Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ аз 1 октябри соли 2008, № 484

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 776 аз эътибор соқит дониста шуд

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008 №484

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ (минбаъд Хадамот)мақоми ваколатдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, назорати давлатии фаъолияти тиббиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроия, дигар ташкилотҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти худро дар соҳаи муқарраршуда амалӣ мегардонад.

4. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Хадамот Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома мебошад.

II. Ваколатҳо

5. Вазифаҳои асосии Хадамот:

- ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ;

- назорат ва санҷиши фаъолияти хусусии тиббӣ ва озмоишгоҳҳои ташхисӣ;

- назорат ва санҷиши фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ ва истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда;

- санҷиши сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои санаторию курортӣ ва профилакторияҳо;

- бо тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳаи тибро ба танзим медароранд;

- гузаронидани санҷишҳои назоратии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ;

- санҷиши фаъолияти комиссияҳои назоратит пизишкӣ, комиссияҳои таҳлили оқибати марговар ва дигар шӯроҳои муассисаҳои тиббӣ;

- ташкили мақомоти давлатии машваратии экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳо) дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда;

- дар асоси қарордод таъмин намудани кормандони соҳаи тиб бо иттилооти тиббӣ.

6. Хадамот ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бемамоният ва дар ҳар маврид дар тамоми корхонаҳо, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин дар ташкилотҳои байналмилалие, ки бо фаъолияти тиббӣ машғуланд санҷиш ва назорати сифати хизматрасонии тиббиро гузаронад;

- барои қабул намудани қарорҳое, ки таҳти салоҳияти Хадамот мебошад, маълумотҳои заруриро талаб намояд ва гирад;

- барои гузаронидани санҷиш ва назорат нусхаҳои ҳуҷҷатҳои заруриро гирад;

- ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани қонуншиканиҳои ҷиддии касбӣ, барои минбаъд роҳ надодан ба амалӣ намудани фаъолияти тиббӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

- чорабиниҳоро оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои Хадамот ва муассисаҳои тиббӣ амалӣ намояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ҳамкории байналмилалиро анҷом диҳад.

III. Ташкили фаъолият

7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Сардор як муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Сардор ҳуқуқ дорад:

- санадҳои Хадамотро доир ба ҳамаи масъалаҳои таҳти салоҳияташ қарордошта имзо кунад;

- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамотро дар шакли фармоиш барорад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Хадамот ва муассисаҳои тиббӣ ҳатмӣ мебошад;

- роҳбарон ва кормандони шӯъбаҳои Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;

- роҳбарони раёсатҳои Хадамотро дар вилоятҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;

- оид ба тағйири сохтори Хадамот таклиф пешниҳод намояд;

- сарфи мақсадноки маблағҳои Хадамотро таъмин намуда, ҳуҷҷатҳои пулӣ ва молиро имзо намояд;

- аз мақомоту муассисаҳои тандурустӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба фаъолияти тиббӣ маълумоти заруриро гирад;

- ҷадвали бастҳоро дар доираи фонди музди меҳнат ва теъдоди тасдиқгардидаи кормандон тасдиқ намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида аз номи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба Хадамот тааллуқдошта намояндагӣ кунад.

9. Сардор барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда, ҳифзи моликият, инчунин таъмини ҳифзи сирри давлатӣ масъулияти шахсӣ дорад ва вазифаҳои хизматии муовин ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамотро муайян менамояд.

10. Хадамот дар фаъолияти худ ба Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

11. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад.

12. Хадамот аз буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нанамудааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

13. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ 5/5 ошёнаи 1, даромадгоҳи тарафи рост.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008 № 484

тасдиқ шудааст

Сохтори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ

Роҳбарият

Шӯъбаи назорати давлатӣ

Бахши кадрҳо ва корҳои махсус

Бахши баҳисобгирии муҳосибавӣ

Бахши ҳуқуқ

Бахши коргузорӣ

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008 № 484

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ дар вилояти Суғд

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ дар вилояти Хатлон

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ дар минтақаи Кӯлоб