Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2008 № 512
тасдиқ шудааст
Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
МУҚАДДИМА
Дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва тандурустӣ мутобиқи тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ, кишварҳои иштироккунандаи Эъломияи Болония, инчунин зиёдшавии талабот ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ ва фарматсевтӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, бо дарназардошти самтҳои афзалиятнок ва хусусиятҳои хоси соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, таъмин намудани рақобатпазирии мутахассисон таҷдиди назар ва тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав (минбаъд - Консепсия) талаб менамояд .
Самтҳои асосии ислоҳот инҳоянд:
- такмили мӯҳтавои таҳсилоти олии заминавии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайёр кардани табибони тахассуси васеъро пешбинӣ мекунад;
- такмили давраи баъдидипломии тайёр кардани табибон тавассути тахассусгирии онҳо аз рӯйи ихтисосҳои асосӣ ва маҳдуд бо супоридани имтиҳони тахассусӣ, ки ҳуқуқи фаъолияти тиббии мустақилонаро медиҳад;
- татбиқи ординатура (резидентура) барои тайёрии амиқтари касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои клиникӣ;
- танзим намудани тартиби тайёр кардани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои тибби назариявӣ дар магистратура (тахассусӣ ё илмӣ-педагогӣ);
- таъмини кадрии фаъолияти бисёрҷабҳаи соҳаи тандурустӣ (системаи давлатӣ ва хусусии системаи тандурустӣ) дар шароити нави иқтисодӣ;
- таъмини стандартҳои сифати кӯмаки тиббӣ-санитарӣ ба аҳолӣ;
- тибқи стандартҳои нави давлатии таҳсилоти олии касбӣ тайёр кардани мутахассисони тиббӣ ва фарматсевтӣ ;
- тайёр намудани кадрҳои форматсияи нав - мутахассисони нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, менеҷерҳои нигаҳдории тандурустӣ, табибони оилавӣ, ҳамшираҳои тибби оилавӣ ва мутахассисони таҷҳизоти тиббӣ;
- такмили низоми бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси касбии мутахассисон;
- зина ба зина ва пай дар пай аз марҳилаи интернатура ба марҳилаи ординатураи клиникӣ гузаштан дар самти тарбияи табибон;
- таъмини ҳамгироии таълим, илм ва тибби амалӣ бо роҳи татбиқи дастовардҳои илм ва тибби муосир, принсипҳои тибби далелнок ба барномаҳои таълимӣ
Зарурати муайян кардани самтҳои асосии ислоҳоти низоми тайёр кардани табибон ба ҷараёни воқеии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла ба омилҳои зерин вобастагӣ дорад:
- нобаробарӣ дар низоми тайёркунӣ ва истифодабарии мутахассисони нигаҳдории тандурустӣ - ба таври нокифоя амалӣ сохтани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, аз тарафи табибони амалияи умумӣ ва оилавӣ ва расонидани ёрии афзалиятноки тиббии тахассусӣ;
- сатҳи нокифояи назорати ягонаи сифати тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ;
- татбиқи нокифояи низомҳои самарабахши муосири тайёр кардани мутахассисон дар зинаҳои таҳсилоти олӣ ва олии баъдидипломӣ, интегратсияи системаи таҳсилоти тиббию фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои ҷаҳонии таҳсилот .
Дар ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шарикони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошанд
1. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия
Мақсади Консепсия ин мутобиқ гардонидани таҳсилоти тиббӣ сохтор, мазмун, мӯҳлат ва сифати таълимот ба стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, талаботи расонидани кӯмаки тиббии босифат ба аҳолӣ, ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин имконоти ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тайёркунӣ ва бозомӯзии мутахассисон мебошад.
Вазифаҳои асосии Консепсия инҳо мебошанд:
- мувофиқи талаботи Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ такмил додани се марҳилаи пайдарпайи системаи таҳсилоти тиббӣ, ки байни худ пайвастагии ногусастанӣ доранд ва дар ин ҳолат ҳар як марҳилаи минбаъда дар асоси марҳилаи пешина бунёд мешавад ва марҳилаи нави сатҳи баландтари тайёр кардани табибон, таҳсилоти олии тиббӣ ва олии баъдидипломӣ, рушди бефосилаи касбиро таъмин мекунад;
- давра ба давра татбиқ намудани шакли нави ташкил намудани раванди таълим дар муассисаҳои таълимии тиббӣ - системаи кредитӣ-модулии низоми аврупоии ҷамъшавӣ ва интиқоли қарзи академӣ (ЕСТS), ки дар заминаи муттаҳид сохтани технологияҳои модули таълим ва санҷишҳои кредитии баҳодиҳӣ асос ёфтааст;
- такмили стандартҳои таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, таҳияи нақшаҳо ва барномаҳои нави таълимӣ ;
- такмили стандартҳои давлатии таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, таҳияи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ мутобиқи талаботи Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ ;
- тағйир додани системаи баҳодиҳии сифат ва сатҳи салоҳияти касбӣ, роҳ додан ба фаъолияти касбӣ дар ҳама марҳилаҳои таълимӣ;
- тайёр кардани мутахассисони дорои тафаккури муосир бо роҳи татбиқи минбаъдаи гуманизатсияи таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ ;
- татбиқи аккредитатсияи муассисаҳои таълимии тиббӣ бо ҷалб кардани коршиносҳои байналмилалӣ;
- баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тиббӣ дар бозорҳои меҳнати аврупоӣ ва ҷаҳонӣ;
- ноил гардидан ба сифат ва таносуби муносиби тайёр кардани мутахассисони тиббию фарматсевтии дорои таҳсилоти миёна ва олӣ ;
- татбиқи стратегия оид ба таъмини таносуби мувофиқи тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти миёна ва олии тиббию фарматсевтӣ ;
- ташаккули иқтидори кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию омӯзгории соҳаи тандурустӣ.
- бештар ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ ва малакаҳои касбӣ машғул шудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ;
- аз рӯйи ихтисосҳои нави тиббӣ ба роҳ мондани тарбияи мутахассисон барои эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ;
2. Тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ
Тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ дар коллеҷҳои тиббӣ амалӣ карда мешавад .
Самтҳои бунёдии таъмини сифати омодасозии мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ инҳо мебошанд :
- тайёр кардан ва такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорон;
- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ;
- муқаррар намудани таносуби муносиби омӯзгорону донишҷӯён дар коллеҷҳои тиббӣ ;
- интихоби воқеъбинонаи довталабон ба муассисаҳои таълимии соҳа;
- тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни тиб ва идоракунӣ (менеҷмент);
- мунтазам такмил додани барномаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои технологияи муосири таълимӣ ва илмӣ;
- омӯзиши таҷрибаи судманди давлатҳои гуногун оид ба ҷорӣ намудани технологияи муосири таълим дар коллеҷҳои тиббӣ ;
- тартиб додан, таҳия ва нашри адабиёти муосири таълимӣ;
- таҷҳизонидани синфхонаву лабораторияҳои таълимӣ бо техникаи компутерӣ барои вусъатбахшии дастрасӣ ба шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ, бо мақсади аз худ намудани таҷрибаи пешқадами таълимӣ, касбӣ ва илмӣ;
- баланд бардоштани нақши мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ дар расонидани кӯмаки тиббӣ ва фарматсевтӣ (хизматрасонии тиббӣ) ба аҳолӣ ;
- қабул дар асоси озмун ва тайёр намудани мутахассисон дар коллеҷҳои тиббӣ ;
- ба тариқи сӯҳбат қабул кардани шахсони муассисаи таълимии умумии асосиро бо баҳои аъло ва мактаби миёнаи умумиро бо медали тилло хатмнамуда, инчунин ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба коллеҷҳои тиббӣ .
Тайёр намудани мутахассисон дар коллеҷҳои тиббӣ тибқи барномаҳои таълимии ба Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ амалӣ мегардад .
Шахсоне, ки коллеҷҳои тиббиро бо ихтисоси "Кори ҳамширагӣ" хатм намудаанд, дар сурати мувофиқ будани нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ бо тавсияи комиссияи аттестатсионии коллеҷи тиббӣ пас аз гузаштани сӯҳбат метавонанд ба курси 4-уми коллеҷи тиббӣ бо ихтисосҳои "Кори момодоягӣ" ва "Кори умумитиббӣ" дохил шаванд .
Шахсоне, ки курси 3-юми коллеҷи тиббиро хатм намуда, имтиҳонҳои давлатиро аз ихтисосҳои кори умумитиббӣ ва кори момодоягӣ супоридаанд, метавонанд тибқи хоҳишашон дар асоси ариза бо ихтисоси "Кори ҳамширагӣ" диплом гиранд.
Шахсоне, ки коллеҷи тиббиро аз рӯи ихтисосҳои "Кори момодоягӣ", "Кори умумитиббӣ", "Кори фарматсевтӣ", "Кори дандонсозӣ", "Гигиена, санитария, эпидемиология" хатм намудаанд, мувофиқи қарори Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ пас аз гузаштани сӯҳбат метавонанд ба курси дуюми факултаи дахлдори донишгоҳи номбаршуда тибқи ҷойҳои ҷудошуда қабул карда шаванд .
3. Тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ
Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти олии тиббӣ ва фарматсевтӣ ба самтҳои зерин асос меёбад :
1. Шакли ҳатмии донишгоҳии таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ .
2. Таҳсилоти тиббии баъдидипломӣ, ки барои амалияи тиббии мустақилона тайёр кардани кадрҳои тибро пешбинӣ мекунад.
3. Такмили бефосилаи таҳсилоти касбӣ мувофиқи талаботи Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ, ки дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи салоҳиятноки касбии табибонро мутобиқи рушди илм ва технологияи нави тиббӣ дар назар дорад.
4. Баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисон дар шароити нави иқтисодӣ бо роҳҳои зерин:
- такмили қабули донишҷуён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ тибқи имкониятҳои воқеӣ, муайян кардани квотаи тайёркунии мақсадноки мутахассисони тиббию фарматсевтӣ аз ноҳияҳои бо мутахассисон камтаъмин ва додани имтиёзҳои муайян ҳангоми дохилшавӣ ;
- муқаррар намудани таносуби муносиби омӯзгорону донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ;
- такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон;
- такмили бефосилаи барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти дастовардҳои нави илмӣ ва таълимӣ;
- ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ ;
- омӯзиши таҷрибаи самараноки кишварҳои мухталифи дунё дар татбиқи технологияҳои муосири таҳсилот дар муассисаҳои таълимии тиббӣ;
- таҳия ва нашри адабиёти муосири дарсӣ барои донишҷӯён;
- бо техникаи компютерӣ муҷаҳҳаз гардонидани лабораторияҳои илмӣ ва таълимии муассисаҳои таълимии соҳа ҷиҳати тавсеаи дастрасӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ ба мақсади истифодабарии таҷрибаи пешқадами илмӣ, таълимӣ ва касбӣ;
- бо таҷҳизоти ҳозиразамон таҷҳизонидани марказҳои таълимӣ-клиникӣ барои ба даст овардани малакаҳои амалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва олии баъдидипломии тиббӣ ва фарматсевтӣ ;
- зиёд намудани пойгоҳҳои клиникию таълимии муассисаҳои таълимии тиббӣ аз ҳисоби муассисаҳои тандурустӣ.
3.1. Таҳсилоти олии касбии тиббӣ
Тайёр кардани табиби дорои таҳсилоти олӣ бо равияи "Тиббӣ" аз рӯйи барномаҳои таҳсилоти касбии тайёрии умумии табиби дараҷаи "мутахассис - табиб" бо такмили минбаъда дар марҳилаи баъдидипломӣ аз рӯйи барномаҳои касбии ихтисоси муайяни махсусгардонидашудаи табибӣ равона карда мешавад.
Таҳсилоти олии заминавии тиббӣ дар факултаи тиббӣ бояд ба стандартҳои таҳсилоти тиббии аврупоӣ ва ҷаҳонӣ мувофиқат кунад.
Тайёр кардани табиби стоматолог, табиби гигиенист, эпидемиолог, вирусолог ҳамчунин фарматсевт дар равияҳои "Стоматологӣ", "Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ" ва "Фарматсия" аз рӯйи барномаҳои таҳсилоти касбии дараҷаи "мутахассис" мувофиқи ихтисосҳои заминавӣ ва минбаъд дар марҳилаи баъдидипломӣ дар асоси барномахои касбӣ гирифтани ихтисоси муайяни табибӣ ва фарматсевтӣ сурат мегирад .
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ, нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ бо таҳсилоти олӣ (факултети мазкур ҳангоми имконият) таъсис дода мешаванд .
Тайёр кардани мутахассисон дар факултетҳои номбурда аз рӯйи зинаҳои зерин амалӣ мегардад:
- зинаи ибтидоии таҳсилоти олии тиббӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоӣ бомуваффақият гузашта, тахассуси (дараҷаи) "бакалавр" баъди мӯҳлати 5-солаи таълим дар факултети тиббӣ-профилактикӣ ва 4 - солаи таълим дар факултетҳои стоматологӣ ва фарматсевтӣ дода мешавад ;
- таҳсилоти олии тиббӣ ва фарматсевтӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоӣ бомуваффақият гузашта тахассуси "мутахассис" баъди 6 соли таҳсил дар факултетҳои тиббӣ ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (бе ҳуқуқи фаъолияти мустақилонаи табибӣ) баъди 5 соли таҳсил дар факултетҳои стоматологӣ (бе ҳуқуқи фаъолияти мустақилонаи табибӣ) ва фарматсевтӣ дода мешавад .
3.2. Таҳсилоти тиббии баъдидипломӣ
Таҳсилоти касбии олии баъдидипломии тиббӣ - интернатура аз рӯйи ихтисосҳои нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ба муҳлати яксолаи бозомӯзӣ тибқи Низомнома оид ба интернатураи клиникӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Дохилшавӣ ба интернатура тибқи талаботи Низомнома оид ба интернатура сурат мегирад.
Таҳсилоти касбии олии баъдидипломии тиббӣ аз рӯйи ихтисосҳои кори табобатӣ, педиатрия, кори тибби ташхисӣ, кори тибби профилактикӣ, кори тибби офиятӣ, кори тиббии психологӣ, стоматология дар марҳилаи ординатураи (резидентура) клиникӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад .
хориҷ карда шуд .
хориҷ карда шуд .
хориҷ карда шуд .
хориҷ карда шуд .
Дохилшавӣ ба ординатура дар асоси озмун бо дарназардошти натиҷаҳои аттестатсияи давлатии баъди хатми интернатура, ва ё муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ собиқаи корӣ дар зинаи аввалияи нигаҳдории тандурустӣ пас аз интернатура ва дигар маҳакҳо, ки дар Низомнома оид ба ординатура муайян карда шудааст, сурат мегирад. Миқдори ҷойҳо дар ординатура аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ба мутахассисони ихтисосҳои зарурии тиббӣ муайян карда мешавад. Ҷойҳои иловагӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома мувофиқи Низомнома оид ба ординатура пешбинӣ мегардад .
Номгӯи ихтисосҳои заминавӣ ва махсусгардонидашударо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Пас аз хатми ординатура мутахассисон дар муассисаҳои табобатӣ-профилактикии зинаи аввалия, дуввумӣ (табиби оилавӣ), саввумии нигаҳдории тандурустӣ оид ба расонидани кӯмаки тиббии тахассусӣ ва тахассусии маҳдуд бо кор таъмин карда мешаванд.
Таҳсилоти олии касбии баъдидипломии тиббӣ бо мӯҳлати таҳсили на кам аз 2 сол барои мутахассисони нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва фармасевтӣ, ки ба шахси аттестатсияи ниҳоиро бомуваффақият гузашта бо додани тахассуси (дараҷаи) "Магистр" тасдиқ карда мешавад.
Ба магистратураи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ тибқи Низомнома оид ба магистратура мутахассисони соҳаҳои тиб ва ғайритиббӣ қабул карда мешаванд.
Тайёр кардани магистрҳо дар равияҳои тибби назариявӣ (физиология, патофизиология, кимиёи биологӣ, микробиология, вирусология ва ғ.) метавонад бефосила баъди хатми муассисаи олии таълимӣ сурат гирад (мӯҳлати таҳсил 2 сол).
хориҷ карда шуд .
хориҷ карда шуд . Миқдори ҷойҳо дар магистратура тибқи талаботи муассисаҳои олии таълимӣ ва илмӣ бо кадрҳои илмию омӯзгорӣ нисбат ба ихтисосҳои муайяни табибӣ муқаррар карда мешавад. Ҷойҳои иловагӣ барои шаҳрвандон тибқи шартнома баъди хатми интернатура мувофиқи Низомнома оид ба магистратура пешбинӣ карда мешавад.
Тайёр кардани магистрҳо аз рӯйи ихтисосҳои тибби назариявӣ аз рӯйи нақшаҳо ва барномаҳои таълимие сурат мегиранд, ки дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва ба фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва педагогии равияҳои тибби назариявӣ ва амалӣ нигаронида шудаанд .
Дараҷаи магистр ба мутахассис дар асоси дифоъ кардани кори магистрӣ ва риояи дигар талаботҳои Низомнома оид ба магистратура дода мешавад.
Магистрҳо дар муассисаҳои таълимии тиббӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмиютадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин карда мешаванд.
Ба хатмкунандагони ҳар як марҳилаи таҳсилот дипломи намунаи давлатӣ дода мешавад.
Ба шахсоне, ки таҳсилро аз рӯйи барномаҳои асосии таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фармасевтӣ ба итмом нарасондаанд, мувофиқи тартиби муайянгардида ҳуҷҷати академии шакли муқарраршуда дода мешавад.
Шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро оид ба таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фармасевтии зинаи муайян гирифтаанд, мутобиқи ихтисосашон аз рӯйи барномаҳои асосии тахсилоти олии касбии тиббӣ ва фармасевтии зинаи баъдина ҳуқуқи давом додани таҳсилро доранд.
Тайёр намудани мутахассисони тиббию фармасевтӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, аз рӯйи фармоиши иҷтимоии аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёфта, амалӣ мегардад.
Онҳое, ки тахассуси "магистр"-ро гирифтаанд ва бо фармоиши иҷтимоии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудаанд, ӯҳдадоранд дар асоси шартнома, мувофиқи роҳхати Вазорати тандурустӣ кор кунанд.
Аспирантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD бо муҳлати таҳсили 3 сола. Дохилшавӣ ба аспирантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба аспирантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD аз рӯйи ихтисосҳои тибби назариявӣ пас аз хатми магистратураи равияи муайяни тибби назариявӣ ва ё баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудан мумкин аст. Ба аспирантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD аз рӯйи ихтисосҳои тибби клиникӣ баъди хатми ординатура ва ё хатми интернатура бо 3 соли собиқаи корӣ дохил шудан мумкин аст .
Докторантура ва постдокторантура аз рӯйи ихтисос бо мӯҳлати таҳсили 3 сола, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Таҳсилоти олии баъдидипломии тиббӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ, ки аз аккредитатсия гузаштаанд ва иҷозатнома доранд, амалӣ карда мешавад.
4. Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси касбии мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббию фарматсевтӣ
Мутахассисони тиббӣ ва фарматсевтии дорои таҳсилоти олӣ ва мйёнаи касбӣ ӯхдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои таълимии касбии тиббӣ ва илмии тиббӣ аз курси такмили ихтисос ва пас аз он аз аттестатсия гузаранд .
"Мутахассис" ва "магистр" метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ихтисосашро ба ихтисоси дигар иваз намояд .
Бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон дар сатҳи баъдидипломӣ таносуби теъдоди омӯзгорон ва шунавандагони дорои таҳсилоти олии тиббию фарматсевтӣ барои табибон 1:4 ва фарматсевтон 1:6, миёнаи касбии тиббию фарматсевтӣ мутаносибан 1:6 ва 1:8 муқаррар карда мешавад .
Замимаи 1
ба Консепсияи ислоҳоти
таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номгӯйи ихтисосҳо ва тахассусҳои таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва фарматсевтӣ дар омӯзишгоҳҳои тиббӣ
+-+--------+----------------+----------------+----------------------ҷ
|№| рамзҳо | Ихтисосҳо | Мӯҳлати таҳсил | Тахассус |
+-+--------+----------------+----------------+----------------------+
|1|2-790131| Кори ҳамширагӣ | 4/3* сол | Ҳамшираи тиббӣ |

|2|2-790104| Кори лабораторӣ| 4/3 сол | Лаборант |

|3|2-790133| Гигиена, | | Ёрдамчии табиби |
| | | санитария, | | гигиенист, санитар, |
| | | этидемиология, | 4/3 сол | эпидемиолог |

*- Рақами аввал мӯҳлати таҳсил дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ.
Рақами дуюм мӯҳлати таҳсил дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ
Замимаи 2
ба Консепсияи ислоҳоти
таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номгуйи ихтисосҳо ва тахассусҳои таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва фарматсевтӣ дар коллеҷҳои тиббӣ
+--+--------+---------------+----------------+----------------------ҷ
|№ |рамзҳо | Ихтисосҳо |Мӯҳлати таҳсил | Тахассус |
| | | |дар заминаи | |
| | | |таҳсилоти миёнаи| |
| | | |умумӣ | |
+--+--------+---------------+----------------+----------------------+
|1.|2-790102|Кори | |Ҳамшираи (бародари) |
| | |умумитиббӣ | 4 сол |тиббии оилавӣ (амалияи|
| | | | |умумӣ) |

|2.|2-790101|Кори момодоягӣ | 4 сол |Момодоя |

|3.|2-790133|Кори дандонсозӣ| З сол |Техники дандон |

|4.|2-790108|Кори фармасевтӣ| 3 сол |Ердамчии фармасевт |

|5.|2-800151|Техника ва | |Техники тиббӣ |
| | |таҷҳизоти тиббӣ| 3 сол | |

|6.|2-790103|Гигаена, | 3 сол |Ёрдамчии табиби |
| | |санитария, | |гигиенист, санитар, |
| | |эпидемиология | |эпидемиолог |

|7.|2-790104|Кори лабораторӣ| 3 сол |лаборант |

|8.|2-790131|Кори ҳамширагӣ | З сол |Ҳамшираи тиббӣ |