Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 476 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005 "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №12, мод. 662) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар ном ва матни Қонун калимаҳои "бемории норасоии муҳассали масуният" ба калимаҳои "бемории пайдошудаи норасоии масуният" иваз карда шаванд.

2. Дар матни Қонун калимаҳои ихтисоршудаи "ВНМО" ва "БНММ" ба калимаҳои "вируси норасоии масунияти одам" ва "бемории пайдошудаи норасоии масуният" иваз карда шаванд.

3. Аз сархати чоруми моддаи 1 калимаҳои "(минбаъд БНММ)" хориҷ карда шаванд.

4. Дар моддаи 4:

- сархатҳои дуюм ва сеюми қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"- амалисозии назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис ва риояи усулҳои махфӣ анҷом додани он;

- расонидани кӯмаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ барои шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;";

- ба қисми дуюм сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- дастрас ва саривақтӣ будани кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ;

- қабули даврии барномаи давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.".

5. Ба моддаи 5 қисми сеюм дар таҳрири зерин илова карда шавад:

"Маблағгузории чорабиниҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷалби воситаҳои молиявӣ ба Фонди миллии бемории пайдошудаи норасоии масуният (минбаъд - Фонд), ки фаъолияти он тибки Низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ба танзим дароварда мешавад, амалӣ мегардад.".

6. Дар моддаи 6:

- сархати дуюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- муоинаи пешгирикунанда бо риояи усулҳои махфӣ, пинҳонӣ ва ихтиёрии ташхис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;";

- дар сархати сеюми қисми якум калимаҳои "азназаргузаронии тиббӣ" ба калимаҳои "азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ ва пинҳонӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷуми қисми якум баъди калимаи "мунтазам" калимаҳои "тавассути воситаҳои ахбори омма" илова карда шаванд;

- ба қисми якум сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию оммавӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва таъсиси маҳфилҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар байни аҳолӣ.";

- ба модда қисмҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зерин илова карда шаванд:

"Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ иттилооти махсус ва хизматрасониҳое, ки ба тағйирёбии рафтори таваккалӣ равона шудаанд, дода мешавад.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва дигар бемориҳое, ки ба воситаи хун мегузаранд, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи пешниҳод кардани иттилоот ва баргузор намудани корҳои маърифатиро дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.";

-қисмҳои дуюм ва сеюм мутаносибан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.

7. Моддаи 6(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 6(1). Афзалиятнокии пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

Пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ин амал ба усулҳои башардустӣ ва риояи ҳуқуқи инсон асос ёфта, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тавсияҳои мақомоти махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид татбиқ мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилот ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва иҷтимоӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, гурӯҳҳои ташаббускор ва шаҳрвандони алоҳида субъектҳои пешгирикунандаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ба ҳисоб мераванд.".

8. Ба қисми якуми моддаи 7 ҷумлаи зерин илова карда шавад:

"Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ бояд махфӣ сурат гирад.".

9. Қисми ҳафтуми моддаи 9 хориҷ карда шавад.

10. Дар моддаи 10:

- дар матни модда пеш аз калимаҳои "дар муассисаҳои" калимаҳои ", танҳо бо мақсадҳои эпидемиологӣ ва дар асоси пинҳонӣ" илова карда шаванд;

- ба модда қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Маълумоти бадастовардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дигар сохторҳои марбута додан, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қарори суд ва ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ бо мақсадҳои таъқиби ҷиноятӣ ва маъмурии шахсон истифода бурдан мумкин нест.".

11. Дар моддаи 12:

- ба сархати дуюми қисми якум ҷумлаи зерин илова карда шавад:

"Додани иттилоот оид ба вазъи саломатии шахсони гирифтори чунин бемориҳо бе розигии онҳо танҳо бо қарори суд ё дархости мақомоти тафтишотӣ имкон дорад.";

- ба қисми якум сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- ба ҳимоя аз табъиз (дискриминатсия), аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат;

- ба иштироки фаъолона дар муайян кардани мақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он.".

12. Ба моддаи 13 қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Табъиз (дискриминатсия) дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.

Дар асоси сирояти воқеӣ ва ё эҳтимолии вируси норасоии масунияти одам содир намудани ҳама гуна ҳаракати оммавӣ бо мақсади барангехтани кинаву адоват ва паҳн намудани муносибати нафратовари шахс ва ё гурӯҳи аҳолӣ амалӣ ғайриқонунист.

Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои одамоне, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танҳо бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, ҳуқуқ ва озодии дигарон раво дониста мешаванд.".

13. Моддаи 14(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 14(1). Кӯмаки тиббӣ ва чораҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Шахсе, ки зимни ташхиси ӯ сирояти вируси норасоии масунияти одам мусбат муайян шудааст, ҳангоми дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум ё ҳабси пешакӣ қарор доштан ҳуқуқи гирифтани кӯмаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар хадамоти мададрасонро дорад.

Маҳбусон ва боздоштшудагон ба ташхиси ройгони махфии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигии огоҳона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатиашон ҳуқуқ доранд. Маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар ҳуҷҷатҳое нигоҳ дошта мешавад, ки он танҳо барои кормандони тиб дастрас буда, фақат бо розигии худи маҳбус ва ё дар ҳолати зарурати таъмини бехатарии дигар маҳбусон ва кормандони зиндонҳо бояд ошкор карда шавад.

Табъизи (дискриминатсияи) махбусон дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.".

14. Дар қисми якуми моддаи 22 калимаҳои "комиссияҳои байнисоҳавӣ" ба калимаҳои "Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

31 декабри соли 2008 № 476

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 2 октябри соли 2008 № 1097

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе

 18 декабри соли 2008 №581