Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва ташкили пардохти андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Аз якуми январи соли 2009 воҳидҳои кории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 воҳид зиёд карда шуда, хароҷоти нигаҳдории ин воҳидҳо дар доираи маблағҳои барои нигаҳдории Агентӣ пешбинигардида анҷом дода шаванд.
3. Қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда аз 1 июли соли 2009 мавриди амал қарор дода шаванд.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 103 "Дар бораи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 қарор рақами "320" ба рақами "390" иваз карда шавад.
Дар Сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сархати нави дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
-"Раёсати таъин ва пардохти андӯхти нафақавии инфиродӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 665
ш. Душанбе