Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Оинномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Руйхати ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки таҳти идоракунии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" қарор доранд, дар таҳрири нав мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
2. Шӯрои нозирони Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар ҳайати 7 аъзо тасдиқ карда шавад (замимаи 3).
3. Бақайдгирии давлатии Оинномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2001 № 492 "Масъалаҳои Ширкати саҳомии холдинги кушодаи "Барқи Тоҷик" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2008 № 537
ш. Душанбе