Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2008 № 446 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 11, мод. 893; с. 2008, № 2, мод. 107, 108) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 9 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Воридоти гандум (ба истиснои гандуме, ки барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ ворид карда мешавад) ва таҳвили он бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 10 фоиз андозбандӣ карда шавад.".

2. Ба моддаи 10 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Воридоти молҳо барои сохтмони иншооти "Боғи устод Рӯдакӣ" дар шаҳри Душанбе, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харидорӣ карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур нисбати қисми якуми моддаи 1 пас аз интишори расмӣ ва нисбати қисми дуюми моддаи 1 аз 1 июни соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

7 ноябри соли 2008 № 446

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 29 октябри соли 2008 № 1145

3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2008 год"

Статья 1. В Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2008 год"(Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., № 11, ст. 893; 2008 г., № 2, ст. 107, 108) внести следующие дополнения:

1. Статью 9 дополнить частью второй следующего содержания:

"Импорт пшеницы (за исключением пшеницы, импортируемой для производства подакцизных товаров) и её поставку облагать налогом на добавленную стоимость по ставке 10 процентов.".

2. Статью 10 дополнить частью третьей следующего содержания:

"Освободить от уплаты налога на добавленную стоимость импорт товаров для строительства "Парка имени устода Рудаки" в городе Душанбе, приобретаемых за счет местного бюджета города Душанбе.".

Статья 2. Настоящий Закон в части первой статьи 1 ввести в действие после его официального опубликования и в части второй статьи 1 с 1 июня 2008 года.

Президент

Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 7 ноября 2008 года №446

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан"О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2008 год"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2008 год".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                      С.Хайруллоев

г. Душанбе,29 октября 2008 года №1145