Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 551 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 462"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 462

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 462 "Дар бораи дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ҳайати Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;

Мудири Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;

Мудири бахши муҳоҷират ва робита бо ҳамватанони бурунмарзии Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссия;

Муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;

Муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

2. Дар Низомномаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Комиссия) мақоми ҳамоҳангсоз мебошад, ки ба таври доимӣ бо мақсади таҳия ва қабули қарорҳои дахлдор оид ба масъалаҳои муҳоҷирони ҳама гурӯҳҳо, гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда фаъолият мекунад.";

б) дар банди 2 баъд аз калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ин Низомнома" илова карда шавад, давомаш мутобиқи матн;

в) дар банди 3 баъд аз калимаҳои "вазорату идораҳои гуногуни манфиатдор" калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро" илова карда шаванд;

г) банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Вазифаи асосии Комиссияи ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба идораи равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.";

д) дар банди 5:

сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- таҳлили равандҳои муҳоҷират, новобаста аз сабабҳои ба вуқӯъ омаданашон, аз он ҷумла масъалаҳои муҳоҷирони ҳама гурӯҳҳо, гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда.";

дар сархатҳои сеюм ва ҳаштум калимаҳои "муҳоҷирони иҷборӣ" ва "муҳоҷирони иҷбориро" мутобиқан ба калимаҳои "шахсони паноҳҷӯянда" ва "шахсони паноҳҷӯяндаро" иваз карда шаванд;

сархати чорум хориҷ карда шавад;

сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум мутобиқан сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум ҳисобида шаванд;

сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад;

"-тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳо оид ба мусоидат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бокортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар";

е) дар банди 7 калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз ва калимаҳои "корхонаҳо ва ташкилотҳои дахлдор" хориҷ карда шаванд;

ё) банди 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Қарорҳои Комиссия дар доираи салоҳияти он, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳатмӣ мебошанд.";

ж) банди 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Комиссия метавонад ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ, олимон ва мутахассисони заруриро даъват намояд.";

з) банди 10(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Дар маҷлисҳои Комиссия қарорҳо қабул шуда, мутобиқи онҳо протоколҳо тартиб дода мешаванд. Протоколҳои ҷаласаҳо аз ҷониби раиси Комиссия ва ё иҷрокунандаи вазифаи ӯ имзо карда мешаванд. Ҷаласа дар он сурат баргузоргардида ҳисоб мешавад, ки дар он аз нисф зиёди аъзои Комиссия иштирок намоянд.";

и) банди 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Комиссия маҷлисҳои худро метавонад дар шахру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 2 ноябри соли 2007 № 551

ш. Душанбе