Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 473 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод.174) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 2 сархатҳои сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- комплекси агросаноатӣ- маҷмӯи соҳаҳои иқтисодиёт буда, ба он истеҳсол, тайёр кардан, захира намудан, кашондан, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии моҳипарварӣ, саноати хӯрокворӣ, дигар соҳаҳо ва фаъолиятҳо, аз ҷумла саривақт таъмин намудан бо техникаи муосир, таҷҳизоти технологӣ, маблағ, иттилоот ва дигар захираҳо, таъмини бехатарии байторӣ-санитарӣ, фитосанитарӣ, таъминоти илмӣ ва тайёр намудани мутахассисон дохил мешаванд;

-маҳсулоти кишоварзӣ - маҳсулоти растанипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, аз ҷумла махсулоте, ки дар натиҷаи коркарди аввалия ҳосил шудааст;

-истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ- ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, шаҳрвандоне, ки хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, кооператсияи матлубот, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ё коркарди аввалия ва минбаъдаи (саноатии) он ва ба муомилоти бозор ворид намудани ин маҳсулот машғуланд, ба шарте, ки ҳиссаи даромади умумии онҳо аз ин махсулот на камтар аз 70 фоиз дар давоми соли тақвимӣ бошад.".

2. Ба моддаи 5 сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"-манфиати иқтисодии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро дар бозори дохилӣ ва берунӣ ҳимоя менамояд;

- такмили системаи таълим, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва такмили тахассуси онҳоро таъмин менамояд;

- ба рушди илм ва фаъолияти навоварӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мусоидат менамояд.".

3. Дар моддаи 12:

- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Назорати пардохти субсидия (кӯмаки молиявӣ) ва дигар манбаъҳои дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ";

- ба модда қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҷудо намудани субсидия (кӯмаки молиявӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, қарзҳои бонкӣ ва грантҳо барои дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, новобаста аз шакли моликияташон, мақсаднок буда, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайримақсаднок истифода бурдани ин маблағҳо манъ аст.";

- қисми якум қисми дуюм ҳисобида шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 31 декабри соли 2008 № 473

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

29 октябри соли 2008 № 1161

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

 18 декабри соли 2008 №578