Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2008, № 551

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 октябри соли 2008 № 551

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва мӯҳлати додани дараҷаҳои тахассусиро ба раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе муайян менамояд.

Дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳо вобаста ба мансаби ишғолкарда, собиқа ва таҷрибаи корӣ, сатҳи дониши касбӣ пай дар пай дода мешаванд.

2. Дараҷаи тахассусии судяҳо

Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи тахассусиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

Ба судяҳо дараҷаҳои тахассусии зерин дода мешаванд:

дараҷаи олии тахассус;

дараҷаи якуми тахассус;

дараҷаи дуюми тахассус;

дараҷаи сеюми тахассус;

дараҷаи чоруми тахассус;

дараҷаи панҷуми тахассус.

Ба раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи олӣ ва якуми тахассус дода мешаванд.

Ба раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дараҷаҳои тахассусии зерин дода мешаванд:

дараҷаи якуми тахассус;

дараҷаи дуюми тахассус;.

дараҷаи сеюми тахассус;

дараҷаи чоруми тахассус;

дараҷаи панҷуми тахассус.

3. Мӯҳлати дар дараҷаҳои тахассусӣ будан

Мӯҳлати камтарини дар дараҷаи тахассусӣ будан, ки он ба додани дараҷаи тахассусии навбатӣ ҳуқуқ медиҳад, чунин муқаррар карда мешавад:

барои дараҷаҳои панҷум ва чоруми тахассус - 3 сол;

барои дараҷаҳои сеюм ва дуюми тахассус - 5 сол.

Мӯҳлати дар дараҷаи тахассусии якум будан маҳдуд карда намешавад.

Бо назардошти таҷрибаи корӣ ва натиҷаҳои ба дастоварда ба судяҳо бе риояи пай дар паии муқарраршуда, мумкин аст дараҷаи тахассусии баландтар дода шавад, вале на зиёда аз як дараҷаи тахассусӣ.

Ба судяи ба истеъфо ё ба нафақа баромада дараҷаи тахассусиаш нигоҳ дошта мешавад.

Санҷиши тахассусии навбатии судя на дертар аз як моҳ то рӯзи ба итмом расидани мӯҳлати дар дараҷаи тахассусии додашуда будани ӯ гузаронида мешавад. Пеш аз мӯҳлат гузаронидани санҷиши тахассусӣ на пештар аз ду соли гузаштани муддати санҷиши охирин имконпазир аст.

Шахсони бори аввал ба вазифаи судя таъиншуда дар муддати шаш моҳи баъди таъин шуданашон барои гирифтани дараҷаи тахассусӣ аз санҷиши тахассусӣ мегузаранд.

4. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо

Ба судяе, ки аз санҷиши тахассусӣ мегузарад тавсифнома тартиб дода мешавад, ки дар он сифатҳои корӣ, ахлоқӣ ва фаъолияти касбии ӯ дарҷ меёбад.

Тавсифнома ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз ҷониби дастгоҳи Шӯрои адлия тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Коллегияи тахассусии судяҳо пешниҳод карда мешавад.

Судя бояд бо тавсифнома на дертар аз 15 рӯз то санаи гузаронидани санҷиш шинос карда шавад.

Санҷиши тахассусӣ дар ҳузури судяе, ки аз санҷиш мегузарад, дар мӯҳлати як моҳ баъд аз рӯзи ворид шудани маводи дахлдор гузаронида мешавад.

Коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистои додани дараҷаи тахассусӣ хулоса медиҳад.

Коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе додани дараҷаи тахассусӣ ба Шӯрои адлия хулоса медиҳад.

Коллегияи тахассусии судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди ҳарбӣ, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, раисон, муовинон, судяҳои судҳои шаҳру ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе додани дараҷаи тахассусӣ ба Шӯрои адлия хулоса медиҳад.

5. Иловапулӣ барои дараҷаи тахассусӣ

Ба маоши вазифавии судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дараҷаҳои тахассусӣ иловапулӣ муқаррар карда мешавад.

Андоза ва тартиби додани иловапулиро барои дараҷаҳои тахассусӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Утверждено

 Указом Президента

Республики Таджикистан

 от 15 октября 2008 года №551

Положение о порядке присвоения квалификационных классов судьям судов Республики Таджикистан

1. Общие положения

Положения о порядке присвоения квалификационных классов судьям судов Республики Таджикистан определяет порядок и срок присвоения квалификационных классов председателям, заместителям председателей и судьям Конституционного суда Республики Таджикистан, Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического суда Республики Таджикистан, Военного суда, Суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, города Душанбе, городов и районов, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей и города Душанбе.

Квалификационные классы присваиваются судьям по очередности с учетом занимаемой должности, стажа, опыта работы и уровня профессиональных знаний.

2. Квалификационные классы судей

Судьям судов Республики Таджикистан квалификационные классы присваиваются Президентом Республики Таджикистан по представлению Председателя Конституционного суда Республики Таджикистан, Председателя Верховного Суда Республики Таджикистан, Председателя Высшего экономического суда Республики Таджикистан и Председателя Совета юстиции Республики Таджикистан.

Судьям присваиваются следующие квалификационные классы:

высший квалификационный класс;

первый квалификационный класс;

второй квалификационный класс;

третий квалификационный класс;

четвертый квалификационный класс;

пятый квалификационный класс.

Председателям, заместителям председателей и судьям Конституционного суда Республика Таджикистан, Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического суда Республики Таджикистан присваиваются высший, первый квалификационные классы.

Председателям, заместителям председателей и судьям Военного суда, Суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, города Душанбе, городов и районов, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей и города Душанбе присваиваются следующие квалификационные классы:

первый квалификационный класс;

второй квалификационный класс;

третий квалификационный класс;

четвертый квалификационный класс;

пятый квалификационный класс.

3. Срок пребывания в квалификационных классах

Минимальный срок пребывания в квалификационном классе, который предоставляет право на присвоение очередного квалификационного класса, устанавливается для пятого и четвертого квалификационного класса - 3 года;

для третьего и второго квалификационного класса - 5 лет.

Срок пребывания в первом квалификационном классе не ограничивается.

Судьям, без соблюдения установленной последовательности, допускается присвоение более высокого квалификационного класса, но не более чем на один квалификационный класс, с учетом опыта и достигнутых успехов в работе.

За судьей, вышедшим в отставку или на пенсию, сохраняется присвоенный квалификационный класс.

Очередная квалификационная аттестация судьи проводится не позднее одного месяца со дня истечения срока пребывания в присвоенном ему квалификационном классе. Досрочная квалификационная аттестация может быть проведена не ранее, чем через два года со времени последней аттестации.

Лица, впервые назначенные на должность судьи, для присвоения квалификационного класса проходят квалификационную аттестацию в течение шести месяцев после назначения.

4. Порядок проведения квалификационной аттестации судей

На судью, подлежащего квалификационной аттестации составляется характеристика, в которой отражаются его деловые и нравственные качества, дается оценка его профессиональной деятельности.

Характеристика на судей Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического суда Республики Таджикистан составляется Председателем Верховного Суда Республики Таджикистан и Председателем Высшего экономического суда Республики Таджикистан, на судей Военного суда, Суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, города Душанбе, городов и районов, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей и города Душанбе составляется аппаратом Совета юстиции Республики Таджикистан и представляются для рассмотрения в Квалификационную коллегию судьей.

Судья должен быть ознакомлен с характеристикой не позднее чем за 15 дней до проведения аттестации.

Квалификационная аттестация проводится в присутствии судьи, в месячный срок со дня поступления соответствующих материалов.

Квалификационные коллегии судей Верховного суда Республики Таджикистан и Высшего экономического суда Республики Таджикистан по представлениям Председателя Верховного суда Республики Таджикистан, Председателя Высшего экономического суда Республики Таджикистан дают заключения о присвоении квалификационных классов судьям Верховного суда Республики Таджикистан и судьям Высшего экономического суда Республики Таджикистан.

Квалификационные коллегии судей Верховного суда Республики Таджикистан по представлению Председателя Совета юстиции Республики Таджикистан, дает заключение в Совет юстиции о присвоении квалификационных классов председателю суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей и города Душанбе.

Квалификационные коллегии судей Военного суда, Суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, города Душанбе, городов и районов, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей и города Душанбе по представлению Председателя Совета юстиции Республики Таджикистан, дает заключения в Совет юстиции о присвоении квалификационных классов председателям, заместителям председателей и судьям Военного суда, заместителям председателей, судьям Суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, города Душанбе, председателям, заместителям председателей и судьям суда городов и районов, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей и города Душанбе.

5. Доплата за классные чины

Судьям судов Республики Таджикистан устанавливается доплата к должностным окладам за квалификационные классы.

Размер и порядок доплаты за квалификационные классы определяются Президентом Республики Таджикистан.