Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ва бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2007 №329 "Дар бораи Нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар заминаи мақбараи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва иншооти он, ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷамоати деҳоти Панҷрӯд Муассисаи давлатии "Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд" таъсис дода шавад.
2. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии "Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд" 8 (ҳашт) воҳид муқаррар карда шавад.
3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қабулшавии ҳамин қарор ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тағйироти дахлдорро ворид намояд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти қарори мазкур ҳар сол дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида барои пешбурди фаъолияти босамари муассисаи мазкур маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.
5. Ба Нақшаи идоракунии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28 декабри соли 2006, №604 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд".
6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2008 № 534
ш. Душанбе