Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 672 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун" таъсис дода шавад.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар мӯҳлати шаш моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро ҳал карда, якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории онро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи таълимии давлатии "Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун"-ро бо бинои маъмурию таълимӣ, хобгоҳ, таҷҳизот ва дигар воситаҳои моддию техникии зарурӣ таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ ба кадрҳои коргарӣ аз соли таҳсили 2009-2010 сар карда, нақшаи қабули хонандагони муассисаи таълимии мазкурро дар Доираи контингенти умумии омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ муқаррар намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

5. Ба номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66):

"Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмонов

аз 31 декабри соли 2008 № 672

ш. Душанбе