Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, баланд бардоштани мақоми онҳо дар рушди маънавӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 гасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Муассисаҳои илмию таҳқиқотии Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиноси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату муассисаҳои марбута оид ба татбиқи Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 чораҳои зарурӣ андешанд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 661
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" декабри соли 2008 № 661
тасдиқ шудааст
Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
ШИНОСНОМАИ Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
Номи Тадбирҳо Тадбирҳои дастгирии тарақиёти илмҳои
ҷамъятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
Асос барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳо доир ба амалисозии
Тадбирҳо Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи
илм ва технология барои солҳои 2007-2015
(банди 1.2. Дар барои тадбирҳои дастгирӣ ва
рушди минбаъдаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва
инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
солҳои 2007-2015), ки бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006
№362 тасдиқ шудааст
Иҷоракунандагони асосии Муасисаҳои илмию таҳқиқотии Шӯъбаи илмҳои
Тадбирҳо ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Вазорату маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ,
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳиягарони Тадбирҳо Ҳайати кории байниидоравӣ оид ба омода кардани
Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои
ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2015, ки бо
қарори Раёсати академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2007 №96
таъсис дода шудааст
Мӯҳлати амалисозии Солҳои 2009 - 2015
Тадбирҳо
Мақсад ва вазифаҳои Мақсад ва вазифаҳои Тадбирҳо иборатанд аз:
Тадбирҳо - буниёди заминаи зарурии тараққиёти илмҳои
ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар асоси
арзишҳои умумибашарӣ ва ҳимояи манфиятҳои
миллӣ (давлатӣ);
- ташаккул ва инкишофи шуури инфиродию
дастаҷамъӣ, меросбарӣ, ворисияти арзишҳои
фарҳангию миллӣ ва дастовардҳои тамаддуни
халқи тоҷик;
- таъмини рушди мутаносиби ҷамъиятшиносӣ ва
инсоншиносии назариявӣ дар заминаи ба эътибор
гирифтани фазонаи ягонаи байналмилалии
таҳсилоти хосияти миллидошта;
- ташаккули сатҳи зарурии идоракунии
демократӣ, тарбияи дарки худшиносии сиёсӣ,
азбар намудани муққаррароти суннатию башарӣ,
тарбияи фаросати олии ворисият ба анъанаҳо ва
арзишҳои ахлоқию фарҳангии маллӣ, истифодаи
оқилонаи комёбиҳои пешрафти илмию техникӣ
ва ғайраҳо;
- таъмини шароит барои рушду камоли инсон,
равона кардани қобилияти ӯ ба ҷустуҷӯ ва
дарёфти тарзи ҳаёти солим, тараққиёти иштимоии
ҷомеа, ҳивзи табиат ва ғайра;
- ташаккули шуури сиёсӣ, вусъати ваҳдати
миллӣ, худшиносии миллӣ, такмили асосҳои
ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтироми арзишҳои
фарҳангиву адабӣ ва таърихии ифодагари
манфиятҳои давлатдории Навин, ҳимояи истиқлол
ва рушди мутаносиби кишвар.
Самтҳои асосии - пажӯҳишгоҳҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии
амалисозии Тадбирҳо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун
марказҳои илмию методӣ ва ҳамоҳангсози илмии
соҳаҳои дахлдор эътироф гаштаанд. Бинобар ин
муассисаҳои мазкур бояд дар пешрафти илмҳои
ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ нақши муассир
дошта бошанд. Барои иҷрои ин вазифаҳо онҳо ба
дастгирии рӯзафзуни давлат ниёз доранд;
- Стандартҳои давлатӣ оид ба илмҳои
ҷамъиятшиносӣ ва нисоншиносӣ такмил ёфта,
мақоми он дар байни донишҳои дигари
инсоншиносӣ мушаххасан муайян ва асосҳои
бунёдии онҳо таҳким дода шавад;
- дар стандарти давлатии таълимии таҳсилоти
олии касбӣ таълими илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва
инсоншиносӣ бояд мақоми сазовори худро пайдо
намоянд;
- илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, ки
ифодаи илмӣ ва назариявии соҳаҳои асосии
низоми ҷамъиятӣ ва идроки инсон мебошанд, дар
риштаи маорифи кишвар ҳамчун фанҳои ҳатмии
таълимӣ эътироф гарданд;
- дар замимаи модели навини Стандарти
давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ
Нақшаҳои нави муассисаҳои олии касби Ҷумҳурии
Тоҷикистон таҳия гарданд ва онҳо бидуни
субъективизм ва волюнтаризм дар замима
таҳлилҳои илмӣ ва баҳисобгирии манфиатҳои
рушди давлати миллӣ анҷом дода шаванд.
Натиҷаҳои ниҳоии Бо мақсади пурқувват кардани таъсири
амалисозии Тадбирҳо илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ ба
суръати тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ
ва маънавии кишвар таҳқиқот ба талаботи амалии
ҷомеа наздиктар карда мешаванд. Дар баробари
баланд бардоштани сатҳи назариявӣ ва методологӣ
истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амал
бештар ҷорӣ гардида, истифодаи дастоварҳои
илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт,
сиёсат ва маънавиёти ҷомеа бештар ва
самарабахштар мегардад, инчунин шароит барои
амалӣ кардани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ фароҳам
меояд.
Таъмини молиявии Манбаи асосии таъминоти захиравии Тадбирҳо
амалисозии Тадбирҳо маблағгузории буҷетӣ мебошанд, ки он дар
соҳаи илм соҳаи маориф ҷудо карда мешаванд.
Барои иҷрои чорабиноҳои Тадбирҳо манбаъҳои
ғайрибуҷетии маблағгузорӣ, аз ҷумла маблағҳои
ташкилоту фондҳои байналмилалӣ низ ҷалб карда
мешаванд. Нишондиҳандаҳои мақсадноки дурнамои
хароҷоти молиявӣ ва манбаъҳои маблағгузорӣ
зимни коркарди чорабиниҳои алоҳидаи Тадбирҳо
муайян карда мешаванд
Назорати иҷрои Назорати иҷрои чорабиниҳои Тадбирҳо ба зиммаи
Тадбирҳо Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад
Муқаддима
1. Зарурати қабули Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015. Вазъи кунунии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ
Дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дастгирӣ ва тақвияти иқтидори илмӣ ҳамчун заминаи аслӣ ва роҳи стратегӣ барои тараққиёти устувори кишвар муайян ва интихоб шудааст. Барои мустаҳакам намудани асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва заминаҳои рушди илм ва технология як қатор қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ки сиёсати миллиро дар соҳаи илм муайян мекунанд ва ба дастгирии иқтидори илмӣ ва густариши пажӯҳиши илмӣ равона шудаанд.
Дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шароити бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ вазифаи аввалиндараҷа аз он иборат буд, ки иқтидори илмии пажӯҳишгоҳҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои мактабҳои олӣ то ҳадди имкон нигоҳ дошта шуда, барои дар сатҳи баланди илмӣ иҷро намудани таҳқиқи масъалаҳои умдаи ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ ва устувор намудани робитаҳои илмӣ бо марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ шароити муносиб фароҳам оварда шавад.
Аз ҳама муҳим он буд, ки иқтидори ин илмҳо ба омӯзиши масъалаҳои барои давлати навбунёди Тоҷикистон зарур ва рӯзмарра равона карда шаванд. Сарфи назар аз мушкилиҳо, хусусан душвориҳои молиявӣ институтҳо ва муассисаҳои дигари соҳа тавонистанд на фақат иқтидорҳои илмию таҳқиқотӣ ва захираи кадриро ба қадри зарурӣ нигоҳ доранд, балки ҳамчунин дар идома додани омӯзиши масъалаҳои фалсафа, иқтисодиёт, таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, фолклор, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ, демографӣ, ҳуқуқшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва гайра муваффақиятҳои муайян низ ба даст оранд.
Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи таҳкими асосҳои иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангии истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2009-2015 қарор дорад. Ин марҳила дар назди илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ вазифаҳои ниҳоят муҳим ва бунёдиро мегузорад. Зеро бидуни идораи илмии ҷомеа, муайян кардани раванди тараққиёти падидаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ расидан номумкин аст.
Илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ ба суолҳои муҳиме, ки таърих ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба миён гузоштаанд, инчунин ба дарки манфиатҳои миллӣ бояд ҷавобҳои мувофиқ диҳанд. Зарурати ҳаётӣ ва таъхирнопазири омӯхтан ва муайян кардани қонунгузории умумии инкишофи давлат ва ҷамъият, ҳифзи асолати милли, рушд ва тақвияти худогоҳии таърихӣ, тарбияи мардум, махсусан насли ҷавон бо назардошти равандҳои муосир ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ таваҷҷӯҳи ҳамаҷонибаро талаб менамоянд.
Мутаассифона ин масъалаҳо дар илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ имрӯз ба таври муназзам ва бояду шояд таҳқиқ нашудаанд.
2.Мушкилоти рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ. Зарурати тараққӣ додани онҳо
Мушкилоти давраи гузариш ҳалли бунёдии масъалаҳои молиявӣ ва маблағгузорӣ, муҳайё кардани шароит ва имконияти рушди босуботи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносиро тақозо доранд. Бинобар ин зарурати муносибат ва назари нав ба низоми донишҳо дар бораи ҷомеа пеш меояд. Аз ин сабаб, қабул ва амалӣ гардонидани Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (минбаъд Тадбирҳо) амри зарурӣ ва фаврӣ мебошад.
Дурнамои рушди минбаъдаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо намудани мақоми аввалия дар соҳаҳои марбутаи ин илмҳо дар ҷумҳурӣ ва минтақа ва ҳамгироии он бо илмҳои ҷаҳонӣ мебошад. Илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии Тоҷикистон дар гузаштаи начандон дур дорои анъана ва мақоми хос буда, олимони тоҷик дар рушди ин илмҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон нақши муассир доштанд.
Вале сарфи назар аз пешрафтҳои чашмрас дар соҳаи таҳқиқи масоили илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой доштанд. Чунончи:
- масоили як идда илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, аз ҷумла фалсафаи антропологӣ, этика, эстетика, сиёсатшиносӣ, демография аслан мавриди таҳқиқ қарор нагирифта буданд;
- масоили баъзе илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, мисли ҳуқуқшиносӣ ва сотсиология ба таври бисёр ноқис таҳқиқу баррасӣ мегардиданд;
- масъалаҳои таърихи фарҳанги тоҷик, аз ҷумла фалсафа ва адабиёти тоҷик яктарафа ва аз дидгоҳи идеологӣ омӯхта мешуданд, ки барои дарёфти ҳақиқати илмӣ мусоидат намекард;
- масъалаи тарбияи кадрҳои илмии соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ ба таври ноқис сурат мегирифт. Зарурати қабули Тадбирҳо ҳамчунин ба омилҳо ва тамоюлоту таҳаввулоти асосии зерин робитаи табиӣ дорад:
- омӯзиши ташаккули иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави хоҷагидорӣ;
- омӯхтани қонуниятҳои ташаккули сохтори навини иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақоми он дар рушди устувор ва амнияти ҷомеа;
- баррасии қонунҳои ташаккули сохтори сиёсии ҷомеа ва омилҳои таҳкими давлатдорӣ;
- таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ва фарҳанги он аз нигоҳи методологияи навин ва манфиатҳои истиқлолияти миллӣ ва давлатдорӣ;
- кашфи қонуниятҳои ташаккули фарҳанги навини тоҷик ва робитаи он бо фарҳанги ҷаҳонӣ;
- таъйини мақоми Тоҷикистон дар низоми ҷаҳони имрӯза бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ;
- мувофиқ гардонидани методологияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, мазмуну мундариҷаи онҳо ба манфиати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва меъёрҳои пешқадами байналмилалӣ ва дар асоси он ба роҳ мондани таълифи китобҳо, таълими фанҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ ва олӣ, таҳқиқи масъалаҳои тарбия, махсусан ахлоқи ҷавонон дар шароити кунунии тағйиру таҳаввули босуръати ҷомеа;
- омӯхтани илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ барои кашфи қонуниятҳои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани нақши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ ва маърифати умумӣ;
- хусусияти ташаккули мафкура ва такмили шуури ҷамъиятӣ дар сохтори давлати миллӣ;
- муайян ва мушаххас сохтани самтҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои мухталифи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ;
- васеъ намудани доираи мавзӯоти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, мустаҳкам кардани пояҳои моддию техникии институтҳои илмию таҳқиқотӣ ва марказҳои дигари илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ;
- фароҳам овардани шароит барои таҳқиқи раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муайян кардани қонуниятҳои инкишофи он дар шароити ворид шудан ба иқтисоди бозорӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- баланд бардоштани нақши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар шароити гузариш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- таҳияи Консепсияи миллии тарбияи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба он мувофиқ кунонидани васоити таълимии фанҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ барои муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ.
3. Мақсад ва вазифаҳои Тадбирҳо
Бо назардошти вазъи умумии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ мақсад ва вазифаҳои таҳияи Тадбирҳо иборат мебошанд аз:
- бунёди заминаи зарурии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар асоси арзишҳои умумибашари ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ (давлатӣ);
- ташаккул ва инкишофи мутаносибу муттасили худшиносӣ, сатҳи зарурии тафаккур ва инкишофи шуури инфиродию дастҷамъӣ, меросбарӣ, ворисияти арзишҳои фарҳангию миллӣ ва дастовардҳои тамаддунии халқи тоҷик;
- таъмини рушди мутаносиби ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии назариявӣ дар заминаи ба эътибор гирифтани фазои ягонаи байналмилалии таҳсилоти хосияти миллидошта;
- ташаккули сатҳи зарурии идоракунии демократӣ, тарбияи дарки худшиносии сиёсӣ, азбар намудани муқаррароти суннатию башарӣ, тарбияи фаросати олии ворисият ба анъанаҳо ва арзишҳои ахлоқию фарҳангии миллӣ, истифодаи оқилонаи комёбиҳои пешрафти илмию техникӣ ва ғайраҳо;
- таъмини шароит барои рушду камоли инсон, равона кардани қобилияти ӯ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти тарзи ҳаёти солим, тараққиёти иҷтимоии ҷомеа, ҳифзи табиат ва ғайра;
- ташаккули шуури сиёсӣ, вусъати ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, такмили асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву адабӣ ва таърихии ифодагари манфиатҳои давлатдории навин, ҳимояи истиқлол ва рушди мутаносиби кишвар.
Тадбирҳо раванди тараққиёти минбаъдаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносиро таъмин намуда, Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зимни ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва инкишофи давлатдории навин мавриди истифода қарор медиҳад.
4. Равияҳои асосии амалӣ кардани Тадбирҳо. Чорабиниҳо дар бобати ба даст овардани мақсадҳо ва иҷрои вазифаҳои Тадбирҳо
Иҷрои мақсад ва вазифаҳои асосии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ ба тариқи зайл имконпазир аст:
- пажӯҳишгоҳҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии Академияи илмҳо ҳамчун марказҳои илмию методӣ ва ҳамоҳангсозии илмии соҳаҳои марбута эътироф гаштаанд. Бинобар ин муассисаҳои мазкур бояд дар пешрафти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ нақши муассир дошта бошанд. Барои иҷрои ин вазифаҳо онҳо ба дастгирии рӯзафзуни давлат ниёз доранд;
- Стандарти давлатӣ оид ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ бояд комилан мазмуну мундариҷаи ҷомеашиносии назариявиро ифода намояд;
- тарзи муносибат ба таъиноти хусусиятҳо ва моҳияти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ такмил ёфта, мақоми онҳо дар байни донишҳои дигари инсоншиносӣ мушаххасан муайян ва асосҳои бунёдии онҳо таҳким дода шаванд;
- дар Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии кас таълими илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ бояд мақои сазовори худро пайдо намоянд;
- илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, ки ифодаи илмӣ назариявии соҳаҳои асосии низоми ҷамъиятӣ ва шинохти инсон мебошанд, дар риштаи маорифи кишвар ҳамчун фанҳои ҳатмии таълимӣ эътироф гарданд;
- дар заминаи модели навини Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ нақшаҳои нави муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гарданд ва онҳо бидуни субъективизм ва волюнтаризм дар заминаи таҳлилҳои илмӣ ва баҳисобгирии манфиатҳои рушди давлати миллӣ анҷом дода шаванд.
Омилҳои асосии амалӣ намудани Тадбирҳо ба ҳисоб мераванд:
- омилҳои ҳуқуқӣ: ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф. Таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои нави зарурӣ;
- омилҳои иқтисодӣ: таҳия ва тасдиқи меъёрҳои муосири музддиҳии мутахассисони соҳаҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ;
- таҳияи барномаҳои иқтисодӣ барои дастгирии таҳқиқоти бунёдии ин илмҳо ва таълими онҳо;
- омилҳои ташкилӣ: ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Стандарти давлатии таҳсилот ва такмили доимии он. Таҳия ва такмили доимии барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва воситаҳои таълимӣ;
- ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои чопи асарҳои тадқиқотии пажӯҳишгоҳҳо, осори ниёгон ва олимони намоёни гузаштаи наздик;
- аҳамияти махсуси давлатӣ додан ба ҳалли масъалаҳои манзил, махсусан барои мутахассисони ҷавон.
Азбаски илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ ҷаҳонбинии муосир ва сирати маънавии инсонро ташаккул медиҳанд, бояд дар низоми илмҳо ва донишҳои муосир мақоми афзалиятнок ва нақши пешбаранда дошта бошанд.
5. Мақом ва сохтори илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ
Сохтори илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои таҳсилоти касбӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иборат мебошад. Таҳқиқи проблемаҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, таълими онҳо дар тамоми муассисаҳо, новобаста ба шакли моликият ва сатҳи муассисӣ, мазмун ва мундариҷаи якхела дошта, дар заминаи таъмини амнияти сиёси, фарҳанги, илми ва иттилоотӣ сурат мегирад.
Таҳсилоти миёнаи умумӣ асоси низоми сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодй ва фарҳангии ҷомеа мебошад, ки ба одамон дониш омӯхта, онҳоро ба ҳаёт омода мегардонад.
Маълумот дар бораи соҳаҳои асосии ҳаёти ҷамъият дар шароити таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактабҳои олӣ, новобаста аз равияҳои таҳсилот, хислати ҳатмӣ дорад. Он бояд асосҳои донишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар бар гирад ва ҷаҳонбинии илмӣ ва маърифати ҳамагонии сатҳи муосирро ташаккул диҳад.
Таҳқиқи масъалаҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияи илмҳои соҳавӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар хусусияти меҳварӣ ва бунёдӣ дошта, асоси густариши ҷанбаҳои асосии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносиро ташкил медиҳад.
Омӯзиши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ ба таври мукаммал дар мактаби олӣ сурат мегирад ва аз ин рӯ он бояд тамоми масъалаҳо ва равандҳои асосии инкишофи ҷомеаро ба таври комил, дар сатҳи зарурӣ ифода намояд.
6. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқот дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ
Дар низоми илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳо ва самтҳои афзалиятнок таърихан ташаккул ёфтаанд. Дар даврони истиқлол бинобар ниёзҳо ва манфиатҳои ҳаётии мардум ва кишвар соҳаҳо ва самтҳои нави афзалиятнок зуҳур намуданд ва тадриҷан инкишоф меёбанд. Бо назардошти ҳадафҳо ва вазифаҳои Тадбирҳо самтҳои афзалиятноки таҳқиқот дар соҳаҳои асосии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ аз мақсадҳои зерин иборатанд:
Дар соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва сотсиология:
- густариши минбаъдаи илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва сотсиология бо назардошти қонеъ гардонидани талаботи ҳозираи илмӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ;
- таҳқиқи бештари соҳаҳои фалсафаи табиатшиносӣ, онтология ва гносеология, этика ва эстетика, мантиқ ва ғайра;
- дар соҳаи таърихи фалсафа таҳқиқи васеъи афкори фалсафӣ ва иҷтимоию ахлоқии халқи тоҷик, мактабҳои фалсафии гузашта аз нигоҳи методологияи муосири таҳқиқ ва тадқиқи масъалаҳои умдатарини таърих ва назарияи дин;
- таҳқиқи амиқи масоили рушди устувори сиёсии ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, ташаккули маърифати сиёсии омма ва худшиносии миллӣ, таърихи таълимоти сиёсӣ, масъалаҳои ҳокимият ва идораю сарварии сиеси, низоми сиёсии ҷомеа, институтҳо, муносибатҳо ва раванди демократия, ташаккул ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ, низоми сиёсии ҷомеа, гуногунандешии сиёсӣ ва омилҳои тараққиёти устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон, мақом ва нақши Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ;
- тавсеаи таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар партави дигаргунсозиҳо ва азнавсозиҳои ибтидои асри ХХI ба манзури муайян кардани тамоюли равандҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ, такмили сохтори ҳокимият, ба низом овардани ҳамкории сохторҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, такомули сохторҳои он.
Дар соҳаи илми таърих:
- таҳқиқи васеи таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то охири асрҳои миёна бо ҷалби сарчашмаҳои нави таърихиву бостоншиносӣ;
- таҳқиқи таърихи нав ва навтарини халқи тоҷик бо назардошти услубҳои нави таърихнигорӣ;
- омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи илми тоҷик аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо;
- таҳқиқи мукаммали таърихи фарҳанг ва санъати халқи тоҷик;
- таҳқиқи таърихи этникии Осиёи Миёна, таҳия ва нашри манбаъҳои тарихӣ;
- вусъати таҳқиқоти бостоншиносӣ, таҳияи Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон.
- таҳқиқи масоили этнофарҳангӣ ва таҳияи Атласи этнографии Тоҷикистон.
Дар соҳаи илми иқтисодиёт:
- муайян намудани самтҳои асосии тақвияти минбаъдаи дигаргунсозиҳои иқтисодиёти бозорӣ;
- таҳлил ва таъйини марҳилаҳои пайвастани иқтисодиёти Тоҷикистон ба низоми иқтисодии ҷаҳонӣ;
- таҳқиқи тараққиёт ва тақвияти рафти интегратсионӣ ва ҳамкорӣ дар давраи гузариши иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъмин намудани самаранокии ҳамгироии иқтисодӣ бо давлатҳо ва гурӯҳҳои гуногуни ҳамгироӣ;
- масъалаҳои ҳавасмандкунӣ, ҳифзи маблағгузорӣ ва маблағгузорон;
- масъалаҳои ҳавасмандкунии тараққиёти соҳибкории хурд ва миёна;
- ҳамкории ҳамаҷониба бо кафедраҳои дахлдори мактабҳои олӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии дигари соҳавӣ дар таҳқиқи масъалаҳои муҳими иқтисодиёти бозории Тоҷикистон;
- такмили базаи моддию техникии таҳқиқоти илмӣ;
- таъмини таблиғи натиҷаҳои илмӣ.
Дар соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ:
- таҳқиқи таърихи давлатдории халқи тоҷик;
- таҳлилу пешниҳоди афкори миллӣ оид ба давлат ва ҳуқуқ;
- таҳияи назарияҳои нави ҳуқуқӣ, миллӣ ва робитаи онҳо бо ҳуқуқи байналмилали;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо марказҳои пурқуввати илмии кишварҳои хориҷӣ;
- омӯзиши падида ва меъёрҳои мушаххаси ҳуқуқи муқоисавӣ ва соҳавӣ;
- таҳқиқи масоили мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ;
- омӯзиши заминаҳои ҳуқуқии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба вуҷуд овардани асосҳои илмӣ ва ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи об, экология ва демография;
- мунтазам такмил ва ба шароити муосир мутобиқ намудани қонунгузорӣ.
Дар соҳаи илми филология:
- танзиму таҳлили истилоҳот ва меъёрҳои забони адабии тоҷик;
- таҳқиқи грамматикаи илмӣ ва грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ, асосҳои меъёрҳои нави забони тоҷикӣ;
- таҳия ва нашри "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ", фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабии тоҷик;
- таҳқиқи адабиёти тоҷик аз дидгоҳи нави илмӣ;
- пажӯҳиши интиқодии адабиёти даврони шӯравии тоҷик ва таҳияи таърихи адабиёти шӯравии тоҷик;
- пажӯҳиши адабиёти давраи истиқлол ва анъанаву навовариҳои он, ҷараёнҳои адабӣ ва масъалаҳои мубрами адабиёти он давра;
- таҳқиқи робитаҳои адабии халқи тоҷик бо мардуми кишварҳои хориҷӣ;
- таҳқиқи ҳамаҷонибаи адабиёти шифоҳии халқи тоҷик ва лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ;
- таҳия ва чопи интиқодии "Куллиёти фолклори тоҷик".
Дар соҳаи илми шарқшиносӣ:
-омӯзиши масъалаҳои вобаста ба сарнавишти халқи тоҷик ва мардумони минтақа дар асоси сарчашмаҳои пурарзиши Ганҷинаи дастхатҳо;
- таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва мубрами Шарқ бо назардошти тамоюлоти шарқшиносии ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, шарқшиносии аврупоӣ;
- тақвияи бештари самтҳои эроншиносӣ, афғонистоншиносӣ ва ҳинду покистоншиносӣ;
- таҳқиқи васеъ ва пурраи олами ислом ва тамаддуни исломӣ бо назардошти маҷмӯи масоили ҳуввият ва таърихии халқҳои Осиёи Марказӣ;
- омӯзиши решаҳои аслӣ ва сабабҳои низоъҳо дар қишварҳои шарқӣ, авҷ гирифтани мавҷи ифротгароӣ, терроризм ва падидаҳои дигари харобгар барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ.
Дар соҳаи демография:
- таҳия ва такмили назария, амалия ва сиёсати давлатӣ танзими нуфуз;
- таҳия ва таҳқиқи масъалаи ҳамкориҳои мутақобилаи экологӣ ва экологию демографӣ;
- таҳияи назарияи муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ, шаҳрнишинӣ ва сукунат;
- таҳқиқи масъалаҳои пиршавии аҳолӣ ва пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, маҷмӯи оқибатҳои рушди ин ва ё он намуди демографӣ;
- таҳияи Консепсияи сиёсати демографии оилавии давлат ҷиҳати баланд бардоштани шуурнокии танзими оила ва никоҳ.
Дар соҳаҳои педагогика ва психология:
- таҳқиқи таърих, назарияи педагогика ва психологияи халқи тоҷик;
- таҳияи Консепсияи миллии тарбияи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба он мувофиқ кунонидани васоити таълимии фанҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ;
- таҳқиқи бунёдии муҳити иҷтимоию фарҳангии соҳаи маориф;
- ворид кардани таълими педагогика ва психология дар нақшаҳои таълимии тамоми донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва муассисаҳои касбии ҷумҳурӣ;
- таъсиси маҷаллаи нави илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи "Таълими илмҳои ҷамъиятшиносӣ
7. Муттаҳид кардан ва истифодаи иқтидори илми дар соҳаҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ
Бо мақсади пурқувват кардани таъсири илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ ба суръати тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии кишвар таҳқиқотҳоро ба талаботи амалии ҷомеа бояд наздик кард. Дар баробари баланд бардоштани сатҳи назариявӣ ва методологӣ истифодаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмиро дар амал бояд бештар ҷорӣ намуд, бояд истифодаи дастовардҳои илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат ва маънавиёти ҷомеа бештар ва самарабахштар гардад, инчунин шароитро барои амалӣ кардани натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ фароҳам овардан зарур аст.
Иқтидори илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ бояд бо роҳи пешбурди таҳқиқоти илмиву амалӣ ва тахлилӣ дар равияҳои афзалиятноки зерини тараққиёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар мутамарказ ва истифода шаванд:
Дар самти рушди ҷамъиятию сиёсӣ:
- такмили сохторҳои ҳокимият, роҳҳо ва воситаҳои таҳкими иқтидори кадрӣ, ташаккули фалсафаи истиқлолияти давлатӣ;
- такмили низоми идораи сиёсӣ;
- фароҳам овардани фазои мутамаддини интихоботӣ;
- ташаккули идеологияи умумимилли;
- ташаккули шуури сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди шаҳрвандии сиёсӣ дар шуури ҳар фард;
- ташаккули маданияти муошират ва ҳамкорӣ дар байни ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ ва дигар субъектҳои сиёсӣ;
- муайян кардани арзишҳое, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи ҳуввияти миллӣ мусоидат менамоянд.
Дар самти рушди иҷтимоиёт:
- муайян кардани хусусиятҳои муносибот ва сохтори нави ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон;
- муайян кардани роҳҳои таҳкими пояҳои бунёдии сиришти миллии ҷомеаи муосири тоҷик ва хусусиятҳои он;
- ташаккули тасаввуротҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар бораи рафтори шоистаи иҷтимоӣ;
- таъйини таносуби дониш ва меъёрҳои ахлоқӣ дар ҳуввияти миллӣ;
- муайян кардани зинаҳои ҳуввияти иҷтимоии ҷомеаи тоҷик ва пӯёии (динамикаи) тағйирёбии онҳо;
- ташаккули сохтори нави табақабандии иҷтимоӣ;
- худмуайянкунии иҷтимоии ҷавонон дар шароити воқеии Тоҷикистони навин;
- муайян кардани захираҳои гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароит дар низоми маориф;
- робитаи мутақобилаи амалиёти бозори меҳнат ва низоми таълимоти касбӣ.
Дар самти рушди маънавиёт:
- ташаккули ҷаҳонбинии нав дар заминаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ;
- ташаккули худшиносӣ ва ахлоқи ҳамида;
- пешбинӣ кардани оқибатҳои мусбию манфии имконнопазирии ба ҷомеаи иттилоотӣ дохилшавии олами исломӣ;
- зарурати ислоҳи шуури динӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ.
Таълим ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ:
- тайёр кардани кадрҳои илмию педагогии баландихтисос дар соҳаҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ;
- иштирок кардан дар таҳияи Стандартҳои давлатии таълимот, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ барои мактабҳои олии касбӣ;
- таҳияи китобҳои дарсӣ оид ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ.
8. Дастгирии фаъолияти навоварӣ
Барои ҳалли ин масъала таҷрибаи гузаштаи Академияи илмҳои кишварҳои Иттифоқи Давлатҳои Мустақил ва хориҷии дигарро ба таври ҳамаҷониба мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор дода, ҳамкории олимон ва муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии кишварро ба муассисаҳои таҳқиқотӣ ва олимони давлатҳои дигар ба таври доимӣ ва ҳамаҷониба ба роҳ мондан зарур аст.
Таҳқиқи проблемаҳои муосир дар соҳаҳои иқтисодиёт, таърих, филология, шарқшиносӣ, фалсафа, таҳлили фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, демография ва ғайра дар асоси падидаҳои нави сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сурат гирифта, қонуниятҳои инкишофи ҷомеа ва пешгӯии илмии инкишофи он дар ин соҳаҳо ба таври нав бояд сурат гиранд.
Қобили зикр аст, ки дар низоми илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, ки бо истеҳсолот бевосита алоқа надоранд, муайян кардани назарияҳо ва бозёфтҳои тозаи илмӣ хусусияти нисбӣ дошта, ба таври мушаххас пешниҳод кардани онҳо мушкил мебошад.
Барои ҳавасмандсозии навоварӣ ва дастгирии тадқиқоти илмӣ дар соҳаҳое, ки мутахассисонашон дар ҷумҳурӣ камшуморанд ва ё мавҷуд нестанд, амалӣ намудани корҳои зайл зарур аст:
- равон кардани мутахассисони ҷавон ба марказҳои илмии Россия ва кишварҳои дигар, ки бо онҳо барои коромӯзӣ ва ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд;
- зиёд намудани мукофотҳои давлатӣ барои таҳқиқотҳои илмие, ки баҳри ҷамъият манфиатбахшанд;
- дастгирии олимон дар нашри натиҷаҳои таҳқиқот;
- густаришу тавсеаи доираи мавзӯъҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар пояи дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандсозии фаъолияти навоварӣ, афзун сохтану таҳким бахшидани иқтидорҳои илмиву амалии муассисаҳо ва марказҳои илмиву таҳқиқотии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ;
- таъсис ва татбиқи илмиву амалии риштаҳои нави ба талаботи замони муосир мувофиқи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, барқарорсозӣ ва ташкили бахшҳои нави таҳқиқи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ (аз ҷумла, дар соҳаи илми филология бахшҳои этнолингвистика, диалектология, забоншиносии таърихӣ, равияҳои таҳқиқи адабиётшиносӣ ва фолклорӣ);
- таҳқиқот дар соҳаи илмҳои таърих на танҳо тавассути усули форматсионӣ, балки бо истифодаи методологияи фарҳангӣ ва тамаддунӣ бояд сурат гирад.
9. Ҳамгироии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои олӣ. Тарбияи кадрҳои илмӣ
Татбиқи вазифаҳои стратегии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии тоҷик имрӯз, пеш аз ҳама, тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси ба сатҳи рушди илми ҷаҳонӣ мувофиқ ва инкишофи самтҳои афзалиятнок, ҳамоҳангии илмӣ ва ҳамгироии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои олиро тақозо дорад.
Мушкилоти ҷиддӣ гусаста шудан ва ё суст гардидани робитаҳои институтҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои илмии Россия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамчунин давлатҳои хориҷии дур мебошад. Чунин робита дар марҳилаҳои ҳозира хеле зарур аст, аз ҷумла барои ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти илмӣ.
Дастрасии нокофӣ ба маводи навини таҳқиқӣ низ тақозои ҳамоҳангии сатҳи муосирро тақозо дорад.
Яке аз вазифаҳои стратегӣ он аст, ки ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмии пажӯҳишгоҳҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои олӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тақвият ёбад. Чорабиниҳое дар назар гирифта шаванд, ки амалӣ шудани онҳо барои муттаҳид сохтани иқтидорҳои пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактабҳои олӣ имкон диҳанд ва низоми тайёр кардани мутахассисони ҷавонро мақсадноку самарабахш гардонанд.
Барои ҷалб кардани ходимони пешбари илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кафедраҳои илмӣ, хондани лексияҳо ва роҳбарии илмии аспирантон, таҳияи китобҳо ва маводи дарсӣ шароити лозим муҳайё кардан зарур мебошад. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён низ ҳарчи бештар дар корҳои илмии шӯъбаҳои пажӯҳишгоҳҳо иштирок намоянд. Бо мақсади ташкил кардани вазъи мусоид барои иҷрои таҳқиқотҳои илмӣ ва дастгирии моддии устодони ҷавони мактабҳои олӣ тартиби ба кор қабул кардани онҳо дар пажӯҳишгоҳҳо дар асоси қарордод дар давоми мӯҳлати иҷрои лоиҳаи илмӣ ва ё барномаҳои комплексӣ мувофиқи матлаб аст.
Тарбияи кадрҳои илмӣ асосан тавассути таҳсил дар аспирантура ва докторантура сурат гирифта, бо ин сатҳи умумии тарбияи кадрҳои илмӣ бояд пайваста боло бурда шавад.
Агар дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои олӣ бо ҷалби нерӯҳои институтҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил шавад, дар кори ҳамоҳангсозии тарбияву такмили ихтисоси кадрҳо ва ҳамкории олимони академия бо мактабҳои олӣ муваффақиятҳои бештаре ба даст меомад.
Дар шароити кунунӣ тақвияти фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ ниҳоят муҳим аст.
10. Рушди пойгоҳи моддию техникии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ
Самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва афзалияти онҳо, имконияти ба сатҳи баланди таҳқиқоти илмӣ ноил шудани олимон аз бисёр ҷиҳат ба ҳолат ва азнавсозии базаи моддию техникӣ вобаста аст. Ва сабабҳои маълум дар даҳсолаи охир дар Тоҷикистон имконияти дастгирӣ барои азнавсозии базаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ маҳдуд буд.
Ҷиҳати мустаҳкам кардани асосҳои моддию техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ вобаста ба хусусиятҳои хар муассиса ва соҳа чораҳои зарурӣ бояд андешида шаванд.
Барои китобхонаҳо, ки воситаҳои иттилоот мебошанд, ҷихати харидорӣ намудани дастнависҳо ва осори таърихию фарҳангӣ аз ашхоси ҷудогона ва таъмини нигоҳдории онҳо маблаги зарурӣ ҷудо кардан зарур аст.
Ҷудо кардани маблағ барои хариди таҷҳизоти замонавии ба шароити имрӯза мувофиқ, ҳамчунин барои коркарди химиявӣ ва ба ин васила барқарор намудани маъхазҳои таърихиву фарҳангӣ зарур мебошанд.
11. Рушди заминаи иттилоотию коммуникатсионии илм
Низоми иттилоотию коммуникатсионии илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ нест. Барои рушди заминаи ин низом Тадбирҳои асосии зерин заруранд:
- таъмини дастрасии муҳаққиқон ба шабақаи Интернет ва низоми муосири иттилооти илмӣ;
- мусоидат барои таъмини дарёфти осори таҳқиқӣ ва илмии марказҳои илмии ҷаҳонӣ;
- муқаррар намудани сафарҳои илмӣ ба кишварҳои Шарқу Ғарб, ҳамчунин дохили кишвар ва таҳқиқот дар маҳалҳо;
- таъсиси маркази фарогири иттилооти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ;
- таъсиси китобхонаи электронии илмӣ.
12. Рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ
Ҳама гуна робитаҳои байналмилалии илмӣ, мубодилаи афкор дар соҳаҳои гуногуни илм боиси пешрафти илм ва рушди тафаккури олимон мегардад. Барои пешрафти босамари робитаҳои байналмилалии илмӣ Тадбирҳои зерин мусоидат мекунанд:
- боло бурдани сатҳи тайёрӣ ва омодагии иштирокчиёни конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалии илмӣ ва нишон додани чеҳраи воқеии илми тоҷик дар миқёси умумиҷаҳонӣ;
- иштироки олимони тоҷик дар амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки илмӣ бо олимони кишварҳои дигар ва иҷрои барномаҳои байналмилалии илмӣ ва гайра;
- табодули кадрҳои илмӣ, китоб, мақола ва нашрияҳои илмӣ бо муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон;
- нашри маҷаллаҳои муштараки илми барои муаррифии дастовардҳои илми муосири тоҷик;
- ташкили сафарҳои илмии кормандон ба марказҳои бузурги илмии ҷаҳонӣ;
- дар асоси шартнома тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, ба роҳ мондани коромӯзии илмӣ ва ғайра.
13.Таъмини маблағгузории рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ
Чорабиниҳои асосие, ки барои тақвият ва суръатбахшии фаъолияти инноватсионӣ ва илмию техникӣ нигаронида шудаанд, аз амалҳои зерин иборат мебошанд:
- таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки воситаҳои буҷетӣ, ки барои маблағгузории тадқиқотҳои илмӣ ва рушди соҳаҳои илмию техникӣ ҷудо шудаанд;
- мутамарказонидани захираҳои буҷетӣ дар соҳаҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва барномаҳои илмию техникӣ. Дар шароити маҳдуд гаштани воситаҳои буҷетӣ муҳим аст, ки сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ дарёфт гардида, мақсаднок истифода шаванд ва барои маблағгузорӣ дар корҳои илмию таҳқиқотӣ тамоми дастовардҳои илмӣ ва илмию техникӣ истифода шаванд;
- дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатӣ" ҳамчун соҳаи афзалиятнок эътироф намудани таҳқиқоти бунёдии ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, такмили маблағгузории соҳаи мазкур. Мунтазам дар назар гирифтани таносуби музди кор ва беқурбшавии пул, инчунин афзоиши нархҳо.
Маблағгузории буҷетӣ ҳамчун сарчашмаи асосии рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, манбаи захиравии илм боқӣ мемонад. Ғайр аз ин барои тараққиёти илм метавонанд маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳо, фирмаҳо ва ширкатҳо, шахсони алоҳида ва маблағҳои хусусии ташкилотҳои илмӣ низ ҷалб шаванд.
14. Роҳбарии таъмини рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ
Амалӣ кардани Тадбирхои тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои илмиго таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисоти илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таълимоти олие, ки бо ин проблема машғуланд, сурат мегирад.
Назорати амалӣ намудани ин Тадбирҳо ба ӯҳдаи Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
Рафти амалӣ намудани Тадбирҳо, баҳо додан ба аҳамияти он ва амалӣ гардидани чораҳо, ки барои ба даст овардани мақсадҳо ва ҳалли масъалаҳои Тадбирҳо нигаронида шудаанд, инчунин пешниҳодҳо роҷеъ ба беҳтар намудани назорат ҷиҳати амалӣ гардондани Тадбирҳо аз ҷониби Бюрои Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии умумии татбиқи Стратегия аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Назорати татбиқи Тадбирҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи он амалӣ мегардонанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, баланд бардоштани мақоми онҳо дар рушди маънавӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 гасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Муассисаҳои илмию таҳқиқотии Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиноси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату муассисаҳои марбута оид ба татбиқи Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 чораҳои зарурӣ андешанд.

- таъсиси маҷаллаи нави илмию методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи "Таълими илмҳои ҷамъиятшиносӣ