Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 812, аз 27.08.2021 № 341)
Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳои системаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4)
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ 130 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 35 воҳид ва мақомоти тобеи он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 95 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини сардор дошта бошад.
4. Ба Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ меъёри автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 2 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ қарор дошта аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
Маблағгузории мақомоти тобеи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба тариқи истисно то охири соли 2008 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ амалӣ карда шавад.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1999 № 454 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияҳои экспертии тиббию меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 декабри соли 2008 № 601
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ
Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).