Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2008 № 443 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2000 "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000, № 4, моддаи 108; соли 2004, № 5, моддаи 351; соли 2007, № 5, моддаи 351) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба Қонуни конститутсионӣ моддаи 2 (1) бо мазмуил зайл илова карда шавад:

"Моддаи 2(1).

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи, (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".

2. Дар моддаи 6 пас аз калимаи "раъйпурсӣ" калимаҳои "Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 7:

дар қисми якум калимаи "баён" ба калимаи "изҳор" иваз карда шавад;

дар қисми дуюм калимаҳои "дастгир намудан" ба калимаҳои "дастгир кардан" иваз карда шаванд;

дар қисми панҷум баъд аз калимаи "ҳашоми" калимаҳои "ба охир расидани мӯҳлати ваколат," илова карда шаванд:

дар қисми шашум калимаҳои "қонуни конститутсионӣ" ба калимаҳои "Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 8:

дар қисми якум калимаҳои "Шахсон ва шахсони мансабдоре, ки" ба калимаҳои "Шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки" иваз карда шаванд;

дар қисми дуюм калимаи "ҳақро" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.

5. Дар қисми дуюми моддаи 11 ва қисми якуми моддаи 12 калимаи "ёфтани" ба калимаи "гардидани" иваз карда шавад.

6. Қисмҳои якум ва дуюми моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ барои аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат қарор кабул менамоянд.

Қарор дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул карда мешавад.".

7. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаи "иҷлосияҳо" ба калимаи "иҷлосия" иваз карда шавад.

8. Дар моддаи 18 калимаи "мақомоти" ба калимаи "мақоми" иваз карда шавад.

9. Дар моддаи 19:

дар бандҳои дуюм ва сеюми қисми якум баъд аз калимаи "Раис" ва дар банди чорум баъд аз калимаҳои "Прокурори генералӣ" калимаҳои ", муовини якум" илова карда шаванд;

қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст.".

10. Моддаи 22 хориҷ карда шавад.

11. Дар моддаи 23:

дар қисми якум ва минбаъд дар тамоми матни Қонуни конститутсионӣ калимаи "аъзоёни" ба калимаи "аъзои" иваз карда шавад;

қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Раиси Маҷлиси миллӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ бозхонда шавад.".

12. Дар моддаи 24:

сархати 1 қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва дар навбати худ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро даъват мекунад ва ба онҳо раисӣ мекунад;";

дар қисми дуюм калимаҳои "қарорҳо ва амрҳо қабул мекунад." ба калимаҳои "қарор қабул мекунад ва амр медиҳад." иваз карда шаванд.

13. Дар қисми сеюми моддаи 29 пеш аз калимаҳои "гирифта мешавад" калимаҳои "ба назар" илова карда шаванд.

14. Ба қисми якуми моддаи 36 банди 11 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"11. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;".

Бандҳои 11, 12, 13 мутаносибан бандҳои 12, 13 ва 14 ҳисобида шаванд.

15. Дар моддаи 37:

дар қисми сеюм калимаҳои "қабул мешавад" ба калимаҳом "қабул карда мешавад" иваз карда шавад;

дар қисми панҷум ва минбаъд дар тамоми матни Қонуни конститутсионӣ калимаҳои "қисми аз он" ба калимаҳои "қисми он" иваз карда шаванд.

16. Дар моддаи 39 баъди калимаҳои "Раиси Маҷлиси намояндагон" калимаҳои ", муовини якум" илова карда шавад.

17. Қисми дуюми моддаи 40 хориҷ карда шавад.

18. Қисми дуюми моддаи 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Раиси Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бозхонда шавад.".

19. Дар моддаи 42:

дар банди 6 қисми якум калимаҳои "Шӯрои он" ба калимаҳои "Шӯрои Маҷлиси намояндагон" иваз карда шавад;

дар банди 11 баъд аз калимаҳои "Маҷлиси намояндагонро" калимаҳои "дар навбати худ" илова карда шаванд;

"Раиси Маҷлиси намояндагон барои амалӣ намудани ваколатҳои худ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад.".

20. Дар қисми сеюми моддаи 47 баъд аз калимаи "кумита" калимаҳои "ё комиссия" илова карда шавад.

21. Дар қисми дуюми моддаи 54 калимаҳои "дар бораи тағйир додан" ба калимаҳои "дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо" ва калимаи "тағйирот" ба калимаҳои "тағйиру иловаҳо" иваз карда шаванд.

22. Дар моддаи 57 калимаҳои "оид ба ин масъала" аз матн хориҷ карда шаванд.

23. Дар моддаи 63:

дар қисми якум калимаи "ахборӣ" ба калимаи "иттилоотӣ" иваз карда шавад:

дар қисми сеюм пеш аз калимаҳои "бо пешниҳоди"’ калимаи "мутаносибан" илова карда шавад;

дар қисми чорум баъд аз калимаҳои "Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва" калимаи "Дастгоҳи" илова карда шавад.

24. Дар қисми дуюми моддаи 64 баъди калимаҳои "вакилони Маҷлиси намояндагонро" калимаи "мутаносибан" илова карда шавад.

25. Дар моддаи 67 калимаи "вазифавии" хориҷ карда шавад.

26. Дар моддаи 68:

дар банди панҷуми қисми якум калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" ва дар банди шашуми ҳамин қисм калимаи "хизматгузории" ба калимаи "хизматрасонии" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

6 октябри соли 2008 № 443

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

04 июни соли 2008 № 993

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе

17 сентябри соли 2008 № 546