Дар хусуси тасдиқи Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532)
Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор иҷрои талаботи Низомномаро дар доираи маблағҳои ҳамасола дар буҷети давлатӣ пешбинишаванда таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 № 30 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома дар бораи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2008 № 467
ш. Душанбе
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор иҷрои талаботи Низомномаро дар доираи маблағҳои ҳамасола дар буҷети давлатӣ пешбинишаванда таъмин намоянд.