Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола дар доираи маблағҳои дар Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг пешбинишуда маблағгузории татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015-ро таъмин намояд.
3. Вазоратҳо, идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2008 № 513
ш. Душанбе