ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 11, мод. 893; с. 2008, № 2, мод. 107, 108) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 9 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Воридоти гандум (ба истиснои гандуме, ки барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ ворид карда мешавад) ва таҳвили он бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 10 фоиз андозбандӣ карда шавад.".
2. Ба моддаи 10 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Воридоти молҳо барои сохтмони иншооти "Боғи устод Рӯдакӣ" дар шаҳри Душанбе, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харидорӣ карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур нисбати қисми якуми моддаи 1 пас аз интишори расмӣ ва нисбати қисми дуюми моддаи 1 аз 1 июни соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
7 ноябри соли 2008 № 446
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
29 октябри соли 2008 № 1145