(Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2021 № 544 аз эътибор соқит дониста шуд)
Дар бораи тасдиқи Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2008 № 556 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 № 669" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002 № 320 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 687
ш. Душанбе