Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 535 "Дар бораи таъсиси корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"

Санаи амалкуни: 20.11.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008с. № 568)

Дар асоси моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои банди 2.1 Нақшаи инфиродии реструктуризатсияи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 175 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" барои таъсиси корхонаҳои фаръии зерин иҷозат дода шавад:

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008с. № 568);

- Корхонаи фаръии "Агентии алоқаи ҳавоӣ"-и Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр".

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" тибқи тартиби муқарраргардида барои бақайдгирии давлатии корхонаҳои фаръие, ки дар банди 1 қарори мазкур номбар шудаанд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2008 № 535

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"

Дар асоси моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои банди 2.1 Нақшаи инфиродии реструктуризатсияи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 175 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" барои таъсиси корхонаҳои фаръии зерин иҷозат дода шавад:

- Корхонаи фаръии "Ширкати таъминоти хӯроки дохили ҳавопаймоҳо"-и Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр";

- Корхонаи фаръии "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ"-и Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр";

- Корхонаи фаръии "Маҷмааи фарҳангию солимгардонии "Авиатор"-и Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр";