Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикмстон аз 31 октябри соли 2008, № 542 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 № 137"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 № 137

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 № 137 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 42:

- дар сархати сеюм калимаҳои "таъминоти пулии даҳсолаи" ба калимаҳои "80 маоши таъминоти пулии" иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷум калимаҳои "таъминоти пулии панҷсола" ба калимаҳои "40 маоши таъминоти пулӣ" иваз карда шаванд;

- баъд аз сархати панҷум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Дар сурати пеш аз мӯҳлат рухсат шудани корманди милитсия аз хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи бемории дар рафти адои хизмат гирифта ба ӯ кӯмакупулии якдафъина ба андозаи 12 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кӯмакпулӣ муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад".

2. Дар банди 55:

- дар матн калимаҳои "Дар бораи таъминоти" ба калимаҳои "Дар бораи таъмини" иваз карда шаванд;

- ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Андозаи нафақаи кормандони милитсия, ки бинобар расидан ба синни муқарраршуда, бо сабаби беморӣ ё фарорасии мӯҳлати собиқаи хизмат аз кор озод карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" ҳисоб карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

...

аз 31 октябри соли 2008 № 542

ш. Душанбе