Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба таъхир гузоштани муҳлати пардохти боҷи гумруки аз рӯи молҳое, ки барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор воқеъ дар кӯчаи И. Сомонӣ 26/1 ва Бинои маъмурӣ бо меҳмонхона воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 48 шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд
Мутобиқи моддаи 378 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади - таъмини сохтмони босуръати иншооте, ки ба рушди туризми байналмилалӣ мусоидат менамоянд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ аз рӯи молҳое, ки барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор воқеъ дар кӯчаи И. Сомонӣ 26/1 ва Бинои маъмурӣ бо меҳмонхона воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 48 шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд, мутобиқи Номгӯӣ ва ҳаҷми бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008 таҳти № 214 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи молҳои воридшаванда барои сохтмони иншооти шаҳри Душанбе" тасдиқгардида ба се моҳ ба таъхир гузошта шавад;
- батаъхиргузорӣ бо шарти таъмини пардохтҳои гумрукии пешбининамудаи боби 46 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Точикистон фароҳам оварда шавад.
2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон:
- назорат ва саривақт гузаронидани расмиёти гумрукии молҳои воридшавандаро, ки ба сохтмони иншооти дар боло нишондодашуда вобастаанд, таъмин намояд;
- чиҳати бебаҳс ситонидани маблағи батаъхиргузошта баъди ба охир расидани мӯҳлати батаъхиргузорӣ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Қарори мазкур аз 1 декабри соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2008 № 685
ш. Душанбе