Низомномаи тартиби додани рутбаҳо ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2008, № 552

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 октябри соли 2008 № 552

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 октябри соли 2008 № 552

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби додани рутбаҳо ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

Низомномаи тартиби додани рутбаҳо ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва мӯҳлати додани рутбаҳоро ба кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе муайян менамояд.

Рутбаҳо дар сурати мавҷуд будани тавсифномаи мусбӣ, маълумоти олии ҳуқуқӣ, вазифаи ишғолкарда, собиқаи корӣ, инчунин бо дарназардошти рутбаи дараҷавӣ, рутбаи тахассусӣ, рутбаи ҳарбӣ ва махсус, ки корманд аз ҷойи кор ё хизмати пешинааш гирифтааст, пай дар пай дода мешаванд.

2. Рутбаҳо ва тартиби додани онҳо

Ба кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ рутбаҳои зерин дода мешаванд:

мушовири адлияи дараҷаи якум;

мушовири адлияи дараҷаи дуюм;

мушовири адлияи дараҷаи сеюм;

ҳуқуқшиноси дараҷаи якум;

...

Утверждено

Указом Президента

 Республики Таджикистан

от 16 октября 2008 года №552

Утверждено

Указом Президента

 Республики Таджикистан

от 16 октября 2008 года №552

Положение о порядке присвоения классных чинов работникам аппарата судов Республики Таджикистан

1. Общие положения

Положение о порядке присвоения классных чинов работникам аппарата судов Республики Таджикистан определяет порядок и срок присвоения классных чинов работникам аппарата Конституционного суда Республики Таджикистан, Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического суда Республики Таджикистан, Военного суда, Суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, города Душанбе, городов и районов, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей и города Душанбе.

Присвоение классных чинов производится по очередности при наличии положительной характеристики, высшего юридического образования, в соответствии с занимаемой должностью, стажем работы, а также с учетом классного чина, квалификационного класса, воинского и специального звания, присвоенных работнику по прежнему месту работы и службы.

2. Классные чины и порядок их присвоения

Работникам аппарата судов республики присваиваются следующие классные чины:

советник юстиции первого класса;

советник юстиции второго класса;

советник юстиции третьего класса;

юрист первого класса;

...