ноҳамвори вилояти Суғд, адирҳои водии Вахш дар ҷануби ҷумҳурӣ, инчунин конусҳои обовардҳо дар Помири ғарбӣ, ки дар маҷмӯъ беш аз 30 ҳазор га. мебошад, вобаста аст. Якҷоя бо 20 ҳазор га ниҳолҳои мавҷуда, ки бояд пурра таҷдид гардад, майдони дарахтони меваҳои донакдор метавонад то 50 ҳазор га. расонида шуда, ҳангоми пурра ба ҳосил даромадани он то 400 ҳазор тонна зардолу гирифта шавад ва ҳангоми барои коркард додани аз чор се ҳиссаи ин миқдор то 85 ҳазор тонна меваи хушк ба даст меояд.

Рушди минбаъдаи дарахтони меваҳои донакдор дар вилояти Суғд метавонад дар даҳсолаи наздик аз сабаби кам гардидани захираҳои Сирдарё боздошта шавад. Ин проблема метавонад тавассути ба майдони баҳисобгирифташудаи истеҳсоли меваи донакдор зам намудани на камтар аз 50 ҳазор га. замини массиви Ашт ва Самгору Мирзоработ ҳалли худро ёбад, ки имкон медиҳад истеҳсоли зардолу дар дурнамои дарозмӯҳлат то ба 1 миллион тонна расонида шавад.

3. Боғдории тухмидори ҷумҳурӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо захираҳои замини минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ миқёсан васеъ буда, на камтар аз 50 ҳазор га заминро дар бар мегарад, бо обёрӣ таъмин ва бо нишебии то 0,2 (11) нисбатан дастрас аст, аз ҷумла дар водии Ҳисор20 ҳазор га, дар минтақаи Ғарм - 15, Кӯлоб - 6 ва водии Зарафшони вилояти Суғд - 9 ҳазор га. ба ҳисоб гирифта шудааст. Татбиқи лоиҳаи ба қисми наздикӯҳии Шаҳристони вилояти Суғд равона кардани ҷараёни як қисми оби дарёи Зарафшон ба майдонҳои зикргардида боз 30 ҳазор га. заминро зам хоҳад кард. Дар ин заминҳо ҳангоми ба роҳ мондани боғдории муттасили нахлу спорагӣ бо ҳосилнокин ҳадди ақали 200 сентер/га. метавон то 2 миллион тонна мева ба даст овард. Мӯҳтавои назарраси ин барномаи доманадори рушди боғдории тухмидор дар Тоҷикистон барои хоҷагии халқ аз он бармеояд, ки чунин минтақаҳои калон, ки бо пахтакорӣ рақобат намекунанд, дар дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон метавонад яке аз истеҳсолкунандагони асосии себ ва ноки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бошад. Тавсифи нодирии сифати меваҷот, ки дар шароити кӯҳсор парвариш мегардад, берун аз минтақаи Осиёи Марказӣ низ талабгорони зиёдро ба худ ҷалб намуда, қобили интиқол ва дуру дароз нигоҳ доштани он шарикии эътимодиро бо истеъмолкунандагони минтақаҳои дурдасттарин, мисол, Сибир ва Шарқи Дур таъмин менамояд.

Яке аз асосҳои нисбатан муҳим ба манфиати истеҳсоли молии меваҷоти тухмидор дар ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки ин соҳа сердаромад буда, бидуни дахолат ба дигар самтҳои ояндадори боғдорӣ, аз ҷумла субтропикӣ, барои рушди иқтисодиёти ноҳияҳои кӯҳӣ, ки захираи онҳо барои ноил шудан ба рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо то сатҳи минтақаҳои дар водиҳо қарордошта имкон намедиҳад, дорои аҳамияти муҳим мебошад. Дар байни зерсоҳаҳои боғдорӣ меваҷоти тухмидор мавқеи асосиро ишғол мекунад, зеро ҳангоми пурра истифода бурдани захираҳои замин он метавонад чунин ҳаҷми маҳсулоти фурӯхташударо таъмин намояд, ки ба ҳаҷми маҷмӯи боғдории субтропикӣ ва донакдор баробар аст. Сарфи назар рушди миқёсан васеи боғдорӣ ангурпарварӣ дорои имкониятҳои бештар мебошад. Агар захираҳои потенсиалии замин дар Тоҷикистон ба 250 ҳазор га, аз ҷумла дар заминҳои лалмии бо бориш таъмингардида ва дар заминҳои обёришаванда 50 ҳазор га. арзёбӣ гардад, пас ин ба гирифтани то 3 миллион тонна меваҷот баробар аст. Бо дарназардошти омилҳои табиӣ ва эҳтиёҷи хоҷагии халқ мувофиқи мақсад аст, ки самти ангурпарварӣ асосан ба парвариши ангури май ва кишмиш равона карда шуда, шароббарорӣ ба истеҳсоли шампон ва винои ноби тамғавӣ (навъи махсус) нигаронида шавад. Имконазир аст, ки дар 20 соли наздик тақрибан 50 ҳазор га токзор, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ то 40 ҳазор га. парвариш гардида, бо дарназардошти ин то соли 2030 900 ҳазор тонна ангур гирифта шавад.

Барои татбиқи чунин барномаи дарозмӯҳлат суръатбахшии бунёди токзор дар ҳамин панҷсолаи наздик ва муайян намудани ҷойгиронии судманди он вобаста ба самти махсусгардонидашуда аҳамияти муҳим дорад. Токзори обёришаванда ҳам дар ҷануб ва ҳам дар шимоли Тоҷикистон дурнамои хуб дошта, дар он бояд бар ивази навъҳои пештараи ангури таъиноти виною техникӣ ва омехта ниҳолҳои ангури таъиноти май ва кишмиш парвариш карда шавад. Дар заминҳои наздикӯҳии минтақаи Кӯлоб, ки майдони асосии токзори лалмӣ муттамарказ гардидаанд, самти афзалиятноки он бояд истеҳсоли шампон ва дигар навъи винои ноби аълосифат бошад.

Батанзимдарории нархҳои бозор айни замон барои истеҳсол ва парвариши навъҳои ангури май, махсусан кишмиш ҳавасмандиро пеш меорад ва он аз нигоҳи иқтисодӣ мутобиқи мақсад будани такя ба парвариши кишмишро дар минтақаҳои обёришаванда ва заминҳои лалмии водии Ҳисор, бо зиёд намудани вазни қиёсии он то 45-50 фоиз дар истеҳсолоти умумӣ муайян менамояд. Бодарназардошти таносуби мавҷудаи самтҳои мухталифи токпарварӣ ҳангоми ҷойгиронии судманди он вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ аз 900 ҳазор тонна ангуре, ки истеҳсоли он то соли 2030 имконпазир аст, метавонад 300 ҳазор тонна ангури май фурӯхта шуда, 250 ҳазор тонна барои коркард ва мавиз истифода бурда шавад, ки аз он 60 ҳазор тонна кишмиш ва мавиз ба даст омада, 350 ҳазор тонна барои вино коркард карда шавад. Бо дарназардошти пурра пӯшонидани эҳтиёҷи дохилиҷумҳуриявӣ ҳаҷми содироти ангур на камтар аз 700 ҳазор тонна (8 маротиба бештар аз сатҳи имрӯза), аз ҷумла дар шакли тару тоза 250 ҳазор тонна ва кишмиш 50 ҳазор тонна хоҳад буд. Рушди дахлдори инфраструктураи ҳифзу нигаҳдошти маҳсулот имкон медиҳад, ки ҳаҷми ба захира гузоштани ангур то ба 70 ҳазор тонна расад. Ҳамзамон ҳангоми таъмини аҳолӣ бо ангур дар фасли зимистон истеҳсолкунандагон фоидаи калони иқтисодӣ ба даст меоранд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи даромаднокии субъектҳои хоҷагидор ва афзоиши баромади маҳсулот аз як воҳиди майдон минбаъд ба парвариши зироатҳои лӯбиёгӣ ба мисли лӯбиё ва соя афзалият дода мешавад. Корҳои асосӣ дар ин самт ба паҳн намудани таҷрибаи дар бахши хусусӣ бадастомада нигаронида хоҳад шуд.

Барои ин дар давраи ибтидоӣ давлат бояд ба фуруш ва содироти он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кунад ва мусоидат намояд. Дар рушди парвариши тухмии зироатҳои кишоварзӣ масъалаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва маркетинг тадриҷан ба бахши хусусӣ интиқол дода мешавад. Вобаста ба ҳамин дар дурнамо вазни қиёсии хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ танҳо дар сатҳи 10-20 фоиз, асосан барои ташкили корҳои ибтидоии селексионию тухмипарварӣ, истеҳсоли тухмӣ дар гармхонаҳо, афзоиши суперэлита ва элита нигоҳ дошта шуда, вобаста ба дигар фаъолият ба хоҷагиҳои тухмипарварии хусусӣ афзалият дода мешавад. Тақозо мегардад, ки маркетинги дахлдори парвариши тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ таъмин гардида, хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба таври мушаххас ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ гузаронида шаванд.

Ҳамзамон давлат бояд системаи сертификатсияро такмил дода, масъулияти лабораторияҳоро барои муайян намудани сифати тухмӣ баланд бардорад. Ҳамчунин, ба бахши хусусӣ ҷиҳати барқарорсозии парвариши тухмии алафҳои бисёрсола кӯмаки техникӣ расонида мешавад.

Дар назар дошта шудааст, ки суръатбахшии корҳо оид ба рушди тухмипарварӣ аз ҳисоби истифодаи таҷриба ва тавсияҳои чунин ташкилотҳои донорӣ ба монанди Бонки умумиҷаҳонӣ, ТАСИС ва СИДА, ки татбиқи лоиҳаҳоро оид ба рушди тухмипарварӣ анҷом медиҳад, амалӣ карда шавад.

Чорводорӣ. Системаи дар солҳои пешин амалкунандаи пешбурди соҳа, ки тамоми ҷараёнҳои технологиро доир ба истеҳсоли шир ва гӯшт дар хоҷагиҳои алоҳидаи пахтапарварӣ пайваст менамуд, сабаби асосии боздоштани суръати аз ҳад сусти махсусгардонии амиқ ва баланд бардоштани сатҳи муттамарказонӣ, гузарондани чорводории ширӣ ба технологияи саноатӣ ба ҳисоб мерафт.

Кӯшишҳои тезондани ин ҷараёнҳо дар асоси кооператсияи байнихоҷагӣ дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои умедбахш надоданд, зеро дар мавриди ташкили муассисаҳои байнихоҷагӣ доир ба парвариши (бурдоқикунии) чорвои калони шохдор, ки дар доираи танги ноҳияи маъмурӣ татбиқ гардонда мешуд, ҳалли қатъии масъалаи бо хӯрокаи истеҳсоли худӣ таъмин намуданро наёфтанд, шакли хӯроктаъминкунӣ аз берун бошад, эътимоднокии худро исбот карда натавонист. Аз ин рӯ, чунин шакли корхонаҳо дар истеҳсоли умумии гӯшт нақше набозиданд ва танҳо ҳаштяк қисми онро бо самаранокии пасти парвариши (бурдоқӣ) чорво ишғол намуданд.

Ҳол он ки амалияи дигар мамлакатҳо самаранокии баланди парвариши (бурдоқӣ) чорворо дар маҷмааи (комплекс)-ҳои бузург бо истифодаи технологияи навтарини индустриалӣ собит сохтааст. Дар Тоҷикистони ҷанубӣ ба миён омадани ин гуна шаклҳои ташкили истеҳсолот ба пуррагӣ дуруст будани чунин самти муттамарказонидани парвариши (бурдоқӣ) чорвои калони шохдорро дар ҷумҳурии мо низ тасдиқ намуд. Маҷмааи аз соли 1976 дар водии Ҳисор фаъолияткунандаи "Тоҷикистон" бо иқтидори 4 ҳазор тонна истеҳсоли гӯшти гов дар мӯхлати кӯтоҳ ба нишондодҳои баланди техникию иқгисодӣ ноил гардид, ки натиҷаҳои Маҷмааи мазкур нисбат ба нишондиҳандаҳои фермаҳои колхозӣ ва совхозҳо 2-3 маротиба баландтар буд (хароҷоти хӯрока барои 1 кг вазнафзункунӣ бо миқдори 7,5 воҳиди хӯрока, бо вазнафзункунии шабонарӯзии 750 г ва даромаднокии33 фоиз).

Ҳамаи ин аз хусуси мақсаднокии пурра, дар масъалаи муваффақ шудан ба амнияти озуқаворӣ ва ногузирии объективии интихоби модели пешниҳодшавандаи ташаккул додани сохтори оқилонаи чорводории ҷумхуриявӣ, ки бояд ҷараёни ба тарзи интенсивнокӣ тағйир додани чорводории ҷумҳуриявиро ба соҳаи маҷмааи агросаноатии мутараққӣ дунболгирӣ кунад ва он имконияту захираҳои калони рушдро бо шарофати ба таври васеъ гузаштани ҳамаи сохторҳои истеҳсоливу технологиро ба асосҳои саноатӣ дорад, далолат мекунад. Манбаи онҳо чорводории ширӣ ба ҳисоб меравад, ки ба соҳаҳои асосии зироаткорӣ - пахтапарварӣ, сабзавоткорӣ ва дигар хоҷагиҳои манотиқи водӣ дар заминаи киштгардони майдонҳои хӯроки чорво, инчунин қисми муайяни хоҷагиҳои манотиқи наздикӯҳию кӯҳӣ, ки барои истеҳсоли шир махсус гардонида шудаанд, робитаи бевосита дорад.

Аз назар гузаронидани системаи пешниҳодшавандаи махсусгардонии амиқи соҳа дар чорводории ширӣ ҳатто ба тарзи сатҳӣ дар хусуси таъсири зиёд доштани корхонаҳои нави истеҳсолию технологӣ, бобати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, ки бо хеле кам кардани вазни қиёсии хӯроки чорво робита дорад, шаҳодат медиҳад.

Вай бо он зоҳир гаштааст, ки дар шароитҳои парвариши (бурдоқикунонии) махсусгардонидашудаи чорвои калони шохдор хароҷоти хӯрока барои 1 сентнер вазнафзункунӣ 11с.воҳиди хӯрокаро ташкил намудааст, ҳол он ки дар фермаҳои дигар корхонаҳои кишоварзӣ ин рақам ба 18,1 с.воҳиди хӯрока мерасад, яъне 1,6 маротиба афзудааст.

Аз гуфтаҳои болоӣ ба таври қатъӣ чунин хулоса бароварда мешавад, ки системаи ба миёномадаи парвариши чорводории ширӣ, ки бештар ба имкониятҳои фермаҳои чорводорӣ ва тамоми қисматҳои пайвастшавандаи ташкилӣ ва технологии истеҳсоли ширу гӯшт такя мекунад, ин зерсоҳаи чорводориро ба карахтии шадид мувоҷеҳ месозад, ки таҳлили тамоили муосири он исботи боварибахши ин гуфтаҳост. Роҳи ягонаи баромадан аз вазъияти бамиёномада танҳо дар қатъӣ гузаштан ба ташкили истеҳсолоти шахсӣ, ки худро дар тамоми олам ба исбот расондааст, дида мешавад. Аз ҷониби мо пешниҳод мегардад, ки аз нав шабакаи корхонаҳои гӯсолапарварӣ бештар дар пойгоҳи фермаҳои хоҷагиҳои пахтакорӣ, ки дорои сатҳи баланди корҳои зотпарварию зоотехникӣ мебошанд, ташкил карда шавад. Ташкили чунин 11 фермаи гӯсолапарварӣ барои таъмин намудани хоҷагиҳо бо ғуноҷинҳои сермаҳсул дар минтақаҳои хизматрасонии 2-3 ноҳияҳои маъмурӣ дар сатҳи 20 фоиз саҳат (брак) намудани говҳо, мусоидат менамояд.

Ташкили шабакаҳои ғайридавлатии маҷмааи парваришкунии (бурдоқӣ) байниноҳиявӣ бо иқтидори на камтар аз 4 ҳазор тонна истеҳсоли гӯшти гов, интихоб ва ташкили фермаҳои калони гӯсолапарварӣ дар хоҷагиҳои пахтакорӣ, ки барои самарабахш муттамарказонидани истеҳсолот ва сатҳи баланди корҳои зоотехникӣ ва ветеринарӣ шароитҳои беҳтаринро доранд, метавонанд ҳам қисми зиёди ҷавонаҳои парваришшаванда ва таъмириро ба асоси саноатӣ гузаронанд, ҳам барои махсусгардонии истеҳсоли шир, тақвият бахшидани омилҳои интенсивию экстенсивии рушди онро таъмин намоянд.

Андозаҳои таҳияшудаи рушди чорводории ширӣ барои дурнамои миёна, дарозмӯҳлат ва дур ба захираҳои воқеӣ такя мекунад. Ҳисоби иқтидори хӯрокӣ дар мавриди маҳсулнокии мӯътадили заминҳои кишоварзӣ (11,3 т. воҳиди хӯрока аз як га замини обёришаванда дар водӣ, 4,7т. аз заминҳои обёришавандаи кӯҳӣ ва 1,7 тонна аз 1 га майдони киштзори лалмӣ) талаботи чорводориро дар мавриди хароҷоти нисбатан баланди қиёсии онҳо нисбат ба 1 сентнер маҳсулот дар муқоиса бо меъёрҳои зоотехникӣ (барои шир -1,8с - воҳиди хӯрокӣ дар мавриди меъёр 1,2с будан ва барои вазнафзункунӣ- 12 с. воҳиди хӯрокӣ дар мавриди 8 с будани меъёр) пурра мепӯшонад.

Сатҳи маҳсулнокии зироатҳои хӯроки чорво ва хароҷоти хӯрокӣ, ки дар таҳлилу коркардҳо қабул гардида, вобаста ба шароитҳои воқеии хоҷагидорӣ такя намуда, ба миён омадани душвориҳоро дар ҷараёни ташкили бозсозии чорводориро ба инобат мегирад. Аз ин чунин бармеояд, ки дар мавриди шароитҳои мӯътадили истеҳсолот, нисбатан самарабахш истифода бурдани заминҳои табиӣ ва технологияи пешқадам, ба суръати нисбатан баландтари тараққиёти соҳа умед бастан мумкин аст. Манбаъҳои табиату иқлимӣ чорводории самташ шириро дар чорводории ҷумҳуриявӣ ба мадди аввал бароварда, нақши тараққӣ додани истеҳсоли зерсоҳаи гӯштии онро низ муайян менамоянд.

Агарчи ноҳияи нисбатан хоси ҷойгир сохтани чорводории гӯштӣ дар мавзеъҳои наздикӯҳии минтақаи Кӯлоб маҳдуд карда шудааст, он бо ҳавзаҳои дигари на чандон калони чорводории зоти гӯштӣ қобилият дорад, ки то чор ҳиссаи истеҳсоли гӯшти говро диҳад. Дар айни замон зерсоҳа танҳо тараққиёти ибтидоии ояндаи васеъмиқёси худро, ки бояд ба ҷудо намудани минтақаи махсусгадондашудаи чорводории гӯштии калон оварда расонад ва ин соҳаи асосӣ гардад ҳам, дар хоҷагиҳои махсусгардониашон дигар, ки бояд соҳаи муайянкунанда шавад, аз сар мегузаронад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ манбаи ташкили чорводории гушти дар минтақаи Ғарм, водии Зарафшон ва Помир дар назар аст.

Мавҷудияти зиёда аз 100 ҳазор га заминҳои лалмии бо боришот таъмин дар мавзеъҳои наздикӯҳии Кӯлоб, ки барои ниҳолҳои бисёрсола мувофиқ мебошанд, якҷоя пеш бурдани чорводории гӯштиро бо токпарварӣ ва дар заминҳои обёришаванда бо меваҳои донакдор, имконпазир мегардонад. Ба ғайр аз ин, ҳавзаҳои чорводории гӯштӣ барои тухмипарварии юнучқа ва занбӯриасалпарварӣ шароитҳои мусоид доранд; мавҷудияти ҳудудҳои калони хоҷагии ҷангал бошад, барои парвариши растаниҳои ҷинси чормағзиҳо ва субтропикӣ, захира намудани растаниҳои доруворӣ ва дигар маҳсулоти набототи ёбоӣ манбаъҳои зиёд дорад. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки ташкили самарабахши ҳудудии минтақаҳои чорводории гӯштӣ бояд ба истифодаи комплексии тамоми захираҳои заминӣ такя кунад. Ин такмил додани шакли идоракуниро тақозо намуда, зидди ҳам гузоштани манфиатҳои соҳавиро аз байн мебарад.

Гӯсфандпарварӣ. Тарзи парвариши айлоқии гӯсфавдон бо хӯроктаъминкунии анъанавӣ, ки бо истифодаи чарогоҳҳо дар давоми тамоми сол асос ёфтааст, то вақтҳои охир бетағйир мондааст ва то ҳоло шакли бартариятноки ташкили гӯсфандпарварӣ дар бештари хоҷагиҳо боқӣ мондааст. Чунин системаи экстенсивии гӯсфандпарварӣ аз шароитҳои иқлимӣ пурра вобаста буда, дар солҳои бехӯрока боиси талафёбии саршумори зиёди чорво, аз даст рафтани миқдори зарурии маҳсулот мегардад.

Ба дараҷаи муайян ин дар гузашта бо нигоҳ доштани қиссаи бештари гӯсфандпарварӣ дар хоҷагиҳои пахтакорӣ ва дигар хоҷагиҳо, ки захираҳои заминиашон бо он махсус гардонида нашуда буд, алоқамандӣ дорад.

Ба чунин хусусияти аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок нагаштани рушди соҳа системаи тақсимоти ҳудудии аз хоҷагиҳо кандашудаи чарогоҳҳо низ тобеъ карда шуда, ба истифодаи самарабахши онҳо касе масъулият надошт ва дар бобати беҳтар намудани он низ кӯшиш ба харҷ намедод. Дар чунин шароитҳо чарогоҳ танҳо ҳамчун захираи хӯрокии табиӣ ба назар гарифта мешуд, ки дар чорводорию гӯсфандпарварӣ бехароҷот барои барқарорёбии он истифода мешуд.

Гузашта аз ин, истифодаи интенсивии чарогоҳ бо нигоҳубини ғайрисистеманоки ба тезӣ афзоишёбандаи чорводории хоҷагиҳои фардӣ ба он зам мегашт. Вазъияти баамаломада боиси зуҳурёбии системаи ғайриназоратии чаронидани чорво, пурғунҷоишии чарогоҳ гардида, ба инкишоф ёфтани ҷараёнҳои эрозиявӣ, вайрон гаштани мувозинати иқтисодӣ дар такрористеҳсолёбии қабати растанидор ва фарсудашавии чарогоҳҳо мусоидат намуд. Дар ду даҳсолаи охир маҳсулнокии чарогоҳҳои зимистона ба қадри сеяк ҳисса кам гардид.

Аз ҳамин сабаб, тадбири бетаъхир ва қатъии бартараф намудани рукуди бақайдгирифта дар гӯсфандпарварии ҷумҳурӣ ва гузоштани замина барои суръат бахшидани ба тараққиёти он, ҳамаҷониба мустаҳкам намудани заминаи хурокии он дар асоси киштзорҳои обёришаванда ва лалмӣ барои ташкили истеҳсоли хӯроки чорво ва ба вуҷуд овардани захираи кафолатноки хӯрока дар маҳалҳои зимистонгузаронии гӯсфандон ба ҳисоб меравад. Такмил додани тақсимоти захираҳои хӯрокии чорводорӣ аз самарабахшии иқтисодии зиёд дарак медиҳад. Агар аз соҳаи чорвои ширӣ 10 ҳазор га киштзори обёришаванда ва 55 ҳазор га киштзори лалмӣ гирифта шавад, захираҳои хӯрокии он тахминан ба миқдори 220 ҳаз. воҳиди хӯрока кам мегардад, ки ин ба нагирифтани 16-18 ҳазор тонн гӯшти гов баробар аст; дар сурати ба соҳаи гӯсфандпарварӣ гузаронидани заминҳо, ин захираҳо дучанд мегарданд ва имконияти ба таври илова гирифтани қариб 15 ҳазор тонна гӯшти гӯсфанд, то 2 ҳазор тонна пашм ва зиёда аз 50 ҳазор дона пӯсти қароқӯлӣ фароҳам меояд.

Моҳияти ин амал дар он аст, ки мустаҳкам намудани заминаи хӯроктаъминсозии зимистона, гузариш ба нигоҳубини оғилхонагӣ ва тӯлгирии барвақтӣ, якбора зиёд намудани саршумори мешҳо барои баланд бардоштани коэффисиенти истифодабарии иқтидори чарогоҳҳои тобистона замина фароҳам оварда, тибқи ҳисобҳо барои ба таври илова гирифтани зиёда аз 200 ҳазор тонна хӯрокаи арзони чарогоҳӣ имконият медиҳад.

Бо афзоиш ёфтани саршумори гӯсфандон ва беҳтар гардондани таркиби зотӣ, соҳаи мазкур ботадриҷ бояд дар фаъолияти гӯсфандпарварони Тоҷикистон асосӣ гардад. Дар мавриди муносибати тиҷоратӣ, бо назардошти авзои воқеии бозор минбаъд низ тараққӣ додани самти истеҳсоли пашм дар гӯсфандпарварӣ имкон дорад. Фермаҳои амалкунанда доир ба парвариши зотҳои гӯсфандони ҳисорӣ ва тоҷикӣ ба заводҳои зотпарварӣ мубаддал хоҳанд гашт, ки ин воридот намудани ҳайвонҳои зотиро истисно намуда, фермерони гӯсфандпарварро дар самти рушди тиҷорат доир ба истеҳсоли пашм чӣ барои содирот ва чӣ барои истеъмоли дохила ҳавасманд месозад.

Дар баробари гӯсфандпарварӣ айни замон бо кӯмаки созмонҳои байналмилалии донорӣ соҳаи бузпарварӣ низ инкишоф хоҳад ёфт. Парвариши бузҳои серпашми тоҷикӣ минбаъд дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Суғд ва вилояти Хатлон инкишоф меёбад.

Асппарварӣ дар ҷумҳурӣ соҳаи анъанавии чорводорӣ мебошад. Дар дурнамо ҳамзамон бо асппарварии маҳсулотӣ, инчунин асппарварии зотӣ, варзишӣ ва истифодаи маъмулӣ (корӣ) рушд хоҳад ёфт. Бо ин мақсад ҷалби инвесторҳо ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парвариши аспҳои асилзот ва хушзот бо пешниҳоди минбаъдаи онҳо ба бозорҳои байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Барои афзоиши истеҳсоли гӯшт ва истифодаи чарогоҳҳои баландкӯҳ рушди қӯтоспарварӣ нақши хеле муҳим дорад. Барномаи рушди ин соҳаи чорводорӣ талаботи рӯзафзунро ба маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза ба инобат хоҳад гирифт. Давлат бояд ба хоҷагиҳои шахсии деҳқонӣ (фермерӣ) дар парвариши қутос ҳамаҷониба ёрӣ расонида, афзалияти ин самти чорводориро эътироф намояд.

Вобаста ба сиёсати дурусти хусусигардонӣ дар дурнамо паррандапарварӣ низ ба таври назаррас инкишоф хоҳад ёфт ва он бояд дар асоси саноат заминагузорӣ шавад. Бо ин мақсад азнавтаҷҳизонии техникӣ ва тармиму навсозии фабрикаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷалби инвесторҳо ва якҷоя бо онҳо ташкил додани корхонаи муштараки истеҳсоли тухм ва гӯшти парранда идома хоҳад ёфт, ки имкон медиҳад эҳтиёҷи воридот камтар гардад.

Моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ низ мутаносибан инкишоф хоҳанд ёфт. Таҳкими минбаъдаи ин соҳаҳо аз ҳисоби беҳбудии ташкили воҳидҳои сохторӣ дар асоси шакли хусусӣ, ассотсиатсияҳои таъсисёбанда, ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии онҳо ва аз ҳисоби маблағгузорӣ сурат мегирад.

Барои беҳтаргардонии корҳои зотпарварӣ дар назар дошта шудааст, ки заводҳои давлатии зотпарварӣ қисман ба хоҷагиҳои хусусии фермерии зотпарварӣ, корхонаҳои давлатии зотпарварӣ ба ширкатҳои шахсӣ оид ба бордоркунии сунъии ҳайвонот ва стансияҳои корҳои зотпарварӣ табдил дода шаванд. Ҳамзамон бояд баҳисобгирии ҳайвоноти кишоварзӣ, ки дорои арзиши зотӣ мебошанд, сарфи назар аз шакли моликият, танзим гардида, корҳои селексионӣ ва зотпарварӣ дар асоси шакли хусусӣ, тавассути ассотсиатсия ва кооперативҳои чорводорони хусусӣ ва фермерҳо инкишоф дода шаванд.

Дар дурнамои наздик бояд ҷиҳати таҳияи барнома оид ба офаридани зотҳои чорвои сергӯшт ва сершир тадбирҳои амалӣ андешида шаванд, ки боиси беҳтар гардидани сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокии чорво мегарданд.

Саноати коркард. Саноати коркард соҳаи аз нигоҳи стратегӣ муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон буда, бояд дар рушди тамоми иқтисодиёти кишвар нақши муҳимро ба ҷо орад. То соли 2015 соҳаи мазкур бояд муҳаррики рушди тамоми бахши аграрии иқтисодиёт гардад. Аз сабаби заифии соҳа айни замон ҳамагӣ 10 фоизи маҳсулоти кишоварзии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда коркард мегардад.

Дар дурнамои наздик бояд ба корхонаҳои коркард ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба кредит бо ставкаҳои қобили қабул барои маблағгузории азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳо ва аз нав самтбахшии онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир на танҳо дар бозори ватанӣ, балки дар бозори хориҷӣ шароити дахлдор фароҳам оварда шавад. Минбаъд кредит асосан ба корхонаҳои хурд ва миёнаи шахсӣ ё корхонаҳои кооперативӣ, ки ба коркарди маҳсулот барои содирот ё барои мақсадҳои истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи содирот нигаронида шудаанд, дода мешавад. Эҳтимол меравад, ки инвеститсия асосан қатъан мутобиқи бизнес-нақша равона карда мешавад.

Барои ташкили бизнеси даромаднок дар соҳаи мазкур ва идоракунии оқилона инчунин ташкили таълими менеҷерҳои истеҳсолот зарур мебошад.

Бо дарназардошти таҳлили иқтисодии бахши мазкур корхонаҳои коркарди пахта, картошка, помидор, меваҷот, зироатҳои равғанӣ, гӯшт, лӯбиё ва маҳсулоти онҳо дар бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дорои афзалият ва рақобатпазир мебошанд, аз содирот даромад гирифта метавонанд.

Ҳамчунин зарур аст, ки бо мақсади таъмини корхонаҳои коркард ва молистеъмолкунандагони деҳот бо иттилоот амалияи тадқиқотӣ дар бораи бозорҳо, ассортименти молӣ ва нарх ба роҳ монда шавад.

Қисми зиёди маҳсулоти коркардшуда ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содир карда мешаванд. Барои ин ба мақомоти соҳаи кишоварзӣ зарур аст, ки оид ба рафъи монеаҳои мавҷуда дар пешниҳоди мол ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

8. Ташаккули бозори аграрӣ. Ҳангоми таъсиси бозорҳои аграрӣ бояд мушаххасоти ҳар як минтақа ба инобат гирифта шавад. Ҳангоми истиқрори бозори минтақавии аграрӣ бояд ба самтҳои зайл таваҷҷӯҳ зоҳир гардад:

- таъсиси инфраструктураи бозор, ки ба шароитҳои мушаххас ва хусусиятҳои минтақа мувофиқ аст;

- такмили механизми иқтисодии бозор, бо дарназардошти шароитҳои мушаххаси минтақа, аз ҷумла тақвияти нақши танзимкунандаи давлат дар ташаккул ва фаъолияти он;

- баланд бардоштани нақши молистеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзии ҳама гуна шакли моликият ва тарзи хоҷагидорӣ дар бозор;

- рушди системаи маркетинг, ки муҳимтарин танзимкунандаи истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот ба ҳисоб меравад.

Инкишофи бозор таъсиси ситемаи таъминоти иттилоотиро тақозо менамояд. Мубодилаи иттилоот байни иштирокчиёни бозор дар давраҳои раванди трансформатсионӣ бо он мушкил мегардад, ки корхонаҳо кӯшиш менамоянд аксари маълумот дар бораи фаъолияти истеҳсолию хоҷагидориро ба гурӯҳи сирри тиҷоратӣ ворид кунанд, ки ин ҳаҷми зиёди иттилоотро ҷиҳати мониторинги фаъолияти корхона берун аз корхона дастнорас мегардонад.

Чунин вазъ таъсиси шабакаҳои иттилоотиро тақозо менамояд, ки ба субъектҳои мухталифи иқтисодӣ имкон медиҳад бидуни поймол кардани ҳуқуқи корхона барои хифзи сирри тиҷоратӣ табодули иттилоотро анҷом диҳанд.

Бозори озуқаворӣ дар бозори аграрӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд. Хусусияти бисёрсоҳавӣ, гуногунии навъҳои маъмули маҳсулоти молии соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ КАС сохтори дахлдори бозори аграрию озуқавориро муайян менамояд.

Бозори аграрӣ дорои се бахш мебошад: бозори маҳсулоти кишоварзӣ, бозори ашёи хоми кишоварзӣ ва бозори озуқаворӣ. Ҳар кадом бозор дорои таркиби муайяни контрагентҳо, мушаххасоти худ, технология, нақшаи пешниҳоди мол ва инфраструктура мебошад. Онҳо ба ҳам алоқаманд мебошанд. Махсусан манфиатҳои иштирокчиёни бозори ашёи хоми кишоварзӣ ва бозори озуқа ба ҳам алоқаи зич доранд.

Мушаххасоти минтақавии рушди муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ хусусиятҳои фарқкунандаи ташаккули бозори аграриро муайян менамояд. Пеш аз ҳама, чунин мушаххасот аз хусусияти минтақавии истеҳсолот, фурӯш ва истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ иборат аст.

Функсияҳои асосии бозори аграрии минтақавӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини аҳолии минтақа бо озуқавории хушсифат;

- таъмини корхонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хоми кишоварзӣ;

- таъмини корхонаи аграрӣ бо воситаҳои истеҳсолот, захираҳои меҳнатӣ ва молиявӣ, хизматрасониҳои мухталиф;

- ҳавасмандгардонии самарабахши раванди такрористеҳсолӣ бо роҳи азнавтақсимкунии захираҳои асосии истеҳсолӣ ба молистеҳсолкунандагони беҳтарин;

- таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолии деҳот;

- афзоиши ҳаҷми минтақавии истеҳсоли маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории минтақавӣ ва ғайра.

Айни замон инкишофи бозорҳои минтақавии аграрӣ нокифоя ба мушоҳида мерасад. Онҳо танҳо нав ташаккул меёбанд. Мавҷуд набудани таъминоти қонунгузорӣ, сафарбарии пасти аҳолии деҳот вобаста ба даромади паст рушди унсурҳои зикргардидаи бозори минтақавии аграриро бозмедорад.

Муқаррароти консептуалии ташаккул ва рушди бозори аграриро метавон чунин арзёбӣ кард:

а) механизми умумии бозорӣ дар соҳаи бозори хӯрокворӣ ба таври махсус таъсири худро мерасонад. Маҳсулоти таҳти аграрӣ пешниҳодкарда низ бо ҳамин пастсифатӣ фарқ мекунад, истеҳсоли бисёр намудҳои маҳсулоти хом барои хӯрокворӣ ба мӯҳлати зиёд пӯл мекашад ва аз вазъи савдо комилан вобаста мебошад, дар нархгузории соҳаи мазкур истеҳсолоти моддӣ монополизми истеҳсолкунандагон ва нобаробарии нархҳо таъсири калон мерасонад, ҳоло соҳибкории фаъоли кадрҳои комплекси хӯрокворӣ назаррас намебошад. Ин гӯфта далели он мебошад, ки дар бозорҳои хӯрокворӣ то ҳол сатҳи самаранокии механизмҳои бозорӣ(саҳмияҳо, вомбаргҳо, векселҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок, ипотека, шартномаҳои фючерӣ, лизинги мошину таҷҳизот ва дигар роҳҳои ҳалли масъалаҳои қарздиҳӣ ва ғайра) истифода бурда намешаванд;

б) муқаррароти консептуалии рушди заминаи ашёии хоми бозори озуқавории ҷумҳурӣ ба таҷдиди назари муносибатҳои мутақобилаи байни шарикони КАС, таъсиси инфраструктураи пуриқтидори бозори озуқаворӣ, таъмини ҳалли судманди масъалаҳо: маблағгузорӣ ва кредитонӣ; ба деҳот фароҳам овардани техника ва захираҳо; расонидани маҳсулот аз майдон то мағоза ва ғайра бунёд ёфтааст;

в) асоси инфраструктураи бозори озуқавории ҷумҳуриро бояд ғояи таъсиси бозори пуриқтидори фурӯши яклухти озуқаворӣ ташкил диҳад. Ҳамзамон бозори фурӯши яклухти озуқаворӣ дар шакли гурӯҳи калони минтақавии саноатию молиявӣ дар назар дошта шудааст. Асоси гурӯҳи саноатию молиявии бозори яклухти озуқавориро корхонаҳои истеҳсолӣ, нақлиётӣ, сервис, корхонаҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ, инчунин муассисаҳои бузурги молиявӣ (бонкҳо, ширкат ва фондҳои инвеститсионӣ) ташкил медиҳанд. Гурӯҳи саноатию молиявии бозори яклухти озуқаворӣ ҳамчун сохтор пеш аз ҳама барои иҷрои амалиёти хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар маҳалҳои муайян тибқи қоидаҳои муқарраргардида, инчунин барои то ҳаддиимкон таъмини истеҳсолот ва пешниҳоди молҳои истеъмолӣ аз маҳали истеҳсоли онҳо то маҳали истеъмол иборат мебошад. Таъсиси гурӯҳи саноатию молиявии бозори яклухти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки на танҳо барои муносибатҳои судманд байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони озуқаворӣ шароит фароҳам гардад, инчунин ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами истеҳсол ва фурӯш заминаи устувор гузошта шавад;

г) барои ташаккули бозори яклухти озуқаворӣ дар КАС-и мамлакат бояд механизми ташкилию иқтисодии муосир созмон дода шавад, ки барои он сатҳи баланди худтанзимкунӣ дар асоси принсипҳои бозаргонӣ ва сатҳи пасти таъсири давлат хос мебошад.

д) мураккабии таъсиси бозори озуқаворӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар мамлакатҳо бешубҳа, ба сатҳи нокифояи рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, ташкилию техникии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он, махсусан деҳот (ҳудудҳои кӯҳӣ ва водиҳо) алоқаманд мебошад. Манфиати ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он воқеан таъсис додани иқтисоди аграрии рақобатпазир, бисёрфунксия ва серсоҳаи шакли бозаргониро тақозо менамояд.

е) барои ҳалли масъалаҳои ташаккули бозори озуқавории ҷумҳурӣ ва рушди иқтисоди деҳот шароити демографӣ ва пеш аз ҳама камшавии теъдоди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол таъсир мерасонад. Вақтҳои охир раванди "пиршавӣ"-и деҳаҳо, яъне афзоиши раванди муҳоҷирати шаҳрвандони синну соли 20-35 ба мушоҳида мерасад. Ба ғайр аз ин, тағйири самти арзишнокии аҳолии деҳот ва дар навбати аввал ҷавонон ба вуҷуд омада истодааст ва онҳо пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва намудҳои дигари тиҷорати деҳотро омили муҳими "муайянкунанда"-и ҳаёти деҳот намеҳисобанд.

ж) дар Тоҷикистон заминаи қонунгузории таъсис ва фаъолияти бозори озуқаворӣ дар давраи ташаккул қарор дорад. Он бо набудани стратегияи умумии ташаккул, номукаммалӣ ва бенизомии қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, парешонии онҳо байни вазоратҳои алоҳида тавсиф меёбад.

Барои амалӣ сохтани муносибати комплексӣ ҷиҳати ташаккули бозори озуқавории мамлакат бояд аз сиёсати баёни нопурраи қонунгузорӣ оид ба ин масъала даст кашид ва маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ҳам алоқаманди дорои эътибори ҳуқуқии гуногунро ташаккул ва қабул намуд, ки ба имкониятҳои муваққатии дурнамо ва танзими давлатии комплекси озуқавории мамлакат нигаронида шудааст.

9. Таъмини амнияти захираҳо ва маҳсулот

Ҳифзи хок ва растанӣ. Барои пешгирии ҳолати бадшавии ҳосилнокии замин бояд стратегияи дурусти барқарорсозӣ ва нигоҳ доштани ҳосилнокии хок, аз ҷумла истифодаи дурусти нуриҳои химиявӣ ва органикӣ таҳия гардад. Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки овардани нуриҳо, истеҳсол ва маркетинги онҳо бояд ба зиммаи бахши хусусӣ гузошта шавад. Бо дарназардошти зарари зиёди моддаҳои химиявӣ ба саломатии инсон ва муҳити зист, истеҳсол, содирот, маркетинг ва истифодаи онҳо бояд қатъиян таҳти назорат қарор дода шавад. Аз ин рӯ, бояд ба чорабиниҳои комплексии мубориза бо зараррасонҳои растанӣ ва алафи бегона таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд ва он бояд ҳангоми гузаронидани санҷиши таҷрибавӣ дар хоҷагиҳо, намоиши технологияҳо ва омӯзиши фермерҳо қисми стратегияи ҳифзи растанӣ бошад.

Аҳамияти рушди чорвопарвариро барои бахши аграрии иқтисодиёт ба инобат гирифта, такмил додани сохти идоракунии захираҳои чарогоҳҳо зарур аст. Беҳбуди ҳолати чарогоҳ ва истифодаи он аз ҳисоби тадриҷан ба технологияи нави парвариш гузаронидани чорводории хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад. Барои ин мақсад давлат бояд дар 2 ё 3 вилоят ба маблағгузории лоиҳавии молиявии сохтмони якчанд чарогоҳи зироатӣ шурӯъ намояд, то ки то соли 2015 чунин чарогоҳҳо тавонанд дар ҳар як ноҳия амал кунанд.

Ҳифзи захираҳои об. Рушди устувори истеҳсолоти кишоварзӣ бештар ба сатҳи дахлдори рушди хоҷагии об вобаста мебошад. Барои ин амалӣ сохтани маҷмӯи чораҳои зерин оид ба ислоҳот ва рушди муносибатҳои обӣ дар пеш аст:

а) Таъсиси заминаи ҳуқуқӣ ва меъёрии ҳавасмандкунандаи рушди соҳа. Барои ин қабули Кодекси обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шартҳои муқаррар намудан ва ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои обӣ ва захираҳои обӣ", "Дар бораи муқаррар намудани тарифҳо барои хизмати обрасонӣ", ҷиҳати татбиқи онҳо - санадҳои зерқонунӣ ва дигар санадҳои меъёрии дахлдор зарур аст.

б) ислоҳоти институтсионалии муносибатҳои обӣ бояд идоракунии ғайримарказониро бо додани функсияҳои хоҷагӣ ба зинаҳои сатҳи ҳавзавӣ, ҳудудӣ, маҳаллӣ ва бахши хусусӣ, аз нав ба танзим даровардани иқтисодиёт дар асоси ақидаи "бозор - то ҳадди имконпазир, давлат-то ҳадде, ки зарур аст", пешбинӣ намояд.

Барои татбиқи ин ақида ҷорӣ кардани идоракунии кооперативии системаҳои ҳоҷагии об тақозо мегардад, ки ба муттаҳидсозии (ассотсиатсияи) субъектҳои мустақили истифодабарандагони об асос меёбад. Аксари фондҳои асосии инфраструктураи хоҷагии об (ба истиснои иншооти таъиноти стратегӣ) бояд бо роҳи хусусигардонӣ ба моликияти шахсӣ ва идоракунии истифодабарандагони бахши ғайридавлатӣ дода шавад. Давлат ташаккули сохтори инкишофёфтаи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро чӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва чӣ дар сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ ҳавасманд мегардонад.

в) барқарорсозии системаҳои обёрӣ, навсозии фондҳои истеҳсолии хоҷагиҳои об чораҳои афзалиятнок хоҳад буд, ки зарур аст, аз ҳисоби лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ ва кредитҳо амалӣ гардад. Ин имкон медиҳад, ки ҳамаи заминҳои обёришаванда кафолатнок бо об таъмин гардида, сатҳи обтаъминкунии миқдори зиёди заминҳо боз ҳам баланд бардошта шавад.

г) бояд ислоҳоти механизми иқтисодии муносибатҳои обӣ дар самти рушди принсипи пулакӣ будани истифодаи об дар асоси танзими фасеҳи тарифҳо анҷом дода шавад. Давра ба давра бояд бахши давлатии ёрии моддии буҷетиро (ба истиснои объектҳои стратегӣ) камтар карда, бахши ғайридавлатии маблағгузории истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии системаҳои обёрикунӣ ва мелиоративӣ зиёд карда шавад.

д) дар доираи истифодаи оқилона ва ҳифзи об-захираи асосии табиии стратегии мамлакат ва Осиёи Марказӣ, дар қарни 21 ва минбаъд бояд принсипҳои захираҳои об, сиклҳои мудаввари сарбастаи обистифодабарӣ бо тоза кардани обиҳои ифлос ва коллекторию дринажӣ ҷорӣ карда шавад. Ҳамзамон барқарорсозии партовгоҳҳои моддаҳои радиатсионӣ, хоктӯдаҳо, бартараф кардани ифлосшавии об бо пасмондаҳои корхонаҳои чорводорӣ ва коркард, маҳалҳои аҳолинишин низ анҷом дода мешавад.

е) дар сиёсати берунаи обӣ кишвар бояд механизми тақсимоти байнидавлатии обро дар асоси хиссаҷудокунии истифодаи об ба воқеияти бозаргонӣ мутобиқ гардонад ва принсипҳои ҷуброни хароҷот ва зиёни ба Тоҷикистон расонидашударо вобаста ба иҷрои хизматрасониҳои хоҷагии об ба манфиати давлатҳои ҳамсарҳад ҷорӣ намояд.

Ҳифзи ҳайвонот. Фаъол гардонидани чораҳои пешгирикунандаи ҳифзи ҳайвонот ва паррандагон аз чунин касалиҳо, ба монанди сил бруселлёз, сухтанӣ ва дигар касалиҳои сироятӣ зарур аст. Аз ин ру, ба беҳбуди ҳамоҳангсозии кори вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ оид ба пешгирии касалиҳои ҳайвонот, ки ба инсон мегузарад, аҳамияти бештар дода шавад. Барои ин таҳияи барномаи аз байн бурдани касалиҳои эпизоотии ҳайвоноти кишоварзӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ҳарчанд, хизматрасонии байториро бояд клиникаҳои хусусии байторӣ таъмин намоянд, барои иштироки давлат дар назорати паҳншавии касалиҳои асосии ҳайвонот, ташхиси байторӣ, инспексияи сифати маҳсулот, танзими фаъолияти клиникаҳои байтории хусусӣ, тадқиқотҳо, таҳсилот, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо эҳтиёҷ мавҷуд аст. Барои байторҳо бояд кредит ва барномаҳои байналмилалии донорӣ оид ба хариди таҷҳизоти зарурӣ ва гузаронидани тренингҳои дахлдор дастрас бошанд, ки метавонанд ба истифодаи устувори амалии дониш ва малакаҳои ҳосилгардида мусоидат намояд.

Назорати сифати маҳсулот. Системаи таъмини сифати маҳсулоти бояд аз ду блок иборат бошад: блоки таъмини сифати маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи истеҳсоли онҳо ва блоки давлатии назорат ва амнияти озуқаворӣ дар бозор.

Асоси блоки якумро метавонад муносибат ба идентификатсия (ҳамшабеҳсозӣ), баҳо додан ва идоракунии амнияти озуқаворӣ ташкил диҳад. Ин муносибат ба ҳафт принсип асос меёбад: гузаронидани таҳлили хавфнокӣ, муайян сохтани нуқтаи мушкили идоракунӣ, муқаррар сохтани маҳдудиятҳои бӯҳронӣ, расмиёти мониторинг, таъсири тасҳеҳотӣ, расмиёти таъсир, бақайдгирҳ ва ҳуҷҷаткунонӣ.

Моҳияти ин муносибат аз он иборат аст, ки на худи маҳсулот, балки ҳуҷҷатҳои вобаста ба он назорат карда мешавад.

Барои баланд бардоштани самарабахшии функсияи назоратии ин мақомот зарур аст:

таъсиси системаи ягонаи давлатии назорати сифат ва амнияти ашёи хоми озуқаворӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, муқаррар сохтани меъёр, ки номгӯи асосҳоро барои қабули қарор дар бораи гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти назорати давлатиро дар бар мегирад;

аз нав баррасӣ намудани тартиби судии муқаррар кардани ҷарима барои ҳуқӯқвайронкуниҳое, ки аз тарафи мақомоти назаратӣ ошкор гардидаанд ва дар як вақт зиёд намудани ҳаҷми он;

бо тарақи қонунгузорӣ ҳал намудани масъалаи механизми аз муомилат гирифтани маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯй намубошад.

10. Фурӯш дар дохили кишвар ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Проблемаи таъмини аҳолии шаҳр бо озуқаворӣ, инчунин фурӯши маҳсулоти молистеҳсолкунандагони ватаниро дар шароити нав асосан бозори яклухти озуқаворӣ ҳал мекунад.

Бо ин мақсад зарур аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бозорҳои яклухт" таҳия гардида, якҷоя бо сохторҳои хусусӣбарномаи давлатии рушди инфраструктураи бозори яклухт амалӣ карда шавад.

Бозорҳои яклухти стихиявии мавҷуда наметавонад пешбурди дахлдори молро аз истеҳсолкунандагон ба истеъмолкунандагон ва коркардкунандагон таъмин намояд. Мутаносибгардонии фаъолияти онҳо ба танзими қоидаҳои савдои озуқа, аз ҷумла литсензиякунонии савдои яклухт аз рӯи намудҳои асосии маҳсулот, расман эълон кардани нарх барои озуқа, ҷорӣ намудани ҷадвали прогрессивии (афзояндаи) андозбандии корхонаҳои (ташкилотҳои) савдо вобаста ба афзоиши иловапулии савдо таъмин менамояд.

Ин барои паст кардани фишори гардиши пинҳонии маҳсулот, ки молистеҳсолкунандагонро маҷбур месозад бо нархе, ки хароҷоти онҳоро намепӯшонад фурӯшанд, имконият медиҳад. Ҳамзамон қонуни мазкур бояд ба рушди сохти кооператсия дар системаи маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.

Ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба мавҷудияти системаи иттилоотии дастраси умум оид ба намудҳои асосии маҳсулоти истеҳсолӣ, пешгӯии тағйир ёфтани талабот ва пешниҳод ба онҳо дар бозори дохилӣ зич вобаста мебошад. Дар ташкили дар асоси ихтиёрӣ ҳавасмандгардонии таъсиси ширкатҳои аграрии ба таври амудӣ ҳамгироишуда тибқи силсилаи технологии "истеҳсоли ашёи хом - коркардфурӯш" нақши муҳим дорад. Ин пешбурдии сиёсати мувофиқашудаи соҳаи истеҳсолот, нархгузорӣ ва инвеститсия, муқаррар сохтани робитаҳои кооператсионӣ ва шароити мусоидро барои ташаккули муносибатҳои баробари иқтисодӣ байни молистеҳсолкунандагони деҳот ва коркард таъмин менамояд.

Дар оянда асосан ба зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзӣ такя карда мешавад. Ҳамзамон бояд афзалиятҳои тақсимоти меҳнати байналмилалӣ, вазъи мусоиди бозори озуқа барои таҳкими мустақилияти озуқавории ҷумҳурӣ пурра истифода бурда шавад.

Беҳбуди системаи ҷамъоварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои пурра ба кор андохтани иқтидорҳои корхонаҳои коркард имконият медиҳад. Ҳамзамон содироти нахи пахта, тамокуи ферментонидашуда, маҳсулоти сабзавоту консерва, пашм (тоза), мевагӣ аз ҳисоби андешидани тадбирҳо ҷиҳати афзоиши афзалиятҳои муқоисашавандаи онҳо ба таври назаррас зиёд мегардад.

Барои тақвияти имкониятҳои содиротӣ дар дурнамо таъсиси шабакаи лабораторияҳои махсус оид ба сертификатсияи маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули коркарди онҳо ва муайян сохтани мутобиқати онҳо бо сифатҳои стандарти байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, ки боиси ҷалби доираи васеи харидорон гардида, имкон медиҳад ба маҳсулоти нархи баландтар муқаррар карда шавад. Омилҳои иловагии беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзии содиротӣ азнавсозии корхонаҳои саноати коркард, омӯзиши молистеҳсолкунандагон ва менеҷерҳо иборат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои шароити нодири табиию иқлимӣ метавонад фармоишҳои бисёри хориҷи наздик ва дурро оид ба парвариши селексияи маводҳои кишти аксари зироатҳои кишоварзӣ дар ҳудуди худ иҷро намояд.

Бо мақсади мусоидат ба содироти фаъол бояд ба корҳои рекламавӣ ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзии ватанӣ байни харидорони имконпазири хориҷӣ ва таъсиси Шӯрои дастгирии содирот бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Рушд ва тақвияти фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз бисёр ҷиҳат ба таъсиси бозори умумии аграрии давлатҳои аъзои ИДМ мусоидат менамояд. Бозори аграрии умумӣ молистеҳсолкунандагони деҳотро барои зиёд кардани истеҳсолот ва баланд бардоштани сифати маҳсулот ҳавасманд мегардонад, барои пешниҳоди озоди он дар ҳамаи давлатҳои иттиҳод ва рақобати софдилонаи бозор шароит муҳайё месозад.

Шарики асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ Федератсияи Россия мебошад, ки бо минтақаҳои он муносибатҳои савдои бевосита рушд хоҳад ёфт.

Инчунин, таҳкими муносибатҳои тиҷоратаю иқтисодӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки иқтидори савдои кишоварзӣ дар сатҳи пурра истифода нашудааст, зарур мебошад. Танҳо ҳангоми ҳалли омилҳои асосии мавҷуда, ки ба тарифи баланди наклиётӣ ҳангоми убури сарҳади ӯзбекистон ва Қазоқистон алоқаманд мебошад, дар муносибатҳои содиротию воридотӣ бо мамлакатҳои хориҷи наздик ба натиҷаҳои мусбӣ ноил гардидан мумкин аст.

Самти асосии дигари рушди робитаҳои иқтисодии беруна аз ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи дур иборат мебошад.

4. Такмили идоракунии давлатии соҳаи кишоварзӣ

Дигаргунсозӣ дар сохтори идоракунии комплекси агросаноатӣ бо вазифаҳои афзалиятноки рушди истеҳсолоти агросаноатӣ дар оянда ва тамоюлҳое муайян карда мешавад, ки ба муносибатҳои бозаргонӣ, равандҳои ҳамгироӣ ва кооператсия вобаста мебошанд.

Бо мақсадҳои ташкили шароит барои гузаронидани сиёсати ягонаи аграрии озуқаворӣ бояд тафриқагузории дақиқи доираи масъулияти мақоми минтақавӣ ва марказии идораи КАС ва ҳамкории онҳо дар ҳалли вазифаҳои дарпешистода таъмин карда шавад.

Амалӣ сохтани вазифаи идоракунии давлатӣ ва назорат бояд бо роҳи мунтазам ба таври амудӣ фаъолият намудани ҳамаи хадамоти соҳа-байторӣ, мелиоративӣ, карантинӣ, химиявӣ ва инспексияҳо ва мақомоти ҳудудии онҳо таъмин карда шавад.

Дар соҳаи идоракунии амволи давлатӣ дар КАС гузаронидани инвентаризатсияи дақиқи корхонаҳо ва давом додани хусусигардонии онҳо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии бахши аграрӣ зарур мебошад. Дар бозорҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим сохторҳои бо таври амудӣ ҳамгироишуда таъсис додан зарур аст, ки ин барои гузаронидани сиёсати озуқавории давлат заминаи асосӣ хоҳад буд.

Барои иҷрои вазифаҳои мазкур иҷрои корҳои зерин зарур мебошанд:

- азнавташкилдиҳии ӯҳдадориҳои функсионалии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шароити бозор;

- ба шароити нав мутобиқ гардонидани сохтори амудии системаи мақомоти кишоварзии ҷумҳурӣ.

Давлат хизматрасониҳои зеринро таъмин менамояд:

- таҳияи сиёсати умумии аграрӣ ва соҳавӣ, рушди стратегияи минтақавии КАС, қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки муносибатҳои соҳаро танзим менамоянд;

- пешниҳоди дурнамои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат, иттилоот дар мавриди бозор, маълумоти оморӣ, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, маводи воситаҳои ахбори омма ва веб-сайти Вазорат;

- ташкили стансияҳои мошинию технологӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони техника, таъсиси ширкатҳои лизингӣ бо ҳиссаи афзалиятдоштаи давлат дар онҳо, азхудкунии истеҳсол ва хизматрасонии олотҳо ва мошинҳои кишоварзии номураккаб;

- рушди манбаъҳои ғайрианъанавиии истеҳсоли нерӯи барқ;

- шаффофияти молиявии инфраструктурӣ;

- таъмини назорати байторӣ, ҳифзи растаниҳо ва сертификатсияи тухмӣ;

- хизматрасонӣ тавассути хадамоти ёрирасон ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ;

- ҷалби бевоситаи сармояҳои хориҷӣ ва ватанӣ;

11. Таъмини меъёрию ҳуқуқии соҳа

Гузаронидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди КАС таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии иловагиро талаб менамояд, ки барои ташаккули маҷмӯи системаи қонунгузории аграрӣ ва аз байн бурдани камбудӣ ва мухолифатҳои қонунгузории мавҷуда имконият медиҳанд.

Ба сифати санади асосии қонунгузорӣ барои рушди КАС, ки самтҳои асосии сиёсати аграрии давлатӣ, шакл ва усулҳои дастгирии давлатӣ, танзими КАС ва дигар шартҳои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолоти агросаноатиро муайян менамояд, бояд Қонун "Дар бораи рушди соҳаи кишоварзӣ" қабул карда шавад. Масъалаҳои соҳаи системаи молиявию кредитӣ ва дастгирии давлатии кишоварзӣ ба таври қонунгузорӣ ҳал намудани онҳоро тақозо менамоянд. Пеш аз ҳама, ин ба масъалаи таъминоти бонкии КАС, тамдиди қарзи корхонаҳои кишоварзӣ аз буҷет, тадбирҳои вобаста ба ислоҳот ва аз нигоҳи молиявӣ солимгардонии онҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи беҳдошти молиявии ташкилотҳои кишоварзӣ", "Дар бораи бонки кишоварзӣ", инчунин қонун "Дар бораи муфлисшавӣ" дахл дорад.

Дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин қабул кардани санадҳои қонунгузорие, ки хусусияти таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои кредитӣ ва суғуртавии деҳотро дар асоси принсипҳои кооперативӣ муайян менамояд - аз ин бармеояд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи кредитӣ" зарур аст.

Барои таъмини ҳуқуқии рушди инфраструктураи бозаргонӣ ва танзими бозори озуқаворӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаворӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ", таҳияи қонун дар бораи ташкилотҳои худтанзимшавандаи бахши аграрӣ (иттиҳод ва ассотсиатсияҳои соҳавии молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ) мувофиқи мақсад аст.

Инчунин, масъалаҳои рушди инфраструктураи иҷтимоии деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин низ бояд аз нигоҳи қонунгузорӣ ҳал карда шаванд.

Ташаккул ва рушди судманди системаи суғурта дар соҳаи кишоварзӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи суғуртаи кишоварзӣ" тақозо менамояд, ки он барои ширкатҳои суғуртавии ватанӣ ва хориҷӣ шартҳои нисбатан ҷолибро фароҳам оварда, имкон медиҳад барои сармоягузории бахши аграрӣ шароити зарурӣ таъмин карда шавад.

12. Таъминоти молиявӣ. Бо мақсади беҳдошти молиявии молистеҳсолкунандагони кишоварз бояд таҷдиди сохтори қарзҳои кредитории онҳо вобаста ба пардохтҳо аз рӯи андозҳо ба буҷетҳои сатҳҳои гуногун гузаронида шуда, ҳамзамон масъулияти онҳо барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот пешбинӣ карда шавад.

Дар солҳои наздик бояд самтҳои дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ тағйир дода шуда, дастгирии молиявии давлатӣ барои корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи принсипи самтҳои афзалиятнок ва принсипи лоиҳавӣ асос ёбад.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати кредитӣ аз ҷалби сармояи хусусӣ ба КАС иборат хоҳад буд. Бартараф сохтани касри захираҳои инвеститсионӣ барои рушди КАС-и ҷумҳурӣ, сафарбар намудани ҳамаи манбаъҳои имконпазири чӣ дохилӣ ва чӣ берунаро тақозо менамояд. Муқоисаи онҳо нишон медиҳад, ки барои истифодаи фаъоли сарчашмаҳои дохилӣ барои барқарорсозии системаи молиявию кредитӣ вақт зарур мебошад барои ҳамин дар ояндаи наздик ҷалби кредит ва сармояи хориҷӣ низ муҳим мебошад. Ҷалби инвеститсияи мустақими хориҷӣ ба комплекси агросаноатӣ на танҳо яке вазифаҳои асосӣ, инчунин вазифаи ниҳоят мураккаби давлат ба шумор меравад. Ҳалли он дар дурнамои наздик ва миёнамӯҳлат бо риояи як қатор шартҳои зерин имконпазир мебошад:

- мавҷуд будани пакети (маҷмӯи) лоиҳаҳои инвеститсионӣ;

- розигии шарикони тоҷикистонию хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак (ё корхона бо 100 фоиз сармояи хориҷӣ) дар ҳамаи бахшҳои комплекси агросаноатӣ, дар навбати аввал дар соҳаи истеҳсолоти воситаҳои истеҳсол;

- фазои мусоиди инвеститсионӣ, пеш аз ҳама заминаи дахлдори қонунгузорӣ барои ҷалб ва истифодаи судманди сармояҳои хориҷӣ;

- дастгирии давлатӣ тибқи барномаҳои тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Стратегияи рушди ин самт аз ҳамбастагии оқилонаи инвеститсия ва кредитҳои мустақим иборат аст. Инвеститсияҳои мустақим бояд ҳалли вазифаҳои стратегии рушди КАС-ро таъмин намоянд. Онҳо тавассути маблағгузории асосӣ барои навсозӣ ва тачдазонии истеҳсолоти мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои муосир, инчунин тавассути ҳалли масъалаҳои фурӯш ва содироти маҳсулоти истеҳсолгардида амалӣ карда мешаванд. Кредитҳо барои пурра намудани воситаҳои гардон, ки барои ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ташкили истеҳсолот дар асоси технологияи нав талаб карда мешавад, заруранд. Яке аз самтҳои истифодаи захираҳои кредитӣ аз пардохти лизинги мошинаҳои кишоварзӣ, таҷҳизоти технологӣ ва чорвои зотӣ иборат хоҳад буд.

13. Сиёсати маърифатӣ ва таъминоти илмию иттилоотӣ.

Сарфи назар аз саводнокии баланди умумии аҳолии Тоҷикистон, соҳибкорони деҳот ҳанӯз доир ба масъалаҳои хоси ташкил ва рушди агробизнес, махсусан, дар соҳаи технологияи истеҳсолоти кишоварзӣ дониши кофӣ надоранд.

Бинобар ин, таъсис додани Хадамоти машваратии деҳот (ХМД) зарур аст, ки он бо сохторҳои худ дар ҷойҳо ба соҳибкорони деҳот дар шароити иқтисоди бозаргонӣ дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои рушди бизнеси хурд ва миёна, паҳн намудани дониши маркетинг ва менеҷмент, таҳлили техникӣ ва молиявии фаъолият байни роҳбарони субъектҳои хоҷагидор кӯмаки пурарзиш расонад. Дар оянда ХМД бояд ташкилоти молиявии мустақил гардад.

Звенои асосии тарбия ва бозомӯзии фермерҳо омӯзишгоҳҳои касбию техникии деҳот ба шумор мераванд. Дар ин самт бояд барномаҳои таълимӣ ҳаддиимкон ба талаботи воқеӣ ва хостаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) наздик карда шавад. Барои ин дар тамоми ҷумҳурӣ дар амал ҷорӣ намудани лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба тарбияи фермерҳо зарур мебошад. Тадқиқоти бунёдӣ ва дигар тадқиқоти афзалиятноки алоҳида бояд объекти маблағгузории давлатӣ боқӣ монанд. Вазифаи асосӣ дар ин самт аз гузаштан ба тақсимоти озмунии манбаъҳо барои анҷом додани тадқиқоти илмии номбурда иборат мебошад. Самти асосии рушди илми аграрии ҷумҳурӣ ҳамгироии он ба раванди илми ҷаҳонӣ хоҳад буд. Рақобат рушди агробизнесро ҳавасманд гардонида, тадқиқоти илмиро дастгирӣ мекунад ва дастовардҳо дар бахши озуқавории аграрӣ имкониятҳои молиявии муассисаҳои илмию тадқиқотиро афзун хоҳад кард.

Системаи мавҷудаи маориф дар соҳаи кишоварзӣ вобаста ба сохтори нави истеҳсолот, тағйир ёфтани сохтори эҳтиёҷ бамутахассисон дар ин бахш ислоҳотро тақозо менамояд. Ба корхонаҳои муосир на танҳо мутахассисони технолог, инчунин менеҷерҳо, маркетологҳо, идоракунандагони молиявӣ, мутахассисон-машваратчӣ низ зарур мебошанд.

5. Нақши созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои Консепсия

Нақши донорҳои байналмилалӣ аз таъмини захираҳои молиявӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот ва беҳбуди идоракунии манбаъҳои табииро пешбинӣ менамоянд иборат мебошад. Инчунин, донорҳо бояд фаъолиятро ҷиҳати фароҳам овардани ақидаи мустақили экспертӣ идома диҳанд, ки ин ҳангоми таҳия ва татбиқи стратегияи рушди аграрӣ имкон медиҳад аз иштибоҳ сарфи назар карда шавад.

Самти асосии фаъолияти донорҳо инчунин таҳкими захираҳои инсонӣ дар бахши аграрӣ, тавассути фароҳам овардани кӯмаки техникӣ, воситаҳои молиявӣ ва омӯзиш боқӣ мемонад.

Қарорҳои инвеститсионӣ бояд вобаста ба стратегияҳои умумии мамлакат (СМР, СПКСК), инчунин афзалиятҳои сиёсати аграрӣ қабул карда шаванд.

Барои беҳбуди фазои инвеститсионӣ инҳо заруранд:

- лоиҳаҳои асосноккардашуда, ки бо иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор таҳия гардидааст;

- стратегияи рушди соҳаҳои бахши аграрӣ ва нақшаи дақиқи амал оид ба татбиқи он;

- заминаи ҳуқуқии барои инвесторон ҷолиб, ки масъалаҳои амнияти маблағҳои гузоштаашон, имтиёзи андозбандӣ ва хизматрасонӣ, дастурҳои стандартиро ба мисли маркетинг барои мамлакат ва ғайраро кафолат медиҳад;

- системаи самарабахши мониторинг ва баҳодиҳии натиҷаи кори лоиҳаҳои инвеститсионӣ, кадрҳои ҳамаҷониба омода барои кор дар онҳо ва анҷом додани мониторинг.

Давлат бояд СҒҲ (созмонҳои ғайриҳукуматӣ) ва дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дастгирӣ карда, бо онҳо дар татбиқи амалии сиёсати аграрӣ ҳамкорӣ намояд. СҒҲ метавонанд дар назорати татбиқи стратегияи мувофиқашудаи рушди деҳот ва соҳаи кишоварзӣ дар ҷойҳо, тақсимоти фоида ва хароҷот, истифода ва идораи босуботи захираҳо нақши худро гузоранд. Ба зиммаи СҒҲ вогузоштани масъулияти иҷрои лоиҳаҳои алоҳидаи таҷрибавӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Дар иҷрои стратегияи рушди бахши аграрии иқтисодиёт бахши хусусӣ нақши асосиро мебозад. Бахши хусусӣ дар шароити рушди муносибатҳои бозаргонӣ вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд: таъсис ва таъмини заминаи ашёи хом, истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулот, хизматрасонии маркетингӣ ва ёрирасон.

Ҳамзамон нақши давлат дар рушди бахши хусусӣ аз ташкили шароити мусоид иборат хоҳад буд, ки инҳоро дар назар дорад:

- дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои афзалиятнок;

- фароҳам овардани шароит барои ҷалби инвеститсия;

- мӯътадилгардонии вазъи иқтисодӣ;

- хизматрасонии машваратӣ ва маърифатӣ.

Нақши бахши хусусӣ дар татбиқи сиёсати аграрӣ бояд тавассути усулҳои гуногуни ҳамкорӣ бо дигар иштирокчиёни асосии барномаҳои мақсадноки рушди аграрӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва донорӣ инъикос ёбад. Нақши функсионалии бахши хусусӣ ва субъектҳои мухталифи он тавассути дарёфти соҳаҳои дахлдори ҳамкориҳои тарафайн муайян карда мешавад.

6. Хулоса

Консепсия бо Стратегияи рушди миллӣ ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат комилан ҳамоҳанг буда, барои иҷрои вазифаҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида нигаронида шудааст. Татбиқи муқаррароти асосии Консепсияи мазкур ба ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи аграрии иқтисодиёт ва расидан ба стратегияи асосии мамлакат - таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамояд.

Ҳамзамон Консепсияи мазкур ҳуҷҷати ниҳоӣ ё догматикӣ набуда, метавонад такмилу тағйир ёбад ва дар рафти татбиқ бо банду муқаррароти нав пурра карда шавад.

Мақсади асосии Консепсия аз он иборат аст, ки то соли 2015 амнияти озуқавории мамлакат аз маҳсулоти асосии кишоварзӣ ва баланд бардоштани даромади молистеҳсолкунандагони деҳот дар асоси сифатан беҳтар намудани фаъолияти онҳо, таъмин карда шавад.

___________

(1) Аз пахтаи дорои нахи навъи 1 ва 11 матоъ барои парашют, батист, трикотаж, перкал, велвет ва ғайра ва аз пахтаи дорои нахи навъи V - миткал, чит, репс, дока, бумазӣ ва ғайра истеҳсол карда шавад.