Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2001 № 591
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби литсензиякунионии фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳамин Низомнома мутобиқи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" таҳия гардида, санади меъёрии танзимкунандаи масъалаҳои ташкилию ҳуқуқию литсензиякунонии фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетика танҳо дар асоси литсензияи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом дода мешавад.
3. Литсензия ҳуҷҷати расмӣ ва иҷозатдиҳандаи анҷом додани фаъояияти дар он нишондодашуда ва хизматрасонӣ дар энергетика мебошад.
4. Литсензияи ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият ва расонидани хизмат дар энергетика ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ сарфи назар аз шакли моликият дар асосу шароити барои онҳо баробар, дода мешавад.
5. Вазифаҳои асосии литсензиякунонӣ:
- танзим ва мураттаб намудани фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетика;
- таъмини иҷрои риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба энергетика аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- ҳимояи манфиати истеъмолкунандон, ташкилу таҳияи бозори хизматрасонии энергетикӣ дар асоси рақобати баинсофона ва сиёсати зиддимонополӣ;
- амалӣ намудани назорати иҷрои талаботу шартҳои литсензия аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият ва пешниҳоди хизмат дар соҳаи энергетика.
6. Намудҳои фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетика, ки бояд литсензия карда шаванд (намудҳои литсензия):
- истеҳсоли энергия ва маҳсулоти энергетикӣ;
- баистифодадиҳии иншооти энергетикӣ;
- истеҳсоли манбаҳои энергетикӣ (ҷустуҷӯ, кашф ва баистифодадиҳии конҳои ангиштсанг, нафт, газ, манбаҳои геотермалӣ ва ғайраҳо) дар мавзею майдонҳои кашфгардида;
- васлкунӣ, баистифодадиҳӣ, таъмири дастгоҳҳои энегретикӣ ва комуникатсияҳои энергетикӣ;
- ҳамлу нақли маҳсулот ва захираҳои энергетикӣ;
- интиқоли ҳамаи намудҳои энергия;
- тақсимоти энергия, маҳсулот ва захираҳои энергетикӣ;
- нигаҳдории маҳсулот ва захираҳои энергетикӣ;
- коркард ва азнавҳосилкунии энергия, маҳсулот ва захираҳои энергетикӣ;
- фурӯши энергия, маҳсулот ва захираҳои энергетикӣ;
- анҷом додани назорати энергетикӣ.
7. Муқаррар карда шавад, ки барои ҳар як намуди фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетика литсензияи алоҳида дода мешавад. Бо салоҳдиди Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани литсензияи генералӣ бо ҳуқуқи ҳамзамон анҷом додани якчанд намудҳои фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетика имкон дорад.
8. Барои гирифтани литсензия ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-ариза бо намуди муқаррарнамудаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳатман нишон додани номгӯй ва намуди ташкилию ҳуқуқӣ, маҳалли воқеъ гардидаии субъект, номгӯи бонки хизматрасон ва рақами ҳисобнома дар бонк, намуди фаъолияти литсензияшаванда ва мӯҳлати татбиқи он (барои шахсони ҳуқуқӣ);
-ариза бо намуди муқаррарнамудаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳатман нишон додани насаб, ном ва номи падар, суроға, маълумоти шиносномавӣ, номгӯи бонки хизмтрасон ва ҳисобномаи шахсӣ дар бонк, намуди фаъолияти литсензияшаванда ва мӯҳлати татбиқи он (барои шахсони воқеӣ);
- нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (шаҳодатномаи бақайдгирӣ, оиннома, санади экспертиза, патенти ҳуқуқи машғул шудан ва фаъолияти соҳибкории инфиродӣ);
- маълумотнома дар бораи бақайдгузорӣ дар мақомоти андоз;
- хулосаи (вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият ва хизматрасонӣ) мақомоти саридораи геология, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, назорати давлатии энергетикӣ, стандарти давлатӣ, хадамоти санитарию эпидемиологӣ, мӯҳофизат аз сӯхтор ва мақомоти манфиатдори дигар дар масъалаи мувофиқати шароити фаъолият ва хизматрасонӣ, ба талаботи пешниҳод намудани онҳо;
- нусхаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатнома ва варақаи бақайдгирии иштирокчии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ (барои шахсони ҳуқукӣ ва воқеие, ки амалёти содиротию воридотиро анҷом медиҳанд).
Субъекти литсензиякунонӣ барои эътимоднок будани маълумоти пешниҳодшаванда ҷавобгар мебошад. Ҳамзамон дар бораи ҳамаи тағйироти ба амаломода ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати 10 рӯз ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.
Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳама гуна иттилооти дигари барои ҳаллу фасли масъалаи додани литсензия заруриро талаб намояд.
9. Қарори додани литсензия ё рад намудани додани он дар муҳлати 30 рӯз аз лаҳзаи додани ариза бо замимаи ҳуҷҷатҳое, ки талаб карда мешавад, қабуд мегардад. Дар ҳолатҳои зарурӣ мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо мумкин аст то 15 рӯз дароз карда шаванд.
Мӯҳлати амали литсензияро вобаста аз намуди фаъолият ва хизмати расонидашаванда Вазорати энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
10. Баррасии ҳуҷҷатҳои додани литсензияро комиссияи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад, ки ҳайати он бо фармони Вазир таъсис ва тасдиқ карда мешавад. Ба кори комиссия мумкин аст мутахассисони вазорату идораҳои дигар ҷалб карда шаванд.
11. Нисбати намудҳои литсензияшавандаи фаъолият, ки барои татбиқи онҳо донишҳои махсус талаб карда мешаванд, ба талаботу шартҳои литсензионӣ мумкин аст ба таври иловагӣ талаботи квалификатсионӣ ба соҳиби литсензия дохил карда шавад.
12. Бланкаи литсензия ва варақаи бақайдгирӣ ҳуҷҷати қаътии баҳисобгирӣ мебошад, ки силсилаи баҳисобгирӣ ва рақам дорад. Дар бланкаи литсензия нишон дода мешавад:
-номи мақомоте, ки литсензияро додааст;
-номгӯй ва суроғаи ҳуқуқии соҳиби литсензия;
-намуди фаъолият ва хизматрасонӣ, ки барои татбиқи он литсензия дода шудааст;
-санаи дода шудани литсензия;
-мӯҳлати амали литсензия;
-талабот ва шартҳое, ки ба татбиқи фаъолият ва хизматрасонӣ пешниҳод мешавад ва барои татбиқи он литсензия дода мешавад.
Нусхаи дуюми литсензия дода намешавад. Дар ҳолати гум шудани литсензия шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бораи додани литсензияи нав дар асосҳои умумӣ, баъди интишор намудани эълони дахлдор дар бораи гум кардани ҳуҷҷат дар воситаҳои ахбори омма, илтимоснома пешниҳод мекунанд.
13. Литсензияро Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар вақти набудани ӯ муовини аввали Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) имзо мегузорад ва он бо мӯҳри нишондори вазорат тасдиқ карда мешавад.
14. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки фаъолият ва хизматрасониро дар энергетика анҷом медиҳанд, пеш мебарад.
Ба феҳраст маълумоти зерин ворид карда мешавад:
-маълумот дар бораи соҳиби литсензия;
-намудҳои фаъолият, ки барои анҷом додани он литсензия дода шудааст;
-рақам ва санаи додани литсензия;
-мӯҳлати амали литсензия;
-маълумот дар бораи боздоштан ё қатъ намудани амали литсензия:
-маълумоти дигари дар низоманомаи литсензиякунонии намудҳои фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетика муайяншуда.
15. Литсензия баъди аз тарафи шахсии литсензиягиранда пардохтани боҷи литсензионӣ дода мешавад. Барои додани литсензия, барасмиятдарорӣ ва дароз кардани мӯҳлати амали он маблағ ситонида мешавад, ки андозаи онро Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Батаъхирандозии пардохт ё ягон намуди дигари ҳисобу китоб барои гирифтани он иҷозат дода намешавад.
16. Рад намудани додани литсензия дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:
-дар ҳуҷҷатҳои барои гирифтани литсензия пешниҳодгардида, мавҷуд будани маълумоти беэътимод ё таҳрифшуда;
-хулосаи манфии (вобаста аз намуди пешбинишудаи фаъолият ва хизматрасонӣ) мақомоти манфиатдор ҷиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва хизматрасонӣ ва талаботи ба онҳо пешниҳодшаванда;
-мувофиқат накардани аризадиҳанда ба талаботи квалификатсионӣ барои намуди литсензияшаванда ва хизмати расонидашаванда;
-мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи ҳамин Низомнома;
-пардохт накардани боҷи литсензионӣ;
- бо асосҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.
17. Боздоштани фаъолияти литсензияҳоро Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин анҷом медиҳад:
- аз тарафи соҳибони литсензия риоя накардани шарту талаботи дар он пешбинишуда;
- бо асосоҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
18. Бекор кардани литсензияҳоро Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин анҷом медиҳад:
- ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ва қатъ намудани фаъолияти он;
- қатъ гардидани амали шаҳодатномаи бақайдгирии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
- хабар додани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бораи гум кардани литсензияи пештар ба онҳо додашуда;
- дар давоми як сол пешниҳод накардани илтимоснома дар бораи дароз намудани мӯҳлати амали литсензияи пештар додашуда;
- муқаррар намудани далелҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо, ки барои гирифтани литсензия асос шудаанд;
- аз тарафи соҳиби литсензия якчанд маротиба вайрон кардани талаботу шароите, ки литсензия ба фаъолияти он пешбинӣ менамояд;
- анҷом додани фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетика, ки ба манфиати давлат, иқтисодиёт, экология, амволу саломатӣ ва амнияти шаҳрвандон зиён мерасонад;
- бо қарори суд;
- бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
19. Аз нав ба расмият даровардани литсензия дар ҳолатҳои тағйир ёфтани маълумоте, ки дар сархатҳои 2, 3 банди 8 ҳамин Низомнома ифода ёфтаанд ва дар _ин бора, соҳиби литсензия бояд ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикиетон дар мӯҳлати 10 рӯз хабар диҳад, анҷом дода мешавда.
20. Назорати аз тарафи соҳиби литсензия риоя гардидани талаботу шартҳои литсензиониро Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- аз ҷумла якҷоя бо мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколати онҳо санҷиши солонаи нақшавии (ба истиснои ҳолатҳои фавқулодда) фаъолияти соҳиби литсензияро доир ба мутобиқат ба талаботу шароитҳои литсензионӣ анҷом диҳад;
- аз соҳиби литсензия маълумотро оид ба масъалаҳое, ки ҳангоми гузаронидани санҷиш заруранд, талаб намояд ва гирад;
- дар асоси натиҷаҳои санҷиш санадро бо нишон додани қонуншиканиҳои мушаххас таҳия намояд;
- қарорҳое, ки соҳиби литсензияро барои бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоргардида ӯҳдадор ва мӯҳлати бартараф намудани онро муқаррар менамояд, содир намояд;
- дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани вайронкунандагони талаботу шартҳои литсензия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон илтимоснома пешниҳод намояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом диҳад.
Санҷиши фаъолияти хизматрасонии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар энергетика дар асоси дастури Вазорати энергетика, ки Вазир (дар набудани ӯ муовини аввал) имзо мекунад ва бо мӯҳри нишондор тасдиқ карда мешавад, анҷом дода мешавад.
Соҳиби литсензия ӯҳдадор аст, ки барои аз тарафи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани санҷиш шароитҳоро таъмин намояд, аз ҷумла иттилоот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
21. Рӯихати субъектҳое, ки дар энергетика фаъолият ва хизмат мерасонанд, ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ба мақомоти ҳокимияти иҷрояи дахлдор дар маҳалҳо пешниҳод мешаванд.
22. Мақомоти литсензиякунонии минтақавӣ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳанд:
- қабули ибтидоӣ ва баррасии ҳуҷҷатҳо аз аризадиҳандагон барои гирифтани литсензия;
- пешниҳоди маводи ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани литсензия.
23. Барои амалӣ намудани фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетика бидуни литсензия ва вайрон кардани меъёру қоидаҳои литсензионӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии шаҳрвандию ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.