Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи композитори маъруфи тоҷик Талабхӯҷа Сатторов
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи композитори маъруфи тоҷик, профессор, дорандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Талабхӯҷа Сатторов, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон" ба Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов" номгузорӣ карда шавад.
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиеро, ки аз ин қарор бамеоянд, ҳал намояд.
3. Сархати 24 замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28 декабри соли 2006 № 604 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов".
4. Сархати 7 замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 №309 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2008 № 533
ш. Душанбе