Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ андешанд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро оид ба қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 658
ш. Душанбе