Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2008 № 424 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 699) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми ҳафтуми моддаи 6 калимаҳои "бо тарозу, ба воситаи асбобу анҷом, ҳисобкунакҳо ва таҷҳизоти дигари меъёргирие" ба калимаҳои "бо воситаҳои ченаке" иваз карда шаванд.

2. Дар ном ва матни моддаи 36 баъд аз калимаи "Қоидаҳои" калимаҳои "савдо, хӯроки умумӣ" илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 39:

- дар номи модда калимаҳои "мақомоти босалоҳияти идоракунии давлатие" ба калимаҳои "мақомоти давлатие" иваз карда шаванд;

- дар қисми якум калимаҳои "мақомоти стандартизация, сифат ва инспексияи савдо" ба калимаҳои "мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- аз қисми дуюм калимаи "идоракунии" хориҷ карда шуда, калимаҳои "мақомоти стандартизатсия, сифат ва инспексияи савдо" ба калимаҳои "мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар қисми сеюм:

- калимаҳои "Мақоми ваколатдори стандартизатсия, сифат ва инспексияи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-риояи қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ, сифат ва бехатарии молҳои ниёзи мардумро назорат мекунад;".

4. Дар моддаи 40:

- дар номи модда ва қисми сеюм калимаҳои "мақоми стандартизатсия, метрология ва сертификатсия" ба калимаҳои "мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, калимаи "идоракунии" хориҷ карда шавад;

- дар қисми ҳафтум калимаҳои "мақомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия" ба калимаҳои "мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, калимаи "идоракунии" хориҷ карда шавад;

- қисми нуҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Пардохти маблағи ҷаримаи басташуда аз иҷрои талаботи амрияи додашуда озод намекунад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

6 октябри соли 2008 № 424

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

4 июни соли 2008 № 995

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе

17 сентябри соли 2008 № 527

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О защите прав потребителей"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 9 декабря 2004 года "О защите прав потребителей" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., № 12, ч.1 ст. 699) следующие изменения и дополнения:

1. В части седьмой статьи 6 слова "по показаниям весов, приборов, инструментов, счетчиков и других мерительных устройств" заменить словами "по показаниям средств измерений".

2. В названии и в тексте статьи 36 после слова "Правила" дополнить словами "торговли, общественного питания".

3. В статье 39:

- в названии статьи слова "органов государственного управления" заменить словами "государственных органов";

- в части первой слова "орган по стандартизации, качеству и торговой инспекции" заменить словами "государственный орган по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции Республики Таджикистан";

- в части второй слова "органов государственного управления" заменить словами "государственных органов", а слова "уполномоченный орган по стандартизации, качеству и торговой инспекции" заменить словами "государственный орган по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции Республики Таджикистан";

- в части третьей:

- слова "Уполномоченный орган по стандартизации, качеству и торговой инспекции Республики Таджикистан" заменить словами "государственный орган по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции Республики Таджикистан";

- дополнить абзацем шестым следующего содержания:

"- контролирует соблюдение правил торговли, общественного питания, качество и безопасность товаров народного потребления;".

4. В статье 40:

- в названии статьи и части третьей слова "органом по стандартизации, метрологии и сертификации" и "органами государственного управления" соответственно заменить словами "государственным органом по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции Республики Таджикистан" и "другими государственными органами";

- в части седьмой слова "органа по стандартизации, метрологии и сертификации и других органов государственного управления" заменить словами "государственного органа по стандартизации, метрологии, сертификации, торговой инспекции Республики Таджикистан и других государственных органов";

- дополнить частью девятой следующего содержания:

"Оплата наложенного штрафа не освобождает от исполнения требований выданного предписания.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

6 октября 2008 года №424

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О защите прав потребителей"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О защите прав потребителей".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан С. Хайруллоев

г. Душанбе,4 июня 2008 года № 995

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О защите прав потребителей"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О защите прав потребителей", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О защите прав потребителей".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 17 сентября 2008 года №527