Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 300, аз 25.09.2018 № 485)
Мутобиқи моддаи 11 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Тасдиқ карда шаванд:
Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ;
Хорич карда шуд
Хорич карда шуд
Номгӯи хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи тадриҷии Тартиби хизматрасонии тиббию санитариро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, дар марҳилаи аввал дар бахшҳои ёрирасон, барқарорсозӣ ва хизматрасонии тиббии гаронарзиш таъмин намояд .
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондодҳои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқук доранд, таҳия ва тасдиқ намояд .
4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои ҳампардохти хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ва Дастурамал дар бораи маблағҳои махсуси муассисаҳои системаи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд .
5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нархномаҳои намуд ва ҳаҷми хизматрасонии тиббию санитариро ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ таҳия ва тасдиқ намояд" .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 декабри соли 2008 № 600
ш. Душанбе