Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2008, № 456 "Дар бораи муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он"

Санаи амалкуни: 03.05.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 225)

Мутобиқи моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 225).

2. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ оид ба ташкили ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии бақайдгирии давлатӣ ва оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз қарори мазкур бармеояд, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 225).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 сентябри соли 2008 № 456

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он

Мутобиқи моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

2. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ оид ба ташкили ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии бақайдгирии давлатӣ ва оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз қарори мазкур бармеояд, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 сентябри соли 2008 № 456

ш. Душанбе