Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" декабри соли 2008 № 662
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009 № 450, аз 1.07.2014 № 422)
Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 (минбаъд Барнома) бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, беҳтар намудани сифати корӣ ва такмили сифатҳои генетикии аспҳо барои фурӯш дар бозори дохилӣ ва берунӣ пешбинӣ шудааст.
Соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Бинобар ин Барномаи таҳиягардида ба барқароркунии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои асппарварии мавҷуда ва эҳё кардани хоҷагиҳои нави асппарварӣ равона карда шудааст.
Мақсади асосии Барнома таъмини рушди минбаъдаи зоти аспҳои тоҷикӣ ва муаррифии ин зот дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ дар таъмини бехатарии озуқавории мамлакат ва амалӣ гардидани стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мавқеи намоён дорад.
1. Вазъи асппарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он
Ҳоло дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 заводи асппарварӣ, аз ҷумла "Асппарвар"-и ноҳияи Рӯдакӣ, "Баракат"-и ноҳияи Ҳисор, "Чорводор"-и ноҳияи Вахш Дошмандӣ"-и ноҳияи Файзобод ва 3 хоҷагии асппарварии "Кангурт"-и ноҳияи Темурмалик, "Данғара"-и ноҳияи Данғара, ба номи Меликмуродови ноҳияи Шаҳринав фаъолият доранд ().
Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи таҷрибаҳои чандинсолаи олимони соҳа соли 2002 зоти аспи тоҷикӣ ба вуҷуд оварда шуда, аз тарафи комиссияи байнидавлатӣ тасдиқ гардид. Дар он солҳо саршумори аспҳои зоти тоҷикии дар генофонд маҳфузбуда ба 1846 сар баробар буд.
То ин давра гарчанде саршумори аспҳо кам нагардида бошад ҳам, вале сифати зотии онҳо сол то сол паст шуда истодааст.
Сабаби асосии паст гардидани сифати зоти аспҳо фаъолияти ғайриқаноатбахши Аспхонаи давлатӣ ва Ипподроми ҷумҳуриявӣ мебошад. Зеро саршумори аспҳое, ки барои озмоиш (тренинг) сафарбар карда мешаванд, мавриди санҷиш қарор намегиранд.
Ҳоло дар соҳаи асппарварии ҷумҳурӣ усули парвариши маданиву галагивӣ (културно-табунный) ба роҳ монда шудааст. Ин усули парвариш имконият медиҳад, ки хоҷагиҳо аз заминҳои чарогоҳҳо самаранок истифода баранд.
Мутобиқи нақшаи корҳои селексионии тасдиқгардидаи зоти аспи тоҷикӣ барои солҳои 2001-2010, хоҷагиҳои зотпарварӣ бояд ҳар сол ба миқдори 100-150 сар аспҳои хушзотро ба фурӯш мебароварданд, вале иҷрои нақшаи мазкур пурра таъмин нагардидаст.
Рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ барои таъмини иҷрои нақшаи фурӯши саршумори аспҳои хушзот, беҳтар намудани сифати ирсии аспҳо мусоидат менамояд.
2. Зарурияти қабули Барнома
Барнома барои зиёд намудани саршумори аспҳои зоти тоҷикӣ, таъмини талаботи аҳолӣ ва иҷрои Барномаи озуқавории мамлакат аз ҳисоби барқароркунии хоҷагиҳои асппарварии ҷумҳурӣ равона карда шудааст.
Барнома иҷрои вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
- мукаммал гардонидани сифатҳои зотиву ирсии саршумори зоти аспҳои тоҷикӣ;
- васеъ истифода бурдани қувваи аспҳои корӣ (иҷрои корҳои дохилихоҷагӣ, ба монанди кишт, дарав, ҷамъоварии ҳосил, истифодаи аспҳои саворӣ дар хоҷагии ҷангал, геология, археология, дар чорабиниҳои идона ва ғайра);
- дар варзиши классикӣ (тарзи гашт), сеҳарба (троеборье), конкурс, пойгаи дурудароз (степл чез), бозиҳои миллӣ ва ғайра истифода бурдани аспҳо, ки маънавиёти варзишӣ ва эстетикии аҳолиро баланд мебардорад.
- дар мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ истифода бурдани аспҳо;
- зиёд намудани фермаҳои ширӣ барои истеҳсоли маҳсулоти парҳезии табобатӣ, аз ҷумла қимиз ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он то 5 тонна ва таъмини шифохонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявй;
- дар хоҷагиҳои асппарварӣ ташкил намудани намоишҳои аспҳои тоҷикӣ;
Рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ барои беҳтар намудани кор дар хоҷагиҳо ва истифодабарии он дар чорабиниҳои варзишию эстетикӣ, истеҳсоли маводи озуқа, ба монанди гӯшт ва қимиз мусоидат мекунад.
Барои беҳтар намудани сифати саршумори аспҳо, хариди аспҳои хушзот аз дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он, ки дар фосилаи муайяни вақт зимни пешбурди корҳои селексионию хушзотгардонӣ ба беҳтар гардидани сифати зоти аспҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, дар назар аст. Маҳз бо ҳамин мақсад фаъолияти Аспхонаи давлатӣ аз сари нав барқарор карда мешавад.
Ҳамчунин ҷорӣ намудани технологияи муосири парвариши галавию мадании асппарварӣ, гузаронидани чорабиниҳои зооветеринарӣ, сохтани ҷойҳои махсуси нигоҳдории аспҳо, такрористеҳсолкунии гала, соқиткунии гала, тамғагузории тойчаҳои навзод, ҷудокунӣ, вобастакунӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Амалӣ намудани корҳои селексионию хушзотгардонии аспҳои зотӣ барои таъмини такрористеҳсолкунии хоҷагиҳои мавҷудаи асппарварӣ, инчунин ба роҳ мондани парвариши саршумори аспҳо дар хоҷагиҳои нави асппарварӣ мусоидат менамояд.
Рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ барои таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ шароит фароҳам меоварад.
3. Раванди иҷрои Барнома
Барои таъмини иҷрои Барнома ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳалли чунин масъалаҳо заруранд:
- барои нигоҳдорӣ ва пешбурди корҳои селексионию хушзотгардонӣ ва такрористеҳсолкунии саршумори аспҳо барқарор намудани фаъолияти Аспхонаи давлатӣ;
- аз нав дида баромадани чарогоҳҳои мавсимии ҷудошудае, ки ба хоҷагиҳои асппарвар вобаста карда шудааст;
- андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои мавҷуда ва хоҷагиҳои навтаъсис новобаста ба шакли хоҷагидорӣ бо тойчаҳои хушзот;
- ташкили хоҷагиҳои зотпарварии асппарвар, инчунин чорабиниҳо оид ба корҳои селексионию хушзотгардонӣ бо мақсади хушзот намудани навъои дохилизотӣ, шаҷараҳо ва оилаҳо;
- тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар;
- ҷалби васеъи сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳаи асппарварӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва пешбинӣ намудани қарзҳои имтиёзнок.
4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
Маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ, қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар давраи солҳои 2010-2016 ҳар сол 250 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳо, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома (замимаи 1) дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва грантҳо таъмин карда мешаванд.
5. Талабот оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби бучети давлатӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ дар давраи солҳои 2010-2016
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------ҷ
|№ | Номгуи воситахои |Вохи-| Микдор | Нархи як | Нархи |
|т/т| асоси ва гардиши |ди | | вохид | умуми |
| | |ченак| | | (хазор |
| | | | | | сомони) |
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------+
|1. |Харидори намудани айгирхои | | | | |
| |хушзот аз дохили чумхури |сар | 40 | 25000 | 1000,0 |
| |(қарори Ҳукумати ҶТ | | | | |
| |аз 1.07.2014 № 422) | | | | |
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------+
|2. |Харидори намудани тойчахои | | | | |
| |зоти аз хочагихои зотпар- | | | | |
| |вари |сар | 300 | 2300 | 690,0 |

|3. |Хариди асбобхои тамгагузо- | | | | |
| |ри ва баходихи |дона | 10 | 500 | 5,0 |

|4. |Барои пешбурди корхои | | | | |
| |селексиони | - | - | - | 25,0 |

|5. |Барои нашри китоби давлатии| | | | |
| |зоти аспи точики | - | - | - | 30,0 |

| |Хамаги: | - | - | - | 1750,0 |

6. Хориҷ карда шуд
Замимаи 1
ба Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома
+---+-------------------------+---------+----------------------------ҷ
| № | Номгуи | Мухлати | Мутасаддиён |
|т/т| чорабинихо | ичро | |
+---+-------------------------+---------+----------------------------+
|1. |Мусоидат намудан барои |2009-2016|Вазорати кишоварзи, макомоти|
| |субъектхои хочагидор дар | |ичроияи хокимияти давлатии |
| |ВМКБ, вилоятхои Сугд, | |вилоятхо ва шахру нохияхои |
| |Хатлон ва нохияхои | |тобеи чумхури |
| |тобеи чумхури | | |

|2. |Таъсиси ипподромхои |2009-2016|Макомоти ичроияи хокимияти |
| |замонави дар вилоятхои | |давлатии вилоятхои Сугд, |
| |Сугду Хатлон | |Хатлон |

|3. |Баргузор намудани музоя- |Соле як |Вазорати кишоварзи, макомоти|
| |дахои чумхурияви ва |маротиба |ичроияи хокимияти давлатии |
| |вилояти | |шахри Душанбе, Аспхонаи |
| | | |давлати |

|4 |Гузаронидани семинари | Дар ду |Вазорати кишоварзи, макомоти|
| |чумхурияви оид ба рушди | сол як |ичроияи хокимияти давлатии |
| |сохаи асппарвари |маротиба |вилоятхои Сугд, Хатлон ва |
| | | |шахру нохияхои тобеи чумхури|

|5 |Тайёр намудани мутахас- |2009-2016|Вазорати рушди иктисод ва |
| |сисони соха дар Донишгохи| |савдо, маориф, кишоварзи |
| |аграри | | |
+---+-------------------------+---------+----------------------------+
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" декабри соли 2008 № 662
тасдиқ шудааст.
Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009 № 450)

4.Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
Маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ, қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар давраи солҳои 2010-2016 ҳар сол 250 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳо, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома (замимаи 1) дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва грантҳо таъмин карда мешаванд.
5. Талабот оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби бучети давлатӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ дар давраи солҳои 2010-2016
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------ҷ
|№ | Номгуи воситахои |Вохи-| Микдор | Нархи як | Нархи |
|т/т| асоси ва гардиши |ди | | вохид | умуми |
| | |ченак| | | (хазор |
| | | | | | сомони) |
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------+
|1. |Харидори намудани айгирхои | | | | |
| |хушзот аз дигар чумхурихо |сар | 40 | 25000 | 1000,0 |
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------+
|2. |Харидори намудани тойчахои | | | | |
| |зоти аз хочагихои зотпар- | | | | |
| |вари |сар | 300 | 2300 | 690,0 |
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------+
|3. |Хариди асбобхои тамгагузо- | | | | |
| |ри ва баходихи |дона | 10 | 500 | 5,0 |
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------+
|4. |Барои пешбурди корхои | | | | |
| |селексиони | - | - | - | 25,0 |
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------+
|5. |Барои нашри китоби давлатии| | | | |
| |зоти аспи точики | - | - | - | 30,0 |
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------+
| |Хамаги: | - | - | - | 1750,0 |
+---+---------------------------+-----+--------+-----------+---------+
6. Дурнамои фурӯши тойчаҳои зотӣ аз хоҷаги ои зотпарварии ҷумҳурӣ барои солҳои 2010-2016
+---+----------------+---+------+------------------------------------ҷ
| № | Номгуи |Вох| Сарри| Солхо |
|т/т| хочагихо |чен| асп +------+----+----+----+----+----+----+
| | | | | 2010|2011|2012|2013|2014|2015|2016|
| | | | | | | | | | | |
+---+----------------+---+------+------+----+----+----+----+----+----+
|1. |Заводи асппарва-| | | | | | | | | |
| |рии "Асппарвар"-| | | | | | | | | |
| |и нохияи Рудаки |сар| 253 | 25 | 30 | 35 | 35 | 40 | 45 | 50 |
+---+----------------+---+------+------+----+----+----+----+----+----+
|2. |Заводи асппарва-| | | | | | | | | |
| |рии "Баракат"-и | | | | | | | | | |
| | нохияи Хисор | | | | | | | | | |
| | |-I-| 313 | 20 | 20 | 25 | 25 | 30 | 35 | 35 |
+---+----------------+---+------+------+----+----+----+----+----+----+
|3. |Заводи асппарва-| | | | | | | | | |
| |рии "Чорводор" -| | | | | | | | | |
| |и нохияи Вахш |-I-| 442 | 20 | 20 | 25 | 25 | 30 | 30 | 35 |
+---+----------------+---+------+------+----+----+----+----+----+----+
|4. |Хочагии асппар- | | | | | | | | | |
| |варии ба номи | | | | | | | | | |
| |Меликмуродови | | | | | | | | | |
| |нохияи Шахринав |-I-| 136 | 8 | 10 | 12 | 14 | 16 | 18 | 20 |
+---+----------------+---+------+------+----+----+----+----+----+----+
|5. |Хочагии асппар- | | | | | | | | | |
| |варии "Кангурт"-| | | | | | | | | |
| |и нохияи | | | | | | | | | |
| |Темурмалик |-I-| 217 | 10 | 12 | 15 | 20 | 24 | 26 | 30 |
+---+----------------+---+------+------+----+----+----+----+----+----+
|6. |Хочагии асппар- | | | | | | | | | |
| |варии "Дангара"-| | | | | | | | | |
| |и нохияи | | | | | | | | | |
| |Дангара |-I-| 289 | 10 | 15 | 20 | 20 | 25 | 25 | 30 |
+---+----------------+---+------+------+----+----+----+----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
|7. |Заводи | | | | | | | | | |
| |зотпар- | | | | | | | | | |
| |варии | | | | | | | | | |
| |хоҷагии | | | | | | | | | |
| |деҳқонии | | | | | | | | | |
| |"Дош- | | | | | | | | | |
| |мандӣ"-и | | | | | | | | | |
| |ноҳияи | | | | | | | | | |
| |Файзобод |сар|548 |20 |20 |25 |25 |30 |35 |35 |
+---+----------------+---+------+------+----+----+----+----+----+----+
| | | | | | | | | | |
| |Ҳамагӣ: | 2198 |113 |127 |157 |164 |195 |214 |235 |
| | | | | | | | | | |
| | | | | | | | | | |
+---+----------------+----------+------+----+----+----+----+----+----+