Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2008, № 454 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588"

Санаи амалкуни: 02.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 632 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2008 № 458, аз 02.03.2013 № 111)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Раёсати мониторинги фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ" таъсис дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки ба номгӯи корхонаҳои азими давлатӣ, ки оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории худ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳанд, корхонаҳои зерин дохил мешаванд:

- Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи тоҷик"";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон";

- Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр";

- Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Нафтугаз ва ангишт";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Востокредмет";

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксемент";

- Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк";

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком"

- Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммумалӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 111);

- Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи Тоҷик";

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком";

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Комбинати консервабарории шаҳри Исфара";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Хуҷандобуканал";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта";

- Ширкати давлатии суғуртавии "Тоҷиксармоягузор" қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 111).

3. Корхонаҳои дар банди 2 ҳамин қарор зикргардида бо тартиби муқарраргардида ҳар семоҳа ҳисоботро оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории худ, инчунин нақшаи молиявии солонаашон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2008 № 458).

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги доимии фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 2 ҳамин қарор зикргардидаро анҷом дода, ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо ахбор пешниҳод намояд.

5. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 қарор рақамҳои "1515" ва "739" мутаносибаи ба рақамҳои "1551" ва "275" ива з карда шаванд.

- дар банди 5 қарор баъд аз калимаҳои "редаксияи маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ" калимаҳои "Маркази такмили ихтисос" илова карда шавад.

- дар замимаи 1 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар банди 5 сархатҳои нав дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"- аз корхонаҳои азими давлатӣ, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муайян карда шудааст, нақшаи молиявияшонро барои соли пешбинишуда ва ҳисоботи фаъолияти молиявии хоҷагидории онҳоро талаб менамояд;

- қарори дахлдорро оид ба талаботи пешниҳод намудани ахбор аз тарафи ҳамаи муассисаю корхонаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои шартии онҳо қабул менамояд;

- анҷом додани чоп ва нашри қоғазҳои қиматнок".

- дар банди 6 сархатҳои нав дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"- таҳлил ва мониторинги фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, анҷом намуда, барои пешрафти фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории онҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;

- нақшаи молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, баррасӣ ва мувофиқа менамояд;

- дар ҳолати зарурат оид ба ворид намудани тағйирот ба нақшаи молиявии корхонаҳои азими давттатӣ, ки номтӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- дар баробари гирифтани ахбор аз муассисаю корхонаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои шартии онҳо дар қисми пурра будани он, асоснокии баҳодиҳӣ, сифати тафсир баҳо медиҳад, дар ҳолати зарурӣ ба ташкилотҳои ҳисобдиҳанда тавсия медиҳад, ҳамчунин ахбори мазкурро дар сайти худ нашр месозад. Ғайр аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба зарурати қабули чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати кам ё пешгирӣ намудани ба миён омадани ӯҳдадориҳои нави шарти ё беҳтар намудани идоракунии ӯҳдадориҳои мавҷудбуда хабардор менамояд.

- дар сархати 13 калимаҳои "сиёсати давлатро дар соҳаи барориш ва ҷойгиркунонии коғазҳои қиматноки давлатӣ, ба калимаҳои "-сиёсати давлатро дар соҳаи барориш, ҷойгиркунонӣ ҷой ва нашри қоғазҳои қиматноки давлатӣ," иваз карда шаванд.

- ба замимаи 2 сархати нав дир таҳрири зайл илова карда шавад:

"Раёсати мониторинги фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ"

- ба замимаи 4 сархати нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Маркази такмили ихтисос"

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 19 сентябри соли 2008 № 454

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Раёсати мониторинги фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ" таъсис дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки ба номгӯи корхонаҳои азими давлатӣ, ки оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории худ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳанд, корхонаҳои зерин дохил мешаванд:

- Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи тоҷик"";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон";

- Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр";

- Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Нафтугаз ва ангишт";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Востокредмет";

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксемент";

- Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк";

- Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком"

3. Корхонаҳои дар банди 2 ҳамин қарор зикргардида бо тартиби муқарраргардида ҳар семоҳа ҳисоботро оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории худ, инчунин нақшаи молиявии солонаашонро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги доимии фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 2 ҳамин қарор зикргардидаро анҷом дода, ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо ахбор пешниҳод намояд.

5. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 №588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: