Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008с. № 568)
Мутобиқи моддаҳои 58, 59, 60 ва 61 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо дарназардошти аз он ҷудо намудани корхонаҳои навтаъсиси зерин аз нав ташкил дода шавад:
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия".
2. Ба Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" барои таъсиси корхонаҳои фаръии зерин иҷозат дода шавад:
- Корхонаи фаръии "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе";
- Корхонаи фаръии "Маҷмааи фарҳангию солимгардонии "Авиатор"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе";
- Корхонаи фаръии "Агентии алоқаи ҳавоӣ"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ().
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як ҳафта ҷиҳати амалӣ намудани азнавташкилдиҳии сохтори Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" комиссияи салоҳиятнок таъсис диҳад ().
Комиссияи салоҳиятнок тибқи тартиби муқарраргардида азнавташкилдиҳиро амалӣ карда, тавозуни тақсимоти Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-ро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2008 № 491
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"
Мутобиқи моддаҳои 58, 59, 60 ва 61 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо дарназардошти аз он ҷудо намудани корхонаҳои навтаъсиси зерин аз нав ташкил дода шавад:
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия".
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як ҳафта ҷиҳати амалӣ намудани азнавташкилдиҳии сохтори Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" комиссияи салоҳиятнок таъсис диҳад.