Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2008, № 600
тасдиқ шудааст
Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 485, аз 27.09.2023 № 472)
1. Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ (минбаъд - Тартиб) дар асоси моддаи 11 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиб ва шароитҳои пешниҳод намудани хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва музднокро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ муайян месозад .
2. Хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон - намуд, ҳаҷм ва шартҳои пешниҳод намудаи кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз буҷети давлатӣ, инчунин мавҷудияти захираҳои донорӣ барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ дар бар мегирад.
3. Шарти асосии расонидани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани роҳхати духтури оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳали зист, хулосаи комиссияи назоратӣ тиббӣ мебошад.
4. Хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шахсони дорои имтиёз, тибқи номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондодҳои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ, пешниҳод карда мешаванд.
5. Таъминот бо доруворӣ ҳангоми хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ мутобиқи Рӯйхати доруворҳои асосӣ ва синонимҳои онҳо (РВАД) анҷом дода мешавад.
6. Кӯмакҳои башардӯстона, грантҳо ва маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, манбаи иловагии таъмини хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон мебошанд.
6(1). Талабот оид ба ҳаҷм, муҳлати иҷро ва ҳаққи хизматрасонии тиббию санитарӣ бо шартномаи тарафайн муайян карда мешавад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад .
6(2). Истеъмолкунанда шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки дар асоси шартнома хизматрасонии тиббию санитариро фармоиш медиҳад .
6(3). Иҷрокунанда муассисаи давлатии тиббӣ мебошад, ки хизматрасонии тиббию санитариро барои истеъмолкунанда тибқи шартнома дар бораи хизматрасонӣ таъмин менамояд .
6(4). Иҷрокунанда ҳуқуқ надорад бе розигии истеъмолкунанда хизматрасонии тиббию санитарии иловагиро амалӣ намояд .
6(5). Муқаррароти Тартиби мазкур бо таври дастрасу возеҳ аз ҷониби иҷрокунанда ба маълумоти истеъмолкунанда расонида мешавад .
6(6). Иҷрокунанда уҳдадор аст, ки ҷойгир намудани маълумотро оид ба номгӯи хизматрасонии тиббию санитарӣ, нархномаи хизматрасонӣ, дар бораи шароит ва тартиби пардохти хизматрасонии тиббию санитарӣ дар сомонаи интернетии муассисаи давлатии тандурустӣ ва дар гӯшаҳои иттилоотӣ ба роҳ монад .
7. Намудҳои кумаки тиббию санитарии ройгон:
- кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;
- кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ;
- таъминот бо доруворӣ, ваксинаҳо ва тадбирҳои ташхиси лабараторӣ дар шароити дармонгоҳ;
- кӯмаки тиббӣ дар шароити беморхона;
- кӯмаки стоматологӣ;
- чорабиниҳои санитарӣ-гигиенӣ.
8. Кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ:
Кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ, аз ҷумла таъминот бо доруворӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёти шаҳрвандон ё шахсони атрофи он таҳдид мекунанд ва ба бемориҳои ногаҳонӣ, ҳолатҳои нохуш, захмбардорӣ ё заҳролудшавӣ, ноқисиҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд алоқаманд мебошанд.
9. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ:
Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, дар доираи он навъ ва ҳаҷмҳои зерини хизматрасонӣ таъмин карда мешаванд:
А) пешгирӣ:
машварат ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи эмкунӣ мутобиқи тақвими миллии эмкунӣ;
машварати пӯшида оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти инсон (ВИЧ), аломати норасоии масунияти инсон (СПИД), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд;
назорати ҳолати саломатии кӯдакони то синни 5 сола;
муоинаи пешгирии давравии мактаббачагон;
назорати диспансерии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва таҷҳизотии таҳқиқ;
гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок оид ба пешгирии бемориҳо.
Б) Ташхис:
муоинаи бемор;
таҳқиқ ва ташхиси заминавии лабораторӣ (ташхиси умумии хун аз рӯи нишондод, ташхиси хун барои вараҷа, ташхиси умумии хуни донорӣ барои сирояти бо хун интиқол ёбанда, ташхиси умумии пешоб аз рӯи нишондод, микроскопияи андудаи пешоброҳӣ ва маҳбалии ҳомиладор, ташхиси балғам, муайян намудани қанди хун ва пешоб аз рӯи нишондод, электрокардиография дар ҳолатҳои зарурӣ).
В) Муолиҷа:
расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ;
беҳаракат (тасбити) намудани узв;
таъини доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;
таъин ва гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохили варид, мушак ва зери пӯст);
таъин ва гузаронидани амалиётҳои (хизматрасониҳои) тиббӣ, ки номгӯи онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар намудааст .
Г) Кӯмаки тиббию санитарӣ ба даъватшавандагони хизмати ҳарбӣдар асоси роҳхати комиссияи ҳарбию тиббӣ таъмин намудани муоина, чорабиниҳои ташхисӣ ва барқарорсозии муолиҷавӣ.
10. Кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ, ки намуд, ҳаҷм ва тартиби расонидани онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар намудааст .
11. Таъминот бо доруворӣ, ваксинаҳо ва тадбирҳои ташхисилабараторӣ дар сатҳи дармонгоҳӣ бо тарзи зерин анҷом дода мешавад:
а) ҳангоми расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ бо доруворӣ ва маводҳои мавриди истифодаи тиббӣ;
б) эмгузаронии кӯдакони то синни 5 сола дар доираи тақвими миллии эмгузаронӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва кӯмаки башардӯстона;
в) тадбирҳои ташхисӣ-лабараторӣ, ки номгӯ ва ҳаҷми онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд .
12. Кӯмаки тиббӣ дар шароити беморхона:
а) кӯмаки фаврӣ беморхона то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ тахдид менамояд, мувофиқи номгӯи ҳолатҳое, ки бо фармони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ гардидаанд ;
б) кӯмаки нақшавӣ дар асоси номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондодҳои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд, амалӣ карда мешавад;
в) кӯмак ҳангоми таваллуд ба заноне, ки дар қайд ва назорати мунтазами муассисаи вобастаи тиббӣ мебошанд;
13. Кумаки стоматологӣ намудҳои зеринро фаро мегирад:
а) муоинаи профилактикӣ чорабиниҳои дорои хусусияти профилактикӣ ба кӯдакон ва ҳомиладорон ду маротиб дар як сол;
б) кӯмаки стоматологии таъҷилӣ;
в) кӯмаки махсусгардонидашудаи стоматологӣ дар асоси номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондодҳои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд, амалӣ карда мешавад;
14. Чорабиниҳои беҳдоштӣ-гигиенӣ мутобиқи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешаванд .
15. Хизматрасониҳои тиббию санитарии музднок хизматрасониҳое мебошанд, ки муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамоянд.
16. Хизматрасониҳои тиббию санитарии музднок манбаи иловагии маблағгузории муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ буда, барои дастгирии заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони тиб ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона карда мешаванд.
17. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ феҳристи муассисаҳои системаи давлатии тандурустиро, ки хизматрасониҳои тиббию санитарии музднок мерасонанд, муайян менамояд мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ .
18. Муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ вобаста ба самти фаъолият ва имкониятҳои молиявӣ марҳила ба марҳила аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба хизматрасониҳои музднок гузаронида мешаванд .
19. Хизматрасониҳои тиббию санитарии музднок дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ бо тартиби муайяншудаи моддаҳои 797- 803 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур расонида мешавад.
20. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои шинос шудан бо шароит, тартиб, номгӯ ва нархномаи хизматрасониҳои тибби санитарии музднок, ҳуқуқ доранд.
21. Муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ вазифадоранд хизматрасониҳои тиббию санитарии музднокро ба аҳолӣ мувофиқи талаботи усулҳои ташхис, пешгирӣ ва табобат, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, ба роҳ монанд.
22. Муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ вазифадоранд ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавии хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва музднокро алоҳида ба роҳ монанд.
23. Пардохти хизматрасонии тиббию санитарии музднок дар муассисаҳои бонкӣ ё дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз рӯйи шартнома анҷом дода мешавад. Ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолӣ барои пешниҳоди хизматҳои музднок аз ҷониби муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ бо истифода аз корти бонкӣ, воситаҳои дигари пардохти электронӣ, аз ҷумла ҳамёнҳои мобилӣ ва QR-рамзҳо ё бо роҳи ба суратҳисоби муассисаи давлатии системаи тандурустӣ ворид намудани маблағ анҷом дода мешавад ().
24. Маблағҳои аз хизматрасониҳои тиббию санитарии музднок воридшаванда дар асоси Дастурамал дар бораи маблағҳои махсуси муассисаҳои системаи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.
25. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
* Нархномаҳо дар матни забони русӣ оварда шудааст.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2008, № 600
тасдиқ шудааст
Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ
1. Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ (минбаъдТартиб) дар асоси моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" таҳия шуда, тартиб ва шароитҳои пешниҳод намудани хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва музднокро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ муайян месозад.
2. Хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон - намуд, ҳаҷм ва шартҳои пешниҳод намудаи кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз буҷети давлатӣ, инчунин мавҷудияти захираҳои донорӣ барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ дар бар мегирад.
3. Шарти асосии расонидани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани роҳхати духтури оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳали зист, хулосаи комиссияи назоратӣ тиббӣ мебошад.
4. Хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шахсони дорои имтиёз, тибқи номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондодҳои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ, пешниҳод карда мешаванд.
5. Таъминот бо доруворӣ ҳангоми хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ мутобиқи Рӯйхати доруворҳои асосӣ ва синонимҳои онҳо (РВАД) анҷом дода мешавад.
6. Кӯмакҳои башардӯстона, грантҳо ва маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, манбаи иловагии таъмини хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон мебошанд.
7. Намудҳои кумаки тиббию санитарии ройгон:
- кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;
- кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ;
- таъминот бо доруворӣ, ваксинаҳо ва тадбирҳои ташхиси лабараторӣ дар шароити дармонгоҳ;
- кӯмаки тиббӣ дар шароити беморхона;
- кӯмаки стоматологӣ;
- чорабиниҳои санитарӣ-гигиенӣ.
8. Кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ:
Кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ, аз ҷумла таъминот бо доруворӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёти шаҳрвандон ё шахсони атрофи он таҳдид мекунанд ва ба бемориҳои ногаҳонӣ, ҳолатҳои нохуш, захмбардорӣ ё заҳролудшавӣ, ноқисиҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд алоқаманд мебошанд.
9. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ:
Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, дар доираи он навъ ва ҳаҷмҳои зерини хизматрасонӣ таъмин карда мешаванд:
А) пешгирӣ:
машварат ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи эмкунӣ мутобиқи тақвими миллии эмкунӣ;
машварати пӯшида оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти инсон (ВИЧ), аломати норасоии масунияти инсон (СПИД), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд;
назорати ҳолати саломатии кӯдакони то синни 5 сола;
муоинаи пешгирии давравии мактаббачагон;
назорати диспансерии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва таҷҳизотии таҳқиқ;
гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок оид ба пешгирии бемориҳо.
Б) Ташхис:
муоинаи бемор;
таҳқиқ ва ташхиси заминавии лабораторӣ (ташхиси умумии хун аз рӯи нишондод, ташхиси хун барои вараҷа, ташхиси умумии хуни донорӣ барои сирояти бо хун интиқол ёбанда, ташхиси умумии пешоб аз рӯи нишондод, микроскопияи андудаи пешоброҳӣ ва маҳбалии ҳомиладор, ташхиси балғам, муайян намудани қанди хун ва пешоб аз рӯи нишондод, электрокардиография дар ҳолатҳои зарурӣ).
В) Муолиҷа:
расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ;
беҳаракат (тасбити) намудани узв;
таъини доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;
таъин ва гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохили варид, мушак ва зери пӯст);
таъин ва гузаронидани амалиётҳои (хизматрасониҳои) тиббӣ, ки номгӯи онро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Г) Кӯмаки тиббию санитарӣ ба даъватшавандагони хизмати ҳарбӣдар асоси роҳхати комиссияи ҳарбию тиббӣ таъмин намудани муоина, чорабиниҳои ташхисӣ ва барқарорсозии муолиҷавӣ.
10. Кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ, ки намуд, ҳаҷм ва тартиби расонидани онро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
11. Таъминот бо доруворӣ, ваксинаҳо ва тадбирҳои ташхисилабараторӣ дар сатҳи дармонгоҳӣ бо тарзи зерин анҷом дода мешавад:
а) ҳангоми расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ бо доруворӣ ва маводҳои мавриди истифодаи тиббӣ;
б) эмгузаронии кӯдакони то синни 5 сола дар доираи тақвими миллии эмгузаронӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва кӯмаки башардӯстона;
в) тадбирҳои ташхисӣ-лабараторӣ, ки номгӯ ва ҳаҷми онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
12. Кӯмаки тиббӣ дар шароити беморхона:
а) кӯмаки фаврӣ беморхона то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ тахдид менамояд, мувофиқи номгӯи ҳолатҳое, ки бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд;
б) кӯмаки нақшавӣ дар асоси номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондодҳои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд, амалӣ карда мешавад;
в) кӯмак ҳангоми таваллуд ба заноне, ки дар қайд ва назорати мунтазами муассисаи вобастаи тиббӣ мебошанд;
13. Кумаки стоматологӣ намудҳои зеринро фаро мегирад:
а) муоинаи профилактикӣ чорабиниҳои дорои хусусияти профилактикӣ ба кӯдакон ва ҳомиладорон ду маротиб дар як сол;
б) кӯмаки стоматологии таъҷилӣ;
в) кӯмаки махсусгардонидашудаи стоматологӣ дар асоси номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондодҳои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд, амалӣ карда мешавад;
14. Чорабиниҳои беҳдоштӣ-гигиенӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешаванд.
15. Хизматрасониҳои тиббию санитарии музднок хизматрасониҳое мебошанд, ки муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамоянд.
16. Хизматрасониҳои тиббию санитарии музднок манбаи иловагии маблағгузории муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ буда, барои дастгирии заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони тиб ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона карда мешаванд.
17. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи муассисаҳои системаи давлатии тандурустиро, ки хизматрасониҳои тиббию санитарии музднок мерасонанд, муайян менамояд.
18. Муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ вобаста ба самти фаъолият ва имкониятҳои молиявӣ марҳила ба марҳила аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасониҳои музднок гузаронида мешаванд.
19. Хизматрасониҳои тиббию санитарии музднок дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ бо тартиби муайяншудаи моддаҳои 797- 803 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур расонида мешавад.
20. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои шинос шудан бо шароит, тартиб, номгӯ ва нархномаи хизматрасониҳои тибби санитарии музднок, ҳуқуқ доранд.
21. Муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ вазифадоранд хизматрасониҳои тиббию санитарии музднокро ба аҳолӣ мувофиқи талаботи усулҳои ташхис, пешгирӣ ва табобат, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, ба роҳ монанд.
22. Муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ вазифадоранд ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавии хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва музднокро алоҳида ба роҳ монанд.
23. Пардохти хизматрасонии тиббию санитарии музднок дар муассисаҳои бонкӣ ё муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ сурат мегирад. Ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолӣ барои пешниҳоди хизматҳои музднок аз ҷониби муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ бо истифодаи мошинҳои назоратӣ-кассавӣ анҷом дода мешавад. Ҳангоми пардохти хизматрасонии тиббию санитарии музднок бидуни истифодаи дастгоҳи назоратӣ-кассавӣ, муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ вазифадоранд аз варақаи махсус, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудааст ва ҳуҷҷати расмӣ ҳисоб меёбад, истифода баранд. Муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ вазифадоранд нусхаи варақаи махсус ва ё чеки дастгоҳи назоратӣ-кассавии тасдиқкунандаи қабули пули нақдро ба истифодабарандаи хизматрасонии тиббию санитарӣ супоранд.