ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 8, мод. 467; с. 2005, № 12, мод. 650; с. 2007, №7, мод.687) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 1:
дар сархати сеюм калимаҳои "шуғли инфиродӣ" ба калимаҳои "фаъолияти инфиродии меҳнатӣ" иваз карда шаванд;
дар сархати чорум ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "идрор" "идрорҳое" ва "идрори" мутаносибан ба калимаҳои "стипендия", "стипендияҳое" ва "стипендияи" иваз карда шаванд.
2. Дар сархати дуюми қисми чоруми моддаи 3 калимаҳои "ёрирасонандаро бо кор таъмин намудаанд" ба калимаҳои "ёрирасонро бо кор таъмин менамоянд" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 5 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "касб (ихтисос)" ва "касби (ихтисоси)" мувофиқан ба калимаҳои "ихтисос" ва "ихтисоси" иваз карда шаванд.
4. Дар сархати чоруми моддаи 7 пас аз калимаҳои "бо сабаби" калимаҳои "дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
5. Моддаи 8 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 8. Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба таъмини шуғл
Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷӯянда ҳуқуқ доранд:
- ба интихоби озодонаи намуди шуғл ва кор;
- ба интихоби озодонаи ҷои кор бо роҳи муроҷиати бевосита ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён ё ба воситаи миёнаравии хадамоти давлатии шуғл;
- ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҷойҳои холии кории аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда;
- ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи курсҳои таълимӣ дар доираи тайёрӣ ва бозомӯзии касбии аҳолии бешуғл;
- ба мустақилона таъмин шудан бо кор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуна шаҳрвандон, инчунин шартҳои ба онҳо додани кӯмаки миёнаравӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шахрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷӯянда дар хадамоти давлатии шуғли ахолӣ ҳуқуқ доранд:
- ба хизмати миёнаравии ройгон дар бозори меҳнат;
- ба гирифтани маслиҳати ройгон доир ба фаъолияти касбӣ ва масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолӣ.
Шаҳрвандони бекор ва шахсони корҷӯяндаи дар мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ бақайдгирифташуда, ҳуқуқ доранд:
- ба омӯзиш дар курсҳои тайёрии касбӣ ва бозомӯзии касбӣ ва гирифтани стипендия дар давраи омӯзиш;
- ба гирифтани хизмати маслиҳатӣ ва дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурд;
- ба гирифтани имконияти иштирок дар барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятӣ;
- ба дастгирии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат. Шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд, ба сабаби бекорӣ ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро доранд.
Шахрвандон ҳуқуқ доранд нисбат ба амал ё беамалии кормандони мақомоти хадамоти давлатии шуғли ахолӣ ба мақомоти болоии он, инчунин ба суд, бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, арзу шикоят намоянд.".
6. Дар қисми якуми моддаи 9:
- пас аз калимахои "ҷойҳои иловагии корӣ" калимаҳои "дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон" илова карда шаванд;
- пас аз калимаи "маъюбон" калимаҳои "ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ" илова карда шаванд.
7. Ба қисми якуми моддаи 11 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- масъалаҳои марбут ба шуғли аҳолиро ҳар сол на камтар аз як маротиба ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд.".
8. Қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 12 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳал масъул мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои гузаронидани чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо мусоидат намоянд, аз ҷумла ба:
а) пешгирии ҳолатҳои ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон;
б) таъсис додани ҷойҳои кории нав ва нигоҳ доштани ҷойҳои кории мавҷудбуда;
в) ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ:
г) квотакунии ҷойҳои корӣ барои бо ҷои кор таъмин намудани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ буда, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд.".
9. Ба қисми сеюми моддаи 13 баъд аз калимаи "минтақавии" калимаҳои "мусоидат ба" илова карда шаванд.
10. Ба қисми якуми моддаи 15 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- хизматрасонии машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба бекорон барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ;".
11. Дар моддаи 19:
- ба сархати шашуми қисми якум пас аз калимаи "маъюбон" калимаҳои "ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ" илова карда шаванд;
- дар сархати ҳафтуми қисми якум калимаҳои "кор (касб)" ба калимаҳои "ҷойҳои корӣ" иваз карда шаванд:
- ба сархати дуюми қисми сеюм ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад;
"Тартиби аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
12. Дар қисми дуюми моддаи 22 калимаҳои "то се моҳ бо ҳуқуқи минбаъд дароз намудани он то шаш моҳ" ба калимаҳои "то як моҳ бо ҳуқуқи минбаъд дароз намудани он то се моҳ" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 27:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Барои гирифтани кӯмакпулӣ шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ бояд дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолият ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро пардохта бошанд.";
-дар қисми дуюм калимаҳои "ду моҳи" ба калимаҳои "шаш моҳи" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои "дар давоми 12 моҳи охир аз 12 ҳафтаи тақвимӣ" ба калимаҳои "дар давоми 3 соли охир аз 18 моҳи тақвимӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум пас аз калимаҳои "сохторҳои ҳарбӣ" калимаҳои "ва аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ" илова карда шаванд.
14. Дар моддаи 28:
- ба қисми дуюм сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- ҳангоми ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятӣ.";
-аз сархати дуюми қисми сеюм калимаҳои "Тартиби муқаррар намудани ходисаи дар ҳолати мастӣ будани шахси бекорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд." хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
31 декабри соли 2008 № 472
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
29 октябри соли 2008 № 1159
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
18 декабри соли 2008 №577