Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2008 № 585
тасдиқ шудааст
Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастурамал) қоидаҳои ба роҳ мондани коргузориро муқаррар карда, кор бо ҳуҷҷатҳоро аз лаҳзаи ворид ё таҳия шуданашон то вақти барои нигоҳдорӣ ба бойгонӣ супоридани онҳо дар вазорату идораҳо, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо (минбаъд - ташкилот) ба низом медарорад.
2. Дастурамал бо мақсади дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ, мусоидат ва сари вақт иҷро намудани қарору супоришҳои мақомоти болоӣ, фармонҳои роҳбарият, хуҷҷатҳои хизматӣ таҳия гардида, барои кормандони дастгоҳ қоидаҳои ягонаи омода намудани ҳуҷҷатҳо, барасмиятдарорӣ, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ, назорат ва нигоҳдории онҳоро муқаррар менамояд.
3. ӯҳдадориҳо оид ба риояи талаботи ҳамин Дастурамал ба зиммаи хадамоти коргузории ташкилот гузошта мешавад.
Ҳамаи кормандони ташкилот бояд бо тартиби кор бо ҳуҷҷатҳо шинос карда шуда, ӯҳдадоранд, ки талаботи дастурамали коргузориро риоя ва иҷро намоянд. Ҳангоми иваз гардидани кормандони масъули дастгоҳи ташкилот парвандаҳои ҷории коргузорӣ бо санад супорида мешаванд.
4. Дар асос ва тибқи ҳамин Дастурамал ташкилотҳо бояд дастурамалҳои мушаххаси коргузорӣ таҳия намоянд.
5. Тартиби қабули санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба танзим дароварда мешавад.
6. Тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ тибқи дастурамалҳои махсус муқаррар карда мешавад.
7. Коргузорӣ оид ба дархостҳо, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" ва "Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон" амалӣ мегардад.
8. Мукотиба бо муссисаҳо ва шаҳрвандон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забон" анҷом дода мешавад.
2. Омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хизматӣ
а) Санаднокунии фаъолияти идоракунӣ
9. Санаднокунии фаъолияти идоракунӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида аз сабти иттилооти зарурӣ барои идоракунӣ, яъне аз ташкили кори ҳуҷҷатнигорӣ иборат аст.
10. Маҷмӯи намудҳо ва гуногунии ҳуҷҷатҳо дар асоси таъини мақсадноки ҳар як ҳуҷҷат муайян карда мешавад.
11. Тибқи тартиби мавҷуда дар ташкилотҳо ҳуҷҷатҳои ташкилию амрдиҳӣ (қарорҳо, фармонҳо, фармоишҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо, санадҳо, хулосаҳо, гузоришҳо, мактубҳо) ва хуҷҷатҳои ба ин гурӯҳ мансуб набуда, яъне хуҷҷатҳои оморӣ, молиявӣ, лоиҳавӣ-конструкторӣ, тиббӣ ва ғайра таҳия карда мешаванд.
12. Ҳуҷҷатҳои оморӣ, молиявӣ, лоиҳавӣ-конструкторӣ, тиббӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои махсус дар асоси талаботи санадҳои меъёрии дахлдор таҳия ва ба расмият дароварда мешаванд.
13. Фаъолияти идоракунии ташкилот бо роҳи қабули ҳуҷҷатҳои ташкилию амрдиҳӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ба танзим дароварда мешавад.
б) Қоидаҳои тартиб додан ва ба расмият даровардаии ҳуҷҷатҳои ташкилию амрдиҳӣ
14. Ҳуҷҷатҳои ташкилию армдиҳӣ мувофиқи стандартҳои давлатӣ тартиб ва ба расмият дароварда мешаванд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои ташкилию амрдиҳӣ дар бланкҳо тартиб дода мешаванд. Дар мавриде, ки агар ба маълумотномаҳо, маълумотҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо бо мактубҳои ҳамроҳӣ тартиб дода шаванд, он гоҳ ин ҳуҷҷатҳо дар бланкҳо ба расмият дароварда намешаванд. Ҳуҷҷатҳо дар бланкҳои ду андоза: А4 (210 х 297 мм) ва А5 (148 х 210 мм) чоп карда мешаванд. Бланкҳои андозаи А5 танҳо барои мактубҳои ҳамроҳӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки матни онҳо аз 8-10 сатри чопи мошинӣ зиёд нест, истифода бурда мешавад. Оид ба масъалаи коркарди шаклҳои бланкҳои ҳуҷҷатҳои ташкилию амрдиҳӣ ба ташкилотҳо зарур аст, ки бо ташкилоти дахлдори хадамоти давлатии бойгонӣ машварат намоянд.
15. Ҳар як ҳуҷҷат бояд дорои маҷмӯи муайяни нишонаҳои (реквизитҳои) аниқ ва тартиби устувори ҷойгиршавии онҳоро дошта бошад. Ҳайати ниҳоии нишонаҳо ва мавқеъи ҷойгиршавии онҳоро стандарти давлатӣ муайян кардааст.
16. Тартиб ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо риояи ҳатмии талаботи зеринро пешбинӣ менамояд: нишон додани намуди ҳуҷҷат, тартиб додани сарлавҳаи ҳуҷҷат, нишонӣ, санагузории ҳуҷҷат, гузоштани қайдҳо оид ба мувофиқакунии матни ҳуҷҷат, тасдиқи ҳуҷҷат (имзо ва тасдиқ кардан, гузоштани қайдҳо оид ба гардиш ва иҷрои ҳуҷҷат, гузоштани мӯҳр).
Нишон додани номгӯи намуди ҳуҷҷат бояд дар ҳар як ҳуҷҷат, ба истиснои мактуб мавҷуд бошад, масалан: ФАРМОН, ПРОТОКОЛ, ҚАРОР, ГУЗОРИШ ва ғайра (ин унсур бо ҳарфҳои калон навишта мешавад).
Ба ҳар як ҳуҷҷате, ки дар варақи андозаи А4 таҳия мешавад, новобаста аз таъиноти он, сарлавҳа тартиб дода мешавад. Сарлавҳа бояд мухтасар ва ҷавоб ба саволи "Дар бораи чӣ," "Дар бораи тағйир додани ...", "Дар бораи ҷудо намудани ...", "Дар бораи бекор кардани ..." ва ғайра бошад. Агар дар ҳуҷҷат якчанд масъала инъикосгардад, он гоҳ сарлавҳаро ба таври ҷамъбасткунанда тартиб додан мумкин аст. Дар телефонограммаҳо, хабарномаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки матни онҳо дар бланкҳои андозаи А5 чоп карда мешавад, сарлавҳа гузошта намешавад. Сарлавҳаро мураттиби ҳуҷҷат таҳия менамояд.
Ҳангоми ирсоли ҳуҷҷат бояд қоидаҳои зерин риоя шаванд:
- ҳуҷҷатҳо ба ташкилот, воҳиди сохтории он ё шахси мансабдори мушаххас ирсол карда мешаванд (воҳиди сохторӣ ё шахси мансабдор дар мукотибаи дохилиидоравӣ, мукотиба бо гирандагони доимӣ ва дар ҳолатҳои дигар, ки муайян намудани гирандаи аниқ ягон душвориро ба амал намеорад, нишон дода мешавад);
- номи ташкилот ва воҳиди сохтори он дар шакли зерин нишон дода мешавад. Масалан: Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати маълумоти миёна ва ибтидоии касбӣ
- ҳангоми ирсол намудани ҳуҷҷат ба шахси мансабдор номи ташкилот, вазифа, ному насаби гиранда чунин навишта мешавад. Масалан: Ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори департаменти муҳоҷират ________________________ ному насаб
- ҳангоми ба роҳбарияти ташкилот ирсол намудани ҳуҷҷат номи ташкилот бояд ба таркиби номи вазифавии гиранда ворид гардад. Масалан: Ба муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон __________________ ному насаб
- ҳангоми ба гирандагони муваққатӣ фиристодани ҳуҷҷат нишонии почтаи гирандаи ҳуҷҷат нишон дода мешавад. Масалан: Заводи таъмири автомобили Душанбе, 734018, Душанбе, кӯчаи Ҷомӣ № 15
- агар ҳуҷҷат ба шахси алоҳида ирсол карда шавад, он гоҳ аввал ному насаби шахси гиранда ва баъд нишонии почта нишон дода мешавад. Масалан: Ба Асроров И. В. 734024, Қӯрғонтеппа, кӯчаи Айнӣ №15, утоқи 10
Санаи ҳуҷҷат санаи имзо ё тасдиқ шудани он мебошад.
Стандарти давлатӣ ду намуди навиштани санаро муқаррар намудааст: пурра (масалан: 17 октябри соли 2007) ва мухтасар (17.10.07.). Шакли нисбатан қулай ба воситаи се ҷуфти рақамҳои арабии ба воситаи аломати нуқта ҷудо гардида мухтасар навиштани сана мебошад (ҷуфтҳои алоҳидаи рақамҳо рӯз, моҳ, солро ифода менамоянд). Агар рақами рӯз ва рақами тартибии моҳ якрақама бошад, он гоҳ пеш аз рақам "сифр" гузошта мешавад, масалан: агар 3 августи соли 2007 бошад, пас 03.08.07 навиштан лозим аст.
Ҳамаи қайдҳои хизматӣ дар ҳуҷҷате, ки ба гардиши он вобастааст, санагузорӣ ва имзо карда мешаванд. Санаи қарорҳо, фармоишҳо, фармонҳо, мактубҳо, хулосаҳо, гузоришномаҳо ва маълумотномаҳо рӯзи ба имзо расидани онҳо мебошад. Санаи протоколҳо, санадҳо, санаи гузаронидани чорабинӣ ба шумор меравад.
Мувофиқакунӣ усули баррасии пешакӣ ва баҳогузории лоиҳаи ҳуҷҷат мебошад. Мувофиқакунӣ ҳалли дуруст ва ҳаматарафаи масъалаҳо: сифати лоиҳаи ҳуҷҷати омодашуда, мақсаднокӣ ва саривақтии он, асоснокии сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии мундариҷаи он, мувофиқати лоиҳаи ҳуҷҷате омодашударо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таъмин менамояд.
Лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ҳам дар дохили ташкилот (бо воҳидҳои сохторӣ, шахсони мансабдор ва кумитаи иттифоқи касаба) ва ҳам берун аз он (бо дигар ташкилотҳо) мувофиқа карда мешаванд.
Шакли мувофиқакунии дохилии лоиҳаи ҳуҷҷат манзурӣ (виза) гузоштани он мебошад. Манзурӣ дар худ имзои шахсии хонои манзурӣ гузошта ва санаи онро дар бар мегирад. Ҳангоми зарурат вазифа ва ному насаби шахси манзурӣ гузоштаро нишон додан мумкин аст.
Масалан:
Сармуҳосиб имзо ному насаб
15.05.08.
Эрод ё илова ба ҳуҷҷат, агар онҳо мавҷуд бошанд, дар варақи алоҳида оварда мешаванд, дар лоиҳаи ҳуҷҷат бошад, чунин манзурӣ гузошта мешавад:
Сармуҳосиб имзо ному насаб
Эродҳо замима мегарданд. 15.05.08.
Чун қоида, манзуриҳо дар қисми поёнии нусхаи якуми лоиҳаи ҳуҷҷат баъди нишонаи "имзо" гузошта мешаванд. Агар ба ҳуҷҷат аз тарафи якчанд нафар манзурӣ гузошта шавад, дар он сурат манзуриҳо пайи ҳам мувофиқи тартиби гузоштани онҳо ҷойгир карда мешаванд.
Мувофиқаи берунӣ бо мӯҳр ё маълумотнома оид ба мувофиқакунӣ ба расмият дароварда мешавад.
Мӯҳри мувофиқакунии берунӣ дар худ чунин унсурҳоро дар бар мегирад: калимаҳои "МУВОФИҚА ШУД", номи вазифа, имзои шахсӣ, ному насаби шахсе, ки бо он ҳуҷҷат мувофиқа мешавад ва санаи мувофиқа. Масалан: МУВОФИҚА ШУД Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ____________________ Имзо ному насаб 5 феврали соли 2008,
ё Бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуд (мактуб аз 05.02.08. № 124-1).
Мӯҳри мувофиқаи беруна дар варақаи унвонии ҳуҷҷат гузошта мешавад.
Имзо - унсури ҳатмии ҳуҷҷат мебошад, ки масъулияти шахси ба ҳуҷҷат имзогузоштаро нисбат ба мундариҷа ва қонунӣ будани он ифода менамояд.
Ба ҳуҷҷати ирсолшаванда танҳо роҳбари ташкилот имзо мегузорад. Дар ҳолати набудани роҳбар, ба ҳуҷҷат муовини он имзо гузошта метавонад. Ба ҳуччатҳои молиявӣ роҳбари ташкилот ва сармуҳосиб имзо мегузорад.
Чун қоида, фақат ба як нусха (якум) имзо гузошта мешавад.
Ба таркиби имзо нишон додани мансаби шахси ба ҳуҷҷат имзо гузошта, имзо ва ному насаб дохил мешаванд. Масалан:
Директор имзо ному насаб
Ҳангоми имзои ҳуҷҷати тартибдодаи комиссия на вазифаи шахсони ҳуҷҷатро тартиб дода, балки тақсимоти вазифаҳои онҳо дар комиссия нишон дода мешаванд. Ному насаби раиси комиссия алоҳида навишта, ному насаби аъзои комиссия бошад, бо тартиби алифбоӣ номбар карда мешаванд. Масалан:
Раиси комиссия имзо ному насаб
Аъзои комиссия: имзо ному насаб имзо ному насаб
ва ғайра.
Ба протоколҳои ҷаласаҳои мақомоти машваратӣ, чун қоида, раиси мақомоти машваратӣ имзо мегузорад.
Тасдиқ - унсури махсуси тасдиқи ҳуҷҷат баъди имзо шудани он мебошад, ки интишори амали онро ба шахсони мансабдор иҷозат медиҳад.
Ҳуҷҷате, ки бояд тасдиқ шавад, танҳо аз лаҳзаи тасдиқ шуданаш, ҳукми қонунӣ пайдо менамояд.
Ҳуҷҷатҳоро роҳбари ташкилот ё муовини он, агар ҳалли масъалаи дар ҳуҷҷат дарҷгардида ба салоҳияти вай дохил шавад, тасдиқ менамояд.
Унсурҳои мӯҳри тасдиқ калимаҳои "Тасдиқ мекунам", номи вазифа, имзои шахсӣ, ному насаби шахси ҳуҷҷатро тасдиқкарда, санаи тасдиқ ба шумор мераванд. Масалан: Тасдиқ мекунам Директори комбинати консерви Душанбе _________ ному насаб имзо 15 июли соли 2008
Ҳангоми бо санади ҳуқуқӣ тасдиқ кардани ҳуҷҷат, дар ҳуҷҷат мӯҳри дорои шакли зерин гузошта мешавад. Масалан: Бо фармони Директори Комбинати консерви Душанбе аз 5 майи соли 2008, № 10 тасдиқ шудааст
Ба ҳуҷҷатҳое, ки аслӣ будани онҳо тасдиқи махсусро талаб менамоянд, ба ғайр аз имзо, мӯҳр низ гузошта мешавад.
Мӯҳр ба ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти моддию молиявӣ, маълумотномаҳо, шаҳодатномаҳо, дафтарчаҳои меҳнатӣ, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ ба дигар ҳуҷҷатҳо низ гузошта мешавад. Нақши мӯҳр бояд номгӯи вазифа ва имзои шахсиро дар бар гирад.
в) Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои омодашуда бо усули чопи мошинӣ ва воситаҳои техникаи электронӣ
17. Омода намудани ҳуҷҷатҳо бо усули чопи мошинӣ ё воситаҳои техникаи электронӣ мувофиқи талаботи стандарти давлатӣ амалӣ мешавад.
Дар ҳуҷҷат ҳамаи нишонаҳо бояд дар доираи ҳудудҳое, ки варақа-намунаи стандарти давлатӣ муқаррар кардааст, ҷойгир карда шаванд.
18. Ҳангоми чопи хуҷҷатҳо бояд чунин андозаҳои ҳошияҳо гузошта шаванд:
чап - 25 мм
рост на камтар аз 10 мм,
боло - 20 мм,
поён:
барои андозаи А4 - на камтар аз 20 мм,
барои андозаи А5 - на камтар аз 10 мм.
19. Матни ҳуҷҷат бо фосилаи як ё якуними байнисатрӣ чоп карда мешавад.
Сатри аввали ҳар як сарсатри матн бо гузоштани фосилаи муайян аз ҳудуди ҳошияи чап чоп карда мешавад.
г) Тартиб ва ба расмият даровардани протоколҳо
20. Ба ҷаласаҳои мақомоти машваратӣ, машваратҳо ва маҷлисҳои гузаронидашаванда бояд ҳатман протоколҳо тартиб дода шаванд. Протоколҳои ҷаласаҳои мақомоти машваратӣ дар ҳудуди соли тақвимӣ рақамгузорӣ карда мешаванд.
21. Матни протокол, чун қоида, бояд аз ду қисм иборат бошад: муқаддимавӣ ва асосӣ. Дар қисми муқаддимавии протоколи ҷаласаҳои мақомоти машваратӣ, машваратҳо шумораи умумии иштирокчиён, шумораи шахсони ба ҷаласа даъватшуда, рӯзномаи ҷаласа, ҳайати раёсат, ному насаби раис ва котиби маҷлис, бо номгӯи масъалаҳои баррасишаванда, нишон додани вазифа ва ному насаби маърӯзачиён зикр карда мешавад.
Агар шумораи шахсони даъватшуда ба ҷаласаи мақоми машваратӣ, машварат, ҷаласа аз 5 нафар зиёд бошад, он гоҳ руйхати онҳо дар шакли ҳуҷҷати алоҳидаи замимашаванда ба протокол тартиб дода мешавад.
22. Қисми асосии протоколи ҷаласаи мақомоти машваратӣ, машварат ва ҷаласа бояд аз фаслҳои мутобиқ ба бандҳои рӯзномаи маҷлис иборат бошад.
23. Матни ҳар як фасли асосӣ бояд аз ҷузъҳои : шунида шуд, баромад карданд, қарор дода шуд, таркиб ёфта бошад.
Пеш аз калимаҳои "ШУНИДА ШУД" рақами тартибии масъалаи рӯзномаи маҷлис гузошта мешавад.
24. Калимаҳои "ШУНИДА ШУД" бо ҳарфҳои калон, аз ҳошияи тарафи чап чоп карда шуда, баъди он аломати баён гузошта мешавад: дар сатри дигар бо сарсатр ному насаби маърузачӣ, баъд дар қавсайн (маърӯза замима мегардад) нишон дода мешавад.
25. Дар фасли "Баромад карданд"-и протокол, мазмуни ҳамаи баромадҳо ва саволу ҷавоб ба онҳо ва маълумотҳо зикр карда мешаванд.
26. Баъди ба охир расидани баромадҳо қарор оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис навишта мешавад.
27. Протоколҳои ҷаласаҳои мақоми машваратӣ ва машваратҳоро ба таври кӯтоҳ низ ба расмият даровардан мумкин аст.
Дар шакли кӯтоҳи протокол дар қисмати асосии он мазмуни баромадҳо баён нашуда, танҳо номгӯи масъалаҳои баррасишаванда бо зикри ному насаби маърӯзачиён, баромадкунандагон ва қарорҳои қабулгардида, нишон дода мешаванд.
28. Протоколҳои ҷаласаҳои мақоми машваратӣ дар бланкҳо чоп карда шуда, аз тарафи раиси мақоми машваратӣ имзо гузошта мешавад, ба протоколҳои машваратҳо шахсе, ки онро гузаронидааст, имзо мегузорад, ба протоколҳои маҷлисҳо бошад, раис ва котиби он имзо мегузоранд.
ғ) Тартиб додан ва ба расмият даровардани фармонҳо
29. Сарлавҳаи фармон ба таври мухтасар бояд мазмуни онро инъикос намуда, дар тарафи чапи варақаи фармон оварда мешавад.
30. Матни фармон, чун қоида, аз ду қисм иборат аст: муқарраротӣ ва амрдиҳӣ. Дар қисми муқарраротӣ омилҳое, ки боиси таҳияи фармон гардидаанд, баён шуда, дар қисми амрӣ бошад, амалҳои фармоишӣ номбар карда мешаванд. Агар фармон дар асоси хуҷҷати дахлдори мақоми болоӣ бароварда шавад, он гоҳ дар қисми муқарраротӣ ном, рақам, сана ва номи ин ҳуҷҷат оварда мешавад.
31. Қисми амрдиҳии фармон бо калимаҳои "ФАРМОН МЕДИҲАМ" оғоз ёфта, якҷоя бо матн бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Чорабиниҳои пешбинишуда, дар бандҳо ҷой дода мешаванд, ки бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда мешаванд. Ҳар як бандро бо нишон додани иҷрокунандаи мушаххас оғоз намудан лозим аст. Баъд амалҳои фармоишӣ баён гардида, мӯҳлати иҷро нишон дода мешавад.
32. Лоиҳаи фармон бо воҳидҳои сохторӣ ё шахсони мансабдори дахлдордор мувофиқа карда мешавад. Визаҳои мувофиқа дар нусхаи якуми лоиҳа гузошта мешаванд. Ба лоиҳаи омодашудаи ниҳоӣ танҳо шахси мансабдоре, ки ба фармон имзо мегузорад, метавонад тағийрот ворид намуда ва дар як вақт санаи онро гузорад.
33. Фармонҳо дар давоми соли тақвимӣ рақамгузорӣ карда мешаванд. Ба рақами фармон оид ба ҳайати шахсӣ ба воситаи тире ҳарфи "К" илова карда мешавад.
д) Тартиб ва ба расмият даровардани маълумотномаҳо ва гузоришномаҳо
34. Матни маълумотнома ва гузоришнома бояд аз ду қисми асосӣ иборат бошад. Дар қисми якум далелҳое, ки барои тартиб додани ҳуҷҷат асос шудаанд ва дар қисми дуюм хулоса ва пешниҳодҳо баён карда мешаванд.
35. Сана ё давраи вақте, ки маълумоти дар маълумотнома ё гузоришнома баёнгардида ба он мансубанд, бояд ба сарлавҳа ворид карда шаванд.
Масалан: "Дар бораи тайёр намудани кадрҳо то 01.05.08".
36. Маълумотнома ва гузоришномаҳои содира дар бланкҳо чоп карда, аз тарафи роҳбарият имзо карда мешаванд. Маълумотнома ва гузоришномаҳои дохилӣ дар варақи тозаи қоғази андозаи А4 чоп карда, аз тарафи мураттиби онҳо имзо карда мешаванд.
37. Маълумотномаҳое, ки бо хоҳиши шаҳрвандони манфиатдор дода мешаванд, дар бланкҳо тартиб дода шуда, аз тарафи роҳбарият имзо ва бо мӯҳр тасдиқ карда мешаванд.
е) Тартиб ва ба расмият даровардани санадҳо
38. Матни санад бояд аз ду қисм иборат бошад: муқаддимавӣ ва мукарраротӣ.
Дар қисми муқаддимавӣ асосҳо барои тартиб додани санад нишон дода, тартибдиҳандагон ва иштирокчиён номбар карда мешаванд. Баъди калимаи "Асос" ҳуҷҷати амрдиҳӣ ё амри шифоҳӣ оид ба гузаронидани чорабинии санадшаванда нишон дода мешавад. Баъди калимаҳои "Тартиб дода шуд" вазифа ва ному насаби шахсони иштирокдошта ҳангоми тартиб додани санад номбар карда мешавад.
Дар қисми муқарраротӣ мақсад ва вазифаҳои тартиб додани санад, моҳият ва хусусияти кори анҷом додашуда, далелҳои муқарраргардида, инчунин хулоса ва пешниҳодҳо баён карда мешаванд.
39. Сарлавҳаи санад ба таври мухтасар бояд мазмуни ҳодиса ё далели санадшавандаро инъикос намуда, ҷавоб ба саволи "Дар бораи чӣ" ифода карда шавад.
40. Ба санад шахсони дар тартиб додани он иштирокдошта имзо мегузоранд. Ҳангоми ба расмият даровардани имзоҳо вазифаҳо нишон дода намешаванд.
41. Ҳангоми мавҷуд будани фикрҳои мухталиф дар тартибдиҳандагони санад ё иштироккунадагон, онҳо дар поёни имзоҳо ё дар варақи алоҳида баён карда мешаванд.
ё) Тартиб ва ба расмият даровардани мактуби хизматӣ, барқияҳо, факсҳо ва телефонограммаҳо
42. Мактубҳои хизматӣ барои баён намудани хоҳиш (дархост), ҷавоб ба хоҳиш, инчунин ахбори дорои хусусияти иттилоотӣ тартиб дода мешавад.
Мактубҳои ҳамроҳӣ фақат дар он мавриде тартиб дода мешаванд, ки онҳо хусусияти иҷро ё мақсади ирсоли хуҷҷати пешниҳодшударо шарҳ диҳанд.
43. Матни мактуб, чун қоида, бояд аз ду қисми мантиқан ба ҳамдигар алоқаманд иборат бошад. Дар қисми аввал далел ё ҳодисаҳое, ки барои тартиб додани мактуб асос шудаанд ва дар қисми дуюми он хулосаю пешниҳод ва хоҳишҳо баён карда мешаванд.
44. Мукотиба ба воситаи телеграф ва факс танҳо барои масъалаҳои хусусияти таъҷилӣ дошта амалӣ мешавад. Ҳангоми ҷавоб ба дархост пеш аз матни барқия, факс рақами ин дархост нишон дода мешавад. Дар охири матн (то имзо) рақами содира гузошта мешавад.
Барқия ва факсҳо дар ду нусха чоп карда, ба онҳо иҷрокунанда виза мегузорад. Барқия ва факсҳо баъди имзо барои фиристодан ба хадамоти коргузорӣ супорида мешаванд.
45. Телефонограмма барои интиқоли маълумот ба воситаи телефон истифода мешавад. Ҳангоми интиқоли телефонограмма: ба кӣ ирсол шудан, вазифа ва ному насаби шахси ба он имзогузошта, сана ва соати интиқол, рақами телефон, ному насаби шахси интиқолкунанда ва қабулкунанда нишон дода мешавад.
3. Ташкили гардиши ҳуҷҷат
а) Тартиби гардиш ва иҷрои ҳуҷҷатҳои ворида
46. Қабул ва коркарди ибтидоии муросилоти воридаро хадамоти коргузорӣ ба амал мебарорад.
Коркарди ибтидоии муросилоти ворида аз тафтиши дурустии ирсол ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳо, омода намудани муросилот барои фиристодан тибқи таъинот иборат аст.
Муросилоти саҳван воридшуда тибқи таъинот фиристода мешавад.
Ҳамаи лифофаҳо, ба истиснои муросилоти шахсӣ ва мактубҳои ба нишонии кумитаи иттифоқи касаба ирсол шуда, кушода мешаванд. Дар айни ҳол беосебии лифофаҳо ва миқдори ҳуҷҷатҳои мавҷуда дар онҳо санҷида мешавад. Лифофаҳо, чун қоида, нобуд карда мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суроғаи ирсолдиҳанда ё санаи ирсол ва гирифтани ҳуҷҷатҳоро танҳо аз рӯи лифофа муқаррар намудан мумкин бошад.
Дар ҳамаи хуҷҷатҳои ворида, ҳатто агар саҳифа пурра бо матн фаро гирифта шуда бошад ҳам, ҳатман дар қисми поёнии кунҷи рости варақи якум мӯҳри бақайдгирӣ гузошта мешавад (замимаи 1). Чун қоида, ҳуҷҷатҳо дар рӯзи ворид шуданашон ба қайд гирифта мешаванд.
47. Ҳуҷҷатҳои ба қайд гирифта нашаванда, ҳуҷҷатҳои ба нишонии кумитаи иттифоқи касаба ва бо қайди "шахсан" ворид гардида бевосита тибқи таъинот фиристода мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои воридгардида баъди ба қайд гирифтани онҳо дар дафтари ҳуҷҷатҳои ворида (замимаи 2) барои баррасӣ ба роҳбарият фиристода мешаванд.
48. Ҳуҷҷатҳо бояд дар рӯзи ворид шуданашон барои баррасӣ ба роҳбарият фиристода шаванд. Барқияҳо, факсҳо, телефонограммаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои таъҷилӣ барои баррасӣ ва иҷро дар навбати аввал фиристода мешаванд.
Агар дар ҳуҷҷатҳои воридгардида ба дигар ҳуҷҷатҳо ишора шуда бошад, дар ин сурат он ҳуҷҷатҳо дарёфт карда, якҷоя бо ҳуҷҷатҳои воридгардида ё маълумотномаи дахлдор ба роҳбарият фиристода мешаванд.
49. Натиҷаҳои баррасӣ дар амрҳои хатти инъикос меёбанд, ки чун қоида, дар қисми рости болои ҳуҷҷат, ё дар дигар ҷои холӣ аз матн гузошта мешаванд. Амри хаттӣ бояд дорои нишондодҳои возеҳ ва мукаммал оид ба тартиб ва хусусияти иҷрои ҳуҷҷатҳо ва иҷрокунандагон бошад. Гузоштани амри хаттӣ дар варақи алоҳида иҷозат дода намешавад.
Ҳуҷҷатҳо бояд дар рӯзи ворид шуданашон баррасӣ карда шаванд.
50. Ҳуҷҷатҳои воридгардида баъди баррасии роҳбарият барои ба қайд гирифтани амри хаттӣ дар сутуни дахлдори дафтари муросилоти ворида ё варақаи назоратӣ ба хадамоти коргузорӣ баргардонида ва тибқи таъинот фиристода мешаванд.
51. Шахсе, ки дар амри хаттӣ якум нишон дода шудааст, масъули иҷрои ҳуҷҷатҳо мебошад. Масъули иҷро ҳуқуқи даъват намудани шарикони иҷрокунандаро дорад.
Шарикони иҷрокунанда ӯҳдадоранд, ки бо дархости масъули иҷро ба ӯ тамоми маводҳои заруриро пешниҳод намоянд. Шарикони иҷрокунанда барои саривақт ва хушсифат омода намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳо баробар масъул мебошанд.
Ҳуҷҷатҳои иҷрогардида барои ба парванда дӯхтан ба он воҳидҳои сохторӣ ё кормандоне, ки парвандаҳоро аз рӯи масъалаҳои дахлдор тибқи феҳрасти парвандаҳо тартиб медиҳанд, баргардонида мешаванд.
б) Тартиби гузариши ҳуҷҷатҳои содира ва дохилӣ дар ҷараёни омода намудани онҳо
52. Иҷрокунанда то пешниҳоди ҳуҷҷати омодашуда барои имзо, бояд мундариҷа, дурустии ба расмият даровардани он ва мавҷудияти иловаҳоро санҷад. Ҳуҷҷат барои имзо якҷоя бо маводе, ки дар асоси онҳо омода шудааст, пешниҳод карда мешавад.
53. Ҳуҷҷатҳои аз тарафи роҳбарият имзошуда барои бақайдгирӣ дар дафтари бақайдгирии ҳуҷҷатҳои содира, дохилӣ (замимаи 3) ва ирсол ба хадамоти коргузорӣ баргардонида мешаванд.
54. Ҳуҷҷатҳо барои ирсол дар шакли пурра ба расмият дароварда супорида мешаванд. Хадамоти коргузорӣ дурустии ба расмият дароварда шудани ҳуҷҷатҳо ва мавҷудияти иловаҳои дар ҳуҷҷати асосӣ нишон додашударо санҷида, лифофаро ба расмият медарорад ва худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи алоқа месупорад.
55. Ҳуҷҷатҳои дохилӣ дар доираи дастгоҳи идоракунӣ омода, ба расмият дароварда, иҷро (истифода бурда) карда мешаванд.
Лоиҳаи ҳуҷҷатҳо баъди омода ва мувофиқакунӣ бо кормандони манфиатдори дастгоҳ барои баррасӣ ё имзо ба роҳбарият фиристода мешаванд. Баъди имзои ҳуҷҷатҳои мазкур дар дафтари бақайдгирии ҳуҷҷатҳои содира ва дохилӣ ба қайд гирифта, барои иҷро равон карда мешаванд.
Гузоришномаҳо ба номи роҳбарият, маълумотномаҳо, маълумотҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти фаврӣ баъди баррасӣ ва иҷрои онҳо дар парвандаи дахлдор ҷой дода мешаванд.
в) Тартиби қабул ва супоридани ҳуҷҷатҳо
56. Қабул ва супоридани ҳуҷҷатҳои ворида, содира ва дохилӣ дар ҳамаи марҳилаҳои гардиши худ бо забонхат амалӣ мешавад. Супоридани ҳуҷҷатҳо аз як воҳиди сохторӣ ба воҳиди сохтории дигар, ё аз як корманд ба корманди дигар ҳатман тавассути хадамоти коргузорӣ сурат гирифта, дар дафтар ё варақаи бақайдгирии хуҷҷатҳо оид ба гардиши ҳуҷҷатҳо қайд карда мешавад.
г) Бақайдгирии ҳуҷҷатҳо
Ҳуҷҷатҳоро хадамоти коргузорӣ ба таври мутамарказ ба қайд мегирад. Ҳуҷҷатҳои дар замимаи 4 нишон додашуда ба қайд гирифта намешаванд.
57. Ҳар як ҳуҷҷат як маротиба ба қайд гирифта мешавад. Ҳуҷҷатҳои ворида дар рӯзи ворид шуданашон, содира ва дохилӣ бошанд, дар рӯзи баимзорасӣ ба қайд гирифта мешаванд.
59. Шохиси ҳуҷҷатҳои ворида, содира ва дохилӣ, чун қоида аз рақами тартибии бақайдгирии ҳуҷҷат ва шохиси парванда аз рӯи феҳраст иборат аст. Масалан:
№ 14/12 аз 05.01.08 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳисоботи солонаи муҳосибӣ барои соли 2007 ирсол мегардад.
Директор имзо ному насаб
ки дар ин ҷо 14 - рақами тартибии бақайдгирӣ, 12 - шохиси парванда аз рӯи феҳраст мебошад.
60. Барои бақайдгирии ҳуҷҷатҳои ворида, содира ва дохилӣ варақаҳои бақайдгирӣ истифода бурда мешаванд, ки дар ду нусха пур карда мешаванд: як нусха якҷоя бо ҳуҷҷатҳо ба иҷрокунанда супорида, нусхаи дуюм дар картотека ҷой дода мешавад. Бланкҳои бақайдгирии варақаҳо бояд дар коғази андозааш А5 (замимаи 5) омода шаванд.
Дар ташкилотҳое, ки ҳаҷми умумии ҳуҷҷатҳо дар як сол то 500-600 ададро ташкил медиҳад, ҳуҷҷатҳоро дар дафтарҳои бақайдгирии, содира ва дохилӣ ба қайд гирифтан мумкин аст.
4. Ташкили назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо
61. Иҷрои пешниҳод, супориш ва масъалаҳои дар ҳуҷҷат ба миён гузошта шуда бояд таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад. Иҷрои ҳуҷҷатҳои нисбатан муҳими ворида, содира ва дохилӣ бояд назорат карда шавад.
62. Ба иҷрои ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои дар онҳо буда, роҳбарият назорат мебарад.
Назорати бевосита ба иҷрои ҳуҷҷатҳо ба ӯҳдаи хадамоти коргузорӣ ё шахсони мансабдори дигар гузошта мешавад.
63. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими давлатие, ки бояд иҷро карда шаванд, дархостҳо, супоришҳои мақомоти болоӣ ва фармону фармоишҳои роҳбарияти ташкилот таҳти назорати махсус гирифта мешаванд.
64. Мӯҳлатҳои иҷрои ҳуҷҷатҳо намунавӣ ва фардӣ буда метавонанд. Мӯҳлатҳои намунавии иҷро барои ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда муқаррар карда мешаванд, бояд ба назорат гирифта шаванд. (Замимаи 6). Дар ҳолатҳои дигар мӯҳлатҳои иҷрои ҳуҷҷатҳо, чун қоида, набояд аз 10 рӯз зиёд бошад. Роҳбари ташкилот мӯҳлати нисбатан дарози иҷрои ҳуҷҷатҳоеро, ки аз рӯи хусусияти иҷро мураккаб мебошанд, муқаррар менамояд.
65. Агар дар ҳуҷҷати ворида мӯҳлат нишон дода бошад, ки то он вақт бояд ҷавоб гирифта шавад, пас ин мӯҳлат бояд ҳатман риоя карда шавад.
66. Мӯҳлати иҷрои ҳуҷҷат аз лаҳзаи ба ташкилот ворид шудани он ҳисоб карда мешавад.
67. Назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо дар варақаҳои назоратӣ ё дафтарҳои бақайдгирии ҳуҷҷатҳои ворида, содира ва дохилӣ амалӣ мешавад.
68. Ҳуҷҷат ҳамон вақт иҷро гардида ҳисобида мешавад, ки масъалаҳои дар он ба миён гузошта шуда ҳал гарданд ва ба муаллиф ҷавоби саҳеҳ дода шавад.
Агар иҷро бо ҳуҷҷат асоснок карда нашуда бошад, пас он дар худи ҳуҷҷат - дархост, дафтари бақайдгирӣ ё варақаи назоратӣ қайд карда мешавад.
69. Маълумот оид ба натиҷаҳои иҷрои ҳуҷҷатҳои назоратшаванда аз тарафи хадамоти коргузорӣ ба ҳолати то санаи 1-уми ҳар моҳ ҷамъбаст шуда, ба роҳбарият расонида мешаванд. Дар асоси таҳлил барои тезонидани ҷараёни иҷрои ҳуҷҷатҳо ва баланд бардоштани интизоми иҷроия, такмили ташкили назорат ва идоракунӣ дар маҷмӯъ пешниҳодҳо таҳия карда мешаванд.
5. Тартиби додани феҳраст ва ташкил намудани парвандаҳо
а) Тартиб додани феҳрасти парвандаҳо
70. Ҳуҷҷатҳо баъди иҷрои (истифода) онҳо дар парвандаҳои иборат аз маҷмӯи ҳуҷҷатҳои мансуб ба масъалаи муайян ва дар муқоваи алоҳида дӯхташуда, гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
71. Бо мақсади дуруст ба тартиб даровардани парвандаҳо, ки ҷустуҷӯи фаврии ҳуҷҷатҳоро аз рӯи мазмун ва навъ таъмин мекунад, феҳрасти парвандаҳо тартиб дода мешавад, ки он рӯйхати батанзимдароварандаи номгӯи парвандаҳое мебошад, ки бо нишон додани мӯҳлати нигаҳдории онҳо дар коргузорӣ ҷорӣ карда мешавад.
72. Феҳрасти парвандаҳоро хадамоти коргузорӣ якҷоя бо дигар кормандони дастгоҳ тартиб медиҳад. Феҳрасти парванвандаҳои тартиб додашуда бо бойгонии давлатии дахлдор мувофиқа карда, аз тарафи роҳбарият тасдиқ ва аз 1 январи соли нав (замимаи 7) мавриди амал қарор дода мешавад.
73. Феҳрасти тасдиқ кардашуда дар давоми якчанд сол амал карда, дар мавриди тағийр ёфтани сохтори ташкилот бояд аз нав тартиб ва тасдиқ карда шавад. Агар чунин тағийрот рӯй надиҳад, феҳрасти парвандаҳо дар охири сол танҳо аниқ ва аз нав чоп карда мешавад.
74. Ба феҳрасти парвандаҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳам дар дохили ташкилот таҳия мешаванд ва ҳам аз берун ворид мегарданд, дохил карда мешаванд.
Ба феҳрасти парвандаҳо нашрияҳои чопӣ, брошюраҳо, маълумотномаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои ба инҳо монанд ворид карда намешаванд.
75. Шохиси парвандаҳо дар феҳраст аз аломати воҳиди сохторӣ ва рақами тартибии парванда дар ҳудуди воҳиди сохторӣ ё самти фаъолият иборат аст.
76. Сарлавҳаи парвандаҳо аз рӯи аҳамиятнокии ҳуҷҷатҳо, ки дар парванда ташкил шудааст, дар фаслҳои дахлдори феҳраст ҷойгир карда мешавад.
77. Сарлавҳаи парванда бояд мазмун ва таркиби асосии ҳуҷҷатҳои парвандаро дар шакли возеҳ ва ҷамъбастӣ инъикос намояд.
78. Сарлавҳаи парвандаҳо оид ба масъалаҳои дар давоми сол ҳал нагардида "гузаранда буда", бо ҳамон шохис ба феҳрасти парвандаҳои соли ояндаи ташкилот гузаронида мешавад.
79. Агар дар давоми сол дар фаъолияти дастгоҳ соҳаҳои нави корӣ ва корҳои пешбининашудае, ки бояд ҳуҷҷатнок карда шаванд, ба вуҷуд омада бошанд, онҳо ба таври илова ба феҳрасти парвандаҳо ворид карда мешаванд. Бо ин мақсад дар ҳар як фасли феҳраст рақамҳои эҳтиётӣ гузошта мешаванд.
80. Баъди ба охир расидани соли коргузорӣ дар охири феҳраст оид ба миқдори парвандаҳои ташкил кардашуда, сабти ҷамъбастӣ карда мешавад (замимаи 8).
81. Вазорату идораҳо, мақомоти марказии ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои ҳамнавъи тобеи худ феҳрасти намунавии парвандаҳоро таҳия менамоянд: Масалан: "Феҳрасти намунавии парвандаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ", "Феҳрасти намунавии парвандаҳои марказҳои саломатии шаҳрӣ (ноҳиявӣ)" ва ғайра.
б) Ташкил намудани парвандаҳо
82. Ҳуҷҷатҳои иҷрошуда ва мутаносибан ба расмият даровардашуда гурӯҳбандӣ шуда, дар парванда ба тартиб дароварда мешаванд. Батартибдарории парвандаҳо тибқи феҳрасти парвандаҳо дар воҳидҳои сохторӣ дар ҷойи иҷрои ҳуҷҷатҳо амалӣ мешавад.
83. Яке аз талаботи асосӣ нисбат ба тартибдарории ҳуҷҷатҳо, ин дар парвандаҳои алоҳида тартиб додани ҳуҷҷатҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ ва муваққатӣ мебошад.
84. Ҳангоми батартибдарории парвандаҳо қатъӣ риоя намудани ҳаҷм ва таркиби ҳуҷҷатҳое, ки бояд дар ин парванда ҷой дода шавад, зарур аст. Ба парванда ворид намудани ҳуҷҷатҳои ба он мансуб набуда, инчунин сиёҳнависҳо, вариантҳо ва нусхаҳои зиёдшуда мумкин нест. Ҳар як парванда набояд аз 250 варақ зиёд бошад.
85. Ҳуҷҷатҳо дар дохили парванда аз рӯи тартиби ҳалли масъалаҳо тибқи хронология ва шохисбандӣ ҷойгир карда мешаванд.
86. Фармонҳо оид ба ҳайати шахсӣ аз фармонҳо оид ба фаъолияти асосӣ ҷудо гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
87. Нақшаҳо, ҳисоботҳо ва сметаҳо аз лоиҳаҳои ин ҳуҷҷатҳо ҷудо гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
88. Ҳуҷҷатҳо дар парвандаҳои шахсӣ бо тартиби зайл ҷойгир карда мешаванд:
- рӯйхати дохилии ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаи шахсӣ мавҷуд аст;
- ариза дар бораи ба кор қабул кардан, роҳхат ё пешниҳод;
- пурсишнома, варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
- ҳолнома;
- ҳуҷҷатҳо оид ба маълумот;
- нусхаи фармонҳо оид ба таъинот, аз ҷое ба ҷое гузаронидан, озод кардан.
89. Варақаҳои шакли Т-2 аз рӯи тартиби алифбоӣ ҷойгир карда мешаванд.
90. Мукотибот дар парванда дар давраи соли тақвимӣ гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
Дар парвандаи мукотибот ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни ҳалли масъала ташкилшуда ҷой дода мешаванд. Мукотибот бо пайдарҳамии хронологӣ мураттаб гардонида мешаванд: ҳуҷҷат-ҷавоб баъди ҳуҷҷатдархост ҷойгир карда мешавад. Ҳангоми аз нав оғоз намудани мукотиба оид ба масъалаи муайян ҳуҷҷатҳо ба парвандаи соли ҷорӣ бо нишон додани шохиси парвандаи соли гузашта, ки дар он ҳуҷҷатҳо оид ба ин масъала нигоҳ дошта мешаванд, ворид карда мешаванд.
Мукотиба бо ташкилотҳои болоӣ аз рӯи масъалаҳои мушаххас гурӯҳбандӣ карда мешавад.
6. Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии минбаъда
а) Ташхиси арзиши илмӣ ва амалии ҳуҷҷатҳо
91. Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо ин муайян намудани аҳамияти сиёсӣ, хоҷагии халқ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва дигар аҳамияти ҳуҷҷатҳо бо мақсади ҷудо намудани онҳо барои нигоҳдории минбаъда ё несткунӣ мебошад.
92. Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо аз тарафи кормандони воҳидои сохторӣ таҳти роҳбарии методии комиссияи ташхисии (КТ) доимоамалкунандаи ташкилот амалӣ мешавад.
93. Интихоби ҳуҷҷатҳо барои несткунӣ бо санади шакли муайян ба расмият дароварда мешавад. Санадҳоро комиссияи ташхисӣ баррасӣ намуда, ба онҳо раис ва аъзои ин комиссия имзо мегузоранд ва роҳбарият тасдиқ менамояд.
Ҳуҷҷат ва парвандаҳои ба санад ворид кардашуда фақат баъди аз тарафи ташкилотҳои хадамоти бойгонии давлатӣ тасдиқ кардани рӯйхатҳои парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ ва муваққатии давраи дахлдор нест карда мешаванд.
б) Тартиб додани парвандаҳо
94. Дар оғози сол дар ҳар як воҳиди сохторӣ тибқи феҳрасти парвандаҳо муқоваи парвандаҳои ташкилшаванда тартиб дода мешавад.
95. Тартиб додани парвандаҳо аз навиштани муқоваи парвандаҳо, ҷузъбандӣ, рақамгузории варақҳо ва таҳияи навиштаҷоти тасдиқкунанда иборат аст.
Парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ ва дарозмуддат (то 10 сол ва зиёда аз он) дар муқоваи сахт муқовабандӣ шуда, варақҳояшон рақамгузорӣ карда мешаванд. Дар охири парвандаҳо дар варақи алоҳидо навиштаҷоти тақсимкунанда гузошта мешавад.
Парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдориашон муваққатӣ (то 10 соли пурра) ба таври оддӣ ба расмият дароварда мешаванд: онҳо муқовабандӣ, варақҳояш рақамгузорӣ, рӯйхати парвандаҳо тартиб дода намешавад ва баҳисобгирӣ аз рӯи феҳрасти парвандаҳо амалӣ мешавад.
96. Навиштаҷот дар муқоваи парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ ва дарозмуддат бояд ба таври возеҳ, бо ранги сиёҳи офтоббардор ё сиёҳӣ анҷом дода шаванд.
97. Оид ба масъалаҳои мураккаби вобаста ба расмият даровардани парвандаҳое, ки бояд ба нигоҳдории давлатӣ супорида шаванд, бо бойгонии давлатии дахлдор машварат намудан зарур аст.
в) Ба руйхат гирифтани ҳуҷҷатҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ ва дарозмуддат
98. Баъди ба охир расидани соли коргузорӣ аз рӯи натиҷаҳои ташхиси гузаронидашудаи арзиши ҳуҷҷатҳо парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ ҷудо карда мешаванд, ки бояд ба рӯйхат дохил карда шаванд (замимаи 9).
99. Рӯйхат аз тарафи хадамоти коргузорӣ бо ёрии методии бойгонии давлатии дахлдор тартиб дода мешавад. Рӯйхатҳои солонаи парвандаҳо бояд аз тарафи комиссияи ташхису тафтишотии (КТТ) ташкилоти хадамоти бойгонии давлатӣ тасдиқ карда шаванд.
100. Рӯйхатҳо ба парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ, дарозмуддат ва ҳайати шахсӣ алоҳида тартиб дода мешаванд.
101. Ҳар як парванда (ҷилд) тибқи рӯйхат рақами тартибии мустақил дорад. Парвандаҳо дар рӯйхатҳо аз рӯи феҳрасти парвандаҳо мураттаб гардонида мешаванд.
г) Таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳо
102. Барои ҳифозати ҳуҷҷатҳои ташкилот хадамоти коргузорӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ масъул мебошанд.
Парвандаҳо аз лаҳзаи оғоз дар коргузорӣ то вақти супоридан ба бойгонии ташкилот ё несткунӣ, дар утоқҳои корӣ, дар ҷевонҳои пӯшидашаванда ё биноҳои маҳкамшавандаи махсус ҷудо кардашуда, нигоҳ дошта мешаванд.
103. Гирифтан ва додани ҳама гуна ҳуҷҷат аз парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ манъ аст. Дар ҳолатҳои истисно (масалан бо талаби мақомоти судӣ-тафтишотӣ) гирифтани ҳуҷҷатҳо бо иҷозати роҳбарият, бо роҳи дар парванда ҳатман гузоштани нусхаи аслии тасдиқ кардашудаи ҳуҷҷати гирифташуда ва гузоштани санад оид ба гирифтани нусхаи аслӣ, ба амал бароварда мешавад.
ғ) Супоридани парвандаҳо ба бойгонии ташкилот
104. Парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдории доимӣ ва дарозмуддат баъди як соли ба охир расидани онҳо дар коргузории воҳидҳои сохторӣ ба бойгонии ташкилот супорида мешаванд. Парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдории муваққатӣ (то 10 сол) ба бойгонӣ супорида нашуда, дар воҳидҳои сохторӣ нигоҳ дошта мешаванд.
105. Бойгонии ташкилот парвандаҳоро аз рӯи рӯйхат ё феҳрасти парвандаҳо қабул менамояд.
Агар парвандаҳои алоҳидаро дар коргузорӣ барои кори ҷорӣ мондан зарур бошад, он гоҳ бойгонӣ барои ба истифодаи муваққатӣ додани онҳоро ба расмият медарорад.
Замимаи 1
ба Дастурамали намунавии коргузорӣ
дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва
дигар мақомоти идоракунии давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва
корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли мӯҳри бақайдгирӣ
+---------------ҷ
| Номи ташкилот |
| Сана | 20 мм
| Шохис |
+---------------+ 50 мм
Замимаи 2
ба Дастурамали намунавии коргузорӣ
дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва
дигар мақомоти идоракунии давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва
корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дафтари бақайдгирии ҳуҷҷатҳои ворида
+------+----------+------+-------+---------+-------+-------+---------ҷ
|Санаи | Шохиси |Ирсол-|Мазмуни| Шумораи |Амри |Мӯҳлати|Қайд дар |
|ворид-| ҳуҷҷати |кунан-| мухта-| варақҳо |хаттӣ | иҷрои |бораи иҷ-|
|шавии | ворид- | да | сар | асосӣ/ |ё ба кӣ| ҳуҷҷат|ро ва ра-|
|ҳуҷҷат| шуда | | | замима |фири- | |қами |
| | | | | |стода | |парван- |
| | | | | |шуда- | |дае, ки |
| | | | | |ни ҳу- | |ҳуҷҷат ба|
| | | | | |ҷҷат | |он дӯхта |
| | | | | | | |шудааст |
+------+----------+------+-------+---------+-------+-------+---------+

Замимаи 3
ба Дастурамали намунавии коргузорӣ
дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва
дигар мақомоти идоракунии давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва
корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дафтари бақайдгирии ҳуҷҷатҳои содира ва дохилӣ
+--------------+---------------+------------+------------+-----------ҷ
| Сана ва | Ирсолкунанда | Мазмуни |Қайд дар | Миқдори |
| шохиси | | мухтасар |бораи иҷрои | саҳифа |
| ҳуҷҷат | | |ҳуҷҷат ва | |
| | | |рақами | |
| | | |парвандае, | |
| | | |ки ҳуҷҷат ба| |
| | | |он дӯхта | |
| | | |шудааст. | |
+--------------+---------------+------------+------------+-----------+

Замимаи 4
ба Дастурамали намунавии коргузорӣ
дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва
дигар мақомоти идоракунии давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва
корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи хадамоти коргузорӣ ба қайд гирифта намешаванд
1. Нусхаи мақтубҳое, ки барои маълумот фиристода шудаанд.
2. Барқияҳо ва мақтубҳо дар бораи иҷозат додан ба сафарҳои хизматӣ ва рухсатӣ.
3. Маълумот дар бораи ҷаласаҳо, маҷлисҳои машваратӣ ва рӯзномаи маҷлис.
4. Ҷадвалҳо, нарядҳо, дархостҳо, тақсимбандиҳо.
5. Ахборе, ки барои маълумот фиристода шудаанд.
6. Нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо (нусхаҳо).
7. Огоҳномаҳои эълонӣ, плакатҳо, барномаҳои маҷлисҳои машваратӣ, конференсияҳо.
8. Номаҳои табрикотӣ ва даъватномаҳо.
9. Нашрияҳои чопӣ (китобҳо, маҷаллаҳо, бюллетенҳо).
10. Ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа, нимсола.
11. Намунаҳои ҳисоботи оморӣ.
12. Ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ.
Замимаи 5
ба Дастурамали намунавии коргузорӣ
дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва
дигар мақомоти идоракунии давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва
корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли варақаи бақайдгирӣ
+--------------------------------------------------------------------ҷ
| Ирсолкунанда |
+----------------------------------------+---------------------------+
| Санаи воридшавӣ ва шохиси ҳуҷҷат | Сана ва шохиси ҳуҷҷат |
| | |

| Мазмуни мухтасар |
| |
+--------------------------------------------------------------------+
| Амри хаттӣ ё ба ки фиристода шудани ҳуҷҷат |

| Қайд дар бораи иҷрои ҳуҷҷат |

Тарафи рост

| Қайдҳои назоратӣ |
+------------------+--------------------------+----------------------+
| Хазина № |Рӯйхати № | Парвандаи № |

Тарафи чап
Замимаи 6
ба Дастурамали намунавии коргузорӣ
дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва
дигар мақомоти идоракунии давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва
корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯйхати намунавии ҳуҷҷатҳо бо нишон додани муҳлатҳои иҷро
1. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мутобиқи мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда.
2. Қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - мутобиқи мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда.
3. Дархостҳо, аризаҳо ва мактубҳои вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мактубҳои депутатҳо, ки омӯзиш ва санҷиши иловагиро талаб намекунанд, бетаъхир;
- мактубҳо ва дархостҳое, ки омӯзиш ва санҷиши иловагиро талаб мекунанд, то 1 моҳ.
4. Фармонҳои роҳбари ташкилот - тибқи мӯҳлатҳои дар онҳо нишон додашуда.
5. Қарорҳои мақомоти машваратии ташкилотҳо - тибқи мӯҳлатҳои дар онҳо нишон додашуда.
6. Мактуб-дархостҳо ва мактуб-супоришҳои ташкилотҳои болоӣ - то 10 рӯз ё тибқи мӯҳлатҳои дар онҳо нишон додашуда.
Замимаи 7
ба Дастурамали намунавии коргузорӣ
дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва
дигар мақомоти идоракунии давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо,ташкилотҳо ва
корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли феҳрасти парвандаҳои ташкилот:
Номи ташкилот Тасдиқ мекунам
Феҳрасти парвандаҳо барои соли _______ Номи вазифаи роҳбари
имзо ташкилот шарҳи
сана имзо
________________________________________________________________

(номгӯи воҳиди сохторӣ)
+--------+----------------+----------+-----------------------+-------ҷ
| Шохиси | Сарлавхаи пар- | Микдори | Мухлати нигохдории | |
|парванда| ванда (чилдхо, |парвандахо| парванда (чилд, | Эзох |
| | кисмхо) | (чилдхо, | кисм) ва раками мо- | |
| | | кисмхо) | ддахо аз руи Номгуй(1)| |
+--------+----------------+----------+-----------------------+-------+

Номи вазифаи роҳбари хадамоти
хизматрасонии коргузории ташкилот имзо шарҳи имзо
Сана
Манзурии мудири бойгонии идоравӣ
(Шахси масъули бойгонӣ)
Маъқул дониста шуд Мувофиқа шуд
Протоколи КТ(2) Протоколи КТТ(3)
ташкилоти бойгонӣ
аз ________№_______ аз ______№______
_________________
(1) Номгӯи ҳуҷҷатҳои намунавие, ки дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораҳо, дигар ташкилотю корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо нишон додани мӯҳлати нигоҳдорӣ ташкил мешаванд, ки бояд ва набояд ба нигоҳдории давлатӣ барои ҳуҷҷатҳои умумӣ ва махсус супорида шаванд, ки Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2002 тасдиқ карда аст ё Номгӯи ҳуҷҷатҳои дар фаъолияти ташкилотҳои соҳа ташкилшаванда.
(2) Ниг. ба қисми 6, банди 92.
(3) Ниг. ба қисми б, банди 99.
Замимаи 8
ба Дастурамали намунавии коргузорӣ
дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва
дигар мақомоти идоракунии давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо,ташкилотҳо ва
корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли қайди ҷамъбастӣ ба феҳрасти парвандаҳои ташкилот
Қайди ҷамъбастӣ оид ба гурӯҳҳо ва миқдори парвандаҳое, ки дар соли_____ дар ташкилот ташкил карда шудаанд.
+----------------+-------------+-------------------------------------ҷ
|Тибқи мӯҳлатҳои | Ҳамагӣ | Аз ҷумла |
|нигохдорӣ | | |
+----------------+-------------+------------------+------------------+
| | | Гузаранда | бо аломати КТТ |

| 1 | 2 | 3 | 4 |

доимӣ
_____________________________________________________________
дарозмуддат (беш аз 10 сол)

муваққатӣ (то 10 соли пурра)

ҶАМЪ:

Хизматрасонии коргузории ташкилот имзо шарҳи имзо
Сана
Малумотҳои ҷамъбастӣ ба бойгонии идоравӣ супорида шудаанд
Номи вазифаи шахсе, ки маълумотҳоро
фиристодааст имзо шарҳи имзо
Сана
Замимаи 9
ба Дастурамали намунавии коргузорӣ
дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва
дигар мақомоти идоракунии давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли рӯйхати парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ
Тасдиқ мекунам
Номи вазифаи роҳбари ташкилот
имзо шарҳи имзо
сана
Фонд № _____
Руйхати № _____
парвандаҳои мӯҳлати
нигохдориашон доимӣ
барои соли ______

(номи ташкилот ё воҳиди сохтории он)
+----+-------------+----------------+------------+---------+-------ҷ
| | Шохиси | Сарлавхаи пар- |Санаи пар- |Микдори | Эзох |
|р\т | парванда | ванда (чилд, |ванда (чилд,|варакхо | |
| | | кисм) |кисм) |дар пар- | |
| | | | |ванда | |
| | | | |чилд,кисм| |
+----+-------------+----------------+------------+---------+-------+

Ба ин фасли рӯйхат ____________________________ парванда
(бо рақам ва ҳарфҳо)
аз № _____ то № __________, аз ҷумла:
рақамҳои литерӣ:
рақамҳои партофта шуда:
ворид карда шудааст.
Номи вазифаи
тартибдиҳандаи рӯйхат имзо шарҳи имзо
Мудири шӯъбаи бойгонии ташкилот имзо шарҳи имзо
Бо Протоколи КТ ташкилот Бо Протоколи КТТ
аз _____№_____ ташкилоти бойгонӣ
маъқул дониста шуд. аз _____ №_____