Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 аз 1 октябри соли 2008, № 481

Санаи амалкуни: 27.02.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008 № 481

тасдиқ шудааст

Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2015 № 67)

Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва дар сатҳи лозими мавриди истифодабарӣ қарор додани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 бо мақсади афзун гардонидани алафи чарогоҳҳо, мусоидат намудан барои зиёд кардани саршумори чорво, истеҳсоли гӯшту шир, пӯст дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, саноат бо ашёи хом ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия гардидааст.

Чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмини хӯрокаи чорвои калон, гӯсфанду буз ва асп буда, зиёда аз 70-80 %-и талаботи солонаи онҳоро таъмин менамояд.

Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо дар таъмини озуқавории мамлакат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мавқеи хоса дорад. Бояд қайд кард, ки дар миқёси ҷаҳон аз се ду ҳиссаи гӯшту шир аз ҳисоби алафи чарогоҳ истеҳсол карда мешавад.

1. Ҳолати имрӯзаи чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ва рушди минбаъдаи онҳо

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3772,2 ҳазор гектар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 770,5 ҳазор гектар, вилоятҳои Суғд 789,8 ҳазор гектар, Хатлон 1198,3 ҳазор гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1018,5 ҳазор гектар чарогоҳҳо мавҷуд аст.

Аз миқдори умумии чарогоҳҳо 473 ҳазор гектар дорои иншоотҳои бо обтаъминкунӣ мебошанд. Ҳоло зиёда аз 1 млн. гектар чарогоҳҳои ҷумҳурӣ бо сабаби набудани роҳ, кӯпрукҳо ва об истифода бурда намешаванд. Аз ҷумла 192 ҳазор гектари он дар мавзеъҳои "Ғориф", "Дубурса" ва "Дашти Хирсон"-и ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Дарвоз воқеанд.

Таи солҳои охир боронҳои сел, жола ва сӯхтор ҳазорҳо гектар чарогоҳҳоро ба таназзулшавӣ ва эрозия оварда расонидааст. Бо роҳи куллӣ, сатҳӣ ва маданӣ беҳтар намудани чарогоҳҳо омилҳое мебошанд, ки дар натиҷаи онҳо истеҳсоли алафи чарогоҳ 20-30% афзуда, ғунҷоиши чорвои шартӣ дар ҳар гектар зиёд мегардад.

2. Зарурияти қабули Барнома

Дар шароити ҳозира ҳосилнокии алафи чарогоҳҳо кам гардида танҳо 1,5-2 сентнери воҳиди хӯрокаро ташкил медиҳад. Аз сабаби норасогии алафи чарогоҳ чорвои майда дар давраи зимистон 10-15% вазни худро гум мекунад.

Бо ин мақсад Барнома барои афзун гардонидани захираи алафи чарогоҳ, аз ҳисоби кишт намудани тухми алафҳои табиӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо то 15-20 сентнери воҳиди хӯрока таҳия гардидааст.

Баланд бардоштани хосилнокии чарогоҳҳо барои истеҳсоли гӯшти аз ҷиҳати экологӣ тоза бо хароҷоти кам мусоидат менамояд. Дар натиҷа ба хоҷагиҳо фоидаи зиёди иқтисодӣ оварда, барои баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ шароит фароҳам месозад.

3. Раванди иҷрои Барнома

Барои таъмини иҷрои Барнома ҳалли масъалаҳои зерин заруранд:

- муайян намудани мавзеъҳои чарогоҳҳои зимистона барои бо таври куллӣ беҳтар кардани онҳо;

- тоза намудани майдони чарогоҳҳо аз санг, бутта, алафҳои заҳрнок ва ҳамвор кардани чуқурию пастиҳо;

- хариди тухми алафҳои киштшаванда;

- истифодаи техника ва воситаҳои техникӣ барои гузаронидани кишти тухми алафҳо;

- хариди сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ;

- сафарбар намудани қувваи корӣ;

- муҳофизат намудани майдони чарогоҳҳои киштшуда;

- сохтани кӯпрукҳо ва таъмири роҳҳо барои мавриди истифода қарор додани чарогоҳҳое, ки қаблан истифода намешуданд;

- ҷалби васеӣ сармояи ватанию хориҷӣ барои беҳтар намудани чарогоҳҳо.

4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома

Маблағгузории Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.

Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби буҷет дар давраи солҳои 2009-2015, соли 2009-ум 300 ҳазор сомонӣ ва солҳои минбаъда ҳар сол 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳо, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва грантҳо таъмин карда мешаванд.

5.Талабот оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ дар давраи солҳои 2009-2015

бандҳои 4,5 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2015 № 67 хориҷ карда шуд

+---+-------------------------+--------+-------+---------+-----------+
| № | Номгуи воситахои асоси  |Вохиди  |Микдор |Нархи як | Нархи     |
|т/т|     ва гардиши          |ченак   |       |вохид    | умуми     |
|   |                         |        |       |(сомони) | (хазор    |
|   |                         |        |       |         | сомони)   |

|1. | Хариди тухми алафхои та-|        |       |         |           |
|   | бии (изен, саксаул, те- |тонна   |  30   |  10     |  300,0    |
|   | рескен, кейрук, юнучка, |        |       |         |           |
|   | эспарсет ва гайра)      |        |       |         |           |

|2. |Харочоти техника         |меъёр   | 3000  |   60    |  180.0    |

|3. |Харочоти сузишвори       |тонна   | 120   |   3000  |  180.0    |

|   |Чамъ:                    |        |       |         |  840      |

6. Ҷадвали ба таври куллӣ беҳтар намудани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ барои солҳои 2014-2015

+----------------------------------+----------+----------------------+
|                                  | майдон   |         солҳо        |
|                                  |          |                      |
|                                  |          +-----------+----------+
|                                  |          |   2014    |   2015   |
+----------------------------------+----------+-----------+----------+
|Дар ҷумҳурӣ                       |гектар    |   170     |   300    |

|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон|-         |   -       |   70     |

|вилояти Суғд                      |-         |   80      |   80     |

|вилояти Хатлон                    |-         |   90      |   100    |

|ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ            |-         |   -       |   50     |

7. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ гардонидани Барнома

бандҳои 5,6 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2015 № 67 хориҷ карда шуд

+---+---------------------+----------+-------------------------------ҷ
| № |    Номгуи           |мухлати   |      Муттасаддиён             |
|т/т|  чорабинихо         | ичро     |                               |
|   |                     | солхо    |                               |
|   |                     |          |                               |
+---+---------------------+----------+-------------------------------+
|1. |Омода намудани замин |2009-     |Вазорати кишоварзии Чумхурии   |
|   |барои кишти тухми    |2015      |Точикистон, макомоти ичроияи   |
|   |алафхои табии        |          |махаллии хокимияти давлати     |

|2. |Бо таври кулли бехтар|2009-     |Вазорати кишоварзии Чумхурии   |
|   |намудани чарогоххо   |2015      |Точикистон, макомоти ичроияи   |
|   |                     |          |махаллии хокимияти давлати     |

|3. |Бахисобгирии чарогох-|  2012    |Вазорати кишоварзии Чумхурии   |
|   |хои чумхури ва ба хо-|          |Точикистон, Кумитаи давлатии   |
|   |чагихо вобаста наму- |          |омори Чумхурии Точикистон,     |
|   |дани онхо            |          |Агентии заминсози, геодези ва  |
|   |                     |          |харитасозии назди Хукумати     |
|   |                     |          |Чумхурии Точикистон            |

|4. |Тавсия намудани лои- | 2012-    |Кумитаи давлатии сармоягузори  |
|   |хахои инвеститсиони  | 2015     |ва идораи амволи давлатии      |
|   |оид ба бехтар наму-  |          |Чумхурии Точикистон, Вазорати  |
|   |дани чарогоххо ва    |          |рушди иктисод ва савдои        |
|   |чалби сармояи ватанию|          |Чумхурии Точикистон, Вазорати  |
|   |хоричи               |          |кишоварзии Чумхурии Точикистон |