ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи муҳоҷират" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 320; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, №12, мод. 657) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ашхос", "ашхоси" ва "ашхосе" мутаносибан ба калимаҳои "шахс", "шахси" ва "шахсе" иваз карда шаванд.
2. Дар матни Қонун калимаҳои "кишвари дигар" ва "дигар кишварҳо" ба калимахои "кишвари хориҷӣ" ва "кишварҳои хориҷӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 1:
- дар сархати сеюми қисми 1 ва дар тамоми матни Қонун калимахои "ашхоси бешаҳрвандӣ" ба калимаҳои "шахси бешаҳрванд" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи "ақидаҳои" ба калимаи "мавқеи" иваз карда шавад;
- дар сархати якуми қисми 2 калимаҳои "мақомоти маҳаллии иҷроия" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
4. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
5.Дар моддаи 10 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "байналхалқии" ва "байналхалқӣ" ба калимаҳои "байналмилалии" ва "байналмилалӣ" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаҳои 11 ва 12 калимаҳои "Статуси" ва "статуси" ба калимаҳои "Вазъи" ва "вазъи" иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 4 моддаи 12 ва банди 7) моддаи 19 калимаҳои "санадҳои меъёрию хуқуқӣ" ва "санадҳои меъёрию ҳуқуқии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 16 калимаҳои "волидайни" ва "волидайн" ба калимаҳои "падару модари" ва "падару модар" иваз карда шаванд.
9. Дар банди 5) қисми 1 моддаи 21 калимаҳои "вазорати амнияти" ба калимаҳои "амнияти миллии" иваз карда шаванд.
10. Моддаи 27 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
31 декабри соли 2008 № 470
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
2 октябри соли 2008 № 1099
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
18 декабри соли 2008 №575