Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2008 № 513
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
Муқаддима
Анъанаҳои ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик, ки ҳанӯз дар давраҳои қадим ташаккул ёфтаанд, ба ҳаёти иҷтимоӣ, расму оинҳои мардумӣ, тафаккури бадеӣ ва эҷодиёти халқ бевосита алоқаманд мебошанд. Ин анъанаҳои қадима имрӯз низ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон аҳамияти худро гум накардаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2008) моҳияти бузурги ин шакли эҷодиёти бадеии халқро дар марҳилаи имрӯзаи рушди давлати соҳибихтиёри тоҷик таъкид намуданд. Зимни суханронии хеш Сарвари давлат зарурати таҳияи Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқиро зикр карданд. Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (минбаъд-Барнома) тибқи ҳамин дастур таҳия гардидааст.
Барнома дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг", "Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ", "Дар бораи маориф", инчунин "Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳо оид ба фарҳанг ва санъат, ки асосҳои эҳё ва рушди шаклҳои гуногуни фарҳанг, санъат, ҳунармандӣ ва эҷодиёти амалӣ-халқиро танзим менамоянд, таҳия гардидааст.
Мақсади асосии Барнома бунёди низоми ташкил ва рушди минбаъдаи тамоми шаклҳои ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик мебошад.
Баҳри ноил шудан ба ин мақсад иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:
а) мусоидат ба бунёди инфраструктураи ҳунарҳои бадеии халқӣ;
б) бунёди шабакаи муассисаҳои таълимӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ;
в) такомули шаклҳои тарбияи мутахассисон оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ;
г) таҳкими базаи таълимию методӣ, моддию техникии муассисаҳои таълимӣ;
д) такомули шаклҳои ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон.
Вазъи кунунии ҳунарҳои бадеии халқи вобаста ба талаботи сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр ба такмил ниёзманд аст. Бинобар ин зарурати ворид намудани тағйироти куллии сохторӣ дар ташаккули низоми ҳунарҳои бадеии халқӣ ва такмили раванди таълимии он ба миён омадааст.
Ташаккули инфраструктураи нави ҳунарҳои бадеии халқӣ амалӣ гардидани иқдомҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии ҳунармандон;
- таҳияи низоми сезинагии таҳсилот ва тарбияи кадрҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ, бунёди шабакаи шакли пӯшидаи мактабҳои миёнаи махсус (мактаб-интернатҳо) бо ҷалби ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ (Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Истаравшан, Хоруғ, Ванҷ). Ин иқдом барои ҷалби ятимон, кӯдакони оилаҳои камбизоат, ки барои таълиму тарбияи ҳамаҷониба дар оила шароити кофии иҷтимоӣ надоранд, ниҳоят зарур аст;
- вуруди равияи нав - "мактаби ҳунарӣ (устод-шогирд)" ба низоми таҳсилоти давлатӣ;
- шабакаи муассисаҳои таълимии комплексӣ - мактаб-интернатҳо дар заминаи биноҳо, амвол, воҳидҳои кории мактабҳои бачагонаи санъат, мусиқӣ, рассомӣ, коллеҷҳои санъати мавҷуда ва пешниҳодоти дигари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд, ки ин маблағҳои ҳамасолаи буҷети давлатиро оид ба рушди соҳаи фарҳанг ба андозаи назаррас сарфа менамояд. Марҳилаи ниҳоии бунёди низоми ягонаи сезинагии тарбияи кадрҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ва дигар тахассусҳои бадеӣ ин таъсиси мактаби олӣ - Донишкадаи санъати тасвирии Тоҷикистон мебошад;
- бунёди низоми такмили ихтисоси ҳунармандони ватанӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ;
- таъсиси шабакаи устохонаҳои ҳунармандӣ;
- таҳияи бонки электронии иттилоотии ҳунарҳои бадеии халқӣ.
Барномаи мазкур дар ду давра татбиқ мегардад:
давраи аввал (соли 2009) - таҳияи Консепсияи миллии рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, санадҳои зарурии ҳуқуқӣ, таълимӣ ва методӣ барои оғози фаъолияти самарабахши инфраструктураи нав ва навовариҳо дар низоми таълимоти ҳунарҳои бадеӣ;
давраи дуюм (солҳои 2010-2015) - татбиқи амалии нақшаву вазифаҳо, ноил гардидан ба мақсади асосии барномаи давлатӣ.
Барнома аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ татбиқ мегардад.
Сарчашмаи асосии маблағгузорӣ
Дар татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома маблағҳои умумии ҳамасолаи Буҷети давлатӣ, ки барои рушди соҳаи фарҳанг пешбинӣ шудаанд, маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимии мавҷудаи фарҳангу ҳунар, инвеститсияҳо, худмаблағгузорӣ, дигар грантҳо ва хайрияҳо ба шумор мераванд.
Натиҷаҳои татбиқи амалии Барнома:
- инфраструктураи нави ҳунарҳои бадеии халқӣ ташаккул меёбад;
- ҳунарҳои бадеии халқӣ ба низоми сезинагии таҳсилоти давлатӣ ворид гардида, шабакаи ягонаи муассисаҳои таълимӣ - ибтидоӣ, миёна ва олӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ бунёд мегардад;
- дар низоми давлатии таълимӣ равияи нав - "мактаби ҳунарӣ (устод-шогирд)" бо истифода аз услубҳои суннатии тадрисии ниёгон ташаккул меёбад;
- барои ҷалби ятимон ва кӯдакони оилаҳои камбизоат ба таълимгоҳҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ имконият фароҳам меояд;
- мақоми иҷтимоии ҳунарҳои бадеии халқӣ дар ҷомеа устувор гардида, шаклҳои анъанавии ҳунарҳои асили мардумӣ эҳё мегарданд;
- барои таъсиси устохонаҳои ҳунармандӣ ва татбиқи нерӯи эҷодии ҳунармандон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меояд;
- барои ташкили меҳнати хонагӣ ҷиҳати дастгирии шуғли занони ҳунарманд ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ имконият фароҳам меояд;
- имконияти ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани намунаҳои барҷастаи ҳунарҳои бадеии халқӣ пайдо мегардад.
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома
+---+--------------+-----------+------------+---------+--------------ҷ
| № | Номгӯи |Масъулин |Сарчашмаҳои | Мӯҳлати| Ҳаҷми |
|т/т|чорабинҳо | |маблағгузорӣ| иҷро | хароҷот |
| | | | | | (ба ҳисоби |
| | | | | | ҳазор сомонӣ)|
+---+--------------+-----------+------------+---------+--------------+
|1. |Таҳияи |Вазорати |Вазорати | 2009 | 25,0 |
| |Консепсияи |фарҳанг |фарҳанг | | |
| |миллии рушди | | | | |
| |ҳунарҳои | | | | |
| |бадеии халқӣ | | | | |

|2. |Ташкили бонки |Вазорати |Вазорати | ҳамасола| 15,0 |
| |иттилоотии |фарҳанг, |фарҳанг | | |
| |электронӣ оид |Пажӯҳиш- | | | |
| |ба ҳунарҳои |гоҳи | | | |
| |бадеии халқӣ |фарҳанг ва | | | |
| | |иттилоот | | | |

|3. |Таъсиси Шӯрои |Вазорати |Вазорати | ҳамасола| 10,0 |
| |бадеӣ-экспертӣ|фарҳанг |фарҳанг | | |
| |оид ба | | | | |
| |ҳунарҳои | | | | |
| |бадени ҳалқи | | | | |

|4. |Таҳияи феҳрис-|Вазорати |Вазорати | 2009 | 25,0 |
| |ти намудҳои |фарҳанг, |фарҳанг | | |
| |ҳунарҳои |Вазорати | | 2010 | 25,0 |
| |бадеии халқии |маориф, | | | |
| |дорои арзиши |Вазорати | | | |
| |миллӣ |рушди | | | |
| | |иқтисод ва | | | |
| | |савдо | | | |

|5. |Таҳияи санад- |Вазорати |Вазорати | 2009 | 20,0 |
| |ҳои меъёрй-ҳу-|фарҳанг, |фарҳанг | | |
| |қуқӣ оид ба |Вазорати | | 2010 | 20,0 |
| |ҳунарҳои |адлия | | | |

|6. |Таҳия ва нашри|Вазорати |Вазорати | ҳамасола| 60,0 |
| |маводи таъли- |фарҳанг, |фарҳанг | | |
| |мӣ-методӣ оид |Пажӯҳиш- | | | |
| |ба ҳунарҳои |гоҳи | | | |
| |бадеии халқӣ |фарҳанг ва | | | |
| |барои муассси-|иттилоот | | | |
| |саҳои таълимӣ | | | | |
| |ва муассисаҳои| | | | |
| |дигари соҳаи | | | | |

|7. |Дар минтақаҳои|Мақомоти |Аз ҳисоби |2009-2015| |
| |гуногуни |иҷроияи |фаъолияти | | |
| |ҷумҳурӣ таъсис|маҳалпии |худмаблағгу-| | |
| |додани Жҳокимияти |зорӣ ва | | |
| |корхонаҳои |давлатӣ, |сармоягузорӣ| | |
| |хурди ҳунарҳои|Вазорати | | | |
| |бадеии халқӣ |фарҳанг | | | |

|8. |Сохтмони намо-|Вазорати |Ҷалби | 2010 | 750,0 |
| |ишгоҳ барои |фарҳанг, |сармоягузорӣ| | |
| |маснуоти |Кумитаи | | 2011 | 750,0 |
| |ҳунармандони |давлатии | | | |
| |халқӣ дар |сармоягу- | | | |
| |шаҳри Душанбе |зорӣ ва | | | |
| | |идораи ам- | | | |
| | |воли | | | |
| | |давлатӣ, | | | |
| | |Вазорати | | | |
| | |рушди | | | |

|9. |Таҳкими базаи |Вазорати |Аз ҳисоби | ҳамасола| 150,0 |
| |моддию |фарҳанг, |фаъолияти | | |
| |техникии |Кумитаи |худмаблағгу-| | |
| |устохонаҳои |давлатии |зорӣ ва | | |
| |ҳунармандон, |сармоягу- |сармоягузорӣ| | |
| |таъмин |зорӣ ва | | | |
| |намудани онҳо |идораи ам- | | | |
| |бо ашёи хом, |воли | | | |
| |технологияи |давлатӣ, | | | |
| |истеҳсолй, |Вазорати | | | |
| |дастгирии |рушди | | | |
| |ҳунармандон |иқтисод ва | | | |
| |дар фурӯш ва |савдо | | | |
| |содироти | | | | |
| |маснуот | | | | |

|10.|Ба мактаб- |Вазорати |Дар доираи |2009-2015| |
| |интернатҳо |фарҳанг, |маблағҳои | | |
| |табдил додани |Вазорати |муассисаҳои | | |
| |як қатор |маориф, |таълимии | | |
| |мактабҳои |Вазорати |Вазорати | | |
| |амалкунандаи |рушди |фарҳанг | | |
| |бачагонаи |иқтисод ва | | | |
| |мусиқӣ, |савдо | | | |
| |санъат, | | | | |
| |рассомӣ бо | | | | |
| |истифода аз | | | | |
| |бино, амвол, | | | | |
| |воҳидҳои корӣ | | | | |
| |ва нерӯҳои | | | | |
| |эҷодию | | | | |
| |педагогии онҳо| | | | |
| |дар шаҳрҳои | | | | |
| |Душанбе, Кӯлоб| | | | |
| |Қӯргонтеппа, | | | | |
| |Хуҷанд, | | | | |
| |Истаравшан, | | | | |
| |Хоруғ, Ванҷ | | | | |

|11.|Ба мактаби |Вазорати |Дар доираи | 2010 | 200,0 |
| |олии мустақил |фарҳанг, |маблағҳои | 2011 | 300,0 |
| |-Донишкадаи |Вазорати |муассисаҳои | 2012 | 300,0 |
| |ҳунарҳои |маориф, |таълимии | 2013 | 300,0 |
| |тасвирии |Вазорати |Вазорати | 2014 | 300,0 |
| |Ҷумҳурии |рушди |фарҳанг | 2015 | 300,0 |
| |Тоҷикистон |иқтисод ва | | | |
| |табдил додани |савдо | | | |
| |шӯъбаҳои нақ- | | | | |
| |қошӣ, | | | | |
| |интерьер, | | | | |
| |рассом ва | | | | |
| |ороишгари ДДСТ| | | | |
| |баноми | | | | |
| |М.Турсунзода | | | | |
| |бо истифодаи | | | | |
| |муштараки | | | | |
| |амвол, | | | | |
| |воҳидҳои корӣ,| | | | |
| |нерӯи эҷодию | | | | |
| |педагогии | | | | |
| |Коллеҷи | | | | |
| |ҷумҳуриявии | | | | |
| |рассомии ба | | | | |
| |номи М.Олимов | | | | |

|12.|Ташкили |Вазорати |Вазорати | 2010 | 25,0 |
| |тренингҳо ва |фарҳанг |фарҳанг | 2011 | 25,0 |
| |семинарҳои | | | 2012 | 25,0 |
| |таълимӣ барои | | | 2013 | 25,0 |
| |омӯзгорон ва | | | 2014 | 25,0 |
| |мутахассисони | | | 2015 | 25,0 |

|13.|Таҳия ва нашри|Вазорати |Вазорати | 2010 | 60,0 |
| |албоми |фарҳанг |фарҳанг | | |
| |"Ҳунарҳои | | | 2011 | 60,0 |
| |мардумии | | | | |
| |Тоҷикистон" | | | | |

|14.|Мукаммалгар- |Вазорати |Дар доираи | 2009 | 15,0 |
| |донии фонди |фарҳанг |маблағҳои | 2010 | 15,0 |
| |китобхонаҳои | |муассисаҳои | 2011 | 15,0 |
| |муассисаҳои | |таълимии | 2012 | 15,0 |
| |таълимӣ тавас-| |Вазорати | 2013 | 15,0 |
| |сути хариди | |фарҳанг | 2014 | 15,0 |
| |китобҳои | | | 2015 | 15,0 |
| |дарсӣ, | | | | |
| |дастурҳои таъ-| | | | |
| |лимӣ, роҳнамо-| | | | |
| |ҳо, албомҳо | | | | |
| |оид ба | | | | |
| |хунарҳои | | | | |

|15.|Баргузории: |Вазорати |Дар доираи | 2011 | 100,0 |
| |-Фестивали |фарҳанг |маблағҳои | | |
| |"Устод- | |муассисаҳои | 2013 | 100,0 |
| |шогирд"; | |таълимии | | |
| |- Фестивал- | |Вазорати | 2015 | 100,0 |
| |симпозиуми | |фарҳанг | | |
| |ҳунарҳои | | | | |
| |бадеӣ; | | | | |
| |- Фестивали | | | | |
| |"Бозори ҳунар"| | | | |

|16.|Ҷорӣ намудани |Вазорати |Дар доираи | 2009 | 70,0 |
| |равияи нав - |фарҳанг, |маблағҳои | 2010 | 70,0 |
| |"мактабҳои |Вазорати |муассисаҳои | 2011 | 70,0 |
| |ҳунарӣ (устод-|маориф, |таълимии | 2012 | 70,0 |
| |шогирд)" дар |Вазорати |Вазорати | 2013 | 70,0 |
| |заминаи |рушди |фарҳанг | 2014 | 70,0 |
| |мактабҳои |иқтисод ва | | 2015 | 70,0 |
| |мавҷудаи |савдо | | | |
| |бачагонаи | | | | |
| |мусиқӣ, | | | | |
| |санъат, | | | | |
| |рассомӣ дар | | | | |
| |шаҳрҳои | | | | |
| |Душанбе, | | | | |
| |шаҳру | | | | |
| |ноҳияҳои | | | | |
| |вилоятҳои | | | | |
| |Суғд, Хатлон, | | | | |
| |ВМКБ дастгирии| | | | |
| |фаъолият ва | | | | |
| |таҳкими базаи | | | | |
| |моддӣ-техникии| | | | |
| |онҳо | | | | |

|17.|Харидорӣ наму-|Вазорати |Дар доираи | 2010 | 20,0 |
| |дани маснуоти |фарҳанг |маблағҳои | 2011 | 20,0 |
| |(асарҳои) | |муассисаҳои | 2012 | 20,0 |
| |ҳунарҳои | |таълимии | 2013 | 20,0 |
| |бадеии хал- | |Вазорати | 2014 | 20,0 |
| |қиидорои арзи-| |фарҳанг | 2015 | 20,0 |
| |шимиллӣ | | | | |

Дурнамо
+-----------------+--------------------------------------------------ҷ
|Солҳо |Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома (ҳазрр сомонӣ) |
| +----------------+-----------------+---------------+
| |Вазорати фарҳанг|Маблағҳои махсуси|Сармоягузорӣ |
| | |муассисаҳои | |
| | |таълимии | |
| | |Вазорати фарҳанг | |
+-----------------+----------------+-----------------+---------------+
| 2009 | 240,0 | - | 150,0 |

| 2010 | 320,0 | 200,0 | 900,0 |

| 2011 | 375,0 | 300,0 | 900,0 |

| 2012 | 215,0 | 300,0 | 150,0 |

| 2013 | 315,0 | 300,0 | 150,0 |

| 2014 | 215,0 | 300,0 | 150,0 |

| 2015 | 315,0 | 300,0 | 150,0 |

| Ҳамагй: | 1995,0 | 1700,0 | 2550,0 |

| Ҷамъулҷамъ: 6245,0 |
+--------------------------------------------------------------------+