Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта
Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади содда гардонидани механизми фурӯши пахта, инчунин ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи пахта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2003, № 223 "Дар бораи такмили механизми истеҳсол ва фурӯши пахта" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба банди 15 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маблағҳои андоз аз фурӯши нахи пахта мутобиқи шартҳои қарордод аз ҷониби андозсупорандагон бевосита ба Буҷети давлатӣ тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози фурӯши ҳосили соли 2008 пардохт мегарданд";
- дар банди 18:
- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад;
"тасдиқномаи бонки хизматрасон оид ба ворид гардидани маблағи пешпардохт аз оғози фурӯши ҳосили соли 2008";
- дар сархати сеюм калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 декабри соли 2008 № 610
ш. Душанбе