Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2008 № 601
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.06.2014 № 394, аз 31.12.2014 № 812, аз 27.08.2021 № 341)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (минбаъд -Хадамот) мақомоти иҷроияи ҳокиммяти давлатӣ буда, вазифаҳои ташхиси давлатии тиббию иҷтимоии шаҳрвандонро ба амал мебарорад .
Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад .
2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори он, дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад .
II. Вазифаҳо
4. Хадамот вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:
- муайян намудани ҳолати қобилияти корӣ, муддати дароз ё доимӣ гум кардани қобилияти корӣ;
- муайян намудани гурӯҳ ва сабаби маъюбӣ;
- гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии такрорӣ, иловагӣ ва комплексӣ барои муқаррар намудани гурӯҳи маъюбии шаҳрвандон
- вобаста ба вазъи саломатии маъюбон таҳия намудани тавсияҳо оид ба шароит ва намудҳои меҳнат барои онҳо, касбу корҳои ба онҳо дастрас, ки риояи ин тавсияҳо барои ташкилоту корхона ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад.
- таҳия намудани барномаҳои давлатӣ оид ба таҳқиқ ва омӯзиши сабаб, вазъ ва шароити маъюбӣ дар ҷумҳурӣ, пешбинии чорабиниҳо оид ба пешгирии маъюбӣ ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон;
- таъмини ташкили экспертизаи тиббию иҷтимоӣ оид ба муайян намудани дараҷаи маъюбии шаҳрвандон аз ҷонибн пизишкони таълими махсусдошта
- дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани шароит ва усулҳои барқарор намудани қобилияти кории маъюбон, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-иҷтимоӣ ;
- вобаста ба гурӯҳи маъюбӣ ва ҳолати маъюбон ба маъюбон тавсия намудани аробачаҳои маъюбӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар намуди воситаҳои ҳаракат, инчунин шаклҳои таълими касбӣ ва тағйири ихтисоси онҳо;
- таҳияи барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон ва мониторинги амалӣ гардидани онҳо
- дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти илмии маводи комиссияҳои экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, татбиқи чораҳои пешгирикунандаи амалӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати ҳаёти шаҳрвандон ва пешгирии маъюбшавии аҳолӣ, татбиқи чораҳои амалӣ баҳри пешгирӣ ва паст кардани сатҳи маъюбшавии аҳолӣ ;
- ташкили маҳзани маълумот оид ба шаҳрвандони аз экспертизаи тиббию иҷтимоӣ гузашта ва гурӯҳи маъюбии онҳо ;
- пешбурди омор аз рӯйи ҳайати демографии маъюбони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистои иқоматдошта;
- ба роҳ мондани мубодилаи иттилоотӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тавассути шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор пешниҳод намудани маълумот оид ба эътироф кардани маъюбии хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ;
- якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили ҷаласаҳои сайёри Шӯрои экспертии тиббию иҷтимоӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Хадамот ;
- тибқи тартиби муқарраршуда ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани таҷриба ва дастовардҳои пешқадами илм ва воситаҳои ҳозиразамони ташхис дар фаъолияти ташхиси тиббию иҷтимои Хадамот ва сохторҳои он ;
- оид ба самтҳои асосии фаъолияташ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот, ҳисоботи оморӣ ва нақшавӣ ;
- назорати татбиқи Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон тибқи қонунҳои амалкунанда ;
- бо дарназардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ ба шахси то синни 18 - сола муқаррар намудани категорияи "кӯдаки маъюб" .
5. Бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои худ Хадамот ҳуқуқ дорад:
- экспертизаи тиббию иҷтимоии шаҳрвандонро гузаронида оид ба муқаррар, тасдиқ ё қатъ намудани ҳолати маъюбии шаҳрвандон ва дараҷаи маҳдудияти фаъолияти кории онҳо қарор қабул кунад;
- риояи тавсияҳо оид ба меҳнати маъюбон ва иҷрои барномаҳои инфиродии офиятбахшии иҷтимоию меҳнатии маъюбонро дар муассисаҳои тиббию пешгирии бемориҳо, шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо назорат намояд;
- оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба экспертизаи тиббию иҷтимоӣ таклифҳо пешниҳод намояд ;
- бо мақсади аниқ муайян намудани натиҷаҳои ташхиси клиникӣ-функсионалӣ ва имкониятҳои касбӣ барои муоинаи иловагӣ шаҳрвандонро ба муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ равон созад;
- мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи тиббию иҷтимоӣ аз корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро дархост намуда гирад:
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертизаи (шӯроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои машваратӣ) -ро дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда таъсис диҳад;
- аз мақомоти давлатии омор дар тамоми сатҳ маълумоти омориро оид ба вазъи маъюбӣ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ дархост намуда гирад;
- ҳангоми зарурат барои гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии шаҳрвандон мутахассисони дигар ташкилоту муассисаҳоро ҷалб намояд.
6. Муайян кардани гурӯҳи маъюби аз ҷониби Хадамот ва сохторҳои он дар махал дар асоси Дастуруламал оид ба экспертизаи тиббию иҷтимоие, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад .
7. Қарор дар бораи муқаррар намудани маъюбӣ ба тариқи машваратӣ бо аксарияти овози мутахассисони шуъбаҳои (бахшҳои) хадамот, ки экспертизаи тиббию иҷтимоиро мегузаронанд, қабул карда мешавад ва иҷрои он барои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ҳатмӣ мебошад.
III. Ташкили фаъолият
8. Шӯъбаву бахшҳои ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ ва шаҳрии Хадамот бо дарназардошти теъдоди аҳолие, ки ба онҳо хизмат расонида мешавад (на кам аз 120 ҳазор нафар аҳолӣ) таъсис дода мешаванд. Бо дарназардошти хусусиятҳои иҷтимоию демографӣ, ҷуғрофӣ ва гайраи минтақаҳо таъсис додани шӯъбаҳо ё бахшҳо аз рӯйи ҳисоби дигар теъдоди аҳолӣ ва шумораи шаҳрвандоне, ки дар як сол аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, мумкин аст.
9. Бо дарназардошти сатҳ, намудҳои беморӣ ва маъюбӣ дар сохтори Хадамот шӯъбаҳои (бахшҳои) зерин ташкил карда мешаванд:
- шӯъбаҳои (бахшҳои) соҳаҳои умумӣ;
- шӯъбаҳои (бахшҳои) соҳаҳои тахассусӣ барои таҳқиқу муоинаи бемориҳои сил, бемориҳои рӯҳӣ, бемориҳо ва нуқсонҳои узвҳои босира, бемориҳои дил ва узвҳои гардиши хун, бемориҳои саратон ва дигар бемориҳо;
- шӯъбаҳои (бахшҳои) соҳаҳои омехта.
10. Ба Хадамот сардори он роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад .
11. Сардори Хадамот як муовин дорад, ки ӯ бо пешниҳоди сардори Хадамот аз тарафи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад .
12. Сардори Хадамот:
- Хадамотро дар муносибат бо мақомоти марказӣ ва маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, инчунин муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Хадамот дахлдошта намояндагӣ мекунад;
- кормандон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Хадамотро тибқи тартиби муқарраргардида ба кор таъин ва аз кор озод менамояд;
- роҳбарони сохторҳои маҳаллии Хадамотро мувофиқи тартиби муқарраршуда дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи қонунгузорӣ масъалаҳои ҳавасмандгардонии моддии кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот ва роҳбарони мақомоти маҳаллии Хадамотро ҳал намуда, барои комёбиҳои меҳнатӣ ҷиҳати сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, инчунин мувофиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба онҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Хадамот, инчунин бо тартиби муқарраргардида низомномаҳои мақомоти системаи Хадамотро тасдиқ менамояд;
- басти вазифаҳои Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамотро дар доираи фонди музди меҳнати тасдиқшуда, шумораи кормандон ва сметаи хароҷот барои нигоҳдории Хадамот аз ҳисоби маблағҳои аз буҷет ҷудошуда дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ;
- мутахассисон оид ба экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва кормандони хайати хизматрасонии техникиро дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнати аз рӯйи ҳаҷми корӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб менамояд.
13. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти Хадамот дар ҳайати мутахассисони соҳа Шӯрои экспертии тиббию иҷтимоӣ таъсис дода мешавад, ки низомнома ва ҳайати он аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (
14. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, штампҳо ва бланкҳои дахлдор буда, аз ҳисоби ягона дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
15. Маҳали ҷойгиршавии Дастгоҳи марказии Хадамот шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад-71 мебошад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2008 № 601
тасдиқ шудааст.
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию ичтимоӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2021 № 341)
Роҳбарият
Раёсати экспертизаи тиббию иҷтимоии бемориҳои махсуси соҳавӣ
Шуъбаи экспертизаи тиббию иҷтимоии кӯдакон ва наврасон
Шӯъбаи таҳлил ва мониторинги экспертизаи тиббию иҷтимоӣ
Бахши ҳуқуқ
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Бахши умумӣ
Бахши молиявӣ ва хоҷагӣ
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2008 № 601
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2021 № 341)
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаҳои Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе
Шӯъбаҳо ва бахшҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва байниноҳиявии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ
Шӯъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014, № 812
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳои системаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2021 № 341)
Муассисаи давлатии "Маркази экспертизаи тиббию иҷтимоии маъюбон" .
Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2008 № 601
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ (минбаъд -Хадамот) мақомоти иҷроияи ҳокиммяти давлатӣ буда, вазифаҳои ташхиси давлатии тиббию иҷтимоии шаҳрвандонро ба амал мебарорад.
2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Вазифаҳо
4. Хадамот вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:
- муайян намудани ҳолати қобилияти корӣ, муддати дароз ё доимӣ гум кардани қобилияти корӣ;
- муайян намудани гурӯҳ ва сабаби маъюбӣ:
- гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоии такрорӣ, иловагӣ ва комплексӣ барои муқаррар намудани гурӯҳи маъюбии шаҳрвандон;
- вобаста ба вазъи саломатии маъюбон таҳия намудани тавсияҳо оид ба шароит ва намудҳои меҳнат барои онҳо, касбу корҳои ба онҳо дастрас, ки риояи ин тавсияҳо барои ташкилоту корхона ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад.
- таҳия намудани барномаҳои давлатӣ оид ба таҳқиқ ва омӯзиши сабаб, вазъ ва шароити маъюбӣ дар ҷумҳурӣ, пешбинии чорабиниҳо оид ба пешгирии маъюбӣ ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон;
- таъмини ташкили ташхиси тиббию иҷтимоӣ оид ба муайян намудани дараҷаи маъюбии шаҳрвандон аз ҷонибн пизишкони таълими махсусдошта;
- дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани шароит ва усулҳои барқарор намудани қобилияти кории маъюбон, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ташхиси тиббӣиҷтимоӣ;
- вобаста ба гурӯҳи маъюбӣ ва ҳолати маъюбон ба маъюбон тавсия намудани аробачаҳои маъюбӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар намуди воситаҳои ҳаракат, инчунин шаклҳои таълими касбӣ ва тағйири ихтисоси онҳо;
- тахияи барномаҳои инфиродии офияти маъюбон ва назорати амалӣ гардидани онҳо;
- дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти илмии маводи комиссияҳои ташхиси тиббию иҷтимоӣ, татбиқи чораҳои пешгирикунандаи амалӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати ҳаёти шаҳрвандон ва пешгирии маъюбшавии аҳолӣ, татбиқи чораҳои амалӣ баҳри пешгирӣ ва паст кардани сатҳи маъюбшавии аҳолӣ;
- ташкили маҳзани маълумот оид ба шаҳрвандони аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузашта ва гурӯҳи маъюбии онҳо;
- пешбурди омор аз рӯйи ҳайати демографии маъюбони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистои иқоматдошта;
- тавассути шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор пешниҳод намудани маълумот оид ба эътироф кардани маъюбии хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ;
- якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили ҷаласаҳои сайёри Шӯрои ташхис оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Хадамот;
- тибқи тартиби муқарраршуда ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои ташхиси тиббию иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани таҷриба ва дастовардҳои пешқадами илм ва воситаҳои ҳозиразамони ташхис дар фаъолияти ташхиси тиббию иҷтимои Хадамот ва сохторҳои он;
- оид ба самтҳои асосии фаъолияташ ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот, ҳисоботи оморӣ ва нақшавӣ.
5. Бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои худ Хадамот ҳуқуқ дорад:
- ташхиси тиббию иҷтимоии шаҳрвандонро гузаронида оид ба дараҷаи маҳдудияти фаъолияти кории онҳо қарор қабул кунад;
- риояи тавсияҳо оид ба меҳнати маъюбон ва иҷрои барномаҳои инфиродии офиятбахшии иҷтимоию меҳнатии маъюбонро дар муассисаҳои тиббию пешгирии бемориҳо, шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо назорат намояд;
- оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
- бо мақсади аниқ муайян намудани натиҷаҳои ташхиси клиникӣ-функсионалӣ ва имкониятҳои касбӣ барои муоинаи иловагӣ шаҳрвандонро ба муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ равон созад;
- мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ташхиси тиббию иҷтимоӣ аз корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро дархост намуда гирад:
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва ташхиси (шӯроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои машваратӣ) -ро дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда таъсис диҳад;
- аз мақомоти давлатии омор дар тамоми сатҳ маълумоти омориро оид ба вазъи маъюбӣ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ дархост намуда гирад;
- ҳангоми зарурат барои гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоии шаҳрвандон мутахассисони дигар ташкилоту муассисаҳоро ҷалб намояд.
6. Муайян кардани гурӯҳи маъюби аз ҷониби Хадамот ва сохторҳои он дар махал дар асоси Дастуруламал оид ба ташхиси тиббию иҷтимоие, ки аз тарафи вазоратҳои тандурустӣ ва меҳнат ва ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад.
7. Қарор дар бораи муқаррар намудани маъюбӣ ба тариқи машваратӣ бо аксарияти овози мутахассисони шуъбаҳои (бахшҳои) хадамот, ки ташхиси тиббию иҷтимоиро мегузаронанд, қабул карда мешавад ва иҷрои он барои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ҳатмӣ мебошад.
III. Ташкили фаъолият
8. Шӯъбаву бахшҳои ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ ва шаҳрии Хадамот бо дарназардошти теъдоди аҳолие, ки ба онҳо хизмат расонида мешавад (на кам аз 120 ҳазор нафар аҳолӣ) таъсис дода мешаванд. Бо дарназардошти хусусиятҳои иҷтимоию демографӣ, ҷуғрофӣ ва гайраи минтақаҳо таъсис додани шӯъбаҳо ё бахшҳо аз рӯйи ҳисоби дигар теъдоди аҳолӣ ва шумораи шаҳрвандоне, ки дар як сол аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, мумкин аст.
9. Бо дарназардошти сатҳ, намудҳои беморӣ ва маъюбӣ дар сохтори Хадамот шӯъбаҳои (бахшҳои) зерин ташкил карда мешаванд:
- шӯъбаҳои (бахшҳои) соҳаҳои умумӣ;
- шӯъбаҳои (бахшҳои) соҳаҳои тахассусӣ барои таҳқиқу муоинаи бемориҳои сил, бемориҳои рӯҳӣ, бемориҳо ва нуқсонҳои узвҳои босира, бемориҳои дил ва узвҳои гардиши хун, бемориҳои саратон ва дигар бемориҳо;
- шӯъбаҳои (бахшҳои) соҳаҳои омехта.
10. Ба Хадамот сардори он роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
11. Сардори Хадамот як муовин дорад, ки ӯ бо пешниҳоди сардори Хадамот аз тарафи Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
12. Сардори Хадамот:
- Хадамотро дар муносибат бо мақомоти марказӣ ва маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, инчунин муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Хадамот дахлдошта намояндагӣ мекунад;
- кормандон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Хадамотро тибқи тартиби муқарраргардида ба кор таъин ва аз кор озод менамояд;
- роҳбарони сохторҳои маҳаллии Хадамотро мувофиқи тартиби муқарраршуда дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи қонунгузорӣ масъалаҳои ҳавасмандгардонии моддии кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот ва роҳбарони мақомоти маҳаллии Хадамотро ҳал намуда, барои комёбиҳои меҳнатӣ ҷиҳати сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, инчунин мувофиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба онҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Хадамот, инчунин бо тартиби муқарраргардида низомномаҳои мақомоти системаи Хадамотро тасдиқ менамояд;
- басти кории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамотро дар доираи фонди музди меҳнати тасдиқшуда, шумораи кормандон ва сметаи хароҷот барои нигоҳдории Хадамот аз ҳисоби маблағҳои аз буҷет ҷудошуда дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- мутахассисон оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва кормандони хайати хизматрасонии техникиро дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнати аз рӯйи ҳаҷми корӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб менамояд.
13. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти Хадамот дар ҳайати мутахассисони соҳа ва намояндаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ташхис таъсис дода мешавад, ки низомнома ва ҳайати он аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
14. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, штампҳо ва бланкҳои дахлдор буда, аз ҳисоби ягона дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
15. Маҳали ҷойгиршавии Дастгоҳи марказии Хадамот шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад-71 мебошад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2008 № 601
тасдиқ шудааст.
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию ичтимоӣ
Роҳбарият
Раёсати ташхиси тиббию иҷтимоии бемориҳои махсуси соҳавӣ
Шӯъбаи назорати ташхиси тиббию иҷтимоӣ
Шӯъбаи таҳлил ва мониторинги ташхиси тиббию иҷтимоӣ
Бахши ҳуқуқ
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Бахши умумӣ
Бахши молиявӣ ва хоҷагӣ
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2008 № 601
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе
Шӯъбаҳо ва бахшҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва байниноҳиявии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ
Шӯъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ