Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 671 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ"

Мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули довталабони лаёқатманд ва ҷиҳати танзими масъалаи тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" бо теъдоди умумии 11 воҳиди корӣ, дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишудаи муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби грантҳои созмонҳои байналмилалӣ барои фаъолияти Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ"-ро муайян карда, ҳуҷҷатҳои таъсисии Марказро тасдиқ намояд ва аз қайди давлатӣ гузаронад.

4. Ба номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ".

5. Қарори мазкур аз 1 марти соли 2009 амалӣ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2008 № 671

ш. Душанбе