Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).
2. Теъдоди ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ 45 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 17 воҳид ва сохторҳои тобеи он дар вилоятҳо 28 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ иҷозат дода шавад, ки 1 муовин дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 5 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 2 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2008 № 484
ш. Душанбе