Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 аз 12 ноябри соли 2008, № 1671

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Қарори Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2008 тахти № 1671

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011

Муқаддима

Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи қарзгириҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии молиявӣ ва ду соли пешбинишаванда бо ҷудо намудани қарзгириҳои беруна ба қарзхоҳҳо ва бахшҳои иқтисодиёт, инчунин қарзгириҳои нави банақшагирифташуда дар бар мегирад.

Барномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад" ва Стратегияи таҳлилшудаистодаи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2010 таҳия гардида, ба сиёсати иктисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари афзалиятҳои асосии муқаррарнамудаи Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 мебошад ва барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нигаронида шудааст, мутобиқат менамояд.

Бо назардошти баҳсталаб будани масъалаи қарзи берунаи Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир сиёсати муттаҳидгардонии маҷмӯи даромадҳои буҷет ва ба таври қатъӣ маҳдуд намудани қарзгирии нав ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон нисбати Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ханӯз дар соли 2000 ба 110 фоизрасида буд. Ба туфайли саъю кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доири аз нав барасмият даровардани қарз бо роҳҳои дубора ба танзим даровардан, аз эътибор соқит кардан ва мубодила намудани қарз ба дороиҳо (активҳо), инчунин аз ҳисоби мӯътадил гардидани иқтисодиёт беҳтаршавии вазъи қарзӣ дар кишвар имконпазир гардида, дараҷаи қарзи берунаи Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар 1 январи соли 2008 то ба 30,2 фоиз паст карда шуд.

Мақсадҳо ва вазифаҳои асосӣ

Баланд бардоштани самаранокии назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарзи давлатии берунаро ташкил медиҳанд, мақсади асосии Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 мебошад.

Бо мақсади роҳ надодан ба андӯхти назоратнашавандаи қарзи беруна Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои зерин, инчунин меъёрҳои мутобиқ ба Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ ташаккул меёбад:

маҳдудкунии ниҳоии қабули ӯҳдадориҳо оид ба ҷалби қарзҳои давлатҳои хориҷӣ ва қарзҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз рӯи лоиҳаҳои нави аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда;

ҷалби қарзҳо барои маблағгузориҳои хароҷоти лоиҳаҳои татбиқшаванда бо мақсади ба анҷом расонидани онҳо;

муттамарказонидани захираҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои азими дорои аҳамияти стратегии умумидавлатии инфрасохторӣ, ки оид ба татбиқи онҳо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ гардонида шуда, ҳамчунин ба рушди бахшҳои асосӣ: инфрасохтори нақлиёт, энергетика ва ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ки ҳолати ҳақиқии иқтисодиро муайян менамоянд, кӯмаки зарурӣ расонида шавад.

Барномаи мазкур 70 қарзи давлатиро дар бар мегирад, ки аз ҷумлаи онҳо 32 созишномаи қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарор доранд. Маблағи умумии қарзҳо аз рӯи Барномаи пешниҳодгардида - 1694,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Аз маблағҳои қайдшуда то 1 январи соли 2008327,5 млн. доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Азхудкунии маблағҳо дар соли 2008 дар ҳаҷми 416,6 млн. доллари ИМА, дар соли 2009 бошад. азхудкунӣ дар ҳаҷми 369,3 млн. доллари ИМА, дар соли 2010 - 223,2 млн. доллари ИМА ва дар соли 2011 - 172,4 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудаанд.

Бахшҳои иқтисодиёт

Барнома тибқи шаклҳои истифодабарии маблағҳои қарзӣ дар бахшҳои иқтисодиёт таҳия карда шудааст:

- бахши кишоварзӣ ва обёрӣ 18 қарзро дар бар мегирад, ки онҳо барои барқарор намудани соҳаи кишоварзӣ, дастгирии хусусигардонӣ ва барқароркунии инфрасохтор, азнавсозии системаи ирригатсионӣ, инкишофи муассисаҳои кишоварзӣ, пахтакорӣ ва соҳибкорӣ дар деҳот равона карда шудаанд. Маблағҳои ҷалбшаванда ба ин соҳа дар ҳаҷми 262,2 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудаанд, ки он 15.5 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад.

- бахши тандурустӣ 6 қарзро дар бар мегирад, ки асосан ба рушди сохторҳои ибтидоӣ ва асосии соҳаи тандурустӣ равона карда шудааст. Маблағҳои умумии ҷалбшаванда ба ин соҳа дар ҳаҷми 60,3 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудаанд, ки он 3,6 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад.

- бахши маориф 6 қарзро дар бар мегирад, ки ба дастгирии тараққиёти бахши маориф, сохтмон ва азнавсозии мактабҳо равона карда шудааст. Маблағҳои ҷалбшаванда ба ин соҳа дар ҳаҷми 72,4 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудаанд, ки он 4,3 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад.

- бахши энергетика ва саноат 15 қарзро дар бар мегирад, ки онҳо барои барқароркунии инфрасохтори дохилӣ ва дастгирии рушди тиҷорати байналмилалии захираҳои энергетикӣ равона карда шудаанд. Маблағҳои умумии ҷалбшаванда ба ин соҳа дар ҳаҷми 636,4 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудаанд, ки он 37.6 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад.

- бахши нақлиёт ва коммуникатсия 14 қарзро дар бар гирифта, барои барқарорсозӣ ва рушди низоми нақлиёти ҷумҳурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои умумии ҷалбшаванда ба ин соҳа дар ҳаҷми 563,0 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудаанд, ки он 33,2 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад.

- бахши идоракунии давлатӣ 3 қарзро дар бар мегирад. Маблағҳои ҷалбшаванда ба ин соҳа дар ҳаҷми 56.9 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудаанд, ки он 3.4 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад.

- бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 6 қарзро дар бар мегирад, ки барои барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ равона карда шудаанд. Маблағҳои умумии ҷалбшаванда ба ин соҳа дар ҳаҷми 33,0 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудаанд, ки он 1.9 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад.

- бахши молия 2 қарзро дар бар мегирад. Мақсади асосии қарзҳои мазкур тараққиёти низоми маблағгузории хурд мебошад. Маблағҳои ҷалбшаванда ба ин соҳа дар ҳаҷми 10.2 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудаанд, ки он 0.6 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад.

Дар доираи созишномаҳои қарзии имзогардида оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 22 созишномаи ёридиҳандаи қарзӣ ҷиҳати аз нав ба расмият даровардани қарзҳо ба маблағи 511,0 млн. доллари ИМА, ки 30,1 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаи берунаро ташкил медиҳанд, ба имзо расонида шудааст.

Қарзгирандаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале дар асл хизматрасонӣ ва баргардонидани маблағи асосии қарзҳоро субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ амалӣ мегардонанд.

Портфели (сандуқи) қарзгириҳо

Ба Барнома карздиҳандаҳои зайл дохил карда шудаанд:

- Бонки Умумиҷаҳонӣ - 8 қарз, ки аз онҳо 3 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор доранд;

- Бонки Осиёии рушд - 27 қарз, ки аз онҳо 13 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор доранд;

- Бонки Исломии рушд - 19 қарз, ки аз онҳо 12 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор доранд;

- Фонди Қувайтии рушд - 1 созишномаи қарзӣ;

- Фонди Саудии рушд - 1 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

- Фонди СДСН - 3 созишномаи қарзӣ;

- Бонки аврупоии таҷдид ва рушд - 4 созишномаи қарзӣ, ки аз он 1 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

Бонки содироту воридоти ҶХХ - 4 созишномаи қарзӣ, ки аз он 1 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;

- Ҷумҳурии Фаронса - 1 созишномаи қарзӣ;

- Ҷумҳурии Федеративии Олмон - 1 созишномаи қарзӣ.

- Ҷумҳурии Исломии Эрон - 1 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамаи қарзҳои номбаршуда ба меъёрҳои имтиёзнок барои Тоҷикистон мувофиқат мекунанд.

Карзҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, Бонки Исломии рушд, Фонди СДСН, Фонди Қувайтии рушд, Фонди Саудии рушд, Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои давраи дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода мешаванд ва меъёри фоизҳо аз 0,15 фоиз то 2,0 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро дар бар мегиранд.

Қарзҳои Бонки содироту воридоти ҶХХ ба мӯҳлати 20 сол пешниҳод шудаанд ва меъёри фоизии кредитҳо 2 фоизи солона буда, давраи имтиёзнокашон аз рӯи пардохти маблағи асосӣ 5 сол муайян шудааст.

Қарзҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин ба меъёрҳои имтиёзнок мувофиқат намуда, меъёри фоиз ба Libor + 1 фоиз ва Libor + 0.5 фоиз баробар аст.

Хулоса

Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми тартиб додани лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Нишондиҳандаҳои асосие, ки ба Барномаи давлатии қарзгирии беруна шомил мешаванд, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад" ва Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ бармеоянд. Барнома хусусияти миёнамӯҳлат дошта, дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муайянгардида бо назардошти то ҳадди имкон кам кардани хавфи фискалӣ ва таъмини эътидол дар доираи идоракунии қарзгириҳои беруна амалӣ карда мешавад.