Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" октябри соли 2008 № 485
тасдиқ шудааст
Оинномаи Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2012 № 152, аз 02.10.2012 № 555, аз 4.01.2014 № 38
I. Муқаррароти умумӣ
1. Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ (минбаъд - Муассиса) вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар соҳаи обуҳавошиносӣ амалӣ месозад.
2. Муассиса дар номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3.Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома амалӣ менамояд.
4.Муассиса фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5.Муассиса ваколатҳои зерин дорад:
- иштирок дар пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зист ();
- иштирок дар таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи обуҳавошиносӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- пешниҳод намудани дархостҳо ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои дарозмӯҳлат дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ;
- муаррифӣ намудани ҷумҳурӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои обуҳавошиносӣ, бастани шартномаҳои байналмилалӣ бо мақомоти обуҳавошиносии давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- пешбурди корҳо дар ҷалб намудани грантҳо ва дигар кумакҳои ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри инкишоф додани соҳаи обуҳавошиносӣ;
- таъмини таҳия ва тасдиқи ҳисоботҳои давлатии омории соҳаи обуҳавошиносӣ, пешниҳод намудани маълумотҳо ба мақомоти дахлдор;
- анҷомдиҳии фаъолият оид ба таъмини мақомоти идораи давлатӣ бо машваратҳои методӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ;
- ҳамоҳангсозии таъсис ва таъмини фаъолияти системаи мониторинги комплексии вазъи муҳити зист тибқи тартиби муқарраргардида;
- бароҳмонӣ ва таъмини муносибатҳои истеҳсолӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва робитаҳо бо муассисаву ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ;
- иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- бароҳмонӣ ва рушди мубодилаи байналмилалии иттилоотӣ дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Ҳавошиносӣ, ЕврАзЭС ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- иштирок дар иҷрои ӯҳдадориҳои Конвенсияи Қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи қабати озон, пешниҳоди лоиҳаҳои дахлдор;
- хориҷ карда шуд();
- хориҷ карда шуд();
- истифодаи таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар соҳаи обуҳавошиносӣ, гидрология, агрометеорология, аэрология, актинометрия, глятсиология, мониторинги муҳити зист ().
6. Муассиса мутобиқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иҷрои вазифаҳои зеринро таъмин менамояд:
- муайян намудани тамоюлҳои рушди кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат дар соҳаи обуҳавошиносӣ, инчунин таҳияи нақша ва барномаҳои рушд;
- расондани кӯмаки методию ташкилӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ ва пешгӯиҳои зуҳуроти офатҳои табиии гидрометеорологӣ, мониторинги муҳити зист ();
- таҳияи пешниҳодот ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ва мониторинги истифодаи онҳо;
- дар доираи салоҳиятҳои худ бо тартиби муқарраргардида ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ;
- татбики сиёсати самарабахши иқтисоди ва истеҳсолй дар сохаи обуҳавошиносӣ;
- омӯхтани ҳолати пиряхҳо, кӯлҳо, равандҳои тағйирёбии иқлим бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обӣ, пешгӯии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ (шамол ва боришоти сахт, боридани жола, фаромадани тарма, омадани сел, туман, лағшиши пиряхҳо ва ғайра);
хориҷ карда шуд ();
- омӯхтани қонуниятҳои фазоию муваққатии низоми гидрологӣ: ҳисоби захираҳои обҳои рӯизаминӣ, тавозуни оби ҳавзаҳо ва ҳудудҳои обӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори соҳаи бехатарии ҳаракати нақлиёти рӯизаминӣ ва ҳавоӣ;
- ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои суғуртавӣ, иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳои гуногун, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ;
- ҳамоҳангсозии робитаҳо бо ташкилоту пажӯҳишгоҳҳои истеҳсолӣ ва илмию-тадқиқотии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ;
- равон намудани кормандон ба семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос;
- анҷомдиҳии хизматрасонии техникаи махсус, таъмир "ва ҳифзи шабакаҳо, дастгоҳҳо ва радиостансияҳо ();
- таъмини стансияҳо ва нуқтаҳои назоратии баландкӯҳ ва дурдаст бо озуқаворӣ, маводи молиданӣ ва сӯзишворӣ ва фароҳам овардани шароити кору фаъолият дар сохторҳо ва шабакаҳо, инчунин таъмини риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, санитарӣ ва истеҳсолӣ ().
III. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо
7. Муассиса ҳуқуқ дорад:
- барномаҳои давлатиро оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ татбиқ намояд;
- гузаронидани системаи давлатии мушоҳидаҳои метеорологӣ, гидрологӣ, агрометеорологӣ, аэрологӣ, актинометрӣ, глятсиологӣ, радиолакатсионӣ ва мониторинги муҳити зист;
- хориҷ карда шуд();
- такмилдиҳии системаи ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва ба маълумоти истифодабаранда расонидани маълумот дар бораи ҳолати муҳити зист;
- таъмини саривақтии истифодабарандагон бо пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ, огоҳсозӣ аз шароити номусоиди баамалояндаи обу ҳаво, равандҳои тағйирёбии иқлим ва қабати озонӣ барои андешидан чораҳои зарурии фаврӣ;
- таъмин намудан бо пешгӯиҳои расмӣ ва дигар маводи иттилоотӣ оид ба арзёбии ҳолати муҳити зист;
- хориҷ карда шуд();
- гузаронидани мониторинги ифлосшавии фазои ҳаво, қабати озонӣ дар шаҳрҳои калон, объектҳои муҳими давлатӣ ва стратегӣ;
- гузаронидани мониторинги ифлосшавии обҳои сатҳӣ дар дарёҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ;
- гузаронидани мушоҳидаҳои экспедитсионии пиряхҳо, кӯлҳо, қабатҳои барфпӯш, тармаҳо ва селҳо;
- ҷамъбаст намудани маълумотҳои боэътимод дар бораи низоми метеорологӣ ва радиатсионӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташаккул додани захираҳои иттилоотии давлатӣ дар соҳаи гидрометеорология, ташкил ва пешбурди Фонди ягонаи давлатии маълумоти муҳити зист;
- таъмин намудани мақомоти хадамоти аэронавигатсионӣ ва системаи идоракунии ҳаракати ҳавоии фурудгоҳҳо бо пешгӯиҳои ҳавошиносӣ барои таъмини бехатарии парвоз ().
IV. Фаъолияти ташкилӣ
8.Муассисаро Директор роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Муассиса вогузоргардида масъулияти шахсӣ дорад.
Директор намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Ҳавошиносӣ мебошад.
Муовинони Директори Муассисаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Муассиса ба вазифа таъин ва озод менамояд.
9. Директори Муассиса:
- вазифаҳоро байни муовинон тақсим менамояд;
- оинномаҳои воҳидҳои сохтории дар номгӯи системаи шабакаҳои давлатии Муассиса бударо тасдиқ мекунад;
- кормандони Муассисаро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;
- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон ҷадвали воҳиди корӣ ва сметаи хароҷоти Муассисаро барои тасдиқ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- нақшаҳои кории ҳарсола, ҳисобот ва нишондиҳандаҳои фаъолияти воҳидҳои Муассисаро тасдиқ менамояд:
- тибқи тартиби муқарраргардида дар бобати таъминоти молиявӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии сохторҳои Муассиса пешниҳодҳо манзур менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Муассисаро барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
10.Кормандони ҳайати хизматрасони Муассиса дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд.
11.Азнавташкилдиҳии Муассиса бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба амал бароварда мешавад.
12.Муассиса шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, бланкҳо, мӯҳрҳо ва штампҳои нусхаи муқарраргардида, инчунин суратҳисобе, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешавад, мебошад.
13.Маҳали ҷойгиршавии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко 47.
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2008 № 485
Номгӯи шабакаҳои давлатии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ
1. Хориҷ карда шуд
2. Маркази обуҳавосанҷӣ
3. Раёсати таъминот ва хоҷагӣ
4. Маркази мониторинги муҳити зист
5. Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озонӣ
6. Маркази автоматикии алоқа
7. Маркази танзиму таъмири асбобҳои ченкунӣ
8. Маркази яхшиносӣ
9. Маркази обуҳавосанҷии Хатлон
10. Маркази обуҳавосанҷии Суғд
11. Расадхонаи обуҳавосанҷии ВМКБ
12. Стансияи ҳавосанҷии Хумрагӣ
13. Стансияи ҳавосанҷии ағбаи Анзоб
14. Стансияи ҳавосанҷии Бӯстонобод
15. Стансияи ҳавосанҷии Бӯстон
16. Стансияи ҳавосанҷии Деҳавз
17. Стансияи ҳавосанҷии Данғара
18. Стансияи ҳавосанҷии Эсанбой
19. Стансияи ҳавосанҷии Лахш
20. Стансияи ҳавосанҷии Фархор
21. Стансияи ҳавосанҷии Панҷакент
22. Стансияи ҳавосанҷии Санглох
23. Стансияи ҳавосанҷии Истравшан
24. Стансияи ҳавосанҷии Файзобод
25. Стансияи ҳавосанчии Шаймак
26. Стансияи ҳавосанҷии ағбаи Шаҳристон
27. Стансияи ҳавосанҷии Ёвон
28. Стансияи ҳавосанҷии Ишкошим
29. Стансияи хавосанҷии Қарокӯл
30. Стансияи ҳавосанҷии Мурғоб
31. Стансияи ҳавосанҷии Рӯшон
32. Стансияи ҳавосанҷии Булункӯл
33. Стансияи ҳавосанҷии Қалъаи-Лаби-Об
34. Стансияи ҳавосанҷии Ганҷина
35. Стансияи ҳавосанҷии Мӯъминобод
36. Стансияи ҳавосанҷии Тавилдара
37. Стансияи ҳавосанҷии Чормағзак
38. Стансияи ҳавосанҷии Ҷавшанғоз
39. Стансияи ҳавосанҷии Дарвоз
40. Стансияи ҳавосанчии Мадрушкат
41. Стансияи ҳавосанҷии Ховалинг
42. Стансияи ҳавосанҷии академик Горбунов (пиряхи Федченко)
43. Стансияи ҳавосанҷии Шоинак
44. Стансияи ҳавосанҷии Олтинмазор
45. Стансияи ҳавосанҷии Гулшан
46. Стансияи обсанҷии Нуробод
47. Стансияи обсанҷии Сангистон
48. Стансияи обсанҷии Искандаркӯл
49. Стансияи обсанҷии Ирхт
50. Стансияи обсанҷии Савноб
51. Стансияи обсанҷии Пшарт
52. Стансияи обсанҷии Панҷи-Поён
53. Стансияи аэрологии Душанбе
54. Стансияи агрометеорологии Ҳисор
55. Стансияи барфу тармаи Майхура
56. Стансияи барфу тармаи Навобод
57. Стансияи селченкунии Ҳушёрӣ
58. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Хуҷанд
59. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Хоруғ
60. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Рашт
61. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Исфара
62. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Панҷ
63. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Шаҳритус
Дидбонгоҳҳои обсанҷӣ
1. Вахш - Ғарм
2. Вахш- Дарбанд
3. Қизилсу-Думбрачӣ
4. Муксу-Давсеар
5. Ярхич-Ҳоит
6. Шӯрак-Капалӣ
7. Сарбоғ-Сангималикӣ
8. Камаров-Қарамандӣ
9. Сангикар-Сангикар
10. Обихингов-Сангвор
11. Обихингов-Ёзғанд
12. Сариоб-Қалаи санг
13. Сурхсу-Шаков
14. Питаукул-Ярмазар
15. Сардаи Миёна-Ромит
16. Пандема-Сарҳад
17. Варзоб-Ҳушёрӣ
18. Варзоб-Даҳана
19. Зиддӣ - Сарҳад
20. Панҷхок-Шохоб
21. Такоб-Такоб
22. Лучоб-Лучоб
23. Элок-Янгиюл
24. Хонако-Алибегӣ
25. Қаратоғ-Қаратоғ
26. Игизак- Сарҳад д. Сиёма
27. Панҷ-Хирманчо
28. Панҷ-Панҷи Поён
29. Кизилсу-Бобохоншаид
30. Кизилсу-Қурбоншаид
31. Кизилсу-Самончӣ
32. Еқсу-Карбостонак
33. Ёксу-Восеъ
34. Тоҳирсу-Шахбур
35. Норак-Даҳана
36. Даҳана-Ғофилобод
37. Вахш - Бешаи палангони ғарбӣ
38. Кофарниҳон-Тартки
39. Панҷ-Ишкошим
40. Панҷ -Шидз
41. Киштиҷароб-Лангар
42. Гармчашма-Гармчашма
43. Гунт-Сардем
44. Гунт-Хоруғ
45. Гунт-Аличур
46. Тоқузбулоқ-Дӯзахдара
47. Патхур-Патхур
48. Шарифдара- Сарҳад
49. Шоҳдара-Ҷавшангоз
50. Шохдара-Хабост
51. Дурумдара-Сеҷ
52. Шарфдара-Тусен
53. Бартанг (Мурғоб) -Мурғоб
54. Бартанг-Пшарт
55. Бартанг-Барчадив
56. Бартанг-Нисур
57. Бартанг-Шуҷанд
58. НОБ-и Шуҷанд-Шуҷанд
59. Лангар-Сарҳад
60. Вовзит-Барчадив
61. Кудара-Рухч
62. Кокулбел-Кӯҳдара
63. Танимас-Кӯҳдара
64. Раумддара-Хиҷез
65. Вомодара-Рушон
66. Язғулом-Мотравн
67. Ванҷ-Бичхарв
68. Техарв-Шавру
69. Обивисхарв-Хурк
70. Обихумбов-Сарҳад
71. Сирдарё-Қизил-Қишлоқ
72. Сирдарё - Оқҷар
73. Исфара - Тошқӯрғон
74. Ширинсой-Овучи
75. Шоган - Угук
76. Заравшон - Худгиф
77. Заравшон - Дупули
78. Самҷон - Худтиф
79. Гузн - Пид
80. Дашти Оббурдон - Ронҷ
81. Фондарё - Пете
82. Яғноб-Такфон
83. Анзоб - Сарҳад
84. Искандардарё-Баромад
85. Саратоғ - Сарҳад
86. Пасрут-Пинён
87. Кштут - Зериҳисор
88. Даруреч - Кулолӣ
89. Моғиендарё - Суҷина
90. Шинг - Сарҳад
Дидбонгоҳҳо дар обанборҳо ва кӯлҳо:
1.Обанбори Қайроққум - ш. Қайроққум
2.Кӯли Искандар - соҳили шимолушарқӣ (СШШ)
3.Кӯли Сарез - халиҷи Ирхт
4.Кӯли Қарокӯл - қ. Қарокӯл
5.Кӯли Гуликов - мамнӯъгоҳи Бешаи палангон
6.Кӯли Яшилкӯл - соҳили шимолӣ (СШ)
Дидбонгоҳи ҳавошиносии назди фурудгоҳ:
1. Шидз
Дидбонгоҳҳои ҳавошиносӣ
1. Оббурдон
2. Боғи Ботаникӣ
Дидбонгоҳҳои агрометеорологӣ:
1. Колхозобод
2. Ваҳдат
3. Конибодом
4. Сарихосор
5. Фахробод
6. Қизилмазор
7. Пролетар
8. Лоҳур
Дидбонгоҳҳои барфу тарма:
1. Манем
2. Вуж
3. Тангив
4. Демиёна
Нуқтаҳои мониторинги муҳити зист:
1. Душанбе - Селмаш
2. Душанбе - Боғи ба номи Айнӣ
3. Душанбе - Стансияи аэрологии Душанбе
4. Душанбе - маҳаллаи 92-ум
5. Душанбе - Агентии обуҳавошиносӣ
6. Душанбе-Гардиши фурудгоҳ
7. Душанбе -маҳаллаи 65-ум
8. Душанбе- хиёбони С. Шерозӣ
9. Қӯрғонтеппа - кӯчаи Дӯстии халқҳо
10. Қӯрғонтеппа - Боғи ба номи Ленин
11. Қӯрғонтеппа - кӯчаи Октябр
12. Сарбанд - кӯчаи Лоҳутӣ
13. Хуҷанд - кӯчаи Мичурин
14. Хуҷанд - кӯчаи Пахтакор
15. Хуҷанд - кӯчаи Косманавтҳо
16. Турсунзода - Заводи пахта
17. Турсунзода - Подстансия
18. Турсунзода - маҳаллаи 5-ум
19. Ёвон - маҳаллаи 1-ум
20. Ёвон - кӯчаи Одинаев
21. Кӯлоб - Главснаб